Гузаштан ба маводи асосӣ

Вохӯрии солона. Ҳисоботи соли 2014

100-солагии Салтанат

Вохӯрии солона. Ҳисоботи соли 2014

Моҳи октябри соли 2014 вохӯрии солонаи 130-юми Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо (Пенсилвания) барпо гардид, ки онро 19 000 нафар гӯш карданд. Вохӯрӣ дар Толори анҷуманҳои Шоҳидони Яҳува дар Ҷерси-Сити (иёлоти Ню-Ҷерси, ИМА) гузашт, ки он ба бисёр ҷойҳо пахш шуд.

Барандаи вохӯрӣ аъзои Ҳайати роҳбарикунанда бародар Марк Сандерсон буд. Дар аввали баромадаш бародар қайд кард, ки ин вохӯрии таърихӣ аст, чунки имсол мо 100-солагии Салтанати Масеҳро ҷашн мегирем.

Бародар Сандерсон дар бораи дастовардҳои се соҳаи муҳими ин Салтанат дар давоми 100 сол маълумот дод:

  • Мавъизаи умумиҷаҳонӣ. Бо ёрдами Яҳува халқаш хушхабарро дар бораи Салтанат бо ҷидду ҷаҳд паҳн мекард. Шумораи хизматгорони Худо дар давоми 100 сол аз якчанд ҳазор ба беш аз ҳашт миллион расид. Мо мавъизаи хушхабарро боғайрат давом медиҳем, то даме ки Яҳува бас нагӯяд.

  • Яҳува халқашро ба пуррагӣ муҳофизат мекард. Роҳбарони дин ва сиёсатмадорон бо хашми зӯр ба мо муқобилат мекарданд ва ҳатто мехостанд, ки Шоҳидони Яҳуваро пурра нест кунанд. Аммо Яҳува халқашро ҳимоя мекард. Ғолибиятҳои бешумор дар судҳо, аз он ҷумла Суди Олии Иёлоти Муттаҳида ва Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон исбот мекунанд, ки Яҳува то ҳол моро ҳимоя мекунад.

  • Муттаҳид шудани одамони миллату нажодашон гуногун. Салтанати Яҳува одамони миллату забон ва табақаашон гуногунро муттаҳид намуд. Ин Салтанат ба онҳо кӯмак кард, ки мушкилиҳои зиёдро паси сар кунанд ва аз онҳо халқеро ташкил дод, то якдилона Ӯро парастиш намоянд. Бародар Сандерсон гуфт: «Танҳо Яҳува қодир аст, ки ин хел мӯъҷиза кунад!» Ӯ ҳамчунин бори дигар қайд кард, ки дар ин вохӯрии солонаи таърихӣ иштирок кардан шараф аст.

Силсилаи филми тасвирии «Дӯсти Яҳува шав!».

Дар ин қисми барнома диққат ба силсилаи филми тасвирӣ равона шуд, ки он беш аз ду сол инҷониб моро хурсанд мекунад. Дар аввал бародар Сандерсон видеосабти мусоҳиба бо кӯдакони тамоми гӯшаи дунёро пешниҳод кард. Ба тамошобинон суханони самимона ва покдилонаи кӯдакон барои ин филмҳои тасвирӣ хеле таъсир кард.

Баъдан филми тасвирии 12-дақиқаинаи нав бо номи «Яҳува ба ту далерӣ медиҳад» * намоиш дода шуд. Дар он оиди духтарчаи исроилӣ, ки ба зани Наамон далерона дар бораи Яҳува гуфт, нақл карда шудааст (4 Подшоҳон 5:1–14). Ин филми тасвирӣ 6-уми октябри соли 2014 дар сайти jw.org баромад ва зиёда ба 20 забон дастрас гардид.

JW Language.

Бародар Сандерсон дар бораи барномаи нави таҷҳизоти электронӣ эълон кард. Ин барнома бо мақсади кӯмак расондан ба Шоҳидоне тайёр шудааст, ки барои васеъ кардани доираи хизмати худ забони дигарро меомӯзанд. Он беш аз 4000 калимаву ибораҳои 18 забонро дар бар мегирад. Ҳамчунин илова кардани дигар калимаву ибора, пешниҳодот барои мавъиза ва дигар чизҳо ба нақша гирифта шудааст.

JW Broadcasting.

Шоҳидони Яҳува аз шунидани эълон оиди баромадани телевизиони интернетӣ хеле хурсанд шуданд. Дар аввал он чун санҷиш танҳо бо забони англисӣ баромад. Ин студияи телевизионӣ дар идораи марказии Шоҳидони Яҳува дар Бруклин (иёлоти Ню-Йорк, ИМА) ҷойгир шуда мусиқӣ, видеонаворҳо ва хониши бадеии Китоби Муқаддасро пахш мекунад. Ба ғайр аз ин ҳар моҳ дар интернет барномаи нав мебарояд, ки онро Ҳайати роҳбарикунанда ва ёрдамчии яке аз кумитаҳо мегузаронанд.

