Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз никоҳи Барра хурсандӣ кунед!

Аз никоҳи Барра хурсандӣ кунед!

«Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем... зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст» (ВАҲЙ 19:7).

1, 2. а) Никоҳи кӣ сабаби хурсандии бузург дар осмон хоҳад гашт? б) Кадом саволҳо ба миён меоянд?

БАРОИ ба ягон тӯй тайёрӣ дидан ҳамеша вақт лозим аст. Вале мо ҳоло диққатамонро ба тӯи махсус — тӯи шоҳона равона мекунем. Танҳо тасаввур кунед! Ба ин тӯй қариб 2000 сол боз тайёрӣ дида шуда истодааст. Ҳоло он вақт босуръат наздик меояд, ки домод бо арӯси худ якҷоя шавад. Ба қарибӣ тамоми қасри Подшоҳро мусиқии хурсандиоваре фаро хоҳад гирифт ва фариштаҳо хоҳанд сароид: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст. Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст» (Ваҳй 19:6, 7).

2 «Барра»-е, ки никоҳаш дар осмон сабаби хурсандӣ хоҳад буд, Исои Масеҳ аст (Юҳ. 1:29). Ӯ дар ин тӯй чӣ гуна либос мепӯшад? Арӯси ӯ кист? Чӣ тавр арӯс барои никоҳ тайёр карда мешавад? Тӯи онҳо кай баргузор мегардад? Ин никоҳ дар осмон сабаби хурсандӣ хоҳад гашт, вале оё онҳое, ки умеди дар замин ҷовидона зистанро доранд, ба ин хурсандӣ ҳамроҳ мешаванд? Биёед, муҳокимаи шавқовари Забур 44-ро давом дода, ҳамзамон ба саволҳои дар боло овардашуда ҷавоб ёбем.

ЛИБОСИ Ӯ ХУШБӮСТ

3, 4. a) Дар бораи либоси тӯёнаи Домод чӣ гуфта шудааст ва чӣ хурсандии ӯро зиёд мегардонад? б) «Духтарони подшоҳон» киҳоянд ва «малика», ки ба хурсандии Домод шарик мешавад, чиро тасвир мекунад?

3 Забур 44:9, 10-ро бихонед. Домод, Исои Масеҳ, либосҳои тӯёнаи шоҳонаи худро дар бар мекунад. Аз либоси ӯ бӯи хуши «атриёти беҳтарин» меояд, ки ба бӯи мурру дорчин монанд аст. Мур ва дорчин, ки асосашон гиёҳҳои хушбӯ мебошанд, дар Исроил ба таркиби равғани муқаддаси тадҳинкунанда ҳамроҳ карда мешуданд (Хур. 30:23–25).

4 Домод аз наздик шуда истодани никоҳи худ хурсанд аст. Ва мусиқии осмоние, ки қасри ӯро пур кардааст, шодии ӯро зиёдтар мегардонад. Ба хурсандии ӯ «малика», яъне қисми осмонии ташкилоти Худо шарик мешавад. Ба он фариштагони муқаддас, ки дар Забур 44:10 чун «духтарони подшоҳон» тасвир ёфтаанд, дохил мешаванд. Чӣ ҳаяҷоновар аст шунидани овозҳои лашкари осмонӣ, ки эълон мекунанд: «Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем... зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст»!

АРӮС БАРОИ НИКОҲ ТАЙЁР КАРДА МЕШАВАД

5. «Завҷаи Барра» кист?

5 Забур 44:11, 12-ро бихонед. Мо кӣ будани Домодро фаҳмидем, вале арӯси ӯ кист? «Арӯс» як шахс набуда, балки аъзоёни муайяни ҷамъомадро тасвир мекунад, ки сарвараш Исои Масеҳ мебошад. (Эфсӯсиён 5:23, 24-ро бихонед.) Онҳо қисми Салтанати Масеҳоӣ хоҳанд гашт (Луқ. 12:32). Ин 144000 нафар масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда мебошанд, ки «ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд» (Ваҳй 14:1–4). Онҳо «завҷаи Барра» мегарданд ва бо ӯ дар иқоматгоҳи осмониаш сокин мешаванд (Ваҳй 21:9; Юҳ. 14:2, 3).

6. Чаро тадҳиншудагон «духтари Подшоҳ» номида шудаанд ва чаро онҳо даъват мешаванд, ки «қавми худ»-ро фаромӯш кунанд?

