Ҳифзи табиат ва муҳити зист дар Уорвик
Дар Ню-Йорк, дар наздикии кӯли Стерлинг Форест (кӯли Кабуд) Шоҳидони Яҳува сохтмони идораи марказии навро сар карданд. Лекин Шоҳидон дар вақти сохтмон ҳамчунин табиат ва ҳар намуди ҳайвонотро ҳифз мекунанд. Чӣ тавр?
Шоҳидон гирду атрофи майдони сохтмонро муваққатан бо панҷара маҳкам карданд, то ки шақшақамору сангпуштони ёбоӣ ба майдони сохтмон надароянд ва ҳамин тавр худи ин ҷонварони нодир ягон зарар намебинанд.
Ба туфайли он ки сохтмончиён панҷараро зуд-зуд хабар гирифта меистанд, ҷонварон ба майдони сохтмон даромада наметавонанд. Шоҳидон нақша доранд, ки баъди анҷоми сохтмон панҷараро гиранд. Лекин агар ягон шақшақамор дар назди бино ёфт шавад, онро мутахассисон дошта ба ҷангал сар медиҳанд.
Барои иренаи кабудро (як навъи паррандаи хушхон) дар вақти лонасозӣ нороҳат накардан меваҳои дарахтонро дар моҳҳои зимистон ҷамъоварӣ карда шуд. Баъди сохтмон дар ин минтақаҳо барои паррандаҳо хоначаҳо месозанд, то ки паррандаҳо ба ҷойи зисти пештараашон баргарданд.
Ғайр аз ин минтақаҳои муайяни замин аз моҳи октябр то март тоза карда мешаванд, то донаҳои растаниҳои нодир паҳн шуда нашъунамо ёбанд. Ҳарчанд дар Уорвик ин гуна растаниҳо ёфт нашуда бошанд ҳам, Шоҳидони Яҳува аз соли 2007 то ҳол ин минтақаҳоро тоза карда истодаанд.
Кӯли Стерлинг-Форест, ки дар наздикии майдони сохтмон ҷойгир аст, ҷойи зисти бисёр паррандаҳои обӣ ва моҳиҳо мебошад, ба монанди гулмоҳӣ, аломоҳӣ, шӯртан ва ғайра. Барои муҳофизат кардани кӯл лоиҳакашон якчанд усули сохтмони экологиро интихоб карданд. Масалан, ин шинондани растаниҳоро дар бомҳои биноҳо дар бар мегирад. Ин усул ёрдам мекунад, ки оби борон тоза карда шавад ва миқдоре, ки аз бом мерезад камтар гардад. Инчунин Шоҳидон дар бораи растаниҳое, ки дар лаби кӯл мерӯянд, ғамхорӣ мекунанд.
Яке аз Шоҳидони Яҳува чунин мегӯяд: «Ҳарчанд ин вақту банақшагирии иловагиро талаб мекунад, лекин мо ният дорем, ки экосистемаи Уорвикро муҳофизат кунем».