Суруди 142
Ба ҳама одамон мавъиза мекунем
Боргирӣ:
-
Худо рӯйбин нест, мо низ мисли Ӯ
Бо як чашм нигарем ба одамон.
Ӯ мехоҳад наҷот ёбанд онҳо,
Оғӯши Ӯ боз аст ба ҳар инсон.
(НАҚАРОТ)
Гап дар дил аст, на миллат,
Дар сират аст, на сурат —
Хабарро расонем бе рӯйбинӣ.
Мо бо меҳру бе ғараз
Мегӯем ба ҳар як кас,
Ки бо Худо пайдо кунад дӯстӣ.
-
Фарқ надорад шахс бой ё камбағал,
Ё чӣ гуна метобад дар аввал.
Муҳим, ки чӣ гуна аст дар ботин,
Он чи аён ба чашми Ниҳонбин.
(НАҚАРОТ)
Гап дар дил аст, на миллат,
Дар сират аст, на сурат —
Хабарро расонем бе рӯйбинӣ.
Мо бо меҳру бе ғараз
Мегӯем ба ҳар як кас,
Ки бо Худо пайдо кунад дӯстӣ.
-
Худо қабул кунад ҳар касеро,
Ки худро дур созад аз нопокӣ.
Мо низ ба ҳама, фарқ нагузошта,
Мерасонем паёми илоҳӣ.
(НАҚАРОТ)
Гап дар дил аст, на миллат,
Дар сират аст, на сурат —
Хабарро расонем бе рӯйбинӣ.
Мо бо меҳру бе ғараз
Мегӯем ба ҳар як кас,
Ки бо Худо пайдо кунад дӯстӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Юҳ. 12:32; Аъм. 10:34; 1 Тим. 4:10; Тит. 2:11.)