Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува шуморо дастгирӣ мекунад

Яҳува шуморо дастгирӣ мекунад

«Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард» (ЗАБ. 40:4).

СУРУДҲО: 23, 1

1, 2. Баъзан мо дар бораи чӣ ғам мехӯрем ва кадом мисолҳо аз Китоби Муқаддас ба хотир меоянд?

ОЁ ШУМО ягон вақт ҳангоми касалиатон чунин савол дода будед: «Оё аҳволи ман беҳтар мешуда бошад?» Ё шояд аъзои оила ё дӯстатон бемор аст ва шумо дар бораи саломатии ӯ фикр мекунед. Дар он ки мо оиди саломатии худ ва наздиконамон ғам мехӯрем, ҳеҷ бадие нест. Ду подшоҳе ки дар рӯзҳои пайғамбар Илёс ва Элишоъ зиндагӣ доштанд, дар бораи саломатии худ хавотир буданд. Масалан, подшоҳ Аҳазё, писари Аҳъоб ва Изобал, ҳангоми бемориаш чунин савол дода буд: «Оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?» Дертар подшоҳи Арам — Бин-Ҳадад, ки гирифтори касалии вазнин буд, чунин гуфт: «Оё ман аз ин беморӣ шифо хоҳам ёфт?» (4 Подш. 1:2; 8:7, 8).

2 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар замонҳои пеш Яҳува ба воситаи мӯъҷиза одамонро шифо мебахшид ва ҳатто баъзе шахсони мурдаро ба воситаи пайғамбаронаш зинда мекард (3 Подш. 17:17–24; 4 Подш. 4:17–20, 32–35). Оё имрӯз мо метавонем интизор шавем, ки Худо моро ба таври мӯъҷиза шифо мебахшад?

3–5. Яҳува ва Исо чӣ қудрат доранд ва мо дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

3 Бешубҳа, Худо қудрат дорад, ки ба саломатии одамон таъсир расонад. Китоби Муқаддас инро тасдиқ мекунад. Ӯ дар рӯзҳои Иброҳим фиръавн ва баъдтар хоҳари Мусо — Марямро ба беморӣ гирифтор карда буд (Ҳас. 12:17; Ад. 12:9, 10; 2 Подш. 24:15). Худо исроилиёнро огоҳ кард, ки агар онҳо ба Ӯ гӯш надиҳанд, ба сарашон «беморӣ ва зарба» хоҳад овард (Такр. Ш. 28:58–61). Дигар вақтҳо бошад, баръакс, Яҳува халқашро аз касалиҳо муҳофизат мекард (Хур. 23:25; Такр. Ш. 7:15). Ӯ ҳатто баъзе шахсонро сиҳат карда буд. Масалан, Айюб сахт бемор шуда ба марг наздик буд, аммо Худо ӯро шифо дод (Айюб 2:7; 3:11–13; 42:10, 16).

4 Мо боварии пурра дорем, ки Яҳува қудрати шифо бахшиданро дорад. Исо низ беморонро сиҳат карда метавонад. Вақте Исо дар замин буд, ӯ махавиён, нобиноён ва маъюбонро шифо мебахшид (Матто 4:23, 24-ро бихонед; Юҳ. 9:1–7). Ин мӯъҷизаҳо ба мо кӯмак мерасонанд, то ояндаи олиҷаноберо, ки моро интизор аст, тасаввур кунем. Он вақт касе нахоҳад гуфт: «Ман бемор ҳастам» (Иш. 33:24).

5 Оё мо имрӯз интизор мешавем, ки Худо ё Исо моро ба таври мӯъҷиза шифо мебахшанд? Ҳангоми интихоб кардани ин ё он намуди табобат мо бояд дар бораи чӣ фикр кунем?

ДАСТГИРӢ ДАР БИСТАРИ БЕМОРӢ

6. Китоби Муқаддас дар бораи мӯъҷизаҳое ки масеҳиёни асри як мекарданд, чӣ мегӯяд?

6 Мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки дар асри як Худо ба баъзе тадҳиншудагон қудрати мӯъҷиза карданро дода буд (Аъм. 3:2–7; 9:36–42). Дар қатори «бахшоишҳои гуногун» ба онҳо «бахшоиши шифо додан» ато шуда буд (1 Қӯр. 12:4–11). Аммо ин ва дигар атоҳо ба монанди ба дигар забонҳо гап задан ва пешгӯӣ кардан бояд ба наздикӣ хотима меёфтанд (1 Қӯр. 13:8). Имрӯз ин чизҳо нестанд. Бинобар ин мо имрӯз интизор намешавем, ки Худо мо ва наздиконамонро ба таври мӯъҷиза шифо мебахшад.

7. Чӣ тавр ояти Забур 40:4 моро рӯҳбаланд месозад?

7 Ҳатто агар бемор шавем, мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува моро тасаллӣ медиҳад ва дастгирӣ мекунад, ҳамон тавре ки дар замонҳои пеш ходимонашро дастгирӣ мекард. Шоҳ Довуд навишта буд: «Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард. Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд» (Заб. 40:2, 3). Албатта, Довуд дар назар надошт, ки одами хубе ки ба камбағалон аҳамият медод, набояд мемурд. Пас, чӣ тавр Яҳува ба он одами хуб кӯмак кард? Довуд мефаҳмонад: «Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард. Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард» (Заб. 40:4). Яҳува аниқ медонад, ки ходимонаш чӣ гуна азобҳоро аз сар мегузаронанд ва онҳоро фаромӯш намесозад. Ӯ ба онҳо далериву хирад медиҳад. Яҳува бадани моро тавре офаридааст, ки он метавонад сиҳат шавад.

8. Мувофиқи ояти Забур 40:5 Довуд аз Яҳува чӣ пурсид?

8 Довуд чунин гуфта буд: «Ман гуфтам: “Худовандо! Ба ман марҳамат намо; ҷонамро шифо деҳ, зеро ки пеши Ту хато кардаам”» (Заб. 40:5). Шояд ӯ ин суханонро ҳамон вақт навишта буд, ки писараш Абшолӯм кӯшиш мекард, ки ба ҷойи ӯ ба тахт шинад. Довуд чунон касал буд, ки пеши роҳи Абшолӯмро гирифта наметавонист. Ӯ медонист, ки ҳамаи ин душвориҳо аз сабаби бо Батшобаъ зино карданаш ба сараш омада буданд (2 Подш. 12:7–14). Довуд дилпур буд, ки Яҳува дар бистари беморӣ ӯро дастгирӣ мекунад. Лекин оё ӯ интизор буд, ки Худо ӯро ба воситаи мӯъҷиза шифо мебахшад ва умрашро дароз мекунад?

9. а) Чӣ тавр вазъияти Довуд аз Ҳизқиё фарқ мекард? б) Довуд аз Яҳува чӣ интизор буд?

9 Дар мавридҳои дигар бошад, Худо одамонро шифо мебахшид. Масалан, Ӯ подшоҳ Ҳизқиёро, ки «бемор шуда, наздик ба мурдан буд», сиҳат кард. Баъди ин Ҳизқиё боз 15 соли дигар зиндагӣ кард (4 Подш. 20:1–6). Лекин Довуд мӯъҷизаро интизор набуд. Ба ҷойи ин ӯ интизор буд, ки Худо ӯро мисли он «касе ки ба бенаво эътибор медиҳад», дастгирӣ мекунад. Довуд бо Яҳува муносибати наздик дошт, барои ҳамин дар дуо пурсид, ки ӯро тасаллӣ бахшад ва ҳангоми касалиаш ғамхорӣ кунад. Ӯ ҳамчунин пурсид, ки саломатиаш беҳтар шавад. Мо низ дар ин бора дуо гуфта метавонем (Заб. 102:3).

10. Бо Трофимӯс ва Эпафрӯдитус чӣ рӯй дод ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

10 Нигоҳ накарда ба он ки Павлуси ҳавворӣ ва дигарон қудрати шифо бахшидани бемориро доштанд, дар асри як на ҳамаи масеҳиён ба таври мӯъҷиза сиҳат шуда буданд. (Аъмол 14:8–10-ро бихонед.) Павлус падари Публиюсро, ки гирифтори бемории табларза ва дарди шикам шуда буд, шифо бахшид. Павлус «дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод» (Аъм. 28:8). Павлус ин корро ҳатто дар ҳаққи Трофимӯс, ки ӯро дар сафари миссионерӣ ҳамроҳӣ мекард, накарда буд (Аъм. 20:3–5, 22; 21:29). Вақте Трофимӯс бемор шуд, ӯ дигар бо Павлус хизматашро давом дода наметавонист, зеро ҳавворӣ ӯро шифо надод ва ӯ барои сиҳат шудан дар Милитус монд (2 Тим. 4:20). Ба ин монанд дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки вақте Эпафрӯдитус дар дами марг буд, Павлус қудрати шифодиҳиашро истифода бурда дӯсташро шифо дод (Флп. 2:25–27, 30).

БОМУЛОҲИЗА БОШЕД

11, 12. Мо дар бораи Луқо чӣ медонем ва чӣ тавр эҳтимол ӯ ба Павлус кӯмак мекард?

11 Ҳамчунин Луқо — «табиби маҳбуб» ва нависандаи китоби Аъмол ҳамроҳи Павлус сафар мекард (Аъм. 16:10–12; 20:5, 6; Қӯл. 4:14). Дар давоми сафари миссионериаш ӯ ба Павлус ва дигарон ҳангоми бемор буданашон кӯмак мекард (Ғал. 4:13). Чӣ тавре ки Исо гуфта буд: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд» (Луқ. 5:31).

12 Китоби Муқаддас дар бораи он ки Луқо дар куҷо ва кай маълумоти тиббӣ гирифтааст, чизе намегӯяд. Лекин Павлус аз номи Луқо ба Қӯлассиён салом фиристода буд. Барои ҳамин аз эҳтимол берун нест, ки Луқо дар мактаби тиббии шаҳри Лаодикӣ, ки дар наздикии Қӯлассо ҷойгир буд, таҳсил карда бошад. Ҳамчунин ҳангоми навиштани китоби Инҷил ва Аъмол Луқо калима ва ибораҳои тиббиро истифода бурд. Азбаски ӯ табиб буд, ӯ дар бораи он ки чӣ тавр Исо одамонро шифо медод, воқеаҳои зиёдеро навишт.

13. Пеш аз додан ё қабул кардани маслиҳат дар бораи ягон намуди табобат мо бояд чиро дар хотир дорем?

13 Имрӯз ягон нафар аз ҳамимононамон наметавонад мӯъҷиза ба амал орад ва моро шифо бахшад. Лекин ҳатто он вақте ки мо аз дигарон маслиҳат намепурсем, бо мақсади ба мо кӯмак кардан баъзеашон метавонанд дар бораи ин ё он намуди табобат маслиҳат диҳанд. Албатта, баъзе аз маслиҳатҳои онҳо безараранд. Масалан, Павлус ба Тимотиюс маслиҳат дод, ки барои дарди меъдааш каме шароб нӯшад. Эҳтимол, сабаби касалии Тимотиюс нӯшидани оби чиркин буд *. (1 Тимотиюс 5:23-ро бихонед.) Лекин мо бояд эҳтиёткор бошем. Бародаре метавонад исроркорона ягон намуди дору, табобат ё парҳезро тавсия диҳад. Ӯ метавонад чунин гӯяд: «Яке аз хешовандонам маҳз ҳамин хел касалӣ дошт ва фалон дору ба ӯ ёрдам кард». Лекин ин маънои онро надорад, ки он ба мо низ кӯмак мекунад. Мо бояд дар хотир дорем, ки ҳатто агар ягон намуди дору ё табобатро бисёриҳо истифода баранд ҳам, он метавонад зарари калон расонад. (Масалҳо 27:12-ро бихонед.)

ПЕШГИРӢ БЕҲ АЗ ТАБОБАТ

14, 15. а) Мо бояд аз чӣ гуна одамон эҳтиёт шавем? б) Мо аз ояти Масалҳо 14:15 чӣ меомӯзем?

14 Ҳамаи мо мехоҳем, ки сиҳату саломат бошем, зеро он вақт мо метавонем аз ҳаёт хурсандӣ гирем ва ба Яҳува хизмат кунем. Лекин аз сабаби нокомилиамон мо аз касалиҳо эмин нестем. Вақте мо касал мешавем, мо метавонем аз намудҳои гуногуни табобат истифода барем. Ҳар як шахс худаш қарор қабул мекунад, ки кадом намуди табобатро интихоб намояд. Сад афсӯс ки дар ин ҷаҳони чашмгурусна баъзеҳо касалиҳоро чун як роҳи пулкоркунӣ истифода мебаранд. Онҳо бисёр вақт дар бораи дорую давоҳояшон ваъдаҳои болохонадор медиҳанд ва моли худро мефурӯшанд. Баъзе одамон ё ташкилотҳо барои ҷалб кардани диққати харидорон ба молашон нархи гарон мегузоранд ва ҳамин тавр фоидаи калон ба даст меоранд. Ба шахси бемор, ки барои сиҳатшавӣ ба ҳама кор тайёр аст, ин пешниҳодҳо роҳи наҷот тофта метавонанд. Лекин биёед маслиҳати Каломи Худоро фаромӯш насозем: «Содадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад» (Мас. 14:15).

15 Шахси бофаросат «ба ҳар сухан» ё пешниҳоди касе ки дар ин соҳа мутахассис нест, зуд бовар намекунад. Чунин шахс аз худ мепурсад: «Ӯ мегӯяд, ки ин витамин, гиёҳ ё парҳез ба дигарон кӯмак кардааст, лекин оё шоҳиди бовариноке ҳаст, ки инро тасдиқ кунад? Одамон аз якдигар фарқ мекунанд. Оё дар ҳақиқат чизе ки ба дигарон кӯмак кард, ба ман ҳам кӯмак мекунад? Оё ман бояд дар ин бора маълумоти бештар ҷамъ кунам ва бо мутахассисони ин соҳа гап занам?» (Такр. Ш. 17:6).

16. Ҳангоми дар бораи саломатӣ қарор қабул карданамон мо бояд чиро ба назар гирем?

16 Каломи Худо ба мо маслиҳат медиҳад: «Бомулоҳиза... бошед» (1 Пет. 4:7). Вақте духтур тарзи табобаташро мефаҳмонаду он аҷоибу бемантиқ метобад, шахси бомулоҳизаю ҳушёр ақли худро ба кор мебарад. Ӯ аз худ мепурсад: «Оё ӯ ба таври қонеъкунанда фаҳмонда метавонад, ки аз кадом ҷиҳат ин табобат фоиданок аст? Оё духтурон ва мутахассисони дигар ҳам розиянд, ки ин табобат ба беморон ёрдам мекунад? (Мас. 22:29). Ё шояд духтур мехоҳад, ки ман ба эҳсосот дода шуда ин табобатро қабул кунам? Ё шояд баъзеҳо мегӯянд, ки ин табобат дар ҷойи дуре кашф шудааст ва духтурону мутахассисон дар ин бора хабар надоранд. Оё фоиданок будани ин табобатро ягон чиз исбот мекунад? Оё он аз мантиқ дур нест?» Шояд касе ба мо табобатеро пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ки он дар худ ягон чизи махфӣ ё қувваи ғайриоддӣ дорад. Ин хатарнок буда метавонад, чунки Каломи Худо моро огоҳ мекунад, ки аз ҳар намуди сеҳру ҷоду дурӣ ҷӯем (Ибд. 19:26; Такр. Ш. 18:10–12).

«САЛОМАТ БОШЕД»!

17. Ҳар яки мо хоҳишманди чӣ мебошем?

17 Боре Ҳайати роҳбарикунандаи асри як ба ҷамъомадҳо номаи муҳиме фиристод. Баъди номбар кардани чизҳое ки масеҳиён бояд аз он эҳтиёт мешуданд, онҳо дар охир чунин гуфтанд: «Ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед» (Аъм. 15:29). Бо ин суханонашон бародарон бо аъзоёни ҷамъомад на танҳо хайрухуш карданд, балки ба онҳо аз таҳти дил саломатии хуб орзу карданд. Ҳар яки мо мехоҳем, ки бардаму бақувват бошем, то ба Худои бузургамон хизмат карда тавонем.

Мо мехоҳем, ки бардаму бақувват бошем, то ба Яҳува хизмат карда тавонем (Ба сархати 17 нигаред.)

18, 19. Дар дунёи нав моро чӣ интизор аст?

18 То даме ки ин дунё боқист, барои мо, одамони нокомил, аз беморӣ роҳи гурез нест. Имрӯз мо интизор нестем, ки ба воситаи ягон мӯъҷиза сиҳат мешавем. Аммо дар китоби Ваҳй 22:1, 2 дар бораи замоне нақл карда мешавад, ки ҳама одамон ба пуррагӣ шифо меёбанд. Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъё «дарёи покизаи оби ҳаёт» ва «дарахти ҳаёт»-ро дид, ки «барои муолиҷаи халқҳо» буд. Он ба ягон гиёҳи шифобахши рӯзҳои мо ё оянда ишора намекунад. Он ба ҳамаи он корҳое ки Яҳува ва Исо барои ҷовидона зиндагӣ карданамон мекунанд, ишора мекунад (Иш. 35:5, 6).

19 Мо он замони олиҷанобро интизорем. Ҳамзамон мо медонем, ки Яҳува нисбати ҳар яки мо ғамхорӣ мекунад. Мо мисли Довуд дилпурем, ки Худо ҳангоми беморӣ моро дастгирӣ менамояд. Мо низ ба суханони Довуд ҳамроҳ шуда мегӯем: «Маро, ба сабаби беайбии ман, дастгирӣ хоҳӣ кард, ва ба ҳузури Худ то абад қоим хоҳӣ дошт» (Заб. 40:13).

^ сарх. 13 Дар китоби «Пайдоиш ва таърихи қадимаи шароб» навишта шудааст: «Дар натиҷаи таҷрибаҳо исбот шуд, ки барангезандаҳои бемории домана ва дигар бактерияҳои хатарнок ҳангоми ба шароб афтоданашон дарҳол нобуд мешаванд» (The Origins and Ancient History of Wine).