Ҳеҷ гоҳ умедро аз даст надиҳед!
Оё дар бораи шумо гуфтан мумкин аст, ки солҳои дароз ба Яҳува хизмат карда, орзу мекунед, ки ҳамсаратон ҳамроҳи шумо Яҳуваро ибодат кунад?
Ё шумо аз он рӯҳафтода шудаед, ки омӯзандаи Китоби Муқаддас, ки ба назаратон пешравӣ мекард, дар роҳи ҳақиқат устувор намонд?
ИСТОДАГАРӢ ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ
Яке аз омилҳои муҳим ин истодагарӣ аст. Ба шумо лозим аст, ки дар ибодати ҳақиқӣ устувор монед ва ба Яҳува бичаспед (Такр. Ш. 10:20). Хоҳарамон Ҷорҷина маҳз ҳамин тавр амал кард. Вақте ки вай соли 1970 бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, шавҳараш Кириакос аз ин хеле ба ғазаб омада буд. Ӯ кӯшиш мекард, ки Ҷорҷинаро аз омӯзиш кардан боз дорад ва намемонд, ки Шоҳидони Яҳува ба хона дароянд, ҳамчунин адабиётҳои онҳоро мепартофт.
Вақте ки Ҷорҷина ба вохӯриҳои ҷамъомад мерафтагӣ шуд, Кириакос боз ҳам бештар ба хашм омад. Як рӯз ӯ барои ҷанҷолкунӣ ба Толори Салтанат рафт. Як хоҳарамон фаҳмид, ки Кириакос назар ба забони англисӣ, забони юнониро хубтар медонад, барои ҳамин вай ба бародари юнонӣ, ки аз дигар ҷамъомад буд, занг зад, то ки ӯ омада кӯмак кунад. Муносибати меҳрубононаи бародар ба Кириакос таъсири хуб расонд ва ӯ ҳатто дар муддати якчанд моҳ ҳамроҳи занаш Китоби Муқаддасро омӯзиш кард. Лекин, баъдтар ӯ омӯзишро бас кард.
Ҷорҷина дар давоми се сол ба муқобилиятҳои шавҳараш дучор мешуд. Кириакос гуфт, ки агар ӯ таъмид гирад, аз вай ҷудо мешавад. Ҷорҷина дар рӯзи таъмидаш ба Яҳува самимона дуо гуфта, аз Ӯ хоҳиш намуд, ки Кириакос аз вай ҷудо нашавад. Вақте ки Шоҳидони Яҳува ба назди Ҷорҷина омаданд, то ки ҳамроҳ ба анҷуман раванд, Кириакос ба онҳо гуфт: «Шумо рафтан гиред, мо аз пушти шумо бо мошини худамон меравем». Кириакос ба қисми аввали барномаи анҷуман ташриф овард ва таъмидгирии занашро тамошо кард!
Муқобилияти Кириакос торафт кам мешуд ва ӯ оҳиста-оҳиста дар ҳаёташ тағйиротҳои ҷиддӣ медаровард. Қариб баъди 40-соле, ки Ҷорҷина якум бор бо Шоҳидони Яҳува вохӯрда буд, ӯ таъмид гирифтани шавҳарашро дид! Ба Кириакос чӣ ёрдам кард? Ӯ мегӯяд: «Истодагарии Ҷорҷина ба ман хеле таъсир кард, зеро вай нагузошт, ки ягон чиз ӯро аз ибодати Яҳува боз дорад». Ҷорҷина мегӯяд: «Ба зиддияти шавҳарам нигоҳ накарда, ман Яҳуваро тарк карданӣ набудам, ман ҳамеша Худои худро ибодат менамудам. Ҳамеша ба Ӯ дуо мегуфтам ва ҳеҷ гоҳ умедамро аз даст намедодам».
ДАР БАР КАРДАНИ ШАХСИЯТИ НАВ ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ
Омили дигар ин дар бар кардани шахсияти масеҳӣ мебошад. Петруси ҳавворӣ ба занони масеҳӣ чунин маслиҳат дод: «Ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд» (1 Пет. 3:1). Кристина ин маслиҳати Петрусро ҳамеша ба кор мебурд ҳарчанд барои дили шавҳарашро ба даст овардан солҳои зиёд лозим шуд. Тақрибан 20 сол пеш, вақте ки вай Шоҳиди Яҳува гашт, шавҳараш Ҷон ба Худо боварӣ надошт. Ҷон ба ягон дин тааллуқ доштан намехост, лекин вай медид, ки то чӣ андоза эътиқоди нави Кристина барояш аҳамияти калон дорад. Ӯ мегӯяд: «Ман мушоҳида мекардам, ки ин дин Кристинаро хушбахт карда истодааст. Ӯ дар ҳақиқат дар худ хислатҳои хубро инкишоф дод ва чун инсони боэътимод амал мекард, ки ин дар бисёр вазъиятҳои душвор ба ман кӯмак расонд».
Кристина ҳеҷ гоҳ шавҳарашро маҷбур намекард, ки ҳақиқатро қабул кунад. Шавҳараш қайд мекунад: «Кристина аз аввал медонист, ки беҳтараш бо ман оиди динаш гап назанад ва ӯ босаброна гузошт, ки ман бо роҳ ва тарзи ба худам маъқул бо ҳақиқат шинос шавам». Вақте ки Кристина дар маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» мақолаҳои ба шавҳараш шавқоварро оиди илм ва табиат медид, вай онро ба шавҳараш нишон дода мегуфт: «Ман фикр мекунам, ки ин мақола ба ту маъқул мешавад».
Бо гузашти вақт Ҷон ба нафақа баромад ва бо корҳои боғбонӣ машғул шуд. Азбаски ӯ бо корҳои зиёд банд набуд, вай дар бораи саволҳои муҳими ҳаёт ҷуқур фикр карда, чунин мулоҳиза меронд: «Оё мо дар замин тасодуфан пайдо шудем ё ин ки бо ягон мақсаде офарида шудаем?» Як рӯз бародаре, ки бо Ҷон ҳамсӯҳбат буд, аз ӯ пурсид: «Оё мехоҳӣ, ки омӯзишро сар кунӣ?» Ҷон мегӯяд: «Он вақт ман аллакай ба Худо боварӣ пайдо карда будам, барои ҳамин пешниҳоди ӯро қабул намудам».
Кристина ҳеҷ гоҳ умедашро аз даст намедод. Ва ин дар ҳақиқат муҳим буд! Дар давоми 20 сол Кристина дуо мегуфт, ки Ҷон ҳақиқатро қабул кунад. Ва оқибат ӯ таъмид гирифт. Ҳоло бошад, онҳо якҷоя ба Яҳува бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекунанд. Ҷон қайд кард: «Ду чиз ба ман сахт маъқул шуд. Накӯкорӣ ва муносибати дӯстонаи Шоҳидон. Вақте ки ҳамсари ту Шоҳиди Яҳува аст, ӯ шахси содиқу боэътимод ва худфидокор хоҳад буд». Бале, Кристина суханони 1 Петрус 3:1-ро дар амал истифода бурд ва ин ба ӯ кӯмак кард!
ТУХМИ КОШТАШУДА, КИ БАЪД АЗ ГУЗАШТАНИ СОЛҲОИ ЗИЁД МЕСАБЗАД
Аммо дар бораи омӯзандагони Китоби Муқаддас, ки шояд бо ин ё он сабаб шавқи аввалаашонро гум карданд, чӣ гуфта метавонем? Шоҳ Сулаймон навишