Чаро дуо гуфтан муҳим аст?
ДУО. Баъзе мавзӯъҳои Китоби Муқаддас шавқу кунҷкобии касро бедор месозанд. Масалан, ба ҳафт саволе диққат кунед, ки одамон бисёр вақт дар бораи дуо медиҳанд. Сипас бинед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад. Ин мақолаҳо ба шумо кумак мекунанд, ки дуо гӯед ва дуоҳои худро пурмазмун гардонед.
ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН одамони ҳар дину маданият дуо мегӯянд. Онҳо дар танҳоӣ ё ҳамроҳи дигарон дар калисо, маъбад, ибодатгоҳ ва масҷид дуо мегӯянд. Барои дуо гуфтан ҷойнамоз, тасбеҳ, тасвирҳои муқаддасон, китобҳои дуо ё лавҳаҳоро истифода мебаранд.
Инсон бо дуо гуфтан аз дигар мавҷудоти зиндаи рӯйи замин фарқ мекунад. Албатта мо ба ҳайвонот аз бисёр ҷиҳат монандем. Масалан, мисли ҳайвонот ба мо низ хӯрок, ҳаво ва об лозим аст. Мо низ таваллуд мешавем, умр ба сар мебарем ва мемирем (Пандгӯ 3:19). Вале чаро танҳо одамон дуо мегӯянд?
Чунки онҳо ба ин чиз ниёз доранд. Одамон бо нияте дуо мегӯянд, то бо олами рӯҳӣ, ки барояшон поку муқаддас ва абадӣ аст, робита дошта бошанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки одамон бо чунин талабот офарида шудаанд (Пандгӯ 3:11). Ҳазрати Исо низ гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд» (Матто 5:3).
Агар одамон «ташнаи раҳнамоии Худо» буданашонро намедонистанд, магар соатҳои бешуморро барои дуогӯйӣ сарф мекарданд? Магар ҳамаи расму оинҳои динӣ вуҷуд медоштанд? Вале бояд гуфт, ки бисёриҳо худашон ё ба воситаи дигарон ниёзҳои рӯҳонии худро қонеъ карданӣ мешаванд. Ба фикратон, оё одамизод, ки имкониятҳои маҳдуд дорад, ниёзҳои рӯҳониашро қонеъ карда метавонад? Мо одамон гунаҳгор ва миранда буда, ояндаро пешбинӣ карда наметавонем. Аз ин лиҳоз танҳо оне, ки аз мо дида хирадманд ва қодиру тавонотар буда, умри тӯлонӣ дорад, ниёзҳои моро қонеъ карда метавонад. Пас, биёед фаҳмем, ки ниёзи рӯҳонӣ, ки моро ба дуо гуфтан водор месозад, чист?
Як фикр кунед: оё шумо ягон бор барои ҷавоб ёфтан ба саволҳое, ки аз доираи фаҳмиши одамӣ берунанд, ё барои роҳнамоиву хирад кумак пурсидаед? Оё ягон бор баъди бо мусибат дучор шудан, ба тасаллӣ муҳтоҷ будед? Ҳангоми дар масъалаи душвор қарори дуруст баровардан, роҳнамоӣ меҷустед? Ё ин ки аз ҳисси гунаҳкорӣ ба бахшоиш ниёз доштед?
Мувофиқи Китоби Муқаддас дар чунин мавридҳо одамон одатан ба дуо рӯ меоранд. Дар Каломи Худо дуоҳои мардону занони бовафо оварда шудаанд. Онҳо барои тасаллӣ, роҳнамоӣ, бахшоиш ва барои ба саволҳои душвор ҷавоб ёфтан, дуо мегуфтанд (Забур 23:3; 71:21; Дониёл 9:4, 5, 19; Ҳабаққуқ 1:3).
Мавзӯи дуоҳои онҳо гуногун бошанд ҳам, вале як чизи умумӣ доштанд. Ин ходимони бовафо як чизи хеле муҳимро дарк менамуданд, ки имрӯз бисёриҳо онро сарфи назар мекунанд. Онҳо медонистанд, ки бояд ба кӣ дуо гӯянд.