Сиёсати ҳифзи асрор ва файлҳои cookie
Ташкилоти Шоҳидони Яҳува ҳуқуқи шахсро ҳурмат мекунад. Барои гирифтани маълумот дар бораи сиёсати ҳифзи маълумоти умумиҷаҳонӣ лутфан ин ҷоро зер кунед.
Сиёсати ҳифзи маълумот нишон медиҳад, ки чӣ хел ташкилоти Шоҳидони Яҳува ба маълумоти шахсӣ муносибат мекунад. Ғайр аз ин дастуроти мувофиқ барои ин сайт муқаррар карда шудааст ва онҳо дар поён оварда шудаанд.
Ин вебсайт моликияти шахсии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ (Watchtower Bible and Tract Society of New York, Inc.) мебошад. («Бурҷи дидбонӣ»), Ню-Йорк ин ташкилоти тиҷоратӣ набуда фаъолияти Шоҳидони Яҳува ва кори таълимдиҳии онҳоро дастгирӣ мекунад. Баъзе аз серверҳои асосии ин сайт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгиранд.
Маълумоти шахсӣ
Маълумоти шахсие, ки шумо ба воситаи ин сайт мефиристед, танҳо бо мақсаде, ки шумо қайд кардед, истифода бурда мешаваду халос.
Мо маълумоти шахсии шуморо ба ягон шахси дигар пешкаш намекунем, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин барои иҷрои дархости шумо лозим нашавад (ва ин муфассал фаҳмонда мешавад). Инчунин баҳри қонеъ кардани талаботи қоидаву қонунҳои дахлдор, барои ҷавоб додан ба дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои фошкунӣ ва пешгирии қаллобӣ, носозгориҳои техникӣ ё таъмини бехатарӣ асоси кофӣ вуҷуд дошта бошад, пас мо маълумоти шахсии шуморо истифода бурда метавонем. Бо истифода бурдани ин сайт шумо розигӣ медиҳед, ки мо маълумоти шахсии шуморо ба шахсони лозима танҳо бо мақсадҳои дар боло овардашуда пешкаш кунем. Ягон маълумоти шахсии шумо фурӯхта намешавад, барои чизе иваз карда намешавад ё дар ҳар вазъият барои фоидаи пулӣ ба каси дигар дода намешавад.
Шахсони сеюм. Баъзан дар ин вебсайт ишораҳо ба вебсайти шахсони сеюм оварда мешаванд, ки мо онҳоро барои хизматрасонӣ (масалан, барои пур кардани бланкҳои онлайн) киро мекунем. Вақте шумо ба вебсайти шахсони сеюм мегузаред, инро мефаҳмед, чунки намуди он тамоман фарқ мекунад ва суроға дар браузер дигар мешавад. Дар вақти интихоби шахсони сеюм ва вақт аз вақт мо сиёсати ҳифзи асрор ва маълумоти онҳоро бодиққат аз назар мегузаронем, то боварӣ ҳосил кунем, ки онҳо низ меъёрҳои моро нисбати ҳуқуқ дастгирӣ менамоянд ё не. Агар шумо оиди шахсони сеюм савол дошта бошед, лутфан ба сиёсати ҳифзи асрори онҳо, ки дар сайташон ҷойгир аст, нигоҳ кунед.
Ҳимоя
Мо ба ҳимояи маълумоти шахсии шумо хеле ҷиддӣ муносибат мекунем. Маълумоти шахсие, ки шумо ба дигар ҷо мефиристед, мо бо истифодаи рамзгузориҳо ба мисли Transport Layer Security (TLS), ҳимоя мекунем. Мо он системаҳои компютериеро истифода мебарем, ки на ҳама ба он доступ дорад. Барои ҳимояи сир ва маълумотҳое, ки ба мо дода мешавад, чораҳои бехатарӣ (ҳимояи ҷисмӣ, электронӣ ва огоҳкунанда) андешида шудаанд.
