СУРУДИ 12
Яҳува — Худои бузург
-
1. Эй Яҳува, ту неку росткорӣ,
муҳаббатат беҳамтост,
васфат бар забони мост.
Зӯру тавонат, адлу хирадат
чӣ қадар беинтиҳост!
-
2. Пур аз шафқатӣ, хеле дилсӯзӣ.
Бо ин ҳама бузургӣ
ба дуомон гӯш диҳӣ.
Додӣ ҳаётро, ризқу нишотро,
чун падар панд медиҳӣ.
-
3. Ҳама аъмолат гӯяд ҷалолат.
Мо низ васф кунем як умр
бо дили лабрез аз шукр.
Эй Худовандо, танҳо ту ҳастӣ
ҳама ҳамдро сазовор.
(Ҳамчунин нигаред ба 5 Мӯсо 32:4; Пнм. 16:12; Мат. 6:10; Ошкор. 4:11.)