Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Marek M. Berezowski/Anadolu Agency via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Соли дуюми ҷанги Украина сар шуд. Китоби Муқаддас чӣ умед мебахшад?

Соли дуюми ҷанги Украина сар шуд. Китоби Муқаддас чӣ умед мебахшад?

 Рӯзи ҷумъа, 24-уми феврали соли 2023, ба ҷанги даҳшатовар дар Украина як сол мешавад. Мувофиқи баъзе ҳисоботҳо дар ин ҷанг тахминан 300 000 аскари Русияву Украина кушта шуданд ё захмӣ гаштанд ва қариб 30 000 шаҳрванд қурбони ин ҷанг ба ҳисоб меравад. Лекин ин адад зиёд буда метавонад.

 Мутаассифона, ба назар чунин метобад, ки ин ҷанг охир надорад.

  •   «Қариб як сол мешавад, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия ба Украина зада даромад ва ягон нишонае нест, ки он ба наздикӣ ба анҷом мерасад. Аниқ маълум нест, ки кадом тараф дар ин ҷанг ғалаба карда истодааст ва ба назар чунин мерасад, ки созиш кардани ин ду тараф амри маҳол аст» (Радиои миллии ҷамъиятӣ, 19 феврали 2023).

 Албатта, бисёр одамон дар бораи дарду азобе, ки ин ва дигар ҷангҳо дар саросари дунё ба одамони бегуноҳ мерасонанд, хавотиранд. Китоби Муқаддас чӣ умед мебахшад? Оё ҷангҳо ягон вақт хотима меёбанд?

Ҷанге, ки ба тамоми ҷангҳо хотима мебахшад

 Дар Китоби Муқаддас дар бораи ҷанге гуфта шудааст, ки ҳаёти одамонро нобуд намесозад, балки наҷот медиҳад. Ин ҷанг Ҳармаҷиддӯн ном дорад ва он ҳамчун «ҷанге, ки дар рӯзи бузурги Худои Тавоно сар мезанад» тасвир шудааст (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Ба туфайли ин ҷанг Худои замину осмон ба тамоми ҳокимиятҳои инсонӣ, ки сабаби ҷангҳои харобиовар шуда буданд, хотима мебахшад. Дар бораи он ки чӣ тавр ҷанги Ҳармаҷиддӯн сулҳу оромии бардавом меорад, аз мақолаҳои зерин хонда метавонед: