БА ХУДО НАЗДИК ШАВЕД
«Инак, ҳама чизро нав месозам»
Оё шумо мехостед, ки худатон ва аҳли оилаатон саломатии хуб ва умри дароз дошта бошед? Оё шумо ташнаи он ҳастед, ки дар дунёе, ки дард, азоб ва марг дигар нахоҳанд буд, зиндагӣ кунед? Чунин дунё орзую хаёли хом нест. Баръакс, дунёи нави одилона ба қарибӣ воқеӣ мегардад, зеро ин нияти Яҳува Худо аст. Аҳамият диҳед, ки иҷрошавии ин ният дар Ваҳй 21:3–5 чӣ гуна тасвир шудааст. (Оятро бихонед.)
«Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард» (Ваҳй 21:4). Кадом ашкҳоро Ӯ пок хоҳад кард? Ин ҷо ашкҳои шодӣ ва оби чашмон, ки дидагонро тоза мекунад, дар назар дошта нашудааст. Балки ашкҳое, ки Худо пок мекунад, ин ашкҳое мебошанд, ки аз боиси ғаму дард рехта мешаванд. Худо на танҳо чунин ашкҳоро хушк мегардонад, балки сабаби онҳо — ранҷу азобро пурра бартараф менамояд.
«Мамот [марг] дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4). Марг чун душман сабабгори асосии ашки одамон мебошад. Чӣ метавонад аз марг дида ашки бештаре орад? Яҳува инсонияти итоаткорро аз банди марг наҷот хоҳад дод. Чӣ тавр? Бо нест кардани сабабгори аслии марг, яъне гуноҳи аз Одам меросгирифта (Рум. 5:12). Яҳува дар асоси фидияи Исо одамони итоаткорро ба комилият мерасонад *. Сипас душмани охирин, марг, «маҳв карда хоҳад шуд» (1 Қӯр. 15:26). Одамони ба Худо содиқ, чӣ хеле ки Худо ният карда буд, метавонанд саломатии комил дошта, абадӣ зиндагӣ кунанд.
«Дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4). Кадом дардҳо дигар нахоҳанд буд? — Тамоми дардҳои ҷисмонӣ, эмотсионалӣ ва бемориҳои асаб, ки оқибати гуноҳ ва нокомилӣ мебошанду ҳаёти миллионҳо одамонро талх мегардонанд.
Ҳаёте, ки дар он ашк, дард ва марг нахоҳад буд, ба наздикӣ воқеӣ мегардад. Вале шояд шумо савол диҳед: «Ин дар куҷо мешавад? Шояд Худо ният дорад, ки чунин ҳаётро дар осмон барпо кунад?» Не. Биёед бубинем, ки чаро. Якум, аҳамият диҳед, ки он ваъдаи Худо бо чӣ гуна суханон сар мешавад. Мо мехонем, ки «хаймаи Худо бо одамон» хоҳад буд, одамон бошанд, дар замин зиндагӣ мекунанд (Ваҳй 21:3). Дуюм, он ваъда дунёеро тасвир мекунад, ки он ҷо «мамот дигар нахоҳад буд» — дунёеро, ки марг дар он як вақтҳо вуҷуд дошт, вале хотима хоҳад ёфт. Дар осмон ҳеҷ гоҳ марг набуд, лекин дар рӯи замин бошад, он муддати дароз инҷониб вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, аён аст, ки ваъдаи Худо оиди ҳаёти хушбахтона маҳз дар ин ҷо, дар замин, амалӣ хоҳад гашт.
Худо дарёи ашкро, ки имрӯз аз боиси ранҷу азобҳои одамон ҷорист, хушк мегардонад
Яҳува мехоҳад, ки мо ба ваъдаи Ӯ оиди дунёи нави одилона бовар кунем. Дарҳол баъди тасвир намудани баракатҳои дар пеш истода Ӯ ҳақ будани ваъдаи худро бо суханони зерин тасдиқ кард: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Сипас, Ӯ илова намуд: «Ин суханон ҳақ асту рост» (Ваҳй 21:5). Ваъдаи додаи Худо ба таври олиҷаноб амалӣ хоҳад гашт ва ходимони Ӯ инро хоҳанд дид. Оё шумо мехостед зиёдтар фаҳмед, ки чӣ тавр шумо ва наздиконатон дар байни он касони хушбахт буда метавонед?
АЗ Китоби Муқаддас бобҳои зеринро бихонед
1 Петрус 1–5; 2 Петрус 1–3; 1 Юҳанно 1–5; 2 Юҳанно 1–13; 3 Юҳанно 1–14; Яҳудо 1–25—Ваҳй 22
^ сарх. 5 Барои оиди қурбонии фидияи Масеҳ зиёдтар фаҳмидан, ба боби 5-уми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст, нигаред.