МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД
Чаро барои баъзеҳо дӯст доштани Худо душвор аст?
«Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ақли худ дӯст дор. Ин аст амри муҳимтарин ва аввалин» (Ҳазрати Исо, соли 33-и милодӣ *).
Барои баъзеҳо Худоро дӯст доштан хеле душвор аст. Онҳо фикр мекунанд, ки Худо бузург ва даркнопазир асту парвои одамонро надорад. Ҳатто баъзеҳо ӯро чун Худои золиму бераҳм тасаввур мекунанд. Дар бораи гуфтаҳои зерин мулоҳиза кунед:
-
«Ман дар дуо Худоро илтиҷо мекардам, ки ба ман ёрӣ диҳад, вале ҳамзамон ҳис мекардам, ки ӯ аз одамон дур аст. Ман гумон мекардам, ки Худо ҳиссиёт надорад ва барои бандагонаш дастнорас аст» (Марко, Итолиё).
-
«Ман мехостам, ки самимона ба Худо хизмат кунам, лекин ба назарам чунин метофт, ки ба ӯ наздик шудан номумкин аст. Хаёл мекардам ӯ Худои сахтгир асту фақат одамонро ҷазо медиҳад. Бовариам намеомад, ки ӯ меҳрубону дилсӯз аст» (Роза, Гватемала).
-
«Дар хурдсолӣ ман фикр мекардам, ки Худо айбу хатои моро меҷӯяд ва даррав ҷазо медиҳад. Баъдтар ба хулоса омадам, ки ӯ парвои моро надорад. Бароям ӯ чун сарвазире буд, ки бо корҳои давлатӣ машғул асту ба мардум тамоман кор надорад» (Реймонд, Канада).
Шумо чӣ ақида доред? Оё Худоро дӯст доштан душвор аст? Масеҳиён асрҳо боз атрофи ин савол фикру мулоҳиза мекунанд. Дар асл тӯли асрҳои миёна бисёр масеҳиён ҳатто ба Худои Таолло дуо намегуфтанд. Чунки нисбати Худо дар дилашон тарсу ваҳм буд. Дар ин бора таърихшинос Уилям Дюрант чунин иброз кард: «Чӣ тавр инсони гунаҳгор ҷуръат мекард, ки ба Худои дастнорасу ваҳмангез дуо гӯяд?»
Чаро дар тасаввуроти одамон Худо «дастнорасу ваҳмангез» гардид? Китоби Муқаддас дар бораи Худо чиро таълим медиҳад? Оё пас аз фаҳмидани ҳақиқат дар бораи Худо шумо ӯро дӯст дошта метавонед?