Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Содадил ба ҳар сухан имон меоварад»

«Содадил ба ҳар сухан имон меоварад»

«Аҳмақ аст, касе ки ба чизи хондааш танҳо аз сабаби он ки он дар рӯзнома навишта шудааст, бовар мекунад» (Август фон Шлётсер, таърихшинос ва рӯзноманигори олмонӣ, с. 1735–1809).

ҲАРЧАНД ин суханон дусад сол пеш навишта шудаанд, онҳо ба замони мо низ дахл доранд. Имрӯз ҳам на ба ҳама маълумоте ки дар Интернет навишта шудааст, бовар кардан мумкин аст. Мо дар асри бисту як зиндагӣ дорем ва ҳозир аз ҳарвақта маълумоти бештар ба мо дастрас аст: маълумоти росту дурӯғ, даркору нодаркор, фоиданоку зараровар. Барои ҳамин мо бояд дар интихоби маълумот эҳтиёт шавем. Одатан касоне ки нав истифодаи Интернетро сар мекунанд, ба рост будани ягон хабар даррав бовар мекунанд, ҳатто, агар ягон чизи аз ҳақиқат дур бошад ҳам. Ба гумони онҳо, агар ин маълумот дар саҳифаҳои Интернет навишта шуда бошад ва ё ягон дӯсташон ба почтаи онҳо фиристода бошад, пас ин маълумот комилан рост аст ва ба он бояд бовар кард. Аммо Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Содадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад» (Мас. 14:15).

Чӣ кор кунем, ки «бофаросат» бошему овозаи дурӯғ, маълумоти хато ва фиребро пай барем? Мо метавонем аз худ бипурсем: «Ин маълумотро аз куҷо гирифтаанд? Оё он аз сайти расмӣ ё боваринок гирифта шудааст?» Мо бояд кӯшиш кунем, ки қобилияти «фарқ кардани неку бад»-ро ба кор барем (Ибр. 5:14). Оё чунин шудааст, ки ягон хабар ба назаратон аз ҳақиқат дур тофта буд? Пас, эҳтимоли зиёд аст, ки он дар асл дурӯғ аст. Барои ҳамин ба ҳар сафсата бовар накунед. Ва, агар маълумоте обрӯву эътибори касеро паст кунад, шояд паҳн кардани он ба фоидаи каси дигар бошад. Фикр накарда маълумотро ба дигарон паҳн накунед, чунки шояд манбаи он маълумот намехоҳад, ки дигарон дар ин бора фаҳманд.

ДИГАРОНРО МАЪЛУМОТБОРОН НАКУНЕД

Баъзе одамоне ки мехоҳанд дар маркази диққат бошанд, кӯшиш мекунанд, ки якум шуда ягон маълумотро ба дигарон расонанд. Онҳо на дар бораи аниқ будани он маълумот фикр мекунанд, на дар бораи оқибати паҳн кардани он (2 Подш. 13:28–33). Вале шахси бофаросат пеш аз навиштан суханашро дар тарозуи ақл бармекашад ва аз худ мепурсад: «Оё чизи навиштаи ман метавонад обрӯи ягон шахс ё ташкилотро резонад?»

Санҷида баромадани он ки ин ё он хабар рост аст ё не, вақтро мегирад. Барои ҳамин баъзе одамон бо аниқ кардани он сари худро гаранг намекунанд ва даррав онро ба дигарон мефиристанд. Онҳо рост ё дурӯғ будани он маълумотро ба дигарон ҳавола карда гӯё чунин мегӯянд: «Ман ба ту фиристодам, он тарафашро худат медонӣ». Лекин вақт чизи хеле пурқимат аст (Эфс. 5:15, 16). Барои ҳамин хуб мебуд, ки ҳангоми паҳн кардани ягон хабар ба воситаи Интернет аз рӯи чунин маслиҳат рафтор кунем: «Аниқ надонӣ, нафирист!»

Аз худ бипурсед: «Оё ман дигаронро бо фиристодани маълумоти бисёр безор мекунам? Оё ман ягон бор аз он ки ба касе маълумоти нодуруст фиристода будам, пушаймон шудаам? Оё ягон бор касе аз ман хоҳиш кардааст, ки ба ӯ дигар маълумот нафиристам?» Дар хотир доред, ки он одамоне ки шумо ба онҳо ин қадар маълумот мефиристед, худашон низ Интернет доранд ва, агар ба онҳо ягон маълумот лозим шавад, бе кӯмаки шумо ҳам, онро гирифта метавонанд. Барои ҳамин шарт нест, ки мо ба дигарон як дунё воқеаҳои аҷоиб, видео-клипҳо ё слайдҳои намоишӣ фиристем. Инчунин паҳн кардани сабти чопӣ ё электронии нутқҳое, ки дар асоси Китоби Муқаддас гуфта мешаванд, бехирадона мебуд *. Баъзеҳо дӯст медоранд, ки ба дигарон шарҳҳо барои вохӯриҳои ҷамъомад, тадқиқоти шахсии худ, оятҳо ва саволҳое ки дар ҷамъомад омӯхта мешаванд, фиристанд. Лекин паҳн кардани чунин маълумот аз рӯи хирад нест, чунки шахс агар худаш тайёрӣ бинад, фоидаи бештар мегирад.

