Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Тарҷумаи ҳол

Яҳува воқеан ҳам ба ман хеле кӯмак кард

Яҳува воқеан ҳам ба ман хеле кӯмак кард

Ман ҳамроҳи арӯсам Эвелин саҳарии барвақт дар шаҳри Ҳорнпан, ки дар тарафи шимолии вилояти Онтарио, Канада воқеъ аст, аз қатора фаромадем. Ҳаво хеле хунук буд. Ва як бародари маҳаллӣ моро пешвоз гирифта ба хонааш бурд. Мо якҷоя бо ӯ, занаш ва писараш наҳории бақувват кардем. Пас аз он, мо ба барфи баланд нигоҳ накарда, ба мавъизаи хона ба хона рафтем. Баъди нисфирӯзӣ ман чун нозири ноҳиявӣ бо аввалин нутқи худ баромад намудам. Дар он вохӯрӣ мо панҷ нафар ҳузур доштем ва ягон каси дигар набуд.

ДАР асл, ман аз кам будани он шунавандагон ки соли 1957 нутқи маро гӯш карда буданд, рӯҳафтода набудам. Медонед, ман ҳамеша шахси хеле шармгин будам. Дар хурдиам, вақте ки ба хонаи мо меҳмонҳо меомаданд, ман пинҳон мешудам, гарчанде ки онҳоро мешинохтам.

Шумо шояд аз фаҳмидани он ба ҳайрат оед, ки аксарияти таъинотҳое, ки ман дар ташкилоти Яҳува доштам маро водор мекарданд, ки бо одамони бисёр — ҳам бо дӯстон ва ҳам бо бегонагон муоширати зич дошта бошам. Вале, ман доимо бо шармгинӣ ва ҳисси нобоварӣ мубориза мебурдам, барои ҳамин ҳар гуна муваффақиятро дар он таъинотҳо ман танҳо бо ёрдами Яҳува ба даст овардаам. Баръакс, ман ба ҳақ будани ваъдаи зерини Яҳува боварӣ ҳосил кардам: «Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард» (Иш. 41:10). Яҳува асосан тавассути ҳамимонон ба ман кӯмак мекард. Аз айёми кӯдакӣ ман дастгирии онҳоро ҳис мекардам. Биёед ҳоло дар бораи баъзеи онҳо нақл кунам.

Ӯ КИТОБИ МУҚАДДАС ВА ДАФТАРЧАЕРО ИСТИФОДА МЕБУРД

Дар назди фермаи оилавиамон дар ҷанубу шарқии Онтарио

Оилаи мо дар тарафи ҷанубу шарқии вилояти Онтарио, дар фермаи оилавӣ зиндагӣ мекард. Соли 1940, саҳарии як рӯзи якшанбеи офтобӣ, Элси Ҳантингфорд дари хонаи моро тақ-тақ кард. Модари ман ба назди дар баромада ба ӯ ҷавоб дод. Дар ин вақт падарам, ки мисли ман шармгин буд, дар даруни хона ҳамроҳи ман нишаста, гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард. Падарам фикр кард, ки хоҳар Ҳантингфорд фурӯшандае мебошад ва бо гумони он ки модарам мабодо ягон чизи нолозимаро нахарад, ӯ назди дар баромад ва гуфт, ки он чизе, ки ӯ пешниҳод мекунад, ба мо даркор нест. «Оё шумо ба омӯзиши Китоби Муқаддас шавқ надоред?»,— пурсид хоҳар Ҳантингфорд. «Не, албатта, мо ба ин шавқ дорем»,— ҷавоб дод падарам.

Хоҳар Ҳантингфорд айнан дар вақти лозима ба хонаи мо омада буд. Волидони ман аъзоёни фаъоли Иттиҳоди Калисои Канада буданд, лекин чанде пеш аз ин воқеа онҳо қарор доданд, ки калисоро тарк мекунанд. Чаро? Ходими калисо рӯихати одамони хайриякардаро тартиб медод ва шахсонеро ки пули зиёд хайрия мекарданд, дар аввали рӯихат ва шахсони нисбатан кам хайриякардаро дар поёни рӯихат менавишт. Сипас он рӯихатро дар толори калисо мечаспонд. Волидонам, ки одамони миёнаҳол буданд, маблағи начандон калон хайрия мекарданд ва аз ин рӯ одатан қариб дар охири рӯихат меафтоданд. Роҳбарони калисо ба онҳо фишор меоварданд, ки пули зиёдтар хайрия кунанд. Ходими дигари калисо бошад, иқрор шуда гуфт, ки ӯ барои аз даст надодани ҷои кор, чизҳоеро таълим медиҳад, ки дар асл худаш ба он бовар намекунад. Барои ҳамин, мо калисоро тарк кардем, вале ба ҳар ҳол роҳи дигареро меҷустем, ки ниёзҳои рӯҳонии худро қонеъ гардонем.

Азбаски он вақт фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Канада манъ буд, хоҳар Ҳантингфорд ҳангоми омӯзиш бо оилаи мо танҳо Китоби Муқаддас ва баъзе қайдҳоеро, ки дар як дафтарчаи сиёҳ дошт, истифода мебурд. Вақте ӯ баъдтар боварӣ ҳосил кард, ки мо ӯро ба ҳокимиятдорон намефурӯшем, он хоҳар моро бо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта шинос кард. Баъди ҳар як омӯзиш мо адабиётҳоро дурустакак пинҳон мекардем *.

Волидони ман ҳангоми мавъизаи хона ба хона хушхабарро қабул карданд ва соли 1948 таъмид гирифтанд

Ба мухолифат ва дигар монеаҳо нигоҳ накарда, хоҳар Ҳантингфорд хушхабарро бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекард. Ғайрати ӯ ба ман таъсир кард ва маро барангехт, ки дар роҳи ҳақиқат устувор монам. Баъди як соли чун Шоҳиди Яҳува таъмид гирифтани волидонам, ман низ ҳаётамро ба Яҳува бахшидам. 27 феврали соли 1949 ман дар ферма, дар тағораи оҳанине, ки фермерон одатан барои об додани чорво истифода мебурданд, таъмид гирифтам. Он вақт ман 17-сола будам. Баъди таъмид, ман қатъӣ қарор кардам, ки хизмати пурравақтро сар мекунам.

ЯҲУВА БАРОИ ДАЛЕР БУДАН БА МАН КӮМАК КАРД

Вақте соли 1952 маро ба Байт-Ил таклиф карданд, ман хеле хурсанд шудам

Ман барои дарҳол сар кардани хизмати пешравӣ ҷуръат намекардам. Муддате ман дар бонк ва идорае кор кардам, зеро боварӣ доштам, ки барои пешрав шудан аввал бояд миқдори муайяни пул кор кардан лозим аст. Лекин, азбаски ман ҷавон ва бетаҷриба будам, бо баробари гирифтани маошам, онро зуд харҷ карда, тамом мекардам. Ва бародаре бо номи Тед Сарҷент маро ташвиқ карда гуфт, ки далер бошам ва ба Яҳува имон зоҳир кунам (1 Вақ. 28:10) Он маслиҳати меҳрубонона маро таккон дод, ки моҳи ноябри соли 1951 хизмати пешравиро сар кунам. Ман он вақт ҳамагӣ 40 доллар пул, велосипеди истифодашуда ва як портфели нав доштам. Вале Яҳува ҳамеша ғамхорӣ мекард, ки ман аз чизҳои зарурӣ танқисӣ накашам. Чӣ қадар ман миннатдорам, ки Тед маро ба пешрав шудан ташвиқ намуд! Ин барои баракатҳои дигар роҳ кушод.

Дар яке аз рӯзҳои августи соли 1952, бевақтии шом аз шаҳри Торонто ба ман занг заданд. Филиали Шоҳидони Яҳува дар Канада маро таклиф кард, ки аз моҳи сентябр сар карда, дар Байт-Ил хизмат кунам. Ҳарчанд ман шармгин будам ва ҳеҷ гоҳ ба филиал нарафта будам, дилам аз шодӣ ба ҷӯш омад, чунки дигар пешравон дар бораи Байт-Ил ба ман чизҳои хеле аҷоибро нақл карда буданд. Ман дарҳол азми сафар кардам.

«БА БАРОДАРОН НИШОН ДЕҲ, КИ ТУ ДАР ҲАҚҚИ ОНҲО ҒАМХОРӢ МЕКУНӢ»

Чанде пас баъди ба Байт–Ил омадан, ман ба ҷои бародар Билл Якос дар яке аз ҷамъомадҳои шаҳри Торонто чун ходими гурӯҳ (ҳозир координатори ҳайати пирон ном дорад) хизмат кардам. Он вақт ман ҳамагӣ 23-сола будам ва худро писараки соддаи деҳотие ҳис мекардам. Вале бародар Якос ба ман чӣ кор карданро фурӯтанона ва бо меҳрубонӣ ёд медод. Ва Яҳува дар ҳақиқат ба ман кӯмак мекард.

Бародар Якос шахси қадаш пасти фарбеҳ ва хандонрӯе буд, ки лабонаш доим ба табассум моил буданд. Ӯ ба одамон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекард. Вай бародаронро дӯст медошт ва онҳо низ ӯро дӯст медоштанд. Ӯ мунтазам ба хонаи онҳо ташриф меовард, вале на танҳо ҳамон вақте ки онҳо мушкилиҳо доштанд. Билл Якос маро ташвиқ мекард, ки ҳамин тавр рафтор кунам ва баробари бародарону хоҳарон дар хизмати мавъиза меҳнат кунам. «Кен,— мегуфт ӯ ба ман муроҷиат карда,— ба бародарон нишон деҳ, ки ту дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунӣ. Ин бисёри камбудиҳои туро рӯйпӯш хоҳад кард».

ЗАНИ МАН МУҲАББАТИ СОДИҚОНА ЗОҲИР МЕКУНАД

Аз январи соли 1957 сар карда, Яҳува ба ман ба таври махсус кӯмак мекунад. Он моҳ ман бо Эвелин ном хоҳар, ки хатмкунандаи синфи 14-уми Мактаби Ҷилъод буд, оиладор шудам. Пеш аз хонадоршавиамон ӯ дар як ноҳияи фаронсазабони Квебек хизмат мекард. Он вақтҳо Квебек зери таъсироти пурзӯри Калисои католикии Рум қарор дошт. Аз ин рӯ, ба Эвелин дар он ҷо хизмат кардан хеле душвор буд, вале ӯ ба Яҳува ва таъиноташ содиқ монда онро ба ҷо меовард.

Эвелин ва ман соли 1957 бо ҳам оиладор шудем[Тасвир дар саҳифаи 19]

Эвелин инчунин ба ман дӯсти содиқ буд (Эфс. 5:31). Дар асл, садоқатмандии вай дарҳол баъди хонадоршавиамон зери озмоиш қарор гирифта буд. Мо нақша доштем, ки ба яке аз иёлотҳои ИМА, Флорида, ба саёҳат равем, вале як рӯз баъд аз тӯямон, аз филиал хоҳиш карданд, ки ман ба вохӯрии якҳафтаина, ки дар Байт-Или Канада бояд мегузашт, иштирок кунам. Албатта, ин вохӯрӣ нақшаҳои моро дигар кард, вале ману Эвелин мехостем, ки маҳз ҳамон кореро кунем, ки Яҳува карданашро аз мо хоҳиш мекард. Барои ҳамин, мо саёҳати пас аз хонадоршавиамонро ба ақиб гузоштем. Дар давоми он ҳафта, ки ман бояд дар вохӯрӣ иштирок мекардам, Эвелин дар минтақаи назди Байт-Или Канада хизмат мекард. Ҳарчанд он минтақа аз Квебек фарқ мекард, ӯ тавонист дар он ҷо хизмат кунад.

Дар охири он ҳафта, маро хабари хубе интизор буд — ман ба тарафи шимолии Онтарио нозири ноҳиявӣ таъин шудам. Ман шахси нав оиладоршуда ва ҳамагӣ 25-сола будам ва таҷрибаи хеле кам доштам, вале мо ба Яҳува таваккал карда, ба он ҷо равона шудем. Мо дар яке аз рӯзҳои қаҳратуни зимистон аз Канада ба поезд нишастем. Ҳамроҳи мо дар он поезд чанд нафар нозирони сайёри ботаҷриба мерафтанд, ки ба таъинотҳои худ бармегаштанд. Онҳо моро хеле рӯҳбаланд карданд! Як бародар ҳатто боисрор аз мо хоҳиш кард, ки аз он ҳуҷраи хобие, ки ӯ дар вагон барои худ пешакӣ дархост карда буд, истифода барем. Аз аз ин рӯ, ба мо лозим наомад, ки тамоми шабро дар курсии поезд гузаронем. Саҳарии рӯзи дигар, ҳамагӣ баъди 15 рӯзи тӯямон, мо чӣ тавре ки дар аввал нақл карда шуд, дар гурӯҳи хурдакаки шаҳри Ҳорнпан қарор доштем.

Ману Эвелинро дигаргуниҳои зиёд интизор буданд. Ман бо ҳамсарам чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекардам, ки охирҳои соли 1960 маро ба синфи 36-уми Мактаби Ҷилъод таклиф намуданд. Он курси даҳмоҳаи таҳсил бояд аввали моҳи феврали соли 1961 дар Бруклин, Ню-Йорк сар мешуд. Албатта ин таклиф ҳаяҷонбахш буд, лекин ман аз он ҳам хурсанд будам ва ҳам ғамгин, чунки Эвелин таклиф нашуда буд. Аз ӯ чун аз дигар занони дар вазъияти ба ин монанд қарордошта хоҳиш карда мешуд, ки номае навишта дар он баён кунад, ки оё тайёр аст ба муддати қариб 10 моҳ дар ҷои дур аз ман хизмат кунад. Эвелин дар аввал ғамгин шуд ва гиря кард, вале мо қарор додем, ки ман бояд дар он мактаб таҳсил кунам. Ӯ хурсанд буд, ки ман аз таълими пурарзиш дар Мактаби Ҷилъод баҳра мебарам.

Дар ин муддат, Эвелин дар филиали Канада хизмат кард. Ӯ имконияти бошарафе пайдо кард, ки дар як ҳуҷра бо хоҳари тадҳиншуда Маргарет Ловелл зиндагӣ кунад. Албатта, Эвелин ва ман якдигарро хеле ёд мекардем. Вале бо кӯмаки Яҳува мо аз ӯҳдаи таъинотҳои муваққатии худ баромада тавонистем. Он ки Эвелин барои Яҳува ва ташкилоти Ӯ шуда бо омодагӣ аз имконияти якҷоя будани мо даст кашид, бароям таъсирбахш буд.

Баъди се моҳи таҳсил дар Ҷилъод, бародар Нейтан Норр, ки он вақт роҳбарии кори умумиҷаҳониро бар ӯҳда дошт, ба ман як пешниҳоди ғайриоддие кард. Ӯ аз ман пурсид, ки оё ман метавонам дар ҳамон фурсат мактаби Ҷилъодро гузошта, ба Канада баргардам ва дар филиал муваққатан чун омӯзгори Мактаби Хизмат ба Салтанат дарс диҳам. Бародар Норр гуфт, ки қабул кардан ё накардани ин таклиф дар ихтиёри худи ман аст. Ӯ гуфт, ки агар хоҳам ман метавонам курси пурраи Мактаби Ҷилъодро хатм кунам ва баъд эҳтимол ба хизмати миссионерӣ таъин шавам. Ӯ инчунин қайд кард, ки агар ман ба Канада баргаштанро интихоб кунам, шояд ҳеҷ гоҳ дигар аз нав ба Ҷилъод таклиф карда намешавам ва баъди хизмати муваққатӣ дар филиал эҳтимол гашта ба худи ҷамъомади Канада таъин мешавам. Ӯ ба ман имконият дод, ки баъди бо занам маслиҳат кардан қарори худро қабул кунам.

Азбаски Эвелин пеш аз ин нуқтаи назари худро оиди таъинотҳои теократӣ ба ман баён карда буд, ман ҳамон замон ба бародар Норр гуфтам: «Ҳар коре ки кардани онро ташкилоти Яҳува аз мо хоҳиш мекунад, мо бо хурсандӣ иҷро мекунем». Мо ҳамеша фикр мекардем, ки новобаста аз он ки куҷо ба мо маъқул аст, бояд ба ҳамон ҷое равем, ки ташкилоти Яҳува моро таъин мекунад.

Ҳамин тариқ, апрели соли 1961 ман аз Бруклин ба Канада баргаштам, то ки ба таълимгирандагони Мактаби Хизмат ба Салтанат дарс диҳам. Баъдтар, мо чун аъзоёни оилаи Байт-Ил хизмат карданро сар кардем. Ҳайратовар буд, ки чанде пас ман ба синфи 40-уми Мактаби Ҷилъод таклиф шудам, ки таҳсил дар он бояд аввали соли 1965 оғоз меёфт. Ин дафъа ҳам Эвелин бояд нома менавишт, ки ӯ барои аз ҳам дур будани мо розӣ аст. Вале чанд ҳафта пас, ӯро низ ба он мактаб даъват карданд. Ҳар дуи мо аз ин хеле хурсанд шудем.

Баъди ба Мактаби Ҷилъод омаданамон, бародар Норр гуфт, ки таҳсилкунандагоне, ки курси забони фаронсавиро меомӯзанд, ба Африқо фиристода мешаванд. Мо ҳам пештар ин забонро омӯхта будем. Лекин дар вақти барномаи хатмкунӣ моро аз нав ба Канада таъин намуданд. Ман чун нозири нави филиал (ҳозир координатори Кумитаи филиал ном дорад) таъин шудам. Ман ки он вақт ҳамагӣ 34-сола будам, ба бародар Норр хотиррасон кардам, ки барои ин кор ҳоло хеле ҷавонам. Вале ӯ маро боварӣ бахшида рӯҳбаланд кард. Ва аз худи аввал сар карда, ман мекӯшидам, ки пеш аз қабул кардани қарорҳои муҳим, бо калонсолон, бо бародарони нисбатан ботаҷрибаи Байт-Ил маслиҳат кунам.

БАЙТ-ИЛ — ҶОИ ТАЪЛИМГИРӢ ВА ТАЪЛИМДИҲӢ

Ҳангоми хизмат дар Байт-Ил ман имкониятҳои хуб доштам, ки бисёр чизҳоро ёд гирам. Ман аъзоёни дигари Кумитаи филиалро эҳтиром мекардам ва ба онҳо бо ҳавас менигаристам. Инчунин ман аз намунаи садҳо бародарону хоҳарони пиру ҷавон, ки дар Байт-Ил ва дар ҷамъомадҳои гуногун ҳамроҳашон хизмат кардем, бисёр чизҳоро таълим гирифтам.

Гузаронидани ибодати пагоҳирӯзӣ дар Байт-Или Канада

Хизмати Байт-Ил инчунин ба ман имконият дод, ки дигаронро таълим диҳам ва имони онҳоро қавӣ гардонам. Павлуси ҳавворӣ ба Тимотиюс гуфта буд: «Ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош». Ӯ инчунин қайд кард: «Он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисёр шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд» (2 Тим. 2:2; 3:14). Баъзан ҳамимонон аз ман мепурсанд, ки дар тӯли 57 соли хизмат дар Байт-Ил барои худ чӣ дарсҳо гирифтам. Ҷавоби ман оддӣ аст: «Ҳар коре, ки ташкилоти Яҳува карданашро аз ман хоҳиш мекунад, бо омодагӣ ва бетаъхир иҷро намоям ва ба кӯмаки Яҳува такя кунам».

Ба назарам чунин метобад, ки гӯё ман дирӯзакак чун ҷавони шармгину бетаҷриба ба Байт-Ил омада будам. Лекин тӯли тамоми ин солҳо Яҳува маро дастгирӣ мекард. Хусусан ба воситаи кӯмаки меҳрубонона ва саривақтии ҳамимонон Ӯ пайваста маро боварӣ мебахшид: «Натарс, Ман туро ёварӣ хоҳам дод» (Иш. 41:13).

^ сарх. 10 22 майи соли 1945 фаъолияти мо аз тарафи ҳокимияти Канада ба қайди расмӣ дароварда шуд.