Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Волидон ва фарзандон, бо муҳаббат муошират кунед

Волидон ва фарзандон, бо муҳаббат муошират кунед

«Бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад» (ЯЪҚ. 1:19).

1, 2. Волидон ва фарзандон ба якдигар чӣ гуна ҳиссиёт доранд, вале чӣ метавонад баъзан барои онҳо душвор бошад?

 ДАР байни бисёр ҷавонони Иёлоти Муттаҳида чунин пурсиш гузаронда шуд: «Агар шумо нохост мефаҳмидед, ки волидонатон пагоҳ вафот мекунанд, имрӯз ба онҳо бештар чӣ гуфтан мехостед?» Қариб 95 фоизи онҳо гуфтанд, ки дар бораи проблемаҳо ё якдигарнофаҳмиҳои бо волидон доштаашон гап намезаданд, баръакс ба онҳо «маро бубахшед», «ман шуморо сахт дӯст медорам» мегуфтанд. (Китоби «For Parents Only» муаллифон: Шонти Фелдан ва Лиса Райс).

2 Умуман, фарзандон волидонашонро ва волидон фарзандони худро дӯст медоранд. Ва ин хусусан ба халқи Худо хос аст. Ҳарчанд волидон ва фарзандон сахт мехоҳанд, ки ба якдигар наздик бошанд, лекин баъзан онҳо дар муошират душворӣ мекашанд. Барои чӣ чунин рӯй медиҳад? Чаро ба волидон ва фарзандон оиди баъзе мавзӯъҳо муошират кардан душвор аст? Чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки муошираташонро беҳтар гардонанд?

Ба ҳеҷ чиз нагузоред, ки ба муоширати оилаи шумо халал расонад

БАРОИ МУОШИРАТ ВАҚТ ҶУДО КУНЕД

3. а) Чаро бисёр оилаҳо дар доштани муоширати хуб душворӣ мекашанд? б) Чаро дар Исроили қадим ба оилаҳо якҷоя вақт гузаронидан душвор набуд?

3 Ба бисёр оилаҳо барои муоширати хуб вақти кофӣ ёфтан душвор аст. Лекин ҳама вақт чунин набуд. Мусо ба падарони исроилӣ гуфта буд: «[Суханони Худоро] ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо» (Такр. Ш. 6:6, 7). Дар он вақт фарзандон рӯзи худро бо модарашон дар хона ё ҳамроҳи падарашон дар саҳро ё ҷои кори ӯ мегузаронданд. Ва ба фарзандону волидон барои якҷоя будан ва сӯҳбат кардан вақт фаровон буд. Аз ин рӯ, волидон дар бораи талаботу хоҳишҳо ва хулқу рафтори фарзандони худ фаҳмида метавонистанд. Ба монанди ин, фарзандон низ барои нағз шинохтани волидонашон вақт ва имконияти зиёд доштанд.

4. Чаро муошират дар бисёр оилаҳои имрӯза душворӣ ҳисоб меёбад?

4 То чӣ андоза ҳаёти имрӯза аз он замон фарқ мекунад! Дар бисёр давлатҳо, кӯдакони хурдсолро, баъзан ҳатто дусолаҳоро ба муассисаҳои томактабӣ, масалан ба боғча медиҳанд. Бисёр падарону модарон дар ҷои дигар, аз хонаашон дур кор мекунанд. Ва ҳатто дар он вақти кӯтоҳе, ки волидон ва фарзандон якҷоя мешаванд, онҳо ба ҷои бо ҳам муошират кардан, вақтро ба тамошои телевизор, истифодаи компютер ё дигар воситаҳои электронӣ сарф мекунанд. Дар бисёр оилаҳо фарзандон ва волидон ҳаёти алоҳида мебаранд ва дар асл якдигарро нағз намедонанд. Муошират шояд байни онҳо тамоман вуҷуд надорад.

5, 6. Чӣ тавр баъзе волидон барои бештар бо фарзандонашон будан, вақт ҷудо мекунанд?

