Суруди 39
Осоиштагӣ дороии мост
1. Орад осоиш Худо,—
Гӯедаш сано.
Ба ҷангҳову низоъҳо
Бахшад интиҳо.
Мири осоиштагӣ
Мебошад Масеҳ.
Хоҳад кард мағлуб бадӣ,
Орад рӯзи беҳ.
2. Ҳарфи тунду ҷанҷолҳо
Надорем мақбул,
Бисохтем аз найзаҳо
Мо олоти сулҳ.
То ки бошад осоиш,
Бахшем якдигар,
Гирем аз Худо дониш,
Бошем сулҳпарвар.
3. Чун самари адолат
Орем сулҳ ба бор.
Ёбем аз Худо хирад,
Барем он ба кор.
Сулҳҷӯӣ зоҳир карда,
Ҳастем интизор,
Ки Подшоҳи Яҳува
Созад сулҳ пойдор.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 45:10; Иш. 2:4; Яъқ. 3:17, 18.)