Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми II)

Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми II)

«Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо... медонад» (МАТ. 6:8).

1–3. Чаро як хоҳар боварӣ дорад, ки Яҳува ниёзҳои моро медонад?

ЛАНА ҳеҷ гоҳ он рӯзро фаромӯш намекунад. Ӯ мегӯяд, ки тобистони соли 2012, ҳангоми дар Олмон буданаш, Яҳува ба ду дуояш ҷавоб дод. Вақте ки ӯ ба қатора нишаста ба аэропорт мерафт, аз Яҳува дар дуо пурсид, ки барои ба ягон кас мавъиза кардан ба ӯ имконият диҳад. Вақте ки ӯ ба он ҷо омад, фаҳмид, ки парвозро ба рӯзи дигар мондаанд. Лана дуюмбора ба Яҳува дуо гуфта, аз Ӯ кӯмак пурсид, чунки дигар на пул дошту на ҷои хоб.

2 Ҳамин ки Лана дуояшро тамом кард, касе ба ӯ гуфт: «Салом, Лана, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» Марди ҷавоне ки ин саволро дод, ҳамсинфи Лана буд. Ӯ ба Африқои Ҷанубӣ парвоз карданӣ буд ва модару бибиаш барои гусел карданаш омада буданд. Модари ҳамсинфаш, ки Элке ном дошт, ҳолати Ланаро фаҳмида ӯро ба хонааш даъват кард. Элке ва модараш Ланаро меҳмондорӣ карданд ва ба ӯ дар бораи имон ва хизмати пешравиаш саволҳои зиёде доданд.

3 Рӯзи дигар, баъд аз наҳории бақувват онҳо ба Лана дар бораи Китоби Муқаддас саволҳои боз ҳам бештаре доданд. Лана ба саволҳои онҳо ҷавоб дод ва суроғаашонро пурсид, то ки Шоҳидон ба наздашон оянд. Баъд аз ин ӯ сиҳату саломат ба хонааш баргашт. Ӯ боварӣ дорад, ки ин баракатҳо ҷавоби дуоҳояш буданд (Заб. 64:3).

4. Дар ин мақола мо дар бораи кадом ниёзҳо гап мезанем?

Вақте мо бо душворӣ рӯ ба рӯ мешавем, ба Яҳува озодона муроҷиат карда метавонем ва Ӯ моро мешунавад (Заб. 33:16; Мас. 15:8). Лекин аз дуои намунавӣ фаҳмидан мумкин аст, ки дар дуо аз душвориҳо халосӣ пурсидан чизи аз ҳама муҳим нест, чунки чизҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо бештар ниёз дорем. Масалан, дар се дархости охирини дуои намунавӣ дар бораи ниёзҳои рӯҳонӣ гуфта шудааст. Дар ин мақола мо ин се дархостро дида мебароем. Ҳамчунин муҳокима мекунем, ки вақте дар бораи ризқу рӯзӣ дуо мегӯем, чӣ тавр мувофиқи ин дуо зиндагӣ кунем. (Матто 6:11–13-ро бихонед.)

«РИЗҚУ РӮЗИИ МОРО ИМРӮЗ БА МО БИДЕҲ»

5, 6. Чаро мо бояд дуо гӯем, ки Худо ризқу рӯзии моро диҳад, ҳатто агар аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ накашем?

5 Исо моро таълим дод, ки дар дуо «ризқу рӯзии моро» бидеҳ гӯем, на фақат «ризқу рӯзии маро». Виктор ном бародаре ки дар Африқо ҳамчун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Ман мунтазам ба Яҳува аз таҳти дил миннатдориамро баён мекунам, ки ману ҳамсарам дар бораи хӯрок ва супоридани пули иҷора ташвиш намекашем. Бародарони меҳрубон ҳар рӯз ба мо ғамхорӣ мекунанд. Лекин ман ба Яҳува дуо мегӯям, ки шахсонеро ки ба мо кӯмак мекунанд, дастгирӣ кунад, то онҳо ба душвориҳои моддӣ тоб оварда тавонанд».

6 Агар мо худамон аз норасоии хӯрок танқисӣ накашем, метавонем дар бораи хоҳару бародароне ки камбағал ҳастанд ё ягон офати табииро аз сар гузарондаанд, дуо гӯем. Ғайр аз ин мо метавонем бо ягон тарз ёрии амалӣ расонем, масалан бо расонидани ёрии моддӣ ба худи онҳо ва хайрия кардан ба кори умумиҷаҳонӣ. Аз ҳисоби хайрияҳои мо ташкилот ба бародароне ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, ёрӣ мерасонад (1 Юҳ. 3:17).