Аккаунт
Суроғаи почтаи электронӣ, ки шумо ҳангоми сохтани аккаунт дар ин вебсайт нишон дода будед, барои дар вақтҳои лозима бо шумо тамос гирифтан истифода бурда мешавад. Масалан, агар шумо номи истифодабаранда ё рамзи худро фаромӯш кунеду барои ба сайт даромадан ёрдам пурсед, маълумоти ёрирасон ба суроғаи почтаи электрониатон фиристода мешавад.
Хайрияҳо
Агар шумо онлайн пул хайрия карданӣ бошед, мо номи шумо ва маълумот барои тамосро нигоҳ медорем. Барои қабул кардани хайрияҳо ба воситаи кортҳои кредитӣ мо хизматрасонии пулии онлайнеро, ки ҳаматарафа бехатар аст, истифода мебарем. Мо он маълумотеро ки дар корти кредитӣ, суратҳисоби бонкӣ ё дигар маълумоти аккаунтатонро, ки ба коргарони хадамоти ёрирасон роҳӣ карда будед, нигоҳ намедорем ва он ба мо дастрас нест. Хайриягиранда маълумоти доду гирифтро камаш даҳ сол нигоҳ медорад. Ба ин маълумот сана, миқдор ва тарзи хайрия дохил мешавад. Ин маълумот ба талаботи ҳисобу китоб мувофиқат карда ба ҳар саволе, ки дар ин муддат пайдо шуда метавонад, ҷавоб медиҳад. Мо бо шумо барои талаб кардани хайрияи иловагӣ тамос намегирем.
Маълумоти дигар
Шумо маълумоти шахсиатонро (ба мисли ному насаб, почта ва рақами телефон) на танҳо бо мақсади хайрия кардан ва сохтани аккаунт, балки барои дархости омӯзиши бепули Китоби Муқаддас ва ғайраҳо фиристода метавонед. Мо ин маълумотро танҳо бо мақсаде, ки шумо хоҳиш кардед ва танҳо то муддати лозима ҷамъ мекунем, нигоҳ медорем ва истифода мебарем.
Файлҳои Cookie ва технологияи ба ин монанд
Ин маълумот ба таври автоматикӣ вақте ки шумо ба вебсайти мо медароед, ҷамъ мешавад. Мо ин маълумотро ба воситаи «cookies», «web beacons» ва технологияи ба ин монанд, ҷамъ мекунем. Дар ин сиёсати ҳифзи асрор файлҳои cookie бисёр истифода мешаванд ва ба ин технологияи монанд ба мисли «local storage» дохил мешавад.
Файлҳои Cookie. Мисли бисёр вебсайтҳо вақте ки шумо ба ин вебсайт медароед маълумоти каме ки «cookie» ном гирифтааст, дар телефон, планшети жёсткий диски компютератон нигоҳ дошта мешавад. Намудҳои файли cookies гуногунанд, ки ҳар хел функсияҳоро иҷро намуда таҷрибаи шуморо дар истифодаи вебсайт зиёд менамоянд. Бо истифодаи файлҳои cookie мо мефаҳмем, ки шумо пештар ба ин вебсайт даромада будед ё файлҳои cookie барои дар хотир доштани тартибе, ки шумо дар вақти истифодаи ин вебсайт интихоб карда будед, ёрдам мекунанд. Масалан, забони интихобкардаи шумо метавонад ба воситаи ин файлҳо нигоҳ дошта шавад, то вақти ба сайт баргаштани шумо айнан он забон нишон дода шавад. Мо файлҳои «cookie»-ро барои реклама истифода намебарем.