5 Оё шумо метавонед, аз ҳисоби корҳои дигар вақт ҷудо карда, онро бештар бо оилаатон гузаронед? (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро бихонед.) Баъзе оилаҳо қарор мекунанд, ки ба тамошои телевизор ва истифодаи компютер аз меъёр зиёд вақт сарф накунанд. Дигарон бошанд, мекӯшанд, ки дар давоми рӯз ақаллан як бор якҷоя хӯрок хӯранд. Ибодати оилавӣ низ имконияти хуберо пешкаш мекунад, то волидон ва фарзандон ба ҳам наздик шаванд ва оромона мавзӯъҳои рӯҳониро муҳокима намоянд. Ҳафтае тақрибан як соатро бо ин мақсад ҷудо кардан албатта хуб аст, лекин барои роҳ кушодан ба муоширати кушоду самимӣ чизи бештар лозим аст. Барои ин мунтазам ва зуд-зуд муошират кардан ҳатмист. Пеш аз он ки фарзандатон ба мактаб равад, ба ӯ ягон сухани рӯҳбаландкунанда гӯед, ояти рӯзро якҷоя муҳокима кунед ё ҳамроҳаш дуо гӯед. Ин метавонад дар давоми рӯз ба фарзандатон хеле кӯмак расонад.

6 Баъзе волидон тавонистанд дар ҳаёти худ дигаргуниҳо дароранд, то вақти бештарро бо кӯдаконашон гузаронанд. Масалан, Лора *, модари ду фарзанд, бо ин мақсад кори худро, ки аз саҳар то бегоҳ буд, тарк кард. Ӯ мегӯяд: «Саҳарӣ ҳамаи мо саросемавор ба кор ва ба мактаб баромада мерафтем. Вақте ки бегоҳ ман аз кор бармегаштам, медидам, ки кӯдаконро мураббиашон аллакай хобонда буд. Гарчанд аз кор рафтани ман маънои онро дошт, ки мо акнун ба пули камтар бояд қаноат кунем, аммо ҳозир ман аз фикру душвориҳои фарзандонам бохабарам. Ман мешунавам, ки онҳо дар дуо чӣ мегӯянд ва метавонам ба онҳо маслиҳат диҳам, онҳоро рӯҳбаланд кунам ва таълим диҳам».

«ДАР ШУНИДАН БОШИТОБ» БОШЕД

7. Бисёр вақт фарзандон ва волидон аз чӣ шикоят мекунанд?

7 Муаллифони китоби дар сархати як зикршуда, баъди бо бисёр ҷавонон сӯҳбат кардан, боз чизи дигареро пай бурданд, ки ба муошират халал мерасонад. Онҳо мегӯянд: «Аксари ҷавонон пеш аз ҳама аз он шикоят мекунанд, ки волидонашон онҳоро гӯш намекунанд». Вале ин на танҳо душвории фарзандон аст. Волидон низ бисёр вақт нисбати фарзандонашон чунин шикоят доранд. Пас, барои ҳамеша бо ҳам муоширати хуб доштан аъзоёни оила бояд якдигарро хеле бодиққат гӯш кунанд. (Яъқуб 1:19-ро бихонед.)

8. Чӣ тавр волидон метавонанд дар ҳақиқат фарзандони худро гӯш кунанд?