6 Дар Забур 44 ба арӯси оянда на танҳо «эй духтар» гӯён муроҷиат карда шудааст. Забурнавис ӯро ҳамчунин «духтари Подшоҳ» меномад (Заб. 44:14). Дар ин ҷо «Подшоҳ» гуфта, Яҳува дар назар дошта шудааст, зеро масеҳиёни тадҳиншуда чун «фарзандон»-и Ӯ қабул гаштаанд (Рум. 8:15–17). Азбаски тадҳиншудагон «арӯс»-и осмонӣ мегарданд, ба онҳо гуфта мешавад, ки «қавми худ ва хонаи падар»-и худро фаромӯш кунанд. Онҳо бояд «дар бораи он чи дар афроз аст», фикр кунанд, на дар бораи он чи бар замин аст (Қӯл. 3:1–4).

7. а) Чӣ тавр Масеҳ арӯси ояндаашро тайёр мекунад? б) Арӯс ба шавҳари ояндаи худ чӣ гуна муносибат мекунад?

7 Масеҳ дар давоми асрҳо арӯси ояндаи худро барои никоҳи осмонӣ тайёр карда истодааст. Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд, ки Масеҳ ба ҷамъомад «муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, то ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, ва ба ҳузури Худ... [ҷамъомадро] дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад» (Эфс. 5:25–27). Павлус ба масеҳиёни тадҳиншудаи Қӯринти қадим гуфт: «Ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям» (2 Қӯр. 11:2). Домод Исои Масеҳ иштиёқманди ҳусну «ҷамоли» рӯҳонии арӯси ояндааш аст. Ва арӯс ӯро чун оғои худ эътироф мекунад ва чун ба шавҳари ояндааш таъзим менамояд.

АРӮС «НАЗДИ ПОДШОҲ БУРДА МЕШАВАД»

8. Чаро арӯсро бо «тамоми ҷалол» оросташуда тасвир кардан бамаврид аст?

8 Забур 44:14, 15а-ро бихонед. Арӯс барои никоҳи шоҳона бо «тамоми ҷалол» тасвир карда шудааст. Дар Ваҳй 21:2 ин арӯс ба шаҳре монанд карда шудааст, ки Ерусалими нав ном дорад ва «барои шавҳараш зинат ёфтааст». Ин шаҳри осмонӣ «ҷалоли Худоро» дорад ва мисли «санги бағоят гаронбаҳо... мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф» аст, медурахшад (Ваҳй 21:10, 11). Дурахшидани Ерусалими нав дар китоби Ваҳй хеле зебо тасвир ёфтааст (Ваҳй 21:18–21). Хеле бамаврид аст, ки забурнавис арӯсро «бо тамоми ҷалол» тасвир мекунад! Охир, ин никоҳи оддӣ нест, балки никоҳи шоҳона аст, ки дар осмон баргузор мегардад.

9. «Подшоҳ»-е, ки арӯс назди ӯ бурда мешавад, кист ва арӯс чӣ гуна либос пӯшидааст?

9 Шахсе, ки арӯс ба наздаш бурда мешавад, Домод — Подшоҳи Масеҳоӣ аст. Масеҳ арӯси худро «ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис» намудааст ва ӯ «муқаддас ва беайб» мебошад (Эфс. 5:26, 27). Арӯс низ бояд ба маросими тӯй мувофиқ либос пӯшад. Ва ӯ чунин либосро дар бар кардааст! Бале, «либоси вай бо тилло мурассаъ [ороста] аст» ва «дар либоси пурнигор вай назди Подшоҳ бурда мешавад». Барои никоҳ бо Барра «ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст» (Ваҳй 19:8).

«НИКОҲИ БАРРА ФАРО РАСИДААСТ»

10. Никоҳи Барра кай баргузор мегардад?

10 Ваҳй 19:7-ро бихонед. Никоҳи Барра кай баргузор мегардад? Дар ин оят мо мехонем, ки «завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст». Вале дар оятҳои поёни ин боб оиди баргузор шудани никоҳ сухан намеравад. Аниқтараш, ин ҷо марҳилаи охирини мусибати бузург тасвир ёфтааст (Ваҳй 19:11–21). Оё ин маънои онро дорад, ки пеш аз пурра анҷом додани ғалабаи худ Исо аллакай бо арӯсаш издивоҷ мекунад? Не. Воқеаҳои дар китоби Ваҳй пешгӯишуда аз рӯи тартиби ба амал омаданашон навишта нашудаанд. Дар Забур 44 Подшоҳ Исои Масеҳ аввал шамшерашро ба миён баста, бар душманонаш ғолиб меояд ва сипас никоҳи шоҳона баргузор мегардад (Заб. 44:3, 4).

11. Бо кадом тартиб Масеҳ ғалабаи худро ба охир мерасонад?

11 Аз ин рӯ, мо метавонем чунин хулоса барорем, ки воқеаҳо бо тартиби зерин ба вуқӯъ хоҳанд омад: якум, Исо ҳукми бар Бобили бузург, империяи ҷаҳонии дини дурӯғ баровардаи Худоро ба ҷо меорад ва «фоҳишаи бузург» нест карда мешавад (Ваҳй 17:1, 5, 16, 17; 19:1, 2). Баъд, дар Ҳармиҷидӯн, дар «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ», Масеҳ боқимондаи тартиботи шариронаи Шайтонро аз замин нест мекунад (Ваҳй 16:14–16; 19:19–21). Дар охир, Подшоҳи Масеҳоӣ Шайтон ва девҳои ӯро ба варта андохта, ғалабаи пурра ба даст меорад. Иблис ва девҳо дар ҳолати ба марг монанд қарор мегиранд ва ҳеҷ кор карда наметавонанд (Ваҳй 20:1–3).

12, 13. а) Никоҳи Барра кай баргузор мегардад? б) Дар осмон аз никоҳи Барра киҳо хурсандӣ хоҳанд кард?

12 Вақте ки масеҳиёни тадҳиншуда дар давоми ҳузури Масеҳ, ҳаёти заминии худро ба охир мерасонанд, онҳо ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. Чанде пас аз нобудшавии Бобили бузург, Исо тамоми аъзоёни боқимондаи синфи арӯсро назди худ ҷамъ хоҳад овард (1 Тас. 4:16, 17). Аз ин рӯ, пеш аз сар шудани ҷанги Ҳармиҷидӯн, ҳамаи аъзоёни синфи «арӯс» дар осмон хоҳанд буд. Баъди он ҷанг никоҳи Барра баргузор мегардад. Чӣ рӯйдоди хурсандиоваре мегардад он! Дар Ваҳй 19:9 гуфта шудааст: «Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд». 144 000 аъзоёни синфи арӯс ҳақиқатан хушбахт хоҳанд буд. Ва Домод, ки ҳамчунин Подшоҳ аст, аз ҷамъ овардани шумораи пурраи тадҳиншудагон, ки дар Салтанаташ ба маънои рамзӣ бо ӯ мехӯранд ва менӯшанд, хеле шод хоҳад буд (Луқ. 22:18, 28–30). Лекин аз никоҳи Барра на фақат Домод ва арӯси ӯ хурсандӣ мекунанд.

13 Чӣ тавре ки пештар қайд кардем, фариштаҳо дар ягонагӣ чунин месароянд: «Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро [Яҳуваро] ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст» (Ваҳй 19:6, 7). Вале дар бораи ходимони заминии Яҳува чӣ гуфтан мумкин? Оё онҳо низ ба он шодмонӣ шарик мешаванд?

ОНҲО «БО ШОДӢ ВА ХУРСАНДӢ БУРДА МЕШАВАНД»

14. Дугонаҳои «бокира»-и арӯс, ки дар Забур 44 оиди онҳо гуфта шудааст, киҳоянд?

14 Забур 44:13, 15б, 16-ро бихонед. Закарё-пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки дар айёми охир одамон аз дигар халқҳо бо миннатдорӣ ба бақияи Исроили рӯҳонӣ ҳамроҳ мешаванд. Ӯ навишт: «Дар он айём даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: “Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост”» (Зак. 8:23). Ин «даҳ нафар» мардони рамзӣ дар Забур 44:13 чун «духтари Сӯр» ва «сарватдорони қавм» тасвир карда шудаанд. Онҳо бо ҳадияҳо ба назди бақияи тадҳиншудагон омада, онҳоро дастгирӣ мекунанд ва барои хизмат ба Яҳува кӯмаки рӯҳонӣ мепурсанд. Аз соли 1935 инҷониб, тадҳиншудагон миллионҳо одамонро «ба адолат ҳидоят намудаанд» (Дон. 12:3). Ин «даҳ нафар» ҳамроҳони содиқи тадҳиншудагон мебошанд ва худро аз ҳар намуди ибодати дурӯғ пок месозанд. Ана барои чӣ онҳо «бокираҳо» номида шудаанд. Ин дугонаҳои «бокира»-и арӯс ҳаёташонро ба Яҳува бахшидаанд ва худро тобеони вафодори Подшоҳ, ки инчунин Домод аст, нишон медиҳанд.

15. Чӣ тавр дугонаҳои «бокира»-и арӯс бо аъзоёни боқимондаи ӯ ҳамкорӣ мекунанд?

