МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД
Дурӯғе, ки Худоро бераҳм баровард
АҚИДАИ БИСЁР ОДАМОН: «Дарҳол баъд аз марг ҷони одамоне, ки гирифтори гуноҳи марговаранд, ба дӯзах меравад, он ҷо онҳо дар “оташи абадӣ” бисёр азоб мекашанд» («Catechism of the Catholic Church»). Баъзе роҳбарони динӣ мегӯянд, ки дӯзах ҳолати дурӣ ва ҷудоии пурра аз Худост.
ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАС:
«Ҳар ҷоне, ки гуноҳ кунад, барои гуноҳи худ мемирад» (Ҳизқиёл 18:4). «Мурдаҳо ҳеҷ чизро намедонанд» (Пандгӯ 9:5). Дар ин ҷо гуфта мешавад, ки ҷони одам мурда метавонад ва шахс баъд аз марг чизеро ҳис намекунад. Пас, чӣ тавр ҷони одам метавонад дар дӯзах, дар «оташи абадӣ», азоб кашад ё аз дарди ҷудоии абадӣ аз Худо ранҷ барад?
Дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас калимаи «дӯзах» истифода шудааст, ҳол он ки дар матни асли ибриву юнонӣ ин калима маънои гӯрро дорад — гӯри умумии инсониятро. Масалан, вақте Айюб аз бемориаш азоб мекашид, чунин дуо гуфт: «Кошки маро дар гӯр [“дӯзах”, тарҷумаи П. Юнгеров] нигоҳ медоштӣ» (Айюб 14:13). Айюб мехост дар гӯр ҷонаш оромӣ ёбад, на ин ки ба ҷойи азоб афтад ё ин ки аз Худо дур бошад.
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?
Бераҳмӣ моро ба Худо наздик намесозад, баръакс, он моро аз ӯ дур мекунад. Росео, ки дар Мексика зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Маро аз кӯдакӣ дар бораи дӯзах таълим дода буданд. Аз ин рӯ ман чунон ба даҳшат афтода будам, ки тасаввур намекардам, ки Худо ягон сифати хуб дорад. Ман гумон мекардам, ки ӯ золиму сангдил аст».
Вақте Рико аз Китоби Муқаддас бо ҳукмҳои Худо ва ҳолати мурдагон ошно шуд, ӯ назарашро ба Худо дигар кард. Ӯ мегӯяд: «Ман худро озод ҳис кардам, гӯё бори гароне аз китфам афтид. Ман дилпур шудам, ки Худо ғами моро мехӯрад, дӯстамон медорад ва дарк кардам, ки ман ҳам ӯро дӯст дошта метавонам. Ӯ мисли падар дасти моро маҳкам медорад ва барои мо беҳтарин ояндаро мехоҳад» (Ишаъё 41:13).
Баъзеҳо мекӯшанд аз тарси оташи дӯзах диндор бошанд, вале Худо намехоҳад, ки шумо аз тарсу ҳарос ба ӯ хизмат кунед. Исо гуфта буд: «Худоят Яҳуваро... дӯст дор» (Марқус 12:29, 30). Вақте мо дарк мекунем, ки Худо имрӯз аз рӯйи адолат амал мекунад, бовар ҳосил мекунем, ки фардо низ ҳукмҳои одилона мебарорад. Мисли дӯсти Айюб, Элиҳу, мо низ бо дилпурӣ гуфта метавонем: «Ҳеҷ гоҳ аз Худо бадӣ сар намезанад ва ҳаргиз аз Худои Тавоно ноинсофӣ барнамеояд!» (Айюб 34:10).