Чаро Шоҳидони Яҳува хона ба хона мегарданд?
Ҳазрати Исои Масеҳ ба расулонаш гуфта буд: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Матто 28:19, 20). Ҳангоме ки Исо пайравони аввалинашро ба мавъиза фиристод, ӯ амр дод, ки ба хонаи одамон рафта мавъиза кунанд (Матто 10:7, 11–13). Дар асри як пас аз марги Исо-пайғамбар расулонаш «пеши тамоми мардум ва хона ба хона» гашта хушхабарро ба одамон мерасонданд (Аъмол 5:42; 20:20). Мо ба шогирдони пешинаи ҳазрати Исо пайравӣ карда мавъизаи хона ба хонаро беҳтарин роҳи расонидани хушхабар ба одамон меҳисобем.