Бародар Сандерсон ҳузурдоштагонро ба тамошои видеонаворе таклиф намуд, ки он дар бораи барномаи аввалини телевизионӣ нақл мекард. Ин видеонавор шарҳи аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Стивен Летт ва рафти тайёршавии студияи телевизиониро дар бар мегирифт. JW Broadcasting бори аввал 6-уми октябри соли 2014 пахш гардид. Онро аз нишонаи tv.jw.org тамошо карда метавонед.

«100-солагии Салтанат: натиҷаҳо».

Сэмюэл Хёрд аъзои Ҳайати роҳбарикунанда филмеро ки оиди дастовардҳои Салтанати Худо нақл мекард, шарҳ дод. Аз ин филм маълум гардид, ки чи тавр Салтанати Худо ба мо барои зиёд шудан ва дар кори мавъиза беҳтар гаштан ёрдам кардааст. Ба воситаи наворҳои таърихӣ, саҳначаҳо ва мусоҳибаҳои Шоҳидони ботаҷриба ҳозирон дар бораи чунин қадамҳои нахустин маълумоти бештар гирифтанд: «Фотодрамаи офариниш»-ро тайёр намуда дар бисёр ҷойҳо намоиш додан, истифодабарии патефонҳо, плакатҳо ва мошинҳои дар болояш баландгӯякдошта; гашти қатори эълонӣ ва ҳар гуна мактабҳое, ки моро ба хизмат тайёр мекунанд.

Дар бораи дастовардҳои 100 соли аввали ҳукмронии Салтанат мулоҳиза кардан ба мо чӣ фоида меорад? Агар мо дар ин бора фикр кунем Салтанати Худо бароямон воқеитар мегардад ва хоҳиши дидани баракатҳои ояндаи ин Салтанат бештар мешавад.

Сурудҳо барои ибодат.

Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Дейвид Сплэйн эълон кард, ки китоби суруди «Ба Яҳува бисароед» аз нав дида баромада мешавад. Меҳмонон аз ин хеле хурсанд шуданд. Муқоваи он мисли Китоби Муқаддаси «Тарҷумаи дунёи нав» нуқраранг мешавад. Чунин муқоваи босифатро истифода бурда мо нишон медиҳем, ки дар хизматамон мусиқӣ ҷои махсусро ишғол мекунад.

Бародар Сплейн ҳамчунин эълон кард, ки ба ин китоб якчанд сурудҳои нав илова карда мешаванд. Аммо ба мо лозим намеояд, ки чопи пурраи китобро интизор шавем. Ҳамин ки сурудҳои нав дар сайти jw.org баромаданд, онро сароида метавонем.

Се суруди нав, ки якчанд рӯз пештар оилаи Байт-Ил онро хуб машқ карда буд, дар вохӯрии солона сароида шуд. Дастаи сарояндагон суруди «Бигзор Салтанати Худо биёяд!» *-ро таҳти дирижёрии бародар Сплейн иҷро карданд. Он махсусан барои 100-солагии Салтанат навишта шуда буд. Сипас ин сурудро бо меҳмонон якҷоя сароидаанд. Баъдтар дастаи сарояндагону меҳмонон боз як суруди нав бо номи «Ба мо далерӣ деҳ!»-ро сароиданд.

Мусоҳиба.

Сипас тамошобинон сабти мусоҳибаи Геррит Лёш, аъзои Ҳайати роҳбарикунандаро бо се ҷуфти ҳамсарон, ки даҳсолаҳо боз дар Байт-Ил хизмат мекунанд, тамошо карданд. Онҳо дар бораи тағйиротҳои гуногуни ташкилот дар давоми хизматашон, ки дар бораи пешравии халқи Худо шаҳодат медиҳад, нақл карданд. Бародар Лёш қайд кард, ки ин дигаргуниҳо дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буданд ва ҳозиронро барангехт, ки ҳамқадами ташкилоти Худо бошанд (Ишаъё 60:17).

«Тимсолҳо ва иҷрошавии он».

Бо ин нутқ бародар Дейвид Сплэйн баромад кард. Ӯ фаҳмонда дод, ки чаро солҳои охир дар адабиётамон маънидодкунии тимсолҳо камтар ба назар мерасанд.

