Чаро ба воситаи номи Исои Масеҳ дуо гуфтан муҳим?
ИСОИ МАСЕҲ дар бораи дуо бисёр таълим медод. Дар асри як диндорони яҳудӣ «дар сари кӯчаҳои калон» дуо мегуфтанд, «то одамон онҳоро бинанд». Аз афташ, ин диндорон мехостанд, ки дигарон онҳоро барои диндориашон болобардор намоянд. Бисёр одамон як чизро дуру дароз ва гаштаву баргашта такрор мекарданд, гӯё аз «пургӯйӣ»-и онҳо дуояшон шунида мешуда бошад (Матто 6:5–8). Исо ошкоро мегуфт, ки ин кӯшишҳои онҳо бефоида аст, барои ҳамин ба одамони самимӣ дуруст дуо гуфтанро таълим медод. Ғайр аз ин, Исо дар бораи дуо дигар ҷонибҳоро низ қайд карда буд.
Исо инчунин мегуфт, ки аз дуои мо бояд маълум шавад, ки мо мехоҳем номи Худо муқаддас гардад, Подшоҳии Ӯ биёяд ва иродааш иҷро шавад. Исо таълим медод, ки дар бораи ниёзҳои худ низ ба Худо дуо гуфта кумак пурсидан ягон бадӣ надорад (Матто 6:9–13; Луқо 11:2–4). Исо ба воситаи мисолҳо нишон медод, ки мо бояд бо имон ва фурӯтанӣ пайваста дуо гӯем (Луқо 11:5–13; 18:1–14). Мавриди зикр аст, ки Исо худаш аз рӯйи ҳар он чизе, ки таълим медод, зиндагӣ мекард (Матто 14:23; Марқус 1:35).
Шогирдони Исо бешак мувофиқи дастуроти ӯ амал карда дуоҳои худро пурмазмун мегардонданд. Вале Исо дар шаби пеш аз маргаш ба онҳо дар мавриди дуо дарси муҳимтаринро таълим дода буд.
«Лаҳзаи хотирмон»
Дар шаби пеш аз маргаш Исо диққаташро пурра ба рӯҳбаланд гардондани расулонаш равона кард. Вақти он расида буд, ки Исо дар мавриди дуо ба онҳо ҳақиқати муҳимеро ошкор созад. Исо гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман». Баъдтар Исо ба расулонаш ваъда дод: «Ҳар чизеро, ки ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам, то ки Падар ба воситаи Писар ҷалол ёбад. Агар чизе ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам». Дар охири суҳбаташ бошад, Исо қайд кард: «То ин дам шумо ба номи ман чизе талаб накарда будед; акнун талаб кунед ва ба даст меоред ва хурсандии шумо пурра мешавад» (Юҳанно 14:6, 13, 14; 16:24).
Ин суханони Исо хеле ҷиддӣ буданд. Дар як маълумотнома гуфта шудааст, ки ин гуфтаҳои Исо «лаҳзаи хотирмон» буданд. Албатта бо ин суханонаш Исо гуфтанӣ набуд, ки акнун одамон бояд ба Худо неву ба ӯ дуо гӯянд. Баръакс Исо ба одамон боз як роҳи ба Яҳува наздик шуданро нишон дод.
Хушбахтона Худо ҳамеша дуоҳои хизматгорони содиқашро гӯш мекард (1 Подшоҳон 1:9–19; Забур 65:2). Лекин, баъди он ки Худо бо халқи Исроил аҳд баст, онҳое, ки мехостанд дуояшон шунида шавад, бояд тан мегирифтанд, ки исроилиён халқи интихобшудаи Худоянд. Баъдтар дар замонҳои шоҳ Сулаймон халқ бояд эътироф мекард, ки Худо барои қурбонӣ маъбадро пешбинӣ кардааст (5 Мӯсо 9:29; 2 Воқеанома 6:32, 33). Аммо ин тарзи ибодат доимӣ набуд. Чи хеле Павлуси расул навишт, Шариате, ки ба халқи Исроил дода шуда буд ва қурбониҳое, ки дар маъбад оварда мешуданд, «танҳо сояи некиҳои оянда аст, на худи онҳо» (Ибриён 10:1, 2). Лекин ҷойи ин сояро бояд воқеият мегирифт (Қӯлассиён 2:17). Ҳамин тавр аз соли 33 милодӣ сар карда муносибати шахс бо Яҳува ба риояи Шариати Мӯсо дигар вобаста набуд. Баръакс, муносибат бо Худо бар итоаткорӣ ба касе, ки Қонун ба ӯ ишора мекард, яъне ба Исои Масеҳ асос меёфт (Юҳанно 15:14–16; Ғалотиён 3:24, 25).
Номе, ки «аз ҳар номи дигар болотар аст»
Исо барои бо Яҳува муносибат пайдо кардан таҳкурсии мустаҳкам гузошт. Ӯ худро чун дӯсти пурқудрат муаррифӣ кард, оне, ки ба воситааш Худо дуоҳои моро мешунавад. Чӣ ба Исо имкон медиҳад, ки бар манфиати мо амал кунад?
Азбаски ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд шудаем, ягон амал ё қурбониамон наметавонад ин нуқсони моро рӯпӯш созад ва моро ба Худои муқаддас наздик кунад (Румиён 3:20, 24; Ибриён 1:3, 4). Валекин Исо ҳаёти комили худро қурбон карда, гуноҳҳои инсонияти аз Худо бегонаро рӯпӯш намуд (Румиён 5:12, 18, 19). Аз ин рӯ онҳое, ки мехоҳанд дар назари Худо пок шаванд ва бо виҷдони соф ба Ӯ «озодона сухан» гӯянд, бояд ба қурбонии Исо имон оварда ба воситаи номи ӯ ба Худо дуо гӯянд (Эфсӯсиён 3:11, 12).
Вақте мо ба номи Исо дуо мегӯем, камаш ба се нақши Исо, ки дар иҷрои нияти Яҳува мебозад, бовариамонро нишон медиҳем. Якум, ӯ «Барраи Худо» аст, ки ба воситаи қурбониаш бахшоиши гуноҳ имконпазир гашт. Дуюм, Яҳува ӯро зинда кард ва ҳоло Исо ба сифати «саркоҳин» хизмат намуда одамонро саршори баракатҳое мегардонад, ки ба туфайли қурбониаш ба даст оварда шуданд. Сеюм, ӯ ягона роҳест, ки ба воситаи ӯ дуо гуфта ба Яҳува наздик шуда метавонем (Юҳанно 1:29; 14:6; Ибриён 4:14, 15).
Ба номи Исо дуо гуфта мо ӯро иззату эҳтиром мекунем. Исо ба ин сазовор аст, зеро Яҳува мехоҳад, ки «ҳар зону пеши номи Исо хам шавад... ва ҳар забон барои ҷалол ёфтани Падарамон Худо ошкоро тан гирад, ки Исои Масеҳ Сарвар аст» (Филиппиён 2:10, 11). Вале аз ҳама муҳимаш он ки, вақте мо ба номи Исо дуо мегӯем Яҳуваро ҷалол медиҳем, Онеро, ки писарашро баҳри мо қурбон кардааст (Юҳанно 3:16).
Мо бояд «бо тамоми дил» дуо гӯем, на аз рӯйи одат.
Барои он ки мо мартабаи Исоро дарк кунем, дар Китоби Муқаддас унвон ва номҳое оварда шудаанд, ки мақоми ӯро тасвир мекунанд. Бо ёрии онҳо мо фаҳмем, ки корҳое, ки Исо баҳри мо кард, ҳоло карда истодааст ва дар оянда мекунад, баракатҳои бешумор меоранд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Нақши муҳими Исо» ҳам номе, ки Исо дорад «аз ҳар номи дигар болотар аст» * ва тамоми қудрат дар замину осмон ба ӯ дода шудааст (Филиппиён 2:9; Матто 28:18).
Ин на танҳо одат аст
Дар воқеъ, агар мо хоҳем, ки Худо дуоҳоямонро гӯш кунад, бояд ба номи Исо дуо гӯем (Юҳанно 14:13, 14). Лекин қобили зикр аст, ки мо ибораи «ба номи Исо»-ро танҳо аз рӯйи одат намегӯем. Чаро?
Мисоле меорем. Дар соҳаи тиҷорат, вақте соҳибкоре ба шумо мактуб мефиристад, шояд дар охири суханаш аз рӯйи одат «бо эҳтиром» нависад. Дар ин маврид, оё гуфтан мумкин аст, ки «бо эҳтиром» гуфта ӯ ҳиссиёти худро нисбати шумо баён мекунад, ё ин ки ӯ танҳо аз рӯйи одоб ин тавр менависад? Аз ин бармеояд, ки вақте мо ба номи Исо дуо мегӯем, ин бояд мисли ҷамъбасти мактуб набошад, балки чизи бештареро дар бар гирад. Албатта мо кӯшиш мекунем, ки «пайваста дуо» гӯем, вале ин корро «бо тамоми дил» мекунем, на ин ки аз рӯйи одат (1 Таслӯникиён 5:17; Забур 119:145).
Чӣ кор кунем, ки ибораи «ба номи Исо» бароямон танҳо сухани одатӣ ва хушку холӣ нашавад? Барои ин мо бояд дар бораи хислатҳои беҳамтои Исо мулоҳиза ронем. Фикр кунед, ки Исо бароятон чӣ кор кард ва боз кадом корҳоро карданӣ аст. Дар дуо аз Яҳува барои писараш миннатдор шуда Ӯро ҳамд гӯед. Агар ин тавр кунед, аз ваъдаи зерини Исо дилпур буда метавонед: «Агар ба номи ман аз Падар чизе талаб кунед, ӯ онро ба шумо медиҳад» (Юҳанно 16:23).
^ сарх. 14 Мувофиқи «луғати тафсирии калимаҳои Аҳди Ҷадид», калимаи юноние, ки «ном» тарҷума шудааст, «инчунин қудрат, хислат, мақом, бузургӣ, тавоноӣ ва бартариятро дар бар гирифта метавонад».