Саволҳои хонандагон
Оё суханони Довуд аз Забур 36:25 ва гуфтаҳои Исо аз Матто 6:33 маънои онро доранд, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ходимонаш аз норасоии хӯрокворӣ танқисӣ кашанд?
Довуд навишта буд: «Одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд». Ӯ бо ин суханон, хулосаеро, ки аз мушоҳидаи худ дар давоми ҳаёташ бароварда буд, баён кардааст. Довуд аз таҷрибаи худ нағз медонист, ки ғамхории Яҳува доимӣ аст (Заб. 36:25). Лекин суханони Довуд маънои онро надоранд, ки ягон ходими Худо ҳеҷ вақт аз чизҳои зарурӣ танқисӣ накашида буд ё нахоҳад кашид.
Дар ҳаёти худ Довуд бо вазъиятҳои хеле мушкил рӯ ба рӯ мешуд. Масалан, вақте ки ӯ аз Шоул мегурехт, хӯрду хӯрокаш кам монда буд ва ӯ барои худашу ҳамроҳонаш аз дигарон нон пурсид (1 Подш. 21:1–6). Яъне дар ин маврид Довуд нон пурсид. Вале дар он вазъияти сахт ӯ медонист, ки Яҳува ӯро тарк намекунад. Дар ягон ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Довуд барои аз гуруснагӣ наҷот ёфтан аз касе нон талбида бошад.
Дар Матто 6:33 Исо моро боварӣ мебахшад, ки Худо эҳтиёҷоти ходимони содиқашро, ки манфиатҳои Салтанатро дар ҳаёташон дар ҷои аввал мемонанд, қонеъ хоҳад кард . «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед,— гуфт Исо,— ва ҳамаи ин чизҳо [аз он ҷумла обу авқот ва либос] ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд». Аммо Исо инчунин гуфта буд, ки аз сабаби таъқибот «бародарони» ӯ метавонанд аз гуруснагӣ азоб кашанд (Мат. 25:35, 37, 40). Бо Павлуси ҳавворӣ чунин рӯй дода буд. Ӯ баъзан аз гуруснагиву ташнагӣ азоб мекашид (2 Қӯр. 11:27).
Яҳува ба мо мегӯяд, ки мо бо таъқиботи гуногун рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Барои ҷавоб додан ба саволи баҳсноке, ки Иблис бардоштааст, Ӯ шояд роҳ диҳад, ки мо аз чизҳои зарурии ҳаёт маҳрум шавем (Айюб 2:3–5). Баъзе аз ҳамимонони мо, аз ҷумла онҳое, ки ба лагерҳои консентратсионӣ партофта шуда буданд, аз боиси таъқибот зери ҳолатҳои хатарнок қарор доштанд. Шайтон барои шикастани беайбии Шоҳидон, онҳоро аз ризқу рӯзии лозима маҳрум мекард. Лекин Шоҳидони содиқ ба Худо итоаткор мемонданд ва Ӯ онҳоро тарк намекард. Яҳува роҳ медод, ки онҳо зери озмоиш қарор гиранд, чуноне ки Ӯ мегузорад, ки ҳамаи масеҳиён бо намудҳои гуногуни душвориҳо рӯ ба рӯ шаванд. Лекин мо боварии комил дорем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ онҳоеро, ки ба хотири номи Ӯ уқубат мекашанд, намепартояд! Ӯ албатта онҳоро дастгирӣ мекунад (1 Қӯр. 10:13). Мо метавонем суханони Филиппиён 1:29-ро ҳамеша дар ёд дорем: «Ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед».
Яҳува ваъда медиҳад, ки бо ходимонаш хоҳад буд. Масалан, дар Ишаъё 54:17 Ӯ гуфтааст: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт». Ин ва дигар ваъдаҳои ба ин монанд моро боварии комил мебахшанд, ки Худо дар кулли худ ходимонашро муҳофизат хоҳад кард. Лекин, масеҳӣ метавонад бо озмоишҳо ва ҳатто марг рӯ ба рӯ шавад.