Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

panitan/stock.adobe.com

МАЪРАКАИ ДАЪВАТКУНӢ

Ҳазрати Исо ба камбизоатӣ хотима мебахшад

Ҳазрати Исо ба камбизоатӣ хотима мебахшад

 Вақте ҳазрати Исо дар замин мезист, ӯ ба одамон, хусусан ба камбағалон ва касоне, ки азоб мекашиданд, меҳру муҳаббати зиёд нишон медод (Матто 9:36). Ӯ барои дигарон ҳатто ҷонашро дод (Матто 20:28; Юҳанно 15:13). Ба наздикӣ Исо бори дигар исбот мекунад, ки одамонро дӯст медорад ва чун шоҳи Подшоҳии Худо гушнагиву камбағалиро аз тамоми рӯйи замин нест мекунад.

 Дар бораи корҳое, ки ҳазрати Исо мекунад, дар Китоби Муқаддас, бо забони шоирона чунин гуфта шудааст:

  •   «Бигзор подшоҳ бечорагони халқро пуштибонӣ кунад, бигзор фарзандони камбағалро наҷот бахшад» (Забур 72:4).

 Чӣ тавр миннатдориамонро барои тамоми корҳое, ки ҳазрати Исо бароямон кард ва дар оянда мекунад, нишон дода метавонем? Дар Луқо 22:19 пайғамбар Исо ба шогирдонаш амр дод, ки рӯзи марги ӯро ба ёд оранд. Барои ҳамин мо, Шоҳидони Яҳува, ҳар сол ёдбуди ҳазрати Исоро ҷашн мегирем ва шуморо низ даъват мекунем, ки рӯзи якшанбе, 24 марти соли 2024 ҳамроҳи мо дар ин чорабинии муҳим иштирок намоед.

Ҷойи Шоми ёдбуд