Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо аз Юҳона чӣ меомӯзем?

Мо аз Юҳона чӣ меомӯзем?

БА БИСЁРИ одамон маълум аст, ки Исо 12 ҳавворӣ дошт. Лекин шояд баъзеҳо намедонанд, ки дар байни шогирдони наздики ӯ занон низ буданд. Юҳона яке аз он занон буд (Мат. 27:55; Луқ. 8:3).

Юҳона дар хизмати Исо чӣ нақше мебозид ва мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?

ЮҲОНА КӢ БУД?

Юҳона ҳамсари Кузо — девонбегии Ҳиродус буд. Кузо шояд дар хонаи Ҳиродуси Антипас корҳои хоҷагиро идора мекард. Юҳона яке аз занҳое буд, ки Исо ӯро аз касалиаш шифо бахшида буд. Ҳамроҳи дигар занон ӯ бо Исо сафар мекард (Луқ. 8:1–3).

Китобдонону фарисиён таълим медоданд, ки занон набояд бо мардони бегона бисёр гап зананд. Бо мардон сафар кардани занон бошад, дар назари онҳо як чизи тамоман нораво буд. Мардони яҳудӣ бо занон қариб ки гап намезаданд. Бархилофи ин урфу одат Исо мегузошт, ки Юҳона ва дигар занони имондор ҳамроҳаш сафар кунанд.

Юҳона, бо он ки Исо ва ҳаввориёнашро дар сафарҳояшон ҳамроҳӣ мекард, обрӯи худро зери хатар мегузошт. Ҳама ҳамроҳони Исо тайёр буданд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон дигаргунӣ дароранд, то ки ӯро пайравӣ карда тавонанд. Дар бораи чунин пайравонаш Исо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд» (Луқ. 8:19–21; 18:28–30). Исо он касонеро ки барои ӯро пайравӣ кардан аз баҳри ҳама чиз мебароянд, наздикони худ меҳисобид. Оё донистани ин шуморо рӯҳбаланд намесозад?

Ӯ ДОРОИИ ХУДРО ПЕШКАШ МЕКАРД

Юҳона ва бисёри дигар занон ба Исо ва ҳаввориёнаш «бо дороии худ» хизмат мекарданд (Луқ. 8:3). Як нависанда мегӯяд: «Луқо ба хонандагонаш гуфтанӣ нест, ки он занон бо хӯрокпазӣ, ҷомашӯӣ, дегу табақшӯӣ ва ямоқдӯзӣ машғул буданд». «Шояд онҳо ин корҳоро мекарданд... лекин Луқо ин чизро дар назар надошт». Аз афташ, он занон пул, дороӣ ё чизу чораашонро барои қонеъ кардани ниёзи ҳамсафаронашон пешкаш мекарданд.

Исо ва ҳаввориёнаш дар давоми сафарҳояшон барои таъмин намудани худ кор намекарданд. Барои ҳамин, аз афташ, онҳо наметавонистанд тахминан 20 нафарро бо хӯрок таъмин кунанд. Албатта, онҳоро дар бисёр ҷо хуб пазироӣ мекарданд, лекин онҳо ба умеди меҳмондории одамон намешуданд. Маҳз барои ҳамин Исо ва ҳаввориёнаш ҳамроҳи худ «ҳамёни пул» мегирифтанд (Юҳ. 12:6; 13:28, 29). Юҳона ва дигар занон барои рӯпӯш кардани хароҷоти сафар хайрия мекарданд.

Баъзеҳо бовар намекунанд, ки зани яҳудӣ дар дасти худ пул дошта метавонист. Лекин аз баъзе сарчашмаҳои қадима маълум аст, ки занони яҳудӣ пули худро дошта метавонистанд. Аз куҷо? Масалан, 1) агар марде бимираду писар надошта бошад, мероси ӯро духтараш соҳиб мешуд, 2) ягон кас метавонист ба зан моликиятеро тӯҳфа кунад, 3) агар ақди никоҳаш бекор мешуд, мувофиқи аҳдномаи издивоҷ зан метавонист он қисми дороиро ки ба вай тааллуқ дошт, гирад, 4) зан баъди марги шавҳараш моликияти ӯро мерос мегирифт ё 5) худаш метавонист даромади шахсӣ дошта бошад.

Шубҳае нест, ки пайравони Исо аз дороии худ хайрия мекарданд. Дар байни онҳо занони бой низ буданд. Ба гуфти баъзеҳо, азбаски шавҳари Юҳона дар дарбори Ҳиродус кор мекард, ӯ аз ҷиҳати моддӣ таъмин буд. Шояд ӯ ё каси дигаре ки мисли ӯ сарватманд буд, барои Исо куртаи қимате тӯҳфа карда буд. Як нависанда қайд мекунад, ки чунин тӯҳфаро «занҳои моҳигирон дода наметавонистанд» (Юҳ. 19:23, 24).

Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, ки Юҳона ягон хайрия кардааст ё не. Лекин мо дилпур буда метавонем, ки ӯ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард ва мо аз ин ҷиҳат ба ӯ пайравӣ карда метавонем. Он ки мо барои пешравии кори Салтанат ягон қурбонӣ меорем ё не, аз худамон вобаста аст. Муҳим он аст, ки мо ин корро бо хурсандӣ кунем (Мат. 6:33; Марқ. 14:8; 2 Қӯр. 9:7).

ҲАНГОМИ МАРГИ ИСО ВА БАЪДИ ОН

Аз афташ, Юҳона ҳамроҳи дигар занон ҳангоми кушта шудани Исо ҳузур дошт. Ин занон ҳангоми дар Ҷалил будани Исо «аз ақиби Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд ва бисёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омада буданд» (Марқ. 15:41). Вақте ҷасади Исоро аз сутуни шиканҷа гирифтанд, заноне ки ҳамроҳаш аз Ҷалил омада буданд, «аз дунболи вай рафтанд ва қабрро ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд; ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд». Ин занон, яъне «Марями Маҷдалия ва Юҳона ва Марям, модари Яъқуб ва... занони дигар» ба сари қабри Исо рафтанд. Дар он ҷо фариштагон ба онҳо аз эҳёшавии Исо хабар доданд (Луқ. 23:55–24:10).

Юҳона ва дигар занони имондор барои ба Исо кӯмак кардан ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд

Эҳтимол, дар байни он шогирдони Исо, ки дар Пантикости соли 33-и эраи мо ҷамъ шуда буданд, Юҳона низ буд (Аъм. 1:12–14). Шояд, азбаски шавҳари Юҳона дар дарбори Ҳиродус кор мекард, ӯ аз баъзе чизҳо огоҳ буд ва, эҳтимол, маҳз Юҳона баъзе маълумотеро ки ба ҳама дастрас набуд, ба Луқо расонда буд. Ҷолиби диққат аст, ки ягона нависандаи Инҷил, ки Юҳонаро бо номаш мехонад, Луқо мебошад (Луқ. 8:3; 9:7–9; 23:8–12; 24:10).

Мо аз нақл дар бораи Юҳона барои худ бисёр чизро омӯхта метавонем. Ӯ барои дастгирӣ кардани Исо чизи беҳтаринро медод. Мо боварӣ дошта метавонем, ки ӯ аз он ки Исо ва шогирдонашро бо хайрияҳои худ дастгирӣ карда метавонист, хеле хушбахт буд. Юҳона Исоро дастгирӣ мекард ва ҳангоми озмоишҳо ба ӯ содиқ монд. Ин зани худотарс барои занони масеҳӣ намуна мебошад.