Гузаштан ба маводи асосӣ

Филмҳои тасвирие, ки ба кас хурсандӣ мебахшанд

Филмҳои тасвирие, ки ба кас хурсандӣ мебахшанд

Марде, ки аз Малайзия мебошад, баъд аз тамошои филми тасвирии «Дӯсти Яҳува шав!» чунин гуфт: «Яҳува орзуи дили падарону модаронро иҷро кард».

Баъд аз баромадани ду филми тасвирӣ дар бораи Комилҷону оилааш, Шоҳидони Яҳува боз якчанд филми тасвириро аз ин силсилафилм дар сайти jw.org ҷой доданд. Аз онҳо кӯдакон бисёр чизҳои муҳимро ба мисли барои чӣ дуздӣ кардан нодуруст ва чӣ хел ба Худо дуо гуфтанро ёд гирифта метавонанд.

Аз ин силсилафилм дутояш ба 131 забон тарҷума шудааст, барои ҳамин онро дар тамоми дунё кӯдакон тамошо карда метавонанд.

Фикру ақидаҳои олиҷаноб

Модаре, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, чунин гуфт: «Ҳафтаи гузашта мо силсилафилми тасвирии «Итоаткорӣ баракат меорад»-ро гирифтем. Мо аллакай онро 50 бор тамошо кардем».

Милли, ки аз Бритониёи Кабир мебошад, 12-сола аст. Бародари ӯ — Томас, ки 15-сола аст, касалии Дауна дорад. Вай ба мо чунин навишт: «Томас ба айпади худ филми тасвирии Комилҷонро боргирӣ кард. Ӯ акнун онро ба ҳамсинфонаш нишон дода метавонад. Ба вай сурудҳои ин филми тасвирӣ маъқуланд ва ӯ онро хӯшрӯ месарояд. Як хоҳар сурудхонии бародарамро дида, ба ҳаяҷон омада гиря кард. Ин хеле таъсирбахш буд!»

Ава дар номааш гуфт, ки ӯ 8-солаю 9-моҳа ва 25-рӯза мебошад. Ӯ чунин гуфт: «Аз Комилҷону апааш бисёр чизҳоро ёд гирифтан мумкин».

Микайла менависад, ки «ман шашсолаам. Раҳмати калон барои мултики «Итоаткорӣ баракат меорад». Он ба ман ёрдам мекунад, ки очааму дадамро гӯш кунам, чунки аз ин дили Яҳува хурсанд мешавад».

Мазмуни таъсирбахш

Ҷавонмарде, ки бо омода кардани филмҳои тасвирӣ сарукор дораду Шоҳиди Яҳува нест, аз тамошои филми тасвирии «Дуздӣ кардан кори бад аст» ба ҳайрат омад. Вай хусусан аз он ҳайрон шуд, ки дар ин проект ҳамагӣ як гурӯҳча кор кардааст. Ӯ чунин гуфт: «Ман бо онҳое шиносам, ки дар студияҳои аниматсионии калону майда кор мекунанд, баъзан фикр мекунам, ки агар дар он ҷо кор кунӣ, зӯр. Лекин асосан ҳаракате ки онҳо мекунанд, танҳо баҳри як лаҳза хандондани одамон мебошад. Лекин меҳнате, ки шумо мекунед ба ҳаёти кӯдакон таъсир мерасонад ва ба онҳо ёрдам мекунад, ки некро аз бад фарқ карда қарори дуруст бароранд. Кори шумо пурарзиш аст ва ба одамон ёрдам мекунад».

Волидони тамоми дунё бо ин суханон розианд. Зане ба мо чунин навишт: «Писарчаи ман — Куин 3-сола аст. Ӯ филми тасвирии «Дӯсти Яҳува шав!»-ро тамошо кард, дар байни суруд, ба ман нигоҳ карда, дастакашро ба дилаш монда чунин гуфт: «Очаҷон, ин мултикро тамошо карда дилакам беҳад хурсанд шуд!»