7. Ҳангоме Исо гуфт, ки мо бояд дар бораи фардо ташвиш накашем, ӯ кадом мисолро овард?

7 Баъд аз гуфтани дуои намунавӣ Исо ба мо таълим дод, ки диққатамонро пурра ба чизҳои моддӣ равона накунем. Исо гуфт, ки Худо ҳатто гулҳои савсанро мепӯшонад ва илова кард: «Агар Худо алафи саҳроро... чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонида наметавонад! Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: [...] “Чӣ бипӯшем?”» Баъд аз ин Исо насиҳати худро такрор кард: «Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед» (Мат. 6:30–34). Мо набояд дар бораи ниёзҳои ояндаамон аз ҳад зиёд фикр кунем. Беҳтараш, бо ризқу рӯзии имрӯзаамон қаноат кунем. Масалан, мо метавонем дар бораи ҷои зист ва ҷои кор дуо гӯем. Ҳамчунин мо хирад пурсида метавонем, то ки нисбати саломатиамон қарорҳои дуруст қабул кунем. Лекин агар мо танҳо дар бораи ниёзҳои ҷисмонӣ дуо гӯем, ин нишон медиҳад, ки мо муҳимтар будани ниёзҳои рӯҳониамонро дарк намекунем.

8. Суханони Исо дар бораи ризқу рӯзӣ чиро ба мо хотиррасон мекунанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Исо гуфта буд, ки мо бояд дар хотир дорем, ки ғайр аз хӯроки ҷисмонӣ ба хӯроки рӯҳонӣ низ ниёз дорем: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд» (Мат. 4:4). Барои ҳамин мо бояд пайваста дуо гӯем, ки Яҳува ба мо ҳамеша сари вақт хӯрок диҳад.

«ҚАРЗҲОИ МОРО БИБАХШ»

9. Ба кадом маъно гуноҳҳои моро «қарз» номидан мумкин аст?

9 Чаро Исо хатогиҳои моро боре «гуноҳ» номиду бори дигар «қарз»? (Мат. 6:12; Луқ. 11:4). Тахминан 60 сол пеш дар ҳамин маҷалла фаҳмонда шуда буд: «Азбаски мо гуноҳ мекунем, дар назди Худо қарздорем... Худо метавонад бар ивази ин қарз ҷони моро талаб кунад... Ӯ метавонад муносибати худро бо мо вайрон кунад... Он қарзи мо дар пеши Ӯ муҳаббат аст, ки бо итоаткориамон бояд онро нишон диҳем. Ҳар гоҳе мо гуноҳ мекунем, он қарзро намепардозем, чунки гуноҳ дӯст надоштани Худост» (1 Юҳ. 5:3).

10. Аз кадом сабаб Яҳува гуноҳҳои моро бахшида метавонад ва ин ба мо чӣ гуна таъсир мерасонад?

10 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки Ӯ Писари худро барои гуноҳҳои мо қурбон кард. Фидия бароямон хеле муҳим аст, чунки мо ҳар рӯз ба бахшида шудани гуноҳҳоямон ниёз дорем. Гарчанд ин фидия 2000 сол пеш пардохта шудааст, мо бояд ба он чунон муносибат кунем, ки гӯё худи имрӯз ба мо ато шудааст. Он чунон гаронбаҳост, ки одами нокомил ҳеҷ гоҳ онро пардохта наметавонад. (Забур 48:8–10 ва 1 Петрус 1:18, 19-ро бихонед.) Барои ин ҳадяи бебаҳо мо бояд ба Яҳува ҳамеша шукру сипос гӯем. Ибораи «гуноҳҳои мо» нишон медиҳад, ки на танҳо мо, балки ҳама бародару хоҳаронамон ба фидия ниёз доранд. Яҳува мехоҳад, ки мо нисбати рӯҳонияти дигарон низ бепарво набошем. Ҳамчунин агар касе бар зидди мо гуноҳ кунад, мо бояд ӯро бо омодагӣ бахшем. Аксар вақт ин гуноҳҳо хурду ночизанд ва бо бахшидани онҳо мо нишон медиҳем, ки бародару хоҳаронамонро дӯст медорем ва аз Худои бахшанда миннатдорем (Қӯл. 3:13).

