Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Он ғуломи мӯътамад ва доно кист?»

«Он ғуломи мӯътамад ва доно кист?»

«Он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони [«аҳли хонаводаи», ТДН] худ таъин карда бошад?» (МАТ. 24:45).

1, 2. Ба воситаи кӣ Исо имрӯз моро ғизо дода истодааст ва чаро муайян намудани ин восита ба мо зарур аст?

 «БАРОДАРОН, ман ҳисоб карда наметавонам, ки чанд бор шумо бароям мақолаҳоеро дастрас намудаед, ки дар онҳо маҳз чизи ба ман лозима навишта шуда буданд. Ва онҳо айнан дар вақти лозима ба дасти ман мерасиданд». Ин суханони миннатдории хоҳаре мебошанд, ки ба бародароне, ки дар идораи марказӣ кор мекунанд, навишта буд. Оё вазъияти хоҳар ба шумо шинос аст? Бале, бо бисёрии мо чунин шудааст. Магар мо аз ин ба ҳайрат меоем? Албатта не.

2 Хӯроки рӯҳоние, ки мо саривақт мегирем, исбот мекунад, ки Исо чун Сарвари ҷамъомад ваъдаи худро оиди моро бо ғизо таъмин кардан иҷро намуда истодааст. Ба воситаи кӣ ӯ ин корро карда истодааст? Дар вақти номбар кардани аломати ҳузур доштани худ, Исо гуфт, ки ӯ «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро истифода хоҳад бурд, то ба «аҳли хонавода»-аш «дар сари вақт хӯрок диҳад» *. (Матто 24:45–47-ро бихонед.) Он ғуломи мӯътамад ҳамон воситаест, ки Исо дар ин рӯзҳои охир барои ғизо додани мо истифода мебарад. Муайян намудани ғуломи мӯътамад барои мо хеле зарур аст, чунки саломатии рӯҳонии мо ва муносибати бо Худо доштаамон аз ин восита вобаста аст (Мат. 4:4; Юҳ. 17:3).

3. Пеш дар адабиётҳои мо дар бораи ғуломи мӯътамад чӣ гуфта мешуд?

3 Пас, пешгӯии Исоро дар бораи ғуломи мӯътамад мо бояд чӣ гуна фаҳмем? Пеш, дар адабиётҳои мо ин пешгӯӣ ба таври зерин фаҳмонда мешуд: Исо дар Пантикости соли 33-юми эраи мо ғуломи мӯътамадро бар аҳли хонаводааш таъин намудааст. Ва аз он вақт сар карда, ҳамаи тадҳиншудагоне, ки дар ҳар вақти дилхоҳ дар замин зиндагӣ мекунанд, дар якҷоягӣ он ғуломро тасвир мекунанд. Ва аҳли хонавода низ ҳамон тадҳиншудагонанд, вале дар ин маврид нақши онҳо дар алоҳидагӣ қайд мешавад. Мо чунин мефаҳмидем, ки соли 1919, Исо ғуломи мӯътамадро «бар тамоми дороии худ» — бар ҳамаи чизҳое, ки дар замин бо Салтанат алоқаманданд, таъин намудааст. Вале ба туфайли омӯзиши чуқур, дуо ва мулоҳиза аён шуд, ки фаҳмиши мо дар бораи ғуломи мӯътамад ва доно бояд аниқтар гардад (Мас. 4:18). Биёед, ин пешгӯиро дида бароем ва бубинем, ки он ба мо, новобаста аз он ки умеди осмонӣ дорем ё заминӣ, чӣ дахл дорад.

ВАҚТИ ИҶРОШАВИИ ИН ПЕШГӮӢ

4–6. Чаро мо метавонем хулоса барорем, ки пешгӯии Исо дар бораи ғуломи мӯътамад танҳо баъди соли 1914 ба иҷрошавӣ сар кард?

4 Контексти пешгӯӣ оиди ғуломи мӯътамад ва доно нишон медиҳад, ки ин пешгӯӣ на дар Пантикости соли 33-юми эраи мо, балки дар ин айёми охир ба иҷрошавӣ сар кардааст. Биёед дуруст будани ин хулосаро аз рӯи Навиштаҳо дида бароем.

5 Масал оиди ғуломи мӯътамад қисми пешгӯиест, ки Исо дар бораи «аломати ҳузури»-и худ ва «охирзамон» гуфта буд (Мат. 24:3, ТДН). Қисми якуми ин пешгӯӣ, ки дар Матто 24:4–22 навишта шудааст, ду вақти иҷрошавӣ дорад. Якум бор, он дар асри як, аз соли 33 то 70-ум иҷро шуд ва бори дуюм, он бояд дар миқёси бузургтар, дар рӯзҳои мо, иҷро шавад. Оё ин маънои онро дорад, ки суханони Исо оиди ғуломи мӯътамад низ ду иҷрошавӣ дорад? Не.

6 Аз суханони Матто 24:29 сар карда, Исо диққати асосиро ба воқеаҳое, ки дар рӯзҳои мо бояд рӯй диҳанд, равона кард. (Матто 24:30, 42, 44-ро бихонед.) Дар бораи он ки дар вақти мусибати бузург чӣ воқеаҳо рӯй медиҳанд сухан ронда ӯ гуфт, ки одамон «Писари Одамро [ме]бинанд, ки... бар абрҳо меояд». Баъд, ӯ онҳоеро, ки дар давоми рӯзҳои охир зиндагӣ мекунанд, ба ҳушёр будан даъват карда гуфт, ки «намедонед, ки Худованди [«Оғои», ТДН] шумо дар кадом соат меояд» ва ҳамчунин илова намуд: «Дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» *. Исо маҳз дар ин контекст, яъне ҳангоми дар бораи воқеаҳои рӯзҳои охир сухан ронданаш, оиди ғуломи мӯътамад пешгӯӣ кард. Барои ҳамин, мо метавонем хулоса барорем, ки суханони ӯ дар бораи ғуломи мӯътамад, танҳо баъди соли 1914, бо оғоз ёфтани рӯзҳои охир, ба иҷрошавӣ сар карданд. Чаро чунин хулоса баровардан мумкин аст?

7. Дар саршавии мавсими дарав чӣ гуна саволи муҳим пайдо шуд ва чаро?

7 Лаҳзае дар бораи саволи зерин фикр кунед: «Он ғуломи мӯътамад ва доно кист?» Дар асри як ҳоҷат набуд, ки чунин савол пайдо шавад. Чунки чӣ хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ҳаввориён метавонистанд мӯъҷизаҳо ба амал оранд ва ҳатто бо гузоштани дастҳояшон атоҳои мӯъҷизавии рӯҳулқудсро ба дигарон диҳанд. Ва ҳамаи ин нишон медод, ки Худо онҳоро дастгирӣ мекунад (Аъм. 5:12). Аз ин рӯ, дар ҳеҷ кас савол пайдо намешуд, ки Масеҳ киро барои роҳбарӣ кардани ҷамъомад таъин кардааст. Аммо, соли 1914 вазъият дигар хел буд. Дар он сол мавсими дарав сар шуд. Вақти он расида буд, ки мастакҳо аз гандум ҷудо карда шаванд (Мат. 13:36–43). Бо саршавии мавсими дарав чунин саволи муҳиме ба миён омад: Азбаски шумораи масеҳиёни бардурӯғ, ки худро пайравони ҳақиқии Исо меномиданд, бисёр буд, чӣ тавр гандумро, яъне масеҳиёни тадҳиншударо фарқ кардан мумкин буд? Масали Исо оиди ғуломи мӯътамад ба ин савол ҷавоб медод. Пайравони тадҳиншудаи Масеҳро аз рӯи ҳолати хуби рӯҳониашон муайян кардан мумкин буд, зеро онҳо мунтазам ғизои рӯҳониро қабул мекарданд.

ҒУЛОМИ МӮЪТАМАД ВА ДОНО КИСТ?

8. Чаро дуруст аст, ки ғуломи мӯътамад аз масеҳиёни тадҳиншуда иборат аст?

8 Ғуломи мӯътамад ва доно бояд аз масеҳиёни тадҳиншуда иборат бошад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Тадҳиншудагон дар Китоби Муқаддас «каҳонати шоҳона» номида шудаанд. Ин ибора ба он ишора мекунад, ки онҳо коҳинони Худо мебошанд. Ва Яҳува онҳоро «аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст», то хусусиятҳои олии Ӯро ба дигарон нақл кунанд (1 Пет. 2:9). Аз ин рӯ, дуруст аст, ки онҳо чун коҳинон ҳақиқати Китоби Муқаддасро ба ҳамимонон таълим медиҳанд (Мал. 2:7; Ваҳй 12:17).

9. Оё ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда ғуломи мӯътамадро ташкил медиҳанд? Фаҳмонед.