Пештар мо фикр мекардем, ки бисёр мардону занони худотарси замони қадим тимсоли гурӯҳҳои гуногуни хизматгорони ҳозира мебошанд. Ҳамчунин ақида доштем, ки як қатор воқеаҳои Китоби Муқаддас ба ҳаёти ҳозираи хизматгорони Худо ишора мекунад. Дар ҳақиқат ин гуна муқоисакуниҳо хеле шавқоваранд. Пас чаро вақтҳои охир дар адабиёти мо маънидодкунии тимсолҳо хеле кам ба назар мерасанд?

Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки баъзан ягон шахс ё рӯйдод тимсоли чизи бузургтаре дар оянда мебошад. Вақте ки Навиштаҳо ба ягон чиз аниқ чун ба тимсол ишора мекунанд, мо онро қабул мекунем. «Аммо то Китоби Муқаддас нагӯяд, ки ин тимсол аст, мо ҳам набояд онро тимсол ҳисоб кунем»,— гуфт бародар Сплейн. Мо набояд дар ҳар як воқеаҳои Китоби Муқаддас пешгӯӣ ҷӯем. Илова бар ин агар мо ба муқоисакуниҳо дода шавем аз чизҳои хондаамон барои ҳаёти ҳаррӯза манфиат гирифта наметавонем, зеро намунаҳои Китоби Муқаддас ба ҳама хизматгорони Худо дарси ибрат аст (Румиён 15:4) *.

«Оё шумо ҳушёр ва бедор мемонед?»

Ин нутқи бародар Стивен Летт ба фаҳмиши мо оиди масали Исо дар бораи даҳ бокира равшанӣ андохт (Матто 25:1–13). Ҳоло ин масалро мо чунин мефаҳмем: домод ин Исо, бокираҳо — пайравони тадҳиншудаи ӯ мебошанд (Луқо 5:34, 35; 2 Қӯринтиён 11:2). Он дар замонҳои охир иҷро шуда истодааст ва бо мусибати бузург ба анҷом мерасад. Ҳангоме ки Исо дар бораи панҷ бокира нақл кард, ӯ дар назар надошт, ки бисёр хизматгорони тадҳиншудаи вай содиқ намемонанд ва ба ҷойи онҳо дигаронро интихоб кардан лозим меояд. Аз афташ суханони ӯ танҳо барои огоҳ кардан буд. Чуноне ки панҷ бокира доно буданду панҷтои дигараш нодон, ба ин монанд ҳар як тадҳиншуда низ метавонад интихоб намояд, ки бо кадом роҳ равад: бо роҳи омодагиву ҳушёрӣ ё роҳи нодуруст.

Агар мо аз рӯи принсипи дар Навиштаҳо чизи набударо наҷустан рафтор кардан хоҳем, мо дар ҳар як қисми ин масал пешгӯӣ намеҷӯем. Беҳтар мебуд, ки мо аз ин намуна ягон дарси фоидаовар гирем. Хоҳ мо умеди осмонӣ дошта бошем, хоҳ заминӣ мо бояд ҳушёру бедор бошем ва гузорем, ки нури мо бидурахшад (Юҳанно 10:16; Марқӯс 13:37; Матто 5:16). Касе ба ҷои мо вафодор буда наметавонад. Ҳар як кас худаш бояд роҳи ҳаётро интихоб карда дар хизмат фаъол монад ва ҳушёр бошад, ки муносибаташро бо Худо аз даст надиҳад (Такрори Шариат 30:19).

«Масал оиди талантҳо».

Бо ин мавзӯъ аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Энтони Моррис баромад кард. Ӯ дар бораи ин масал фаҳмиши навро кушода дод (Матто 25:14–30). Акнун барои мо фаҳмо шуд, ки оғо (Исо) ғуломон (тадҳишудагони содиқи дар заминбуда)-ро ҳангоми ба осмон гирифтанаш мукофот медиҳад. Вақте ки Исо дар бораи оқибати «ғуломи шарир ва танбал» нақл кард, ӯ пешгӯӣ накарда буд, ки шумораи бисёри пайравони тадҳиншудааш содиқ намемонанд. Исо тадҳиншудагонро огоҳ карда муҳимияти ҳушёру бедор мондан ва аз рӯҳияву корҳои ғуломи шарир даргурез буданро қайд кард.

Мо аз ин масал чӣ меомӯзем? Дар ин масал Оғо ба ғуломони худ чизи қиматбаҳояшро боварӣ кард. Мисли ин Исо низ ба пайравони худ чизи қиматбаҳо, яъне кори мавъиза ва шогирдсозиро супурд. Ӯ интизор аст, ки ҳамаи мо мувофиқи имконияти худ дар кори мавъиза бо ҷидду ҷаҳд иштирок мекунем. Бародар Моррис ҳамаи шунавандагонро барои боғайратона дастгирӣ кардани кори Салтанат таъриф кард.