Агар хоҳем, ки Худо моро бахшад, мо бояд чӣ кор кунем? (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Чаро дигаронро бахшидан муҳим аст?

11 Азбаски мо нокомилем, баъзан бароямон бахшидани касе ки бар зидди мо гуноҳ кардааст, осон нест (Ибд. 19:18). Агар мо дар ин бора бо дигарон гап занем, онҳо шояд тарафи моро гиранд ва дар ҷамъомад ҷудоӣ пайдо шавад. Агар ҳамин тавр кардан гирем, ин нишон медиҳад, ки мо бахшандагиву меҳрубонии Худо ва фидияи Исоро қадр намекунем. Дар ин ҳолат, Падари осмониамон низ моро намебахшад ва мо аз хуни рехтаи Исо баҳра бурда наметавонем (Мат. 18:35). Исо баъди дуои намунавӣ дар ҳамин бора гап зад. (Матто 6:14, 15-ро бихонед.) Барои он ки Худо моро бахшад, ба ғайр аз бахшидани дигарон, мо бояд аз кардани гуноҳи ҷиддӣ дурӣ ҷӯем. Дархости навбатии Исо маҳз дар бораи ҳамин мавзӯъ мебошад (1 Юҳ. 3:4, 6).

«МОРО БА ОЗМОИШ ДУЧОР НАКУН»

12, 13. а) Бо Исо баъд аз таъмид гирифтанаш чӣ рӯй дод? б) Агар мо ба васваса дода шавем, чаро набояд Шайтонро гунаҳкор кунем? в) Исо бо он ки то дами марг ба Яҳува содиқ монд, чиро исбот кард?

12 Барои фаҳмидани суханони ин сарлавҳа, биёед дида бароем, ки баъди таъмид бо Исо чӣ рӯй дод. Рӯҳи Худо Исоро гирифта ба биёбон бурд. Барои чӣ? То ки ӯро «иблис биозмояд» (Мат. 4:1; 6:13). Оё мо аз ин ҳайрон мешавем? Не, агар сабаби ба замин фиристода шудани Исоро фаҳмем. Ҳангоме ки Одаму Ҳавво ҳокимияти Худоро рад карданд, баъзе саволҳои муҳим ба миён омаданд, ки бояд ҳал карда мешуданд. Масалан, оё дар тарзе ки Худо Одаму Ҳавворо офарид, ягон нуқсон буд? Оё метавонад инсони комил ба фишори Иблис нигоҳ накарда ҳокимияти Худоро дастгирӣ кунад? Оё ба инсоният беҳтар аст, ки Худо ҳукмронашон бошад ё худашон? (Ҳас. 3:4, 5). Исо ба Худо содиқ монда исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Дар оянда ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб дода мешавад ва он гоҳ ҳама офаридаҳои Худо хоҳанд донист, ки ҳукмронии Яҳува ҳукмронии беҳтарин аст.

13 Яҳува Худои муқаддас аст ва ҳеҷ гоҳ моро бо бадӣ намеозмояд. Он касе ки доимо имони моро меозмояд, Шайтон мебошад, ки дар Китоби Муқаддас «Васвасакор» номида шудааст (Мат. 4:3). Лекин Шайтон моро маҷбур карда наметавонад, ки ба васваса дода шавем. Мо худамон интихоб карда метавонем, ки оё ба гуноҳ даст занем ё не. (Яъқуб 1:13–15-ро бихонед.) Худи Исо ҳар як васвасаи Шайтонро рад мекард ва дар ҷавоби вай аз Каломи Худо иқтибос меовард. Исо ба Худо содиқ монд, лекин Шайтон танҳо «то муддате» аз ӯ дур шуд (Луқ. 4:13). Иблис хеле бисёр кӯшиш кард, лекин Исо ҳама вақт ба Худо чун ба Ҳоким итоат мекард. Ҳамин тавр ӯ исбот кард, ки инсони комил ҳатто зери озмоишу душвориҳои сахттарин метавонад ба Худо содиқ монад. Азбаски мо пайравони Исо мебошем, Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро ҳам аз роҳ занад.

14. Барои он ки ба васваса дода нашавем, мо бояд чӣ кор кунем?

14 Савол дар бораи ҳақ будани ҳукмронии Яҳува то ҳол ҳал нашудааст. Барои ҳамин Ӯ роҳ медиҳад, ки Шайтон моро васваса кунад. Худо моро «ба озмоиш дучор» намекунад. Баръакс, Ӯ ба мо боварӣ дорад ва мехоҳад ба мо ёрӣ расонад. Лекин Яҳува ҳеҷ гоҳ моро ба кардани кори дуруст маҷбур намекунад. Ӯ ба мо имконият медиҳад, ки худамон интихоб кунем, ки ба Ӯ содиқ монем ё не. Барои он ки ба Яҳува содиқ монем, мо бояд ду корро кунем: рӯҳан ҳушёру бедор бошем ва дар дуо доимо кӯмаки Ӯро пурсем. Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад?

Рӯҳоният ва ғайрати худро дар хизмат нигоҳ доред (Ба сархати 15 нигаред.)

15, 16. а) Баъзе аз васвасаҳое ки мо ба онҳо бояд муқобилат кунем, кадоманд? б) Агар шахс ба васваса дода шавад, кӣ айбдор аст?

15 Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддаси худ ба мо қуввати садчандон медиҳад, то ба васвасаҳо муқобилият карда тавонем. Ӯ ҳамчунин ба воситаи Каломаш ва ҷамъомадҳо ба мо огоҳӣ медиҳад. Эспен ва завҷааш Янне дар мамлакати пешрафтаи Аврупо зиндагӣ мекунанд. Тӯли солҳои зиёд онҳо дар маҳалле ки дар он ҷо ниёз ба воизон бештар буд, чун пешрави доимӣ хизмат мекарданд. Вақте ки фарзанди аввалинашон таваллуд шуд, онҳо маҷбур шуданд, ки хизмати пешравиро бас кунанд. Ҳоло онҳо ду фарзанд доранд. Бародар Эспен мегӯяд: «Азбаски ҳозир дар хизмат ба Яҳува вақти камтар мегузаронем, мо доимо аз Ӯ кӯмак мепурсем, ки ба васваса наафтем. Мо аз Яҳува илтимос мекунем, ки ҷидду ҷаҳди худро дар мавъиза гум накунем».

16 Яке аз васвасаҳое ки дар рӯзҳои мо паҳн шудааст, тамошои порнография мебошад. Агар мо ба доми он афтем, Шайтонро айбдор кардан нодуруст мебуд. Барои чӣ? Чунки агар мо кореро кардан нахоҳем, Шайтон ва дунёи вай моро маҷбур карда наметавонанд. Баъзе одамон барои он порнография тамошо мекунанд, ки фикрҳои нопокро аз сари худ дур намесозанд. Лекин ҳазорон бародарону хоҳарони мо ба ин васваса муқобил баромада тавонистанд ва ин нишон медиҳад, ки ин кор аз дасти ҳар яки мо меояд (1 Қӯр. 10:12, 13).

«МОРО АЗ ИБЛИС РАҲОӢ ДЕҲ»

17. а) Чӣ тавр мо нишон диҳем, ки мехоҳем, то Яҳува моро аз Иблис раҳоӣ диҳад? б) Ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад?

17 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки мехоҳем Яҳува «моро аз иблис раҳоӣ» диҳад? Мо бояд қисми ин ҷаҳон набошем ва «он чиро, ки дар ҷаҳон аст», дӯст надорем (Юҳ. 15:19; 1 Юҳ. 2:15–17). Вақте ки Яҳува Шайтон ва дунёи шарири вайро нест мекунад, зиндагии мо осуда мешавад. Лекин то он замон, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Шайтон сахт хашмгин аст, «чун медонад, ки вақташ кам мондааст». Вай ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ки моро аз хизмат ба Яҳува боздорад. Барои ҳамин, мо бояд доимо ба Яҳува дуо гӯем, то моро аз Иблис раҳоӣ диҳад (Ваҳй 12:12, 17).

18. Агар мо хоҳем, ки дар дунёи наве ки дар он Шайтон намешавад, зиндагӣ кунем, бояд чӣ кор кунем?

18 Оё шумо он замонеро ки Шайтон несту нобуд карда мешавад, интизор мебошед? Пас, дуо гӯед, ки Салтанати Худо биёяд, номи Худо муқаддас гардад ва хости Ӯ дар замин иҷро шавад. Ба Яҳува такя кунед ва барои қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии худ аз Ӯ кӯмак пурсед. Ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то мувофиқи дуои намунавӣ зиндагӣ намоед.