Саволҳои хонандагон
Чӣ тавр кофтукоби бостоншиносон нишон медиҳад, ки Ериҳӯ дар як муддати кӯтоҳ забт шуд?
Дар Еҳушаъ 6:10–15, 20 гуфта мешавад, ки аскарони исроилӣ дар давоми шаш рӯз, ҳар рӯз як бор дар гирди шаҳри Ериҳӯ гаштанд. Дар рӯзи ҳафтум онҳо шаҳрро ҳафт бор давр заданд. Сипас Худо тавре кард, ки деворҳои мустаҳками Ериҳӯ фурӯ ғалтид ва исроилиён шаҳрро забт карданд. Оё ягон бозёфти бостоншиносон гуфтаи Китоби Муқаддасро оиди дар муддати кӯтоҳ забт шудани шаҳри Ериҳӯ тасдиқ мекунад?
Дар замонҳои қадим барои забт кардани шаҳрҳои мустаҳкаму ҳисордор одатан онро муҳосира мекарданд. Нигоҳ накарда ба он ки муҳосира чӣ қадар давом мекард, забткунандагон тамоми чизҳои қиматбаҳои шаҳр, аз он ҷумла хӯроки боқимондаро ғорат мекарданд. Барои ҳамин бостоншиносон аз вайронаи он шаҳрҳои Фаластин, ки муҳосира шуда буданд, қариб ки ҳеҷ озуқа ё хӯрокворӣ намеёфтанд. Лекин аз харобазори шаҳри Ериҳӯ бостоншиносон захираи бойи хӯроквориро ёфтанд. Як маҷаллаи бостоншиносӣ дар ин хусус чунин мегӯяд: «Дар байни харобаҳо ба ғайр аз зарфҳои гилин ғаллаи бисёр ёфт шуд... Ёфтани чунин миқдори зиёди ғалла як чизи дар ҳақиқат аҷоиб аст» (Biblical Archaeology Review).
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар вақти забти Ериҳӯ исроилиён аз шаҳр ягон хел хӯрокворӣ нагирифтанд, чунки инро Яҳува ба онҳо фармуда буд (Еҳ. 6:16, 17). Исроилиён ба шаҳр дар фасли баҳор, дарҳол пас аз дарави ғалла, ҳамла карданд. Он вақт дар шаҳр ғаллаи бисёрро захира карда буданд (Еҳ. 3:15–17; 5:10). Дар Ериҳӯ баъди муҳосира ғаллаи бисёр боқӣ монда буд, зеро мувофиқи Китоби Муқаддас шаҳр дар муддати кӯтоҳ забт шуда буд.