Намоиши суратҳои Филиппин. Қисми 1 (аз моҳи феврали 2014 то майи 2015)
Шоҳидони Яҳува дар филиали Филиппин дар Кесон-Сити биноҳои кӯҳнаро таъмир карда, боз биноҳои нав сохта истодаанд. Азбаски ҳоло барои Филиппин адабиётро филиали Ҷопон чоп мекунад, ба ҷои биноҳои пештараи чопхонаи Филиппин шӯъбаҳои компютерӣ, тарҷумонӣ, лоиҳа ва сохтмони маҳаллӣ, ҳамчунин шӯъбаи дастрасгардонии адабиёт ва устохона ҷойгир хоҳанд шуд. Дар ин суратҳо баъзе корҳои сохтмон, ки дар бинои чопхонаи пештара ва дигар биноҳо аз моҳи феврали 2014 то майи 2015 гузашт, нишон дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ бояд то октябри 2016 ба охир расанд.
28-уми феврали соли 2014: Бинои 7
Ихтиёриёни муваққатӣ бо либоси махсус барои аз рутубат нигоҳ доштани нахшиша (стекловата) онро бо пакет печонида истодаанд.
2-юми апрели соли 2014: Бинои 7
Коргарон часпонидани шифти студияеро, ки дар он видеоҳо ба забони имову ишораи филиппинӣ сабт карда мешавад, тамом карда истодаанд. Дар сӯрохиҳои чоркунҷаи шифт таҷҳизотҳоеро мечаспонанд, ки ҳаворо тоза карда гармиву хунукии онро идора мекунад. Ин кӯмак мерасонад, ки дар студия ҳаво мӯътадил бошад.
21-уми октябри соли 2014: Майдони сохтмони Кесон-Сити
Барои системаи марказии оби хунукро гузаронидан ҷӯй канда истодаанд. Ин системаи нав ҳамаи биноҳои филиалро бо об таъмин мекунад.
19-уми декабри соли 2014: Бологузар байни бинои 1, 5 ва 7
Бологузари нав биноҳои асосиро, аз ҷумла бинои 1-умро, ки дар он ошхона ҷойгир мешавад, бо ҳам пайваст мекунад. Ин бологузар махсусан рафтуомади беш аз 300 коргарони бинои 7-умро осон мегардонад.
15-уми январи соли 2015: Бинои 5
Крани 50-тоннага тунукаҳои бомро бароварда истодааст. Кранҳои дар майдони сохтмон бударо пудратчиёни (подрядчики) маҳаллӣ идора мекунанд.
15-уми январи соли 2015: Бинои 5А (Бинои иловагӣ)
Бинои иловагии ду-ошёна 125 метри квадратиро ташкил медиҳад, ки дар он ду ҳоҷатхона, зинапоя ва лифт ҷойгир мешавад. Ин имконият медиҳад, ки бинои 5-ум васеътар шавад. Азбаски лифт на дар бинои 5-ум, балки дар ин бинои иловагӣ ҷойгир мегардад, садои он ба сабти аудио ва видео халал намерасонад.
15-уми январи соли 2015: Бинои 5А (Бинои иловагӣ)
Коргарон аз офтоб паноҳ шуда арматурҳоро часпонида истодаанд. Дар моҳи январ ҳарорати ҳаво рӯзона ба ҳисоби миёна 29 дараҷа гарм аст ва моҳи апрел бошад ба 34 дараҷа мерасад.
5-уми марти соли 2015: Бинои 5
Коргарон бомро бо тахта мустаҳкам карда истодаанд. Барои бинои 5-ум тақрибан 800 дона тахта истифода бурда шуд.
17-уми марти соли 2015: Бинои 5
Сохтмончиён барои лоиҳаи хурд сементро тайёр карда истодаанд. Дар кори сохтмон зиёда аз 100 нафар ихтиёриён аз Австралия, Испания, Канада, Фаронса, Ҷопон, Зеландияи Нав, Кореяи Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳида ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд.
25-уми марти соли 2015: Бинои 5
Коргарон боми бинои 5-умро, ки пештар дар ин ҷо шӯъбаи тарҷумонӣ ҷойгир буд, часпонида истодаанд. Баъд аз таъмир дар ин бино шӯъбаи сабти аудио ва видео, ҳамчунин шӯъбаи хизматӣ ҷойгир мешавад.
13-уми майи соли 2015: Бинои 5
Коргаре бо асбоби махсус профилро барои қолиби девори офисҳо тайёр карда истодааст.