«Кӣ ба наздикӣ ба халқи Худо ҳамла мекунад?»

Бо ин нутқи ҷолиб аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Ҷефри Ҷексон баромад кард. Бародар Ҷефри дар бораи ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, ки дар оянда ба халқи Худо ҳамла мекунад, сухан ронд (Ҳизқиёл 38:14–23).

Пеш мо фикр мекардем, ки Ҷуҷ ин боз номи дигари Шайтон Иблис аст ва ин номро ӯ пас аз осмон ба замин партофта шуданаш гирифт. Ин фаҳмиш якчанд саволҳоро ба миён меорад, ки бародар Ҷексон диққати шунавандагонро ба он равона кард. Масалан, Яҳува пешгӯӣ кард, ки вақте Ҷуҷ мағлуб мешавад Яҳува ӯро «ба ҳар навъ мурғони соҳибчангол ва ҳайвоноти саҳро барои хӯрок» медиҳад (Ҳизқиёл 39:4). Ҳамчунин Яҳува илова кард, ки «Ҷуҷ ва тамоми анбӯҳи ӯро» дар замин гӯр мекунад. Магар офаридаҳои рӯҳиро дар замин гӯр кардан мумкин аст? Шайтон ба муддати ҳазор сол занҷирбанд карда мешавад. Ӯ хӯроки ягон ҳайвон намегардад ва гӯр ҳам карда намешавад (Ваҳй 20:1, 2). Ғайр аз ин дар охири ҳазорсола Шайтон аз занҷир озод шуда «берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад» (Ваҳй 20:7, 8). Фаҳмо ки агар Шайтон Ҷуҷ бошад, пас чӣ хел ӯ худашро фиреб мекунад.

Бародар Ҷексон фаҳмонд, ки дар пешгӯии Ҳизқиёл Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ин на Шайтон, балки иттиҳоди халқҳо мебошад, ки дар оянда ба халқи Худо ҳамла мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳамлаи Ҷуҷ ин ҳамон ҳамлаи «подшоҳи шимол» ва «подшоҳони замин» мебошад (Дониёл 11:40, 44, 45; Ваҳй 17:12–14; 19:19).

Пас «подшоҳи шимол» кист? Вақташ, ки омад мо инро мефаҳмем. Чи хеле набошад, бо наздикшавии воқеаҳои оянда фаҳмиши мо низ зиёд мешавад, ки ин имонамонро қавӣ мегардонад. Мо аз ҳамлаи дарпешистода наметарсем, зеро боварӣ дорем, ки вақте Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба халқи Худо ҳамла мекунад, ӯ мағлуб мегардад ва баъдан несту нобуд мешавад. Халқи Худо бошад, ҷовидона зиндагӣ хоҳад кард *.

Қисми хотимавӣ.

Бародар Марк Сандерсон эълон кард, ки акнун «Тарҷумаи дунёи нав» ба ҳаҷми кисагӣ дастрас аст. Илова бар ин ӯ эълон кард, ки ҳоло сабти аудиоии Китоби Муқаддас, ки онро одамони гуногун бо нақшҳо хондаанд, тайёр шуда истодааст. Аз китоби хушхабари Матто сар карда ин сабтҳо дар сайти jw.org гузошта мешаванд.

Бародар Сандерсон гуфт, ки ояти солонаи 2015 аз Забур 105:1 гирифта шудааст: «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст». Ӯ шунавандагонро барангехт, ки ҳар рӯз ба Яҳува раҳмат гӯянд, зеро барои ҳамд гуфтани Ӯ сабабҳои бешумор вуҷуд доранд.

Вохӯрӣ бо иҷрои суруди нав бо номи «Исми ту Яҳува аст» * ба охир расид. Ҳамаи аъзои Ҳайати роҳбарикунанда, ки ҳафт нафар мебошанд, ба саҳна баромада бо гурӯҳи сарояндагон ва шунавандагон ин суруди зеборо сароиданд, ки ин анҷоми беҳтарини вохӯрии таърихӣ буд!

^ сарх. 10 Ҳоло ба забони тоҷикӣ дастрас нест.

^ сарх. 18 Ҳоло ба забони тоҷикӣ дастрас нест.

^ сарх. 22 Ин ва ду нутқи навбатӣ дар асоси мақолае, ки 15-уми марти соли 2015 дар «Бурҷи дидбонӣ» мебарояд, тайёр карда шудааст.

^ сарх. 30 Ин нутқ дар асоси мақолае, ки 15-уми марти соли 2015 дар «Бурҷи дидбонӣ» мебарояд, тайёр карда шудааст.

^ сарх. 33 Ҳоло ба забони тоҷикӣ дастрас нест.