9 Оё ҳамаи тадҳиншудагоне, ки дар замин ҳастанд, ғуломи мӯътамадро ташкил медиҳанд? Не. Дар асл, на ҳамаи тадҳиншудагон дар тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ ба тамоми бародарият, иштирок мекунанд. Дар байни гандум, бародарони тадҳиншудае ҳастанд, ки шояд дар ҷамъомадҳои маҳаллии худ чун ходимони ёвар ё пирон хизмат мекунанд. Онҳо дар мавъизаи хона ба хона ва дар ҷамъомадҳои худ таълим медиҳанд ва роҳнамоиеро, ки аз идораи марказӣ дода мешавад, содиқона дастгирӣ мекунанд. Вале онҳо дар тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ ба тамоми бародарият, иштирок намекунанд. Ҳамчунин дар байни тадҳиншудагон хоҳарони фурӯтан ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ намекӯшанд, ки дар ҷамъомад таълим диҳанд (1 Қӯр. 11:3; 14:34).

10. Ғуломи мӯътамад ва доно кист?

10 Пас, ғуломи мӯътамад ва доно кист? Ба ёд оред, ки чӣ тавр Исо касони бисёрро ба воситаи касони кам ғизо дода буд. Ба ҳамин монанд, ғуломи мӯътамад аз гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншуда иборат аст, ки онҳо дар айёми ҳузури Масеҳ бевосита бо тайёр ва тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ машғуланд. Дар давоми тамоми айёми охир, он бародарони тадҳиншуда, ки ғуломи мӯътамадро ташкил медиҳанд, якҷоя дар идораи марказӣ хизмат мекунанд. Тӯли даҳсолаҳои охир, он ғулом Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳуваро ташкил медиҳад. Вале аҳамият диҳед, ки Исо дар масали худ калимаи «ғулом»-ро дар шакли танҳо́ истифода бурдааст. Ин нишон медиҳад, ки гурӯҳи масеҳиёни тадҳиншуда дар якҷоягӣ он «ғулом»-ро ташкил медиҳанд. Ҳайати роҳбарикунанда ҳамаи қарорҳояшонро якҷоя қабул мекунанд.

АҲЛИ ХОНАВОДА КИСТАНД?

11, 12. а) Кадом ду таъинот ба ғуломи мӯътамад ва доно дода мешавад? б) Кай Исо ғуломи мӯътамадро бар аҳли хонаводаи худ таъин намуд ва киро ӯ интихоб кард?

11 Ҷолиби диққат аст, ки дар масали Исо ба ғуломи мӯътамад ва доно ду таъиноти гуногун дода мешавад. Якум, онҳо бар аҳли хонавода таъин карда мешаванд ва дуюм, бар тамоми дороии оғо. Азбаски ин масал танҳо дар айёми охирзамон иҷро шуда истодааст, ҳар ду таъинот ҳам бояд баъди подшоҳ шудани Исо, яъне баъди соли 1914 дода мешуд.

12 Кай Исо ғуломи мӯътамадро бар аҳли хонаводааш таъин кард? Барои ба ин савол ҷавоб додан, мо бояд фикран ба соли 1914 — ба вақти саршавии дарав баргардем. Чӣ хеле ки пештар мо фаҳмидем, он вақт гурӯҳҳое, ки худро масеҳӣ меномиданд, бисёр буданд. Аз кадом гурӯҳ Исо ғуломи мӯътамадро интихоб мекунад ва таъин менамояд? Ин масъала он вақт ҳалли худро ёфт, ки Исо ҳамроҳи Падараш аз соли 1914 то аввали соли 1919 маъбад, яъне сохтори рӯҳониро тафтиш намуд * (Мал. 3:1). Онҳо аз ёфтани шумораи хурди Тадқиқотчиёни содиқи Китоби Муқаддас шод гаштанд, чунки ин гурӯҳ нишон медоданд, ки дилашон бо Яҳува ва Каломи Ӯ аст. Албатта, онҳо аз баъзе ҷиҳатҳо ба тозашавӣ ниёз доштанд, вале онҳо дар ин муддати кӯтоҳи тафтишкунӣ ва тозакунӣ фурӯтанона ислоҳ шуданд (Мал. 3:2–4). Он Тадқиқотчиёни содиқи Китоби Муқаддас масеҳиёни ҳақиқии гандуммонанд буданд. Соли 1919 Исо аз байни онҳо бародарони тадҳиншудаи қобилиятнокро чун ғуломи мӯътамад ва доно интихоб кард ва онҳоро бар аҳли хонаводааш таъин намуд.

13. Киҳо ба қатори аҳли хонавода дохил мешаванд ва чаро?

