«Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад»
«Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад»
«Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд. Пас аз ин анҷом фаро мерасад» (МАТТО 24:14).
Маънои ин гуфтаҳо. Луқо, ки яке аз нависандагони хушхабар аст, мегӯяд, ки «Исо шаҳр ба шаҳр ва қишлоқ ба қишлоқ гашта, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон кардан гирифт» (Луқо 8:1). Исо худаш низ гуфта буд: «Ман бояд хушхабари Подшоҳии Худоро... эълон кунам, зеро барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқо 4:43). Ӯ расулонашро ба шаҳру деҳаҳо барои эълон кардани хушхабар фиристод ва баъдтар ба онҳо амр фармуда гуфт: «Шумо... то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Корнома 1:8; Луқо 10:1).
Паҳн шудани хушхабар дар асри як. Шогирдони Исо даррав аз пайи иҷрои супориши устодашон шуданд. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Онҳо ҳар рӯз дар ибодатгоҳ ва хона ба хона гашта, таълим медоданд ва хушхабарро дар бораи Исои Масеҳ эълон мекарданд» (Корнома 5:42). Бояд гуфт, ки ҳар як узви ҷамоат дар паҳн кардани хушхабар бояд иштирок мекард. Ниндер ном таърихшинос қайд кардааст: «Селсус, ки душмани ашшадии масеҳиёни асри як буд, тамасхуромез мегуфт, ки дар кори мавъиза пашмтарошу чармфурӯшон, мӯзадӯзон ва одамони одиву бесавод ҷидду ҷаҳд мекунанд». Нависандаи дигаре бо номи Жан Бернард дар китобаш, ки «Калисо дар асрҳои аввал» ном дорад, навиштааст: «Масеҳиён бо омодагӣ дар ҳама ҷо ва ба ҳама хушхабарро мерасонданд. Онҳоро дар кӯчаҳои марказӣ, шаҳрҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳо вохӯрдан мумкин буд. Он воизон новобаста ба муносибати одамон... дар саросари дунё хушхабарро паҳн мекарданд».
Кӣ имрӯз хушхабарро паҳн мекунад? Дейвид Уотсон ном коҳини калисои англиканӣ менависад: «Азбаски калисо ба таври ҷиддӣ мавъиза намекунад ва таълим намедиҳад, одамон имрӯз хоҳиши ба Худо хизмат карданро надоранд». Хосе Луис Перес Гвадалупе дар китоби худ бо номи «Чаро католикон тарки калисо мекунанд?» фаъолияти евангелистҳо, адвентистҳо ва дигаронро мушоҳида карда гуфтааст, ки «онҳо хона ба хона мавъиза намекунанд». Вале дар бораи Шоҳидони Яҳува ин нависанда қайд мекунад: «Онҳо пайваста хона ба хона гашта хушхабарро мерасонанд».
Дар як маҷаллае, ки қарорҳои муҳимтарини Суди Олии ИМА оварда мешаванд, Ҷонатан Терли мушоҳидаи ҷолиберо чоп кардааст: «Ҳамин, ки гап дар бораи Шоҳидони Яҳува равад, аксарият одамонеро пеши назар меоранд, ки дар вақти ноқулай ба хонаи онҳо омада, дар бораи Худо гап мезананд. Бояд гуфт, ки Шоҳидони Яҳува мақсад надоранд, ки ба воситаи мавъизаи хона ба хона одамонро ба дини худ дароранд, балки ин аз имондор будани онҳо дарак медиҳад».
[Тасвир дар саҳифаи 9]
Масеҳиёни ҳақиқиро чӣ тавр шинохтан мумкин?
Дар асоси оятҳое, ки дар ин силсиламақола омадаанд, ба фикратон, киҳоро имрӯз масеҳиёни ҳақиқӣ гуфтан мумкин? Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор равияҳои диние ҳастанд, ки худро масеҳӣ мешуморанд, аз ин рӯ суханони Исоро ба ёд оред, ки ба шогирдонаш гуфта буд: «На ҳар касе, ки ба ман “Ҳазратам, Ҳазратам” мегӯяд, ба Подшоҳии осмон медарояд, балки танҳо касе, ки хости Падари осмониямро иҷро мекунад» (Матто 7:21). Маълум мешавад, ки онҳое, ки хости Падарро иҷро мекунанд масеҳии ҳақиқӣ мебошанд. Касе ба онҳо ҳамроҳ шавад, соҳиби баракатҳои ҷовидона мегардад, ки таҳти Подшоҳии Худо имконпазир мешавад. Аз Шоҳидони Яҳува, ки ин маҷалларо ба шумо додаанд, дар бораи Подшоҳии Худо ва баракатҳои он маълумоти бештар гиред (Луқо 4:43).