Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб» бояд диҳем?

«Ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб» бояд диҳем?

«Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (ҚӮЛ. 4:6).

1, 2. а) Мисолеро нақл кунед, ки он фоиданок будани саволҳои хуб фикркардашударо нишон медиҳад. (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро мо набояд аз муҳокимаи мавзӯъҳои душвор тарсем?

ЯКЧАНД сол пеш, як хоҳари масеҳӣ бо шавҳараш, ки ҳамимони мо набуд, оиди Китоби Муқаддас сӯҳбат кард. Шавҳари ӯ гуфт, ки ба Сегона эътиқод дорад. Хоҳар фаҳмид, ки шавҳараш намедонад, ки калисои вай оиди Сегона дар асл чиро таълим медиҳад. Аз ин рӯ, ӯ боадабона чунин савол дод: «Оё ту боварӣ дорӣ, ки Худо ҳам Худост, Исо ҳам Худост ва рӯҳулқудс ҳам Худо аст ва ҳамзамон на се Худо, балки як Худо вуҷуд дорад?» Шавҳари ӯ ҳайратомез ба фикр рафта, ҷавоб дод: «Не, ман ба ин боварӣ надорам». Сипас оиди шахсияти Худо байни онҳо сӯҳбати гарме баргузор гардид.

2 Аз ин мисол бармеояд, ки истифодаи саволҳои боадабона ва хуб интихобкардашуда натиҷаи хеле хуб оварда метавонанд. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки мо набояд аз муҳокимаи мавзӯъҳои душвор, ба монанди Сегона, дӯзахи оташин ё вуҷуд доштани Офаридгор тарсем. Агар мо ба Яҳува ва ба таълиме, ки Ӯ медиҳад, такя кунем, мо аксар вақт ба чунин саволҳо ҷавоби қонеъкунанда дода метавонем, ки он ба дили шунавандагонамон таъсир мекунад (Қӯл. 4:6). Биёед ҳоло дида бароем, ки воизони ботаҷриба ҳангоми муҳокима кардани чунин мавзӯъҳо кадом тарзҳоро истифода мебаранд. Мо се мавридро дида мебароем: 1) Бо ёрии саволҳо фаҳмидани андешаҳои дили шунаванда; 2) Ҳамроҳи шунаванда мулоҳиза рондан дар асоси Навиштаҳо; 3) Бо истифодаи мисолҳо фаҳмондани мавзӯи муҳокима шудаистода.

БО ЁРИИ САВОЛҲО АҚИДАИ ШУНАВАНДАГОНАТОНРО ФАҲМЕД

3, 4. Чаро барои фаҳмидани фикру ақидаи шахс додани саволҳо муҳим аст? Мисол оред.

3 Саволҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки фикру ақидаи шахсро оиди эътиқоди ӯ фаҳмем. Чаро ин муҳим аст? «Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст»,— гуфта мешавад дар Масалҳо 18:13. Дар ҳақиқат, пеш аз он ки бо касе оиди ин ё он мавзӯи Китоби Муқаддас сӯҳбат оғоз кунем, хуб мебуд аввал муайян кунем, ки вай ба чӣ эътиқод дорад. Агар мо ба чӣ боварӣ доштани ӯро нафаҳмем, мо шояд вақти зиёдро сарф карда, ба ӯ нодуруст будани он чизеро, ки ӯ бе ин ҳам боварӣ надошт, исбот карданӣ шавем (1 Қӯр. 9:26).

4 Фарз мекунем, ки мо бо касе оиди мавзӯи дӯзах сӯҳбат карда истодаем. На ҳамаи одамон бовар мекунанд, ки дӯзах ҷои аслие мебошад, ки дар он одамон ҷовидона месӯзанд. Барои ҳамин, мо метавонем ба шахс чунин савол диҳем: «Азбаски одамон дар бораи дӯзах ақидаҳои гуногун доранд, аз шумо пурсиданӣ будем, ки фикри шумо чӣ гуна аст?» Баъди гӯш кардани ҷавоби ӯ, ба мо осонтар мегардад, ки нуқтаи назари Китоби Муқаддасро оиди ин мавзӯъ ба ӯ фаҳмонем.

5. Чӣ тавр саволҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки сабаби ба ин ё он чиз бовар кардани шахсро муайян созем?

5 Саволҳои боадабона додашуда инчунин ба мо кӯмак мекунанд, то фаҳмем, ки чаро шахс ба ин ё он чиз бовар мекунад. Масалан, агар ҳангоми хизмат касе ба мо гӯяд, ки ба вуҷуд доштани Худо боварӣ надорад, мо чӣ кор карда метавонем? Шояд мо дарҳол хулоса барорем, ки ба ӯ назарияҳои илмӣ, ба монанди эволютсия таъсир расондаанд (Заб. 10:4). Лекин баъзе одамон аз он сабаб ба Худо бовариашонро гум мекунанд, ки азоби дигаронро мебинанд ё дар ҳаёти шахсӣ ранҷу азоби зиёдро аз сар мегузаронанд. Шояд онҳо фикр мекунанд, ки агар Офаридгори меҳрубон вуҷуд медошт, ин қадар ранҷу азоб намебуд. Барои ҳамин, агар соҳибхона ба вуҷуд доштани Худо шубҳа дошта бошад, мо метавонем аз ӯ пурсем: «Оё шумо ҳамавақт чунин ақида доштед?» Агар шахс гӯяд, ки «не», пас мо метавонем пурсем, ки хусусан аз кадом сабаб ӯ ба вуҷуд доштани Худо шубҳа дорад. Ҷавоби ӯ ёрӣ медиҳад, ки мо бо роҳи беҳтарин ба ӯ кӯмаки рӯҳонӣ расонем. (Масалҳо 20:5-ро бихонед.)

6. Баъди савол додан мо бояд чӣ кор кунем?

6 Баъди пурсидан ба мо лозим аст, ки ҷавоби шахсро бодиққат гӯш кунем ва ҳиссиёти ӯро фаҳмем. Масалан, ҳангоми сӯҳбат бо касе, шояд маълум шавад, ки ӯ аз боиси рӯй додани ягон фоҷиа ба вуҷуд доштани Худои меҳрубон шубҳа пайдо кардааст. Пеш аз он ки бо овардани далелҳо вуҷуд доштани Худоро исбот кунем, хуб мебуд, ки мо ба шахс ҳамдардӣ баён кунем ва фаҳмонем, ки оиди сабаби ранҷу азоб савол додан ягон ҷои нодурустие надорад (Ҳаб. 1:2, 3). Муносибати пурсаброна ва меҳрубононаи мо метавонад дар дили ӯ хоҳиши бештар фаҳмиданро бедор кунад *.

МУЛОҲИЗА ДАР АСОСИ НАВИШТАҲО

Самаранокии хизмати мо асосан аз чӣ вобаста аст? (Ба сархати 7 нигаред)

7. Самаранокии хизмати мо асосан аз чӣ вобастагӣ дорад?

7 Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр ҳамроҳи шунаванда дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза ронда метавонем. Албатта, дар хизмат асбоби асосии мо Китоби Муқаддас аст. Он ба мо қобилият мебахшад, ки дар дониши Худо «комил гардида, ба ҳар амали нек» тайёр бошем (2 Тим. 3:16, 17). Лекин, самаранокии хизмати мо аз хондани оятҳои зиёд вобаста нест. Балки вақте мо як–ду оятро хонда, оиди он бо шунаванда мулоҳиза меронем ва маънои онро фаҳмонда медиҳем, он гоҳ хизмати мо самараи бештар меорад. (Аъмол 17:2, 3-ро бихонед.) Барои мисол, дар поён се ҳолатро дида мебароем.

8, 9. a) Бо шахсе ки Исо ва Худоро баробар меҳисобад чӣ тавр сӯҳбат кардан мумкин аст? Яке аз тарзҳоро фаҳмонед. б) Барои оиди ин мавзӯъ самаранок сӯҳбат кардан шумо боз кадом роҳҳоро истифода мебаред?

8 Ҳолати 1: Вақте ки дар хизмат шахсеро вомехӯрем, ки Исо ва Худоро бо ҳам баробар меҳисобад. Мо дар асоси кадом оятҳо сӯҳбат карда метавонистем? Ояти Юҳанно 6:38-ро кушода аз шахс хоҳиш кардан мумкин аст, ки онро хонад. Он ҷо гуфта шудааст: «[Ман] аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ». Баъд аз хонда баромадани ин оят мо метавонем аз он шахс пурсем: «Агар Исо Худо бошад, пас кӣ ӯро аз осмон ба замин фиристод? Оё Ӯ набояд аз Исо бузургтар бошад? Охир, мавқеи шахси фиристанда аз мавқеи шахси фиристодашаванда баландтар аст-ку?»

9 Ба ин монанд, мо метавонем аз ояти Филиппиён 2:9 истифода барем. Дар он ҷо Павлуси ҳавворӣ мефаҳмонад, ки Худо баъди мурдани Исо ва эҳё шудани ӯ чӣ кор кард. Дар оят оиди Исо гуфта шудааст: «Худо низ Ӯро сарафроз кард [баланд бардошт] ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст». Мо метавонем ба шунаванда кӯмак кунем, ки оиди суханони ин оят мулоҳиза ронад. Барои ин, ба ӯ чунин гуфтан мумкин аст: «Фарз кардем, ки Исо пеш аз маргаш бо Худо баробар буд. Дар оят мехонем, ки Худо баъдтар мавқеи ӯро баландтар кард, пас оё бо он мавқеаш Исо аз Худо баланд намешуд? Лекин оё касе метавонад аз Худо баландтар гардад?» Агар шахс самимӣ бошаду Каломи Худоро эҳтиром кунад, чунин мулоҳизаронӣ шояд ӯро барангезад, ки оиди ин мавзӯъ бештар фаҳмидан хоҳад (Аъм. 17:11).

10. a) Бо шахсе ки ба дӯзах бовар мекунад, мо чӣ тавр сӯҳбат карда метавонем? б) Барои сӯҳбат оиди дӯзах шумо кадом тарзҳоро бомуваффақият истифода мебаред?

10 Ҳолати 2: Вақте мо соҳибхонаи хеле диндорро вомехӯрем, ки ба ӯ қабул кардани фикр оиди он ки гунаҳкорон абадан дар дӯзах намесӯзанд, мушкил аст. Ба дӯзах боварӣ доштани ӯ мумкин дар он асос ёфтааст, ки ӯ мехоҳад бадкорон барои гуноҳҳояшон ҷазо гиранд. Бо шахсоне, ки чунин ақида доранд, чӣ тавр сӯҳбат кардан мумкин аст? Якум, мо метавонем онҳоро боварӣ бахшем, ки одамони бад албатта ҷазо хоҳанд гирифт (2 Тас. 1:9). Сипас, метавонем Ҳастӣ 2:16, 17-ро хонем. Он ҷо гуфта шудааст, ки ҷазои гуноҳ марг аст. Баъд метавонем қайд кунем, ки Худо оиди дар дӯзах ҷазо додан ҳеҷ чиз нагуфтааст. Сипас чунин савол додан мумкин аст: «Агар ба Одаму Ҳавво хатари азоби ҷовидонӣ таҳдид мекард, оё Худои боадолат онҳоро дар ин бора огоҳ намекард?» Баъд мо метавонем ояти Ҳастӣ 3:19-ро хонем. Он ҷо ҳукме, ки Худо баъди гуноҳи Одам эълон кард, навишта шудааст. Дар бораи дӯзах бошад, он ҷо чизе гуфта нашудааст. Ба ҷои ин, Худо ба Одам гуфт, ки ӯ ба хок бармегардад. Мо метавонем аз соҳибхона пурсем: «Агар дар асл Одам барои гуноҳаш ба дӯзахи оташин мерафт, пас гуфтани он ки ӯ ба хок бармегардад, оё дурӯғ намебуд?» Агар шахс бомулоҳиза бошад, чунин савол ӯро бармеангезад, ки дар бораи ин мавзӯъ чуқуртар фикр кунад.

11. a) Бо шахсе, ки ба ақидаи ӯ рӯҳи инсон баъди марг зиндагӣ карданро давом медиҳад, мо чӣ тавр сӯҳбат карда метавонем? Яке аз роҳҳоро фаҳмонед. б) Барои сӯҳбат оиди ин мавзӯъ шумо боз кадом тарзҳоро истифода мебаред?

11 Ҳолати 3: Вақте мо дар хизмат касеро вомехӯрем, ки ба ақидаи ӯ рӯҳи инсон баъди марг зиндагиро давом медиҳад. Аз сабаби чунин ақида доштанаш соҳибхона шояд Китоби Муқаддасро ба таври худ маънидод мекунад. Масалан, фарз мекунем, ки мо бо ӯ ояти Забур 145:4-ро муҳокима карда истодаем. (Оятро бихонед.) Шояд шахс гумон мекунад, ки дар ин оят дар бораи рӯҳи намиранда доштани инсон гуфта шудааст. Чӣ тавр мо бо ӯ мулоҳиза ронда метавонем? Ба ҷои овардани дигар оятҳо мо метавонем диққати ӯро ба ибораҳои худи ин оят равона созем. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки «андешаҳои вай нест мешавад». Мо метавонем ба шахс чунин гӯем: «Агар рӯҳи инсон намиранда мебуд, пас андешаҳои вай нест намешуданд, ҳамин тавр-не?» Эҳтимол шахс ба дуруст будани ин хулоса розӣ мешавад. Сипас, мо метавонем фаҳмонем, ки агар андешаҳои одам нест шаванд, пас ин равшан нишон медиҳад, ки рӯҳ баъди марг зиндагӣ карданро давом намедиҳад. Аз ин рӯ, чунин хулоса баровардан дуруст аст, ки рӯҳ ин қувваи ҳаётиест, ки ба ҷисм зиндагӣ мебахшад (Ҳас. 2:7).

БО ИСТИФОДАИ МАВЗӮИ МУҲОКИМА ШУДАИСТОДАРО ХУБТАР ФАҲМОНЕД

12. Чаро Исо мисолҳоро истифода мебурд?

12 Исо дар давоми кори мавъизаи худ, ғайр аз саволҳо, инчунин мисолҳоро низ истифода мебурд. (Матто 13:34, 35-ро бихонед.) Мисолҳое, ки Исо меовард, ба ошкор кардани ниятҳои дили шунавандагонаш кӯмак мекарданд (Мат. 13:10–15). Мисолҳо инчунин таълимдиҳии Исоро таъсирбахш ва хотирмон мегардонданд. Чӣ тавр мо дар таълимдиҳии худ мисолҳоро истифода бурда метавонем?

13. Бо кадом мисол мо фаҳмонда метавонем, ки Худо аз Исо бузургтар аст?

13 Хуб мебуд, ки ҳангоми чизеро фаҳмондан аз мисолҳои оддӣ истифода барем. Масалан, ҳангоми фаҳмондани он ки мавқеи Худо аз Исо баландтар аст, чунин тарзро ба кор бурдан мумкин аст. Метавон қайд кард, ки ҳам Худо ва ҳам Исо дар мавриди тасвир кардани муносибати байни худ муносибатҳои оилавиро истифода бурдаанд. Худо ба Исо чун ба Писараш ишора кардааст ва Исо дар бораи Худо чун Падар сухан рондааст (Луқ. 3:21, 22; Юҳ. 14:28). Сипас аз шунаванда пурсида метавонем: «Агар шумо мавқеи баробар доштани ду шахсро ба ман фаҳмонданӣ мешудед, аз аъзоёни оила киҳоро мисол меовардед?» Ӯ шояд ду бародарро ё ҳатто ду бародари дугоникро мисол орад. Он гоҳ мо метавонем гӯем, ки ин мисол хеле мувофиқ аст. Сипас чунин гуфтан мумкин аст: «Ману шумо барои фаҳмондани мавқеи ду шахси бо ҳам баробар ба осонӣ ин мисолро ба ёд оварда тавонистем. Агар Исо ва Худо бо ҳам баробар мебуданд, магар Исо, ки Устоди Бузург буд, аз ин мисол истифода бурда наметавонист? Вале ба ҷои ин, ӯ барои тасвир кардани мавқеи Худо ва худаш аз мисоли Падар ва Писар истифода бурд. Ӯ дар бораи Худо чун дар бораи Падари худ ҳарф мезад ва Худоро чун Шахсе, ки аз ӯ болотар ва бузургтар аст, тасвир менамуд».

14. Бо кадом мисол мо фаҳмонда метавонем, ки Худо одамонро барои дар дӯзах ҷазо додан ба дасти Иблис намесупорад?

14 Мисоли дигарро дида мебароем. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки Шайтон «сардори» дӯзах аст ва Худо одамони гунаҳкорро барои ҷазо додан ба дасти ӯ месупорад. Бо мисоле фаҳмондан мумкин аст, ки чаро чунин ақида бемантиқ аст. Хусусан агар шунаванда фарзанд дошта бошад, ин мисолро ба хубӣ фаҳмида метавонад. Мо метавонем мисолро чунин сар кунем: «Тасаввур кунед, ки фарзанди шумо хеле гапнодарою саркаш мешавад ва бисёр корҳои бад мекунад. Шумо он гоҳ чӣ тавр рафтор мекардед?» Эҳтимол ӯ мегӯяд, ки фарзандашро танбеҳ медиҳад ва шояд гаштаву баргашта мекӯшад, ки ӯро аз корҳои бад нигоҳ дорад (Мас. 22:15). Баъд метавонем аз волид пурсем: «Агар фарзандатон ҳеҷ ягон кӯмаку насиҳати шуморо қабул накунад ва корҳои бадашро давом додан гирад-чӣ?» Аксари волидон ҷавоб медиҳанд, ки онҳо дигар чора надоранд ва бояд ӯро ҷазо диҳанд. Сипас, мо метавонем пурсем: «Чӣ агар шумо фаҳмед, ки фарзандатон ба таъсироти як шахси золим афтода, аз ҳамин сабаб ин қадар саркашу гапнодаро шудааст?» Бешубҳа, падар ё модар аз ин шахс ба ғазаб меомад. Барои нишон додани мақсади мисоли овардашуда, мо метавонем аз волид пурсем: «Ба фарзандатон таъсири бад расонидани он шахси золимро дониста истода, оё шумо аз ӯ хоҳиш мекардед, ки ба шумо дар ҷазо додани фарзандатон кӯмак кунад?» Албатта ҷавоби ӯ «не» хоҳад буд. Пас, равшан аст, ки Худо одамони бадро барои ҷазо додан ба дасти Шайтон намесупорад. Охир, онҳо зери таъсири худи Иблис чунин корҳои бад мекунанд!

НАЗАРИ БОМУВОЗИНАТРО НИГОҲ ДОРЕД

15, 16. a) Чаро мо набояд интизор шавем, ки ҳар як одам хушхабари Салтанатро қабул хоҳад кард? б) Оё барои дар хизмат муваффақ шудан, қобилиятҳои махсус доштан ҳатмӣ аст? Фаҳмонед. (Инчунин ба чорчӯбаи «Рубрикаи ёрирасон барои хизмат» нигаред.)

15 Мо мефаҳмем, ки на ҳамаи одамоне, ки мо ба онҳо мавъиза мекунем, хабари Салтанатро қабул хоҳанд кард (Мат. 10:11–14). Ҳатто агар мо саволҳои комилан дурустро истифода барем, бо онҳо ба таври беҳтарин мулоҳиза ронем ва мисолҳои зӯрро истифода барем ҳам, дили ҳамаро ба даст оварда наметавонем. Ҳатто таълимоти Исоро, бо вуҷуди он ки ӯ Устоди бузургтарини ҳар давру замон буд, шумораи нисбатан ками одамон қабул мекарданд (Юҳ. 6:66; 7:45–48).

16 Чӣ бояд кард, агар мо қобилиятҳои махсус надошта бошем? Ҳатто дар чунин ҳолат ҳам мо метавонем дар хизмат муваффақият ба даст орем. (Аъмол 4:13-ро бихонед.) Каломи Худо моро боварӣ мебахшад, ки ҳамаи онҳое, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ моиланд, хушхабарро қабул хоҳанд кард (Аъм. 13:48). Аз ин рӯ, биёед бомувозинат бошем. Яъне, аз як тараф, мо бояд барои беҳтар кардани қобилиятҳои худ кӯшиш кунем, вале ҳамзамон агар касоне, ки ба онҳо мавъиза мекунем, хушхабарро қабул накунанд, мо набояд аз ин рӯҳафтода шавем. Биёед аз таълиме, ки Яҳува пешкаш мекунад, пурра истифода барем, зеро он ҳам барои мо ва ҳам барои шунавандагонамон манфиат меорад (1 Тим. 4:16). Яҳува ба мо барои «ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб» додан кӯмак хоҳад кард. Яке аз роҳҳои ба даст овардани муваффақият дар хизмат ин риояи қоидае мебошад, ки бисёр вақт онро Қоидаи тиллоӣ меноманд. Ин мавзӯъро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард.

^ сарх. 6 Ба мақолаи «Оё шахси атеист ба Офаридгор бовар карда метавонад?» («Бурҷи дидбонӣ» рус. аз 1 октябри с. 2009 нигаред).