Аъзои нави Ҳайати роҳбарикунанда
Саҳарии рӯзи чоршанбе, 5-уми сентябри соли 2012, дар Байт-Или Иёлоти Муттаҳида ва Канада эълон карда шуд, ки ба Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува як аъзои нав ҳамроҳ карда шуд. Бародар Марк Сандерсон хизмати худро дар ин таъинот аз 1-уми сентябри соли 2012 сар кард.
Бародар Сандерсон дар шаҳри Сан-Диего (иёлоти Калифорнияи ИМА) дар оилаи масеҳӣ ба воя расид ва 9 феврали соли 1975 таъмид гирифт. Ӯ аз 1 сентябри соли 1983, дар шаҳри Саскачевани мамлакати Канада чун пешрав хизмат карданро сар кард. Моҳи декабри соли 1990, ӯ синфи ҳафтуми Мактаб барои ходимони ҷамъомадро (ҳозир Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан ном дорад) дар Иёлоти Муттаҳида хатм намуд. Ва моҳи апрели соли 1991, бародар Сандерсон ба ҷазираи Нюфаундленд (Канада) чун пешрави махсус таъин гардид. Баъди чун ҷонишини нозири ноҳиявӣ хизмат карданаш, ӯро моҳи феврали соли 1997 ба Байт-Или Канада таклиф намуданд. Моҳи ноябри соли 2000, ӯ ба филиали Иёлоти Муттаҳида гузаронда шуд, ки он ҷо дар Шӯъбаи маълумот оиди беморхонаҳо ва баъдтар дар Шӯъбаи хизматӣ кор кард.
Соли 2008, бародар Сандерсон дар Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиал таҳсил кард ва сипас аъзои Кумитаи филиали Филиппин таъин шуд. Сентябри соли 2010, ӯ аз нав ба Иёлоти Муттаҳида даъват шуд ва чун ёрдамчӣ дар Кумитаи хизматии Ҳайати роҳбарикунанда хизмат намуд.