13 Пас, аҳли хонавода кистанд? Агар оддӣ карда гӯем, ин касоне мебошанд, ки ғизои рӯҳониро мегиранд. Дар аввали охирзамон «хизматгорон», яъне аҳли хонавода ҳамаашон тадҳиншуда буданд. Сонитар, ба қатори аҳли хонавода анбӯҳи бузурги гӯсфандони дигар ҳамроҳ шуданд. Ҳоло бошад, дар «рама»-и Исо аксариятро гӯсфандони дигар ташкил медиҳанд (Юҳ. 10:16). Ҳар дуи ин гурӯҳ аз хӯроки рӯҳонии саривақтие, ки аз тарафи ғуломи мӯътамад тақсим карда мешавад, манфиат мегиранд. Аммо дар бораи аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда, ки ғуломи мӯътамад ва доноро ташкил медиҳанд, чӣ метавон гуфт? Он бародарон низ ба гирифтани ғизои рӯҳонӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, онҳо фурӯтанона дарк мекунанд, ки дар алоҳидагӣ онҳо низ ба қатори аҳли хонавода дохил мешаванд.

Хоҳ мо умеди осмонӣ дошта бошем, хоҳ умеди заминӣ, ҳамаи мо аҳли хонаводаем ва ба ғизои саривақтии рӯҳонӣ ниёз дорем

14. а) Ғуломи мӯътамад ба чӣ вазифадор карда шудааст ва ба ин чӣ дохил мешавад? б) Исо ба ғуломи мӯътамад ва доно чӣ гуна огоҳӣ дод? (Ба чорчӯбаи «Агар он ғулом бадкирдор бошад...» нигаред.)

14 Исо ба ӯҳдаи ғуломи мӯътамад ва доно масъулияти муҳимеро гузоштааст. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас, ин гуна ғулом ё гумоштаи боваринокро барои идора кардани хона таъин мекарданд (Луқ. 12:42). Ба ин монанд, ба ғуломи мӯътамад ва доно идора кардани тамоми чизҳое, ки дар замин ба Масеҳ тааллуқ дорад, супорида шудааст. Ба ин масъулият назорат кардани моликияти моддӣ, кори мавъиза, барномаи анҷуманҳо ва нашри адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта, ки мо дар хизмат, ҷамъомад ва омӯзиши шахсӣ истифода мебарем, дохил мешаванд. Аҳли хонавода ба ҳамаи ин чизҳои рӯҳоние, ки ғуломи мӯътамад фароҳам меорад, ниёз доранд.

КАЙ ОҒО ҒУЛОМРО БАР ТАМОМИ ДОРОИИ ХУД ТАЪИН МЕКУНАД?

15, 16. Кай Исо ғуломи мӯътамадро бар тамоми дороии худ таъин мекунад?

15 Кай Исо ба ғулом таъиноти дуюмро медиҳад, яъне «бар тамоми дороии худ» таъин мекунад? Исо гуфт: «Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард» (Мат. 24:46, 47). Аҳамият диҳед, ки Исо таъиноти дуюмро баъди он медиҳад, ки омада ғуломро «машғули ҳамин кор», яъне машғули содиқона тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ мебинад. Аз ин маълум мегардад, ки байни гирифтани ин ду таъинот бояд муддате гузарад. Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр ва кай Исо ғуломро бар тамоми дороии худ таъин мекунад, мо бояд ду чизро донем: ӯ кай меояд ва дороии ӯ чиро дар бар мегирад?

16 Исо кай меояд? Ҷавобро аз контексти суханони худи Исо фаҳмида метавонем. Ба хотир оред, ки дар оятҳои пешина, калимаи «омадан» ба оянда, яъне ба вақте ишора мекунанд, ки Исо омада ин тартиботро нест хоҳад кард * (Мат. 24:30, 42, 44). Аз ин рӯ, дар масал оиди ғуломи мӯътамад низ калимаи «омадан» ба замони оянда, яъне ба вақти дар мусибати бузург омадани Исо ишора менамояд.

17. Дороии Исо чиро дар бар мегирад?

17 «Тамоми дороии [Исо]» чиро дар бар мегирад? Калимаи «тамоми»-ро истифода бурда, Исо на танҳо ба чизҳои заминӣ ишора кард. Исо дар осмон низ ҳокимияти беҳамторо доро аст. «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст»,— гуфт ӯ (Мат. 28:18; Эфс. 1:20–23). Дороии Исо ҳоло Салтанати Масеҳоиро низ дар бар мегирад. Он аз соли 1914 ба ӯ тааллуқ дорад ва ӯ онро ба пайравони тадҳиншудааш низ медиҳад (Ваҳй 11:15).