Намудҳои файлҳои cookie, ки дар ин вебсайт истифода шудаанд, ба се қисми зерин ҷудо кардан мумкин аст:
Файлҳои cookie, ки ҳатман заруранд. Ин файлҳо барои истифодаи функсияҳо ба мисли даромадан ё пешкаш кардани бланкҳои пуркардашуда дар ин сайт кӯмак мерасонанд. Бе ин файлҳои cookie, хизматрасоние, ки шумо дархост карда будед, ба мисли хайрия кардан, иҷро карда намешаванд. Ба ин ҳамчунин дохил мешавад cookie файлҳое, ки ба мо барои иҷро кардани дархостҳое, ки шумо аниқу равшан дар қисмҳои браузер талаб карда будед, ёрдам мекунад. Он маълумотҳое, ки дар бораи шумо ба воситаи ин файлҳои cookie ҷамъ шуданд, барои хариду фурӯш ё дар хотир гирифтани он ки дар Интернет ба куҷо даромадед, истифода бурда намешаванд.
Файлҳои cookie, ки дар бисёр маврид истифода бурда мешаванд. Ин файлҳо ба мо имкон медиҳанд, то он интихоберо, ки шумо дар ин вебсайт карда будед (ба мисли номи истифодабаранда, забон ё макон) дар ёд гирем ва аз ин вебсайт истифода бурданатонро осонтар созем.
Cookie файлҳои аналитикӣ. Ин файлҳо барои ба ҳисоби миёна ҷамъ кардани маълумот дар бораи он ки чӣ тавр одамон аз ин сайт истифода бурданд, масалан чанд бор ва чӣ қадар, истифода мешаванд. Ин маълумот танҳо барои беҳтар кардани кори вебсайт истифода бурда мешавад.
Баъзе файлҳои cookie, ки аввалин дараҷа мебошанд, аз тарафи вебсайтамон муқаррар карда мешаванд. Дигар файлҳои cookie бошанд аз тарафи доменҳои гуногун муқаррар мешаванд. Мо танҳо cookie файлҳоеро, ки аввалин дараҷа мебошанд, истифода мебарем, ғайр аз файли сеюм дараҷае, ки ба Google reCAPTCHA дахл дорад. Google reCAPTCHA барои одамро аз робот фарқ кардан истифода мешавад, то ки спамҳои автоматикиро пешгирӣ намояд. Лутфан барои дидани сиёсати ҳифзи асрори Google ба ин ҷо нигаред: [https://www.google.com/intl/en/policies/privacy/]
Файлҳои web beacon. Саҳифаҳои вебсайти мо метавонад файлҳои электронии хурдеро, ки чун web beacons шинохта мешаванд, дар бар гирад. Ин файлҳо имконият медиҳанд, ки чунин амалҳоро ба монанди вақти ба сайт даромадани шуморо сабт кунад. Файлҳои web beacon барои бохабар шудан аз истифодаи ин вебсайт ва суръати кори сайт истифода мешавад.
Истифода бурдани IP-суроғаҳо. IP-суроға ин коди рақамие мебошад, ки компютери шуморо дар интернет шинос мекунад. Мо IP-суроға ва намуди браузери шуморо истифода мебарем, то нусхаи истифодабариро таҳлил намуда душвориҳои ин сайтро ҳал кунем ва хизматрасониро беҳтар гардонем.
Интихоби шумо. Бисёр браузерҳо ба шумо имконият медиҳанд, то cookie файлҳоро хомӯш кунед ё пеш аз он ки ин файлҳо дар таҷҳизоти шумо нигоҳ дошта шаванд, хабардор карда шавед. Лутфан ба дастуротҳои браузератон аҳамият диҳед, то фаҳмед, ки ин корро чӣ хел кардан мумкин аст. Аҳамият диҳед, ки бе файлҳои cookie шумо аз сайти мо пурра истифода бурда наметавонед.
Сенарияҳои фаъол ё JavaScript
Сенарияҳо барои беҳтаркунии кори сайт истифода бурда мешаванд. Ин технология ба сайт имконият медиҳад, ки ба шумо зудтар маълумот диҳад. Сайт сенарияҳоро барои ба компютери шумо ягон барномаро гузарондан ё беиҷозат маълумот ҷамъ кардан ҳеҷ гоҳ истифода намебарад.
Барои он ки баъзе қисмҳои сайт дуруст кор кунанд, сенарияҳои фаъол ё JavaScript бояд дар браузер дастрас бошанд. Аксари браузерҳо имконияти интихоб медиҳанд, ки барои сайтҳои муайян ин функсия истифода шавад ё не. Барои фаҳмидани он ки сенарияҳоро дар сайтҳои интихобшуда чӣ гуна дастрас кардан мумкин аст, ҳуҷҷатҳои ёрирасони браузерро хонед.
Ҳуқуқҳои шумо
Аз ин сайт истифода бурдани шумо боргирӣ кардани ягон адабиёт, видео ё аудио-файлҳоро дар бар мегирад, ки онҳо бепуланд. Барои ин аз шумо талаб карда намешавад, ки аккаунт кушоед, хайрия кунед ё барои гирифтани чизе маълумоти шахсиатонро ворид кунед. Лекин агар шумо ихтиёран аккаунт кушоед, хайрия кунед, омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро дархост намоед ва ё дигар амалҳоеро, ки маълумоти шахсиро дар бар мегиранд, карданӣ шавед, пас шумо бо ин сиёсати ҳифзи асрор ва файлҳои cookie розӣ мешавед. Инчунин шумо розӣ мешавед, ки маълумоти шахсиатон дар сервери ИМА аз тарафи Бурҷи дидбонӣ ё ташкилотҳое, ки Шоҳидони Яҳуваро дар давлатҳои гуногун дастгирӣ мекунанд, ҷамъ, коркард, интиқол ё нигоҳ дошта шавад, чунки коркарди ин маълумот дар талаб аст. Системаи ҷамъоварии маълумот вобаста аз ҳамкории вебсайт тағйир меёбад. Масалан, агар шумо ба ташкилоти ҳуқуқии ягон давлат хайрия карданӣ шавед, пас ному насаб ва маълумот барои тамос, айнан ба ҳамин ташкилоти ҳуқуқӣ, ки шумо дар равиши пур кардани бланки хайрия интихоб кардед, пешкаш мегардад. Мисоли дигар, агар шумо омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост кунед, пас ному насаб ва маълумот барои тамос, ба филиали Шоҳидони Яҳува барои иҷро кардани дархости шумо равона карда мешавад.
Агар шумо барои кушодани аккаунт, хайрия кардан ё барои аз ин вебсайт гирифтани дигар манфиатҳо маълумоти даркориро дохил накунед, мо дархости шуморо иҷро карда наметавонем.
Агар ягон вақт дар ин сиёсати ҳифзи асрор ва файлҳои cookie дигаргунӣ дароварда шавад, он дар ин саҳифа акс хоҳад ёфт. Ҳамин тавр шумо ҳамеша бохабар буда метавонед, ки мо чӣ гуна маълумотро ҷамъ меорем ва чӣ тавр онро истифода мебарем.
Мувофиқи қонун шумо нисбати маълумоти шахсӣ ҳуқуқҳои иловагӣ дошта метавонед. Ба ин дохил мешавад: ҳуқуқи дастрас намудан, ислоҳ ё тоза кардани маълумоти шахсие, ки шумо дар ин сайт ворид кардед. Агар ин дар шаҳри шумо истифода бурда шавад, шумо метавонед, [https://www.jw.org/apps/E_GETPUBMEDIALINKS?docid=1011512&output=html&fileformat=PDF&alllangs=0&track=1&langwritten=E&txtCMSLang=E&isBible=0 маълумот барои тамосро дар ин ҷо ёбед]. Агар дархости шумо оиди маълумотҳои шахсӣ бо хайрия алоқаманд бошад, пас, лутфан, бо шахси (ё ташкилоти) хайриягиранда тамос гиред.