Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

СУРУДИ 75

Худоям, маро бифирист!

Худоям, маро бифирист!

(Ишаъё 6:8)

  1. 1. Худо ва номи неки ӯ

    Паст занад, ҳар кӣ ҳаст бадхӯ.

    Золимаш баъзе шуморанд,

    «Худо нест»,— ҷоҳилон гӯянд.

    Кӣ номи ӯро созад пок?

    Кӣ васфаш сарояд бебок?

    (Нақароти 1)

    «Худоям, маро бифирист,

    То васфат сароям беист.

    Шарафи бузургтар аз ин нест!

    Маро, маро бифирист».

  2. 2. Тарс аз Худо чист надонанд,

    «Ба мо ӯ бепарвост»,— гӯянд.

    Саҷда низ кунанд ба бутҳо,

    Қайсарро донанд чун Худо.

    Баён кӣ созад доварӣ?

    Кӣ диҳад аз ҷанг огаҳӣ?

    (Нақароти 2)

    «Худоям, маро бифирист,

    Огоҳ карда ман хоҳам зист.

    Шарафи бузургтар аз ин нест!

    Маро, маро бифирист».

  3. 3. Бадӣ гашта афзун беҳад.

    Аз ин ҳалим оҳ мекашад,

    Аз таҳти дил ростӣ ҷӯяд,

    Дониши он таскин диҳад.

    Кӣ диҳад ӯро тасаллӣ?

    Ҳалимро расонад ёрӣ?

    (Нақароти 3)

    «Худоям, маро бифирист,

    Хоҳиши ман таълимдиҳист.

    Шарафи бузургтар аз ин нест!

    Маро, маро бифирист».

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 10:4; Ҳиз. 9:4.)