Оё лозим аст ки ман хабарҳои паҳншударо ба дигарон равон кунам?

Агар шумо дар Интернет дар бораи Шоҳидони Яҳува ягон маълумоти бардурӯғро бинед, чӣ кор бояд кунед? Ин гуна маълумотро қатъиян рад кардан лозим аст. Баъзе касон гумон мекунанд, ки бояд маълумоти фаҳмидаашонро ба дигарон расонда, фикри онҳоро фаҳманд, аммо бо чунин рафторашон онҳо дар паҳн кардани маълумоти бардурӯғ шарик мешаванд. Агар дар Интернет дар бораи Шоҳидон ягон хел тӯҳматро хонему он моро ором нагузорад, мо бояд дар дуо аз Яҳува хирад пурсем ва дар ин бора ба бародарони рӯҳан баркамол гап занем (Яъқ. 1:5, 6; Яҳд. 22, 23). Исо, ки борҳо дар ҳаққи худ тӯҳмати зиёд шунида буд, шогирдонашро огоҳ намуд, ки душманонашон онҳоро таъқиб карда «барноҳақ ҳар навъ ғайбат» мекунанд (Мат. 5:11; 11:19; Юҳ. 10:19–21). Мо бояд фаросат ва хирадро истифода бурда кӯшиш кунем, ки каси каҷгуфтор ва онҳоеро ки «дар роҳҳои худ каҷравӣ мекунанд», бишиносем (Мас. 2:10–16).

ҲУҚУҚИ ДИГАРОНРО ЭҲТИРОМ КУНЕД

Инчунин мо бояд аз хабарҳо ва воқеаҳое, ки ба чизҳои рӯҳонӣ алоқаманданд ва мо онҳоро аз дигарон гирифтаем, эҳтиёт бошем. Ҳатто агар ин маълумот дуруст бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки мо бояд онро даррав ба дигарон паҳн кунем. Донистани маълумоти дуруст ба мо ҳуқуқ намедиҳад, ки онро ба дигарон паҳн кунем (Мат. 7:12). Масалан, ба ҳеҷ кас маъқул нест, ки дар бораи ӯ ҳар гуна овозаҳоро паҳн кунанд, ҳатто агар ин маълумот дуруст бошад ҳам (2 Тас. 3:11; 1 Тим. 5:13). Баъзе чизҳо махфианд ва мо бояд ҳуқуқи дигаронро эҳтиром карда пеш аз мӯҳлат онро ба дигарон нарасонем. Пешакӣ паҳн кардани маълумот зарари бисёр оварда метавонад.

Имрӯз маълумоти росту дурӯғ, даркору нодаркор, фоидаовару зарарнок хеле зуд паҳн мегарданд. Вақте шумо аққалан ба як кас маълумотро ба воситаи Интернет мефиристед, ҳатто агар шумо нахоҳед, он метавонад паҳн гашта дастраси дигарон шавад. Бинобар ин мо бояд дар қарори худ устувор бошем ва маълумотеро, ки ба мо зуд-зуд равона мекунанд, тафтиш кунем. Вақте мо ягон хабари паҳншударо мехонем, набояд дарҳол ба шубҳа афтем ё зудбовар бошем. Пеш аз ҳама муҳаббат моро бармеангезад, то ба маълумоти бардурӯғе, ки дар бораи ташкилоти Яҳува ва бародаронамон аз тарафи хизматгорони «падари дурӯғ» — Шайтон Иблис гуфта мешавад, бовар накунем (Юҳ. 8:44; 1 Қӯр. 13:7). Дониш ва хирад ба мо кӯмак мерасонад, ки бофаросат бошем ва бо маълумоте, ки ҳар рӯз ба мо мефиристанд, оқилона рафтор кунем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Насиби содадилон беақлист, вале дониш тоҷи бофаросатон аст» (Мас. 14:18).

^ сарх. 8 Ба «Замимаи саволҳо» аз «Хизмат ба Салтанати Худо», моҳи апрели с. 2010 нигаред.