Худро барои зиндагӣ дар дунёи нав тайёр кунед
«Бигзор онҳо корҳои нек кунанд... то ки зиндагии воқеиро аз они худ созанд» (1 ТИМ. 6:18, 19, ТДН).
1, 2. а) Аз баракатҳои ҷисмонӣ шумо беш аз ҳама интизори чӣ мебошед? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Дар дунёи нав мо кадом баракатҳои рӯҳониро соҳиб мешавем?
«ЗИНДАГИИ ВОҚЕӢ». Вақте аксарияти мо ин суханонро мешунавем, дар бораи ҳаёти ҷовидона дар биҳишти рӯи замин фикр мекунем. Худи Павлуси ҳавворӣ дар яке аз номаҳояш «зиндагии воқеӣ» гуфта «ҳаёти ҷовидона»-ро дар назар дошт. (1 Тимотиюс 6:12, 19-ро бихонед.) Мо замонеро интизорем, ки аз зиндагии беохир дар рӯи замин лаззат хоҳем бурд. Бароямон ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки ҳар саҳар аз хоб хеста худро сиҳату саломат ва хушбахт ҳис кунем ва аз зиндагии худ пурра розиву қаноатманд бошем (Иш. 35:5, 6). Тасаввур кунед, ки муошират бо дӯсту рафиқ ва бо наздиконе ки он вақт зинда мешаванд, чӣ қадар хурсандӣ меорад! (Юҳ. 5:28, 29; Аъм. 24:15). Он вақт бароямон имкониятҳои зиёде пайдо мешавад, ки ягон илм ё ҳунарро аз худ кунем. Мо метавонем навохтани асбобҳои гуногуни мусиқиро ёд гирем, мувофиқи хости диламон нақшаи хонаамонро кашида, онро бино кунем ва ё дониши худро оиди ягон чиз беҳтар гардонем.
Мат. 6:9, 10). Аз дидани он ки нияти Яҳува оиди инсоният пурра иҷро мешавад, диламон аз хурсандӣ лабрез хоҳад шуд. Он замон, вақте ки ҳамаи мо ба комилият мерасем, ба Худо наздик шудан бароямон аз ҳозира осонтар мешавад! (Заб. 72:28; Яъқ. 4:8).
2 Мо ҳоло муштоқи ин баракатҳоем. Аммо беш аз ҳама мо интизорем, ки ҳама одамон ба ҳокимияти Яҳува итоат карда, номи поки Ӯро эҳтиром кунанд (3. Мо аз ҳозир ба чӣ тайёрӣ дида метавонем?
3 Мо боварӣ дорем, ки Яҳува ин ваъдаҳояшро иҷро мекунад, чунки «ба Худо ҳама чиз имконпазир аст» (Мат. 19:25, 26). Лекин, агар мо хоҳем, ки дар дунёи нав ҷовидона зиндагӣ кунем, бояд аз худи ҳозир кӯшиш кунем, ки онро аз они худ созем. Мо бояд бо тарзи зиндагиамон нишон диҳем, ки ба омадани охири ин ҷаҳон ҳамеша тайёр ҳастем. Барои ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр шудан, мо бояд худи ҳозир ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Чӣ тавр? Биёед инро дида бароем.
ЧӢ ТАВР ТАЙЁРӢ БИНЕМ?
4. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр мо худро барои зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда метавонем.
4 Чӣ тавр мо ҳозир ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёрӣ дида метавонем? Фарз кунед, ки шумо ба мамлакати дигаре кӯчиданӣ ҳастед. Аммо пеш аз ин шумо бояд худро барои дар он ҷо зиндагӣ кардан тайёр кунед. Масалан, хуб мебуд, ки забони он маҳалро аз худ карда, бо урфу одати он ҷо каму беш шинос шавед. Шояд шумо хоҳед, ки хӯроки миллии он ҷоро чашида бинед. Ба як андозае шумо тавре зиндагӣ кардан мегиред, ки гӯё аллакай дар он ҷо бошед. Мисли ин мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то тарзи рафтори имрӯзаамон ба тарзи рафторамон дар биҳишт ҳар чи наздиктар бошад. Баъзе маслиҳатҳо ба мо дар ин кор кӯмак мекунанд.
5, 6. Чӣ тавр мо ба дастуроти ташкилот итоат карда худро барои зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда метавонем?
5 Шайтон дар байни одамон чунин ақидаро паҳн кардааст, ки кас чизеро ки хоҳад, карда метавонад. Бисёри одамон фикр мекунанд, ки шахс бояд комилан мустақил бошад. Ба гумони онҳо ба Худо гӯш кардан умуман даркор нест. Чунин тарзи фикрронӣ ба сари инсоният танҳо бадбахтиву мусибат овардааст (Ирм. 10:23). Лекин Яҳува Ҳокими меҳрубон аст. Дар оянда, вақте ки ҳама одамон ба Ӯ итоат мекунанд, онҳо аз зиндагии орому осуда баҳра хоҳанд бурд.
6 Дар дунёи нав Яҳува ба мо дастуроти зиёде медиҳад, ки чӣ тавр заминро ба биҳишти зебо табдил диҳем. Мо аз ин кор шодии зиёде хоҳем гирифт. Лекин тасаввур кунед, ки дар дунёи нав ба мо кореро месупоранд, ки бароямон маъқул нест. Оё мо кӯшиш хоҳем кард, ки супориши гирифтаамонро аз дилу ҷон иҷро кунем ва аз он хурсандӣ гирем? Хуб мебуд, ки аз худ бипурсем: «Оё ман имрӯз ба дастуроте ки ташкилот медиҳад, итоат мекунам?» Агар аз ҳозир чунин кунем, мо худро барои зиндагии ҷовидона дар зери ҳукумати Яҳува тайёр мекунем.
7, 8. а) Чаро мо бояд бо онҳое ки ба мо дастурот медиҳанд, ҳамкорӣ кунем? б) Чӣ тавр вазъияти баъзе масеҳиён дигар шуд? в) Мо аз чӣ дилпурем?
7 Ба ғайр аз итоат кардан ба дастуроти ташкилот, боз чӣ тавр мо худро барои зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда метавонем? Агар мо қаноат кардан ва бо якдигар ҳамкорӣ карданро аз ҳозир ёд гирем. Масалан, вақте мо ягон супориш ё таъинот мегирем, мо кӯшиш мекунем, ки онро аз таҳти дил иҷро кунем. Агар мо ҳозир бо бародароне ки роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, ҳамкорӣ карданро Ибриён 13:17-ро бихонед.) Дар Исроили қадим замини ваъдашуда аз рӯи қуръа тақсим шуда буд (Ад. 26:52–56; Еҳ. 14:1, 2). Имрӯз бошад, мо намедонем, ки дар дунёи нав моро барои зиндагӣ кардан ба куҷо таъин мекунанд. Аммо, агар ҳамкорӣ карданро ёд гирифта бошем, мо новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунем, хушбахту хотирҷамъ хоҳем буд.
ёд гирем, дар дунёи нав низ ин кор бароямон осон хоҳад буд. (8 Дар таҳти ҳукмронии Салтанати Худо зиндагӣ кардан имконияти бебаҳоест! Барои ҳамин мо ҳозир кӯшиш мекунем, ки бо ташкилоти Яҳува ҳамкорӣ кунем ва чӣ супорише ки ба мо надиҳанд, онро бо омодагӣ иҷро намоем. Лекин бо гузашти вақт вазъияти мо тағйир ёфта метавонад. Масалан, баъзе аъзоёни Байт-Или ИМА таъиноти дигар гирифтанд. Баъзе нозирони ноҳиявӣ аз сабаби синну сол ва ё дигар вазъиятҳо пешрави махсус таъин шуданд. Онҳо аз таъиноти нави худ хурсанданд ва Яҳува онҳоро баракат медиҳад. Агар мо низ қаноатманд бошем, аз Яҳува дар дуо кӯмак пурсем ва бо дилу ҷон хизмати Ӯро ба ҷо оварем, мо хурсандии бепоён ҳис мекунем ва ҳатто дар ин рӯзҳои душвор соҳиби баракатҳои бешумор мегардем. (Масалҳо 10:22-ро бихонед.) Дар бораи ояндаамон чӣ гуфтан мумкин аст? Шояд мо аллакай қарор додаем, ки дар дунёи нав дар куҷо зиндагӣ мекунем. Лекин, агар аз мо хоҳиш кунанд, ки дар дигар ҷо зиндагӣ кунем, он гоҳ-чӣ? Он вақт бароямон муҳим нахоҳад буд, ки мо дар куҷо зиндагӣ мекунем ва бо кадом кор машғул мешавем. Мо танҳо барои он миннатдор хоҳем буд, ки дар дунёи нав зиндагӣ мекунем (Наҳ. 8:10).
9, 10. а) Чаро дар дунёи нав ба мо пурсабр будан лозим мешавад? б) Чӣ тавр мо аз ҳозир пурсабриро инкишоф дода метавонем?
9 Дар дунёи нав ба мо баъзан пурсабр будан лозим меояд. Масалан, тасаввур кунед, ки одамони гирду атрофатон наздикону дӯстони мурдаашонро пешвоз гирифта хурсандӣ мекунанд. Шумо бошед, эҳёшавии шахсони наздикатонро интизоред. Дар чунин ҳолат оё шумо ба шодии дигарон шарик мешавед ва пурсабрӣ зоҳир мекунед? (Рум. 12:15). Агар мо ҳозир худро таълим диҳем, ки иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро интизор шавем, дар оянда низ бароямон пурсабр будан осон мешавад (Воиз 7:8).
10 Боз дар кадом маврид ба мо пурсабр будан лозим меояд? Вақте ки дар ин ё он фаҳмиши ҳақиқат дигаргунӣ дароварда мешавад. Оё мо маълумоти навро меомӯзем ва ҳатто агар ба он пурра сарфаҳм наравем ҳам, пуртоқатӣ зоҳир мекунем? Агар аз ҳозир чунин кунем, он гоҳ дар дунёи нав, ҳар гоҳе ки Яҳува аз мо чизи наверо талаб мекунад, бароямон пурсабр будан осон мешавад (Мас. 4:18; Юҳ. 16:12).
11. Чаро мо бояд аз ҳоло бахшидани дигаронро ёд гирем?
11 Боз як хислате ки ба мо дар дунёи нав даркор мешавад, ин бахшандагист. Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ҳам ба одилон ва ҳам ба золимон барои комил шудан вақт лозим мешавад (Аъм. 24:15). Оё он вақт мо нисбати якдигар меҳрубон ва бахшанда хоҳем буд? Агар аз ҳоло нисбати дигарон бахшанда ва хушмуомила буданро ёд гирем, дар дунёи нав ба мо зоҳир кардани ин хислатҳо осонтар мешавад. (Эфсӯсиён 4:2, 32-ро бихонед.)
12. Чаро мо бояд аз ҳозир худро ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр кунем?
12 Дар дунёи нав мо на ҳамеша ҳар чизи дилхоҳамонро гирифта метавонем. Шояд баъзан ин ё он чизро интизор шудан лозим ояд. Он гоҳ мо бояд дар ҳар гуна вазъият миннатдор ва қаноатманд бошем. Он вақт ба мо хислатҳое лозим мешаванд, ки Яҳува ҳоло онҳоро ба мо Ибр. 2:5; 11:1). Ҳамчунин мо нишон медиҳем, ки мехоҳем дар дунёе ки дар он ҳама ба Яҳува итоат мекунанд, зиндагӣ кунем.
таълим дода истодааст. Агар мо кӯшиш кунем, ки ин хислатҳоро аз худ кунем, мо нишон медиҳем, ки «олами оянда» бароямон воқеият аст, на афсона. Ҳамин тавр мо худро ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр мекунем (АЗ ПАЙИ МАҚСАДҲОИ РӮҲОНӢ ШАВЕД
13. Дар дунёи нав чӣ дар ҷои аввали ҳаётамон хоҳад буд?
13 Барои аз ҳаёт ҳаловат гирифтан, мо дар дунёи нав ҳама чизи лозимаро хоҳем дошт. Лекин хурсандии ҳақиқиро мо аз муносибатҳои наздик бо Яҳува мегирем (Мат. 5:3). Мо аз хизмат ба Яҳува ва иҷро кардани хости Ӯ хурсандӣ хоҳем гирифт (Заб. 36:4). Вақте мо хизмати Яҳуваро дар ҷои аввали ҳаётамон мегузорем, мо худро ба ҳаёт дар дунёи нав тайёр месозем. (Матто 6:19–21-ро бихонед.)
14. Ҷавонон дар пеши худ чӣ гуна мақсад гузошта метавонанд?
14 Чӣ тавр мо аз хизмати Яҳува хурсандии бештар гирифта метавонем? Яке аз роҳҳо ин дар пеши худ гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ аст. Баъзе ҷавонон шояд дар бораи он фикр мекунанд, ки чӣ тавр ҳаёташонро барои хизмати Яҳува сарф кунанд. Онҳо метавонанд аз адабиётамон дар бораи намудҳои гуногуни хизмати пурравақт маълумот гиранд. Шумо метавонед яке аз намудҳои хизмати пурравақтро мақсади худ созед *. Бо касоне ки солҳои зиёд дар хизмати пурравақтанд, сӯҳбат кунед. Агар ҳаёти худро ба хизмати Яҳува бахшед, шумо таълиму таҷрибаи пурқимат ба даст меоред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки дар дунёи нав ба Яҳува хизмат кунед.
15. Баъзе аз мақсадҳое ки воизон дар пеши худ гузошта метавонанд, кадоманд?
15 Чун воизи Салтанат шумо дар пеши худ чӣ гуна мақсад гузоштаед? Масалан, шумо метавонед маҳорати худро дар хизмат беҳтар созед. Ё шумо метавонед кӯшиш кунед, то ба принсипҳои Китоби Муқаддас беҳтар сарфаҳм рафта, онҳоро дар ҳаёти худ ба кор баред. Ҳамчунин шумо метавонед хониш, баромад ва шарҳҳои худро беҳтар созед. Албатта, имкониятҳои аз ин ҳам бештаре ҳастанд. Хулоса, вақте шумо дар пеши худ мақсад мегузоред, ин шавқу завқи шуморо нисбати хизмат зиёдтар мегардонад ва ҳамин тавр шумо худро ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр мекунед.
АЗ ҲОЗИР БАРАКАТҲОРО СОҲИБ ШАВЕД
16. Чаро хизмат ба Яҳува роҳи беҳтарини ҳаёт аст?
16 Агар мо вақтамонро барои тайёрӣ ба дунёи нави Худо сарф кунем, оё ин моро аз хушиҳои ҳаёт маҳрум месозад? Албатта, не! Хизмат ба Яҳува роҳи беҳтарини ҳаёт аст. Мо ба Худо аз маҷбурӣ ё бо мақсади наҷот ёфтан дар мусибати бузург хизмат намекунем. Вақте мо бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ медорем, ҳаёти мо беҳтар мешавад ва мо хурсандии зиёд ҳис мекунем. Яҳува маҳз чунин ҳаётро барои мо пешбинӣ намудааст. Мувофиқи роҳнамоии Яҳува зиндагӣ кардан ва муҳаббати Ӯро дар худ ҳис кардан аз ҳар чизи дунё беҳтар аст. (Забур 62:2–4-ро бихонед.) Албатта, барои гирифтани баракатҳои Яҳува шарт нест, ки дунёи навро интизор шавем. Баъзе масеҳиён тӯли даҳсолаҳо ба Худо аз таҳти дил хизмат мекунанд ва аз ин хурсандии бепоён мегиранд. Онҳо бо боварии комил гуфта метавонанд, ки чизи беҳтаре аз хизмат ба Яҳува нест (Заб. 1:1–3; Иш. 58:13, 14).
17. Дар бораи дамгириву вақтхушӣ дар Биҳишт чӣ гуфтан мумкин аст?
17 Дар дунёи нав мо метавонем мақсаду хоҳишҳои шахсии худро амалӣ гардонем. Ва ин нодуруст нест, чунки худи Яҳува моро тавре офаридааст, ки хоҳишҳои худро қонеъ гардонем (Воиз 2:24). Дар дунёи нав Яҳува «ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер» мекунад (Заб. 144:16). Мо ба дамгириву вақтхушӣ ниёз дорем, лекин вақте муносибати бо Яҳува доштаамонро дар ҷои аввал мегузорем, мо аз ин чизҳо ҳаловати бештар мегирем. Дар дунёи нав зиндагӣ ҳамин тавр хоҳад буд. Барои ҳамин аз рӯи хирад аст, ки аз ҳозир Салтанатро дар ҷои аввал гузорем ва диққатамонро ба баракатҳои Яҳува равона созем (Мат. 6:33).
18. Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо худро ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда истодаем?
18 Ҳаёт дар Биҳишт аз он чизе ки мо тасаввур карда метавонем, ҳазорон бор беҳтар хоҳад буд. Биёед аз ҳозир худро ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда нишон диҳем, ки мо омадани онро интизорем. Биёед хислатҳои ба Яҳува маъқулро дар худ инкишоф диҳем ва хушхабарро боғайратона мавъиза кунем. Биёед дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузошта аз ин хурсандӣ гирем. Мо боварии комил дорем, ки дар дунёи нав Яҳува ҳар як ваъдаашро иҷро мекунад. Пас, биёед тавре зиндагӣ кунем, ки гӯё аллакай дар дунёи навем!
^ сарх. 14 Ба «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.) ҷилди 2, саҳифаҳои 311–318 нигаред.