18. Чаро Исо бо хурсандӣ ғуломи мӯътамадро бар тамоми дороиаш таъин хоҳад кард?

18 Дар асоси чизҳои дар боло гуфташуда, мо ба чӣ хулоса омада метавонем? Вақте ки Исо дар мусибати бузург барои доварӣ меояд, ӯ хоҳад дид, ки ғуломи мӯътамад содиқона аҳли хонаводаро бо ғизои саривақтии рӯҳонӣ таъмин карда истодааст. Он гоҳ Исо бо хурсандӣ ба ғулом таъиноти дуюмро медиҳад, яъне ӯ онро бар тамоми дороиаш таъин мекунад. Тадҳиншудагоне, ки ғуломи мӯътамадро ташкил медиҳанд, ин таъиноташонро ҳангоми гирифтани мукофоти осмонӣ, яъне ҳамроҳи Масеҳ подшоҳ шуданашон, хоҳанд гирифт.

19. Оё ғуломи мӯътамад назар ба дигар тадҳиншудагон дар осмон мукофоти бузургтар мегирад? Фаҳмонед.

19 Оё ғуломи мӯътамад назар ба дигар тадҳиншудагон дар осмон мукофоти бузургтар хоҳад гирифт? Не. Мукофоти ба гурӯҳи хурд ваъдашударо оқибат дигарон низ мегиранд. Масалан, фикр кунед, ки Исо шаби пеш аз маргаш ба 11 ҳаввориёни содиқаш чӣ гуфт. (Луқо 22:28–30-ро бихонед.) Исо ба он гурӯҳи хурди мардон ваъда дод, ки онҳо барои садоқатмандиашон мукофоти олиҷанобе мегиранд. Онҳо ҳамроҳи ӯ подшоҳӣ хоҳанд кард. Вале баъди солҳои зиёд, ӯ қайд кард, ки ҳамаи 144 000 нафар ба тахт мешинанд ва ҳамроҳи ӯ ҳукмронӣ мекунанд (Ваҳй 1:1; 3:21). Ба ин монанд, чӣ хеле ки дар Матто 24:47 қайд шудааст, Исо ваъда дод, ки гурӯҳи хурди мардон — бародарони тадҳиншудае, ки ғуломи мӯътамадро ташкил медиҳанд — бар тамоми дороии ӯ таъин карда мешаванд. Дар асл, ҳамаи 144 000 нафар ҳамроҳи Исо ҳокимияти бузурги осмониро соҳиб хоҳанд шуд (Ваҳй 20:4, 6).

Ҳамаи 144 000 нафар ҳамроҳи Исо ҳокимияти бузурги осмониро соҳиб хоҳанд шуд (Ба сархати 19 нигаред)

20. Чаро Исо ғуломи мӯътамад ва доноро таъин кард ва шумо чӣ кор кардан мехоҳед?

20 Ғуломи мӯътамадро истифода бурда, Исо чун дар асри як касони бисёрро ба воситаи касони кам ғизо дода истодааст. Исо он ғуломи мӯътамадро барои он таъин намуд, то дилпур бошад, ки пайравони ҳақиқии ӯ, хоҳ тадҳиншудагон бошанд, хоҳ гӯсфандони дигар дар айёми охирзамон доимо бо ғизои саривақтии рӯҳонӣ таъмин бошанд. Биёед бародарони тадҳиншудаеро, ки ғуломи мӯътамад ва доноро ташкил медиҳанд, содиқона дастгирӣ намуда, бо ин миннатдории худро нишон диҳем (Ибр. 13:7, 17).

 

^ сарх. 2 Сархати 2: Чанде пеш аз ин, Исо масали ба ин монанде нақл карда, ба ғуломи мӯътамад чун ба «гумошта» ишора намуд (Луқ. 12:42–44).

^ сарх. 6 Сархати 6: «Омадани» (ба юнонӣ эрхомай) Масеҳ аз «ҳузур доштани» (парусиа) ӯ фарқ мекунад. Ҳузури нонамоёни ӯ аллакай сар шудааст ва дар оянда бошад, ӯ барои нест кардани бадиҳо меояд.

^ сарх. 12 Сархати 12: Дар ҳамин маҷалла, ба мақолаи «Инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам», саҳ. 10–12, сарх. 5–8 нигаред.

^ сарх. 16 Сархати 16: Дар ҳамин маҷалла, ба мақолаи «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад?», саҳ. 7–8, сарх. 14–18 нигаред.