8 Волидон, оё шумо фарзандонатонро бодиққат гӯш мекунед? Албатта, агар шумо хаста бошед ё чизе, ки онҳо мегӯянд, ба назаратон на он қадар муҳим тобад, ин кор душвор буда метавонад. Аммо чизе, ки ба назари шумо камаҳамият метобад, метавонад барои фарзандатон хеле муҳим бошад. «Дар шунидан бошитоб» будан маънои онро дорад, ки на танҳо ба чизе, ки кӯдак мегӯяд, балки ҳамчунин ба тарзи гуфтани ӯ бодиққат будан лозим аст. Оҳанги овоз, авзои рӯ ва имову ишораҳои вай метавонанд дар бораи ҳиссиёташ бисёр чизро ошкор намояд. Инчунин додани саволҳо муҳим аст. «Андешаи дили одам обҳои чуқур аст,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас,— вале шахси хирадманд онҳоро мекашад» (Мас. 20:5). Ба шумо лозим аст, ки ҳангоми бо фарзандонатон гап задан фаҳмиш зоҳир кунед, яъне аниқ кунед, ки дар асл чӣ онҳоро ташвиш медиҳад. Ва хусусан вақте ки фарзандатон бо шумо оиди мавзӯъҳои нозук гап мезанад, шумо бояд фаҳмиш ва хирад нишон диҳед.

9. Чаро фарзандон бояд волидонашонро гӯш кунанд?

9 Фарзандон, оё шумо ба гапи волидонатон гӯш медиҳед? Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун» (Мас. 1:8). Дар ёд доред, ки волидонатон шуморо дӯст медоранд ва ба шумо танҳо некӣ мехоҳанд, барои ҳамин ба онҳо гӯш додан ва итоат кардан аз рӯи хирад аст (Эфс. 6:1). Агар байни шумову волидонатон муоширати хуб вуҷуд дошта бошад ва агар дар ёд доред, ки онҳо шуморо дӯст медоранд, ба онҳо итоат кардан бароятон осонтар мегардад. Ташвишҳои худро ба волидонатон ошкор кунед. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки шуморо фаҳманд. Албатта, шумо низ бояд барои фаҳмидани онҳо кӯшиш намоед.

10. Мо аз мисоли Раҳабъом чӣ дарс мегирем?

10 Ҷавонон, оё шумо боре аз рӯи маслиҳати ҳамсолонатон амал кардаед? Аз ин ҷиҳат эҳтиёт бошед. Маслиҳати онҳо шояд ба назаратон нағз тобад, вале дар асл метавонад тамоман кӯмак накунад. Он ҳатто метавонад ба шумо зарар расонад. Чунки ҷавонон мисли калонсолон хираду таҷриба надоранд. Аксари онҳо фикр намекунанд, ки қарорҳои ҳозираашон ба ояндаи онҳо зарар расонида метавонанд. Мисоли Раҳабъом, писари шоҳ Сулаймонро ба ёд оред. Вақте ки ӯ шоҳи Исроил гашт, ӯ мебоист аз рӯи маслиҳати калонсолон амал мекард. Ба ҷои ин, вай аз рӯи маслиҳати беақлонаи ҳамсолони худ амал кард. Дар натиҷа, аксари халқаш ба ӯ муқобил баромаданд (3 Подш. 12:1–17). Аз Раҳабъом ибрат нагиред, балки бикӯшед, ки доим бо волидонатон кушоду равшан муошират кунед. Фикру ҳиссиётатонро ба онҳо бигӯед. Аз рӯи маслиҳати волидонатон амал намоед ва аз хиради онҳо таълим гиред (Мас. 13:20).

11. Агар волидон бо омодагӣ фарзандонро гӯш накунанд, чӣ рӯй дода метавонад?

11 Волидон, агар нахоҳед, ки фарзандонатон аз ҳамсолонашон маслиҳат ҷӯянд, ҳамеша бо омодагӣ онҳоро гӯш кунед. Як хоҳари наврас навишт, ки ҳар боре, ки ӯ дар бораи ҷавонписаре гап занад, волидонаш асабӣ мешаванд. Аз ин, ӯ хиҷолат мекашад ва дигар гапашро давом дода наметавонад. Дигар хоҳари ҷавон чунин навишт: «Бисёр наврасон аз волидонашон маслиҳат пурсидан мехоҳанд, аммо волидон ба суханони онҳо ҷиддӣ муносибат намекунанд, аз ин рӯ, фарзандон ба пеши дигарон мераванд, ҳатто ба назди онҳое, ки таҷрибаашон кам аст». Агар шумо меҳрубонона гапи фарзандонатонро оиди ҳар мавзӯъ бо омодагӣ гӯш кунед, онҳо бемалол гапҳояшонро ба шумо мегӯянд ва бо хурсандӣ аз рӯи маслиҳати шумо амал мекунанд.

«ДАР ГУФТАН ОҲИСТА» БОШЕД

12. Боз чӣ муоширати байни фарзандон ва волидонро душвор гардонда метавонад?

12 Вақте ки волидон ба суханони фарзандашон дарҳол ба таври манфӣ муносибат мекунанд, яъне зиқ мешаванд ё дод мезананд, ин ҳам муоширати онҳоро душвор мегардонад. Фаҳмост, ки волидони масеҳӣ мехоҳанд фарзандонашонро муҳофизат кунанд, чунки дар ин «айёми охир» хатарҳо зиёданд, хоҳ аз ҷиҳати рӯҳонӣ бошад, хоҳ аз ҷиҳатҳои дигар (2 Тим. 3:1–5). Аммо ҷавонон на ҳамеша инро дарк мекунанд ва шояд чунин фикр кунанд, ки волидон ба онҳо ягон озодӣ намедиҳанд.

13. Чаро волидон бояд дар баён кардани фикри худ аз ҳад саросема нашаванд?

13 Аз рӯи хирад мебуд, ки волидон ба баён кардани фикри худ аз ҳад саросема нашаванд. Дар ҳақиқат, вақте фарзандатон дар бораи ягон чизи дарднок ё чизе, ки табъатонро хира мекунад, гап мезанад, оромиро нигоҳ доштан на ҳама вақт осон аст. Вале муҳим аст, ки пеш аз чизе гуфтан ӯро бодиққат гӯш кунед. Шоҳи хирадманд Сулаймон навишта буд: «Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст» (Мас. 18:13). Агар шумо ором монед, шумо бисёр чизро мешунавед ва фарзандатон гапашро давом дода метавонад. Шумо танҳо ҳамон вақт ба ӯ кӯмак карда метавонед, агар вазъиятро пурра фаҳмед. Шояд дар паси суханони «сахт»-и ӯ ҳаяҷон ва изтироб ниҳон бошанд (Айюб 6:1–3). Чун волидони меҳрубон, гӯшатонро барои фаҳмидан ва забонатонро барои тасаллӣ бахшидан истифода баред.

14. Чаро фарзандон бояд дар гуфтан оҳиста бошанд?

14 Фарзандон, ба шумо низ лозим аст, ки «дар гуфтан оҳиста» бошед ва дарҳол суханони волидонатонро набуред, зеро Худо онҳоро ба тарбия кардани шумо вазифадор кардааст (Мас. 22:6). Онҳо шояд ҳолатҳоеро аз сар гузаронидаанд, ки ҳоло бо шумо рӯй дода истодаанд. Беш аз ин, онҳо аз хатогиҳои дар хурдӣ кардаи худ пушаймонанд ва самимона мехоҳанд, ки шуморо аз чунин хатогиҳо эмин доранд. Барои ҳамин ба волидонатон чун ба дӯст назар кунед, на чун ба душман; онҳо ба шумо кӯмак расондан мехоҳанд, на зарар. (Масалҳо 1:5-ро бихонед.) «Падар ва модари худро иззат» намоед ва чӣ тавре ки онҳо шуморо дӯст медоранд, шумо низ онҳоро дӯст доред. Ва он гоҳ ба онҳо осонтар мешавад, ки шуморо «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» кунанд (Эфс. 6:2, 4).

«ДАР ХАШМ ОҲИСТА» БОШЕД

15. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ором монем ва нисбати шахсони азизамон ба хашм наоем?

15 Мо на ҳамеша нисбати шахсоне, ки дӯсташон медорем, пуртоқатӣ зоҳир мекунем. Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни шаҳри Қӯлассо навишт: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед. Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд» (Қӯл. 1:1, 2; 3:19, 21). Павлус эфсӯсиёнро насиҳат кард: «Ҳар гуна кудурат [хафагӣ] ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад» (Эфс. 4:31). Инкишоф додани пурсабрӣ, фурӯтанӣ ва худдорӣ, ки хусусиятҳои самари рӯҳулқудси Худо мебошанд, ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳатто дар ҳолатҳои душвор ором монем (Ғал. 5:22, 23).

16. Чӣ тавр Исо шогирдонашро ислоҳ кард ва чаро ин хеле ҷолиби диққат аст?

16 Волидон, дар бораи намунаи Исо фикр кунед. Тасаввур кунед, ки ӯ шоми охирини бо ҳаввориёнаш будан то чӣ андоза дар изтироб буд. Исо медонист, ки баъди чанд соат азобҳои зиёде кашида сипас мемирад. Ҳамчунин вай медонист, ки муқаддас гаштани номи Падараш ва наҷоти насли инсоният аз садоқатмандии вай вобаста аст. Лекин он шом «дар миёни [ҳаввориён]... баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад». Исо ба онҳо дод назад ва хашмашро фурӯ нарехт. Ба ҷои ин, ӯ онҳоро оромона ислоҳ кард. Исо ба онҳо хотиррасон намуд, ки онҳо дар вақтҳои озмоиш бо ӯ буданд. Ҳарчанд Шайтон талабгори он буд, ки шогирдони Исоро мисли гандум аз ғалбер гузаронад, Исо нишон дод, ки ба содиқ мондани онҳо боварӣ дорад. Ӯ ҳатто бо онҳо аҳд баст (Луқ. 22:24–32).

Оё шумо фарзандатонро бодиққат гӯш мекунед?

17. Чӣ ба фарзандон барои нигоҳ доштани оромӣ кӯмак мекунад?

17 Фарзандон низ бояд оромиро нигоҳ доранд. Хусусан, агар шумо наврас бошед, шояд ба шумо маъқул нест, ки падару модаратон шуморо ҳидоят мекунанд. Шояд шумо фикр кунед, ки онҳо ба шумо боварӣ надоранд. Аммо дар хотир дошта бошед, ки волидон ғами шуморо мехӯранд, чунки шуморо дӯст медоранд. Оромона ба гапи волидонатон гӯш диҳед ва роҳнамоии онҳоро қабул намоед. Бо ин шумо эҳтиром ва боварии волидонатонро ба даст меоред. Ва он гоҳ волидон метавонанд ба шумо дар ҷонибҳои муайян озодӣ диҳанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки худдорӣ зоҳир кардан аз рӯи хирад аст. Дар он гуфта шудааст: «Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад» (Мас. 29:11).

18. Чӣ тавр муҳаббат ба беҳтар гардондани муошират дар оила кӯмак мерасонад?

18 Инак, волидон ва фарзандони азиз, агар муошират дар оилаи шумо ба андозае, ки шумо мехостед, кушоду равшан набошад, рӯҳафтода нашавед. Минбаъд низ дар беҳтар кардани муоширати худ саъю кӯшиш кунед ва истифода бурдани маслиҳатҳои Каломи Худоро давом диҳед (3 Юҳ. 4). Дар дунёи нав, одамон комил мегарданд ва бе якдигарнофаҳмӣ ва душворӣ бо ҳам муошират мекунанд. Ҳозир бошад, ҳамаи мо корҳое мекунем, ки баъд пушаймон мешавем. Аз ин рӯ, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Якдигарро аз таҳти дил бахшед. «Дар муҳаббат пайванд» шавед (Қӯл. 2:2). Муҳаббат ба бисёр чиз қодир аст. Он «пуртоқат ва бошафқат аст... ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад... ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад» (1 Қӯр. 13:4–7). Агар шумо зоҳир кардани муҳаббатро давом диҳед, муошират дар оилаи шумо торафт беҳтар мегардад. Ин ба шумо хурсандӣ меорад ва Яҳуваро ҷалол медиҳад.

^ сарх. 6 Ном иваз шудааст.