15 Бақияи синфи арӯс аз дугонаҳои «бокира»-и худ бахусус аз он сабаб миннатдоранд, ки онҳо барои «дар тамоми олам мавъиза» кардани хушхабари Салтанат ба онҳо ёрӣ медиҳанд (Мат. 24:14). На танҳо «Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!”», балки «ҳар кӣ мешунавад» мегӯяд «Биё!» (Ваҳй 22:17). Бале, «гӯсфандони дигар» мебинанд, ки синфи арӯс ба сокинони замин «Биё!» мегӯянд ва онҳо низ дар ин кор ба онҳо шарик мешаванд (Юҳ. 10:16).

16. Яҳува ба гӯсфандони дигар чӣ гуна имконият медиҳад?

16 Бақияи тадҳиншудагон ҳамроҳони худ, «гӯсфандони дигар»-ро дӯст медоранд. Онҳо хурсанданд, ки Падари Домод, Яҳува, ба онҳо имконият медиҳад, ки ба хурсандие, ки дар осмон доир ба никоҳи Барра рӯй медиҳад, ҳамроҳ шаванд. Дар пешгӯӣ гуфта шудааст, ки ин «бокира»-ҳо «бо шодӣ ва хурсандӣ бурда мешаванд». Бале, гӯсфандони дигар, ки умеди дар замин ҷовидона зистанро доранд, ба хурсандие, ки дар вақти никоҳи Барра тамоми оламро фаро мегирад, шарик хоҳанд шуд. Барои ҳамин, китоби Ваҳй аъзоёни «анбӯҳи бузург»-ро чун онҳое, ки «дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд», тасвир мекунад. Онҳо дар саҳни заминии маъбади рӯҳонии Яҳува хизмати муқаддаси худро ба ҷо меоранд (Ваҳй 7:9, 15).

Никоҳи Барра ба дугонаҳои «бокира»-и арӯс хурсандӣ меорад (Ба сархати 16 нигаред)

«ДАР ИВАЗИ ПАДАРОНАТ ПИСАРОНАТ ХОҲАНД БУД»

17, 18. Никоҳи Барра чӣ натиҷаҳои нек меорад ва Масеҳ дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи худ ба киҳо падар мегардад?

17 Забур 44:17-ро бихонед. Дугонаҳои «бокира»-и арӯси осмонии Масеҳ аз дидани он ки никоҳи Барра дар дунёи нав чӣ натиҷаҳо меорад, хурсандии бештар ҳис хоҳанд кард. Он гоҳ Исо диққати худро ба замин равона карда, «падарон»-и заминиашро ба ҳаёт эҳё хоҳад кард ва аз ин рӯ, онҳо «писарон»-и заминии ӯ мегарданд (Юҳ. 5:25–29; Ибр. 11:35). Ӯ аз байни онҳо «дар тамоми замин» мирон таъин мекунад. Шубҳае нест, ки Масеҳ дар дунёи нав аз ҷумлаи пирони содиқи имрӯза низ мирону ҳокимонро таъин хоҳад кард (Иш. 32:1).

18 Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи худ, Масеҳ ба дигарон низ падар мегардад. Дар асл, ҳамаи сокиноне, ки ҳаёти ҷовидонаро мерос мегиранд, онро ба туфайли имон ба қурбонии фидияи Исо соҳиб мешаванд (Юҳ. 3:16). Ҳамин тавр, ӯ барои онҳо «Падари ҷовид» мегардад (Иш. 9:6, 7).

НОМИ ӮРО ТО АБАД ЗИКР ХОҲАНД КАРД

19, 20. Воқеаҳои ҳаяҷонбахше, ки дар Забур 44 навишта шудаанд, ба тамоми масеҳиёни имрӯза чӣ тавр таъсир мекунанд?

19 Забур 44:2, 18-ро бихонед. Дар ҳақиқат, воқеаҳои дар Забур 44 навишташуда ба ҳаёти тамоми масеҳиён таъсир мекунанд. Тадҳиншудагоне, ки дар замин боқӣ мондаанд, бо шодмонӣ интизоранд, ки ба қарибӣ бо бародарон ва Домоди худ бипайванданд. Гӯсфандони дигар барангехта мешаванд, ки ба Подшоҳи пурҷалоли худ боз ҳам бештар итоат кунанд ва барои имконияти ҳамкорӣ бо бақияи аъзоёни арӯс миннатдор бошанд. Баъди никоҳи Барра, Масеҳ ва ҳамроҳонаш ба сокинони замин баракатҳои беохир хоҳанд рехт (Ваҳй 7:17; 21:1–4).

20 Модоме ки дар пеш моро иҷрошавии воқеаҳои олиҷаноби бо Подшоҳи Масеҳоӣ алоқаманд интизоранд, магар диламон моро барнамеангезад, ки номи ӯро «зикр» кунем? Биёед, дар байни онҳое бошем, ки номи Подшоҳро «то абад» ҳамд хоҳанд гуфт!