Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз тарафи чап боло: Marek M. Berezowski/Anadolu Agency via Getty Images; аз тарафи чап поён: Halfpoint Images/Moment via Getty Images; center: Zhai Yujia/China News Service/VCG via Getty Images; аз тарафи рост боло: Ismail Sen/Anadolu Agency via Getty Images; аз тарафи рост поён: E+/taseffski/via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Соли 2023, соли тарсу ҳарос. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Соли 2023, соли тарсу ҳарос. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Рӯйдодҳои ҷаҳон дар соли 2023 исбот мекунанд, ки мо чи хеле ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем (2 Тимотиюс 3:1). Аҳамият диҳед, ки чӣ хел дар рӯзҳои мо пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас аниқу дақиқ иҷро шуда истодаанд.

Китоби Муқаддас ва рӯйдодҳои ҷаҳон

 «Ҷанг ва овозаи ҷангҳо» (Матто 24:6).

  •   «Дар ҳар гӯшаю канори дунё низоъҳои бераҳмона зиёд гашта истодаанд» a.

 «Дар ҳама ҷо пайи ҳам заминҷунб[ӣ]» (Марқус 13:8).

  •   «Аз саршавии соли 2023 дар тамоми ҷаҳон 13 заминҷунбие ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 7 балро ташкил медиҳад. Тӯли таърих ин яке аз шумораҳои баландтарине мебошад, ки ба қайд гирифта шудааст» b.

 «Ҳодисаҳои пурдаҳшат» (Луқо 21:11).

  •   «Давраи гармои шадид дар тамоми ҷаҳон ба охир расиду давраи ҷӯшидани ҷаҳон сар шуд» (Антониу Гутерриш котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид) c.

 Ба мақолаи «Гармои шадид дар тобистони соли 2023» нигаред.

 «Гушнагӣ» (Матто 24:7).

  •   «Соли 2023 барои онҳое, ки дар таъмини оилаашон танқисӣ мекашанд, боз як соли душвор аст» d.

 «Замонҳои сахт» (2 Тимотиюс 3:1).

  •   «Дар дунё аз 8 нафар як кас ба ин ё он намуди бемории равонӣ гирифтор аст» e.

Соли 2024 моро чӣ интизор аст?

 Ягон кас аниқ намедонад, ки дар соли 2024 моро чӣ интизор аст. Рӯйдодҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо, ё худ ҳокимияти осмонӣ, ҷойи ҳокимиятҳои заминиро мегирад ва ба ҳама чизҳое, ки сабаби тарсу хавотирӣ ва азоби одамизод гаштаанд, хотима мебахшад (Дониёл 2:44; Ошкорсозӣ 21:4).

 Ҳоло бошад, агар мо тарсу хавотирӣ ҳис кунем, аз Худо кумак пурсида метавонем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст:

 «Вақте битарсам, ба ту такя мекунам» (Забур 56:3).

 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба Худо такя мекунем? Мо шуморо даъват мекунем, ки дар бораи ояндаи бе ранҷу азоб, ки Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, бисёртар маълумот гиред. Курси бепули омӯзиши Китоби Муқаддас-ро гузаред ва фаҳмед, ки чӣ тавр ваъдаҳои Китоби Муқаддас ба шумо ва оилаатон манфиат оварда метавонанд.

a A World at War: What Is Behind the Global Explosion of Violent Conflict? Эмма Билз ва Питер Солзбури. Маҷаллаи «Форин афферс» аз 30 октябри 2023.

b Year 2023: Number of Major Earthquakes on Course for Record. Майи соли 2023.

c Secretary-General’s Opening Remarks at Press Conference on Climate. СММ. 27 июли 2023.

d A Global Food Crisis. Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ

e Рӯзи умумиҷаҳонии саломатии равонӣ, 10 октябри соли 2023. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.