Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД?

Таърихе, ки аҳамияти калон дорад

Таърихе, ки аҳамияти калон дорад

Ягон китоби динӣ ба Китоби Муқаддас баробар шуда наметавонад. Инчунин ягон китоб тӯли ин қадар сол ба эътиқоди одамони зиёд мисли Китоби Муқаддас таъсир накардааст. Илова бар ин, китобе нест, ки мисли Каломи Худо ин қадар муфассал омӯхта шуда, мавриди танқид қарор гирифта бошад.

Мисол, баъзе олимон шубҳа доранд, ки нусхаҳои муосири Китоби Муқаддас ба дастхатҳои аслӣ наздиканд. «Мо дилпур нестем, ки матнҳои аслиро дақиқ барқарор кардаем, — мегӯяд як диншинос, — нусхаҳое, ки имрӯз дастрасанд, пур аз хато мебошанд. Аксари ин нусхаҳо чандин аср пас аз навишта шудани дастхатҳои асл рӯбардор шудаанд, барои ҳамин аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунанд».

Дигарон бошанд, аз сабаби эътиқоди худ дақиқ будани матни Китоби Муқаддасро зери шубҳа мегузоранд. Масалан, Файзал ном мардеро, ки дар оилаи ғайримасеҳӣ ба воя расидааст, таълим дода буданд, ки ҳарчанд Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст, вале он тағйир ёфтааст. «Барои ҳамин, вақте одамон бо ман дар бораи Китоби Муқаддас гап заданӣ мешуданд, суханонашон бароям шубҳанок метофтанд, — мегӯяд Файзал ва илова мекунад: Охир онҳо матни аслии Навиштаҳоро надоранд-ку. Он тағйир ёфтагӣ!»

Оё тағйир ёфтан ё наёфтани Китоби Муқаддас ягон аҳамият дорад? Дар бораи саволҳои зерин фикр кунед: «Агар шумо шубҳа дошта бошед, ки ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда дар матни аслӣ буданд, магар ба онҳо бовар мекардед? (Румиён 15:4). Агар нусхаҳои муосири Китоби Муқаддас пур аз хато мебуданд, оё шумо дар масъалаҳои корӣ, оилавӣ ё эътиқодатон принсипҳои онро ба кор мебурдед?»

Нусхаҳои аслии Китоби Муқаддас то замони мо нарасида бошанд ҳам, мо ба нусхаҳои қадимаи он, аз ҷумла ба ҳазорон дастнависҳо рӯ оварда метавонем. Чӣ тавр ин дастнависҳо новобаста ба фарсудашавӣ, зиддият ва кӯшиши онҳоро тағйир додан то замони мо расиданд? Чӣ тавр ин боварии шуморо ба дақиқ будани нусхаҳои муосири Каломи Худо қавӣ гардонда метавонад? Ба ин саволҳо аз мақолаи навбатӣ ҷавоб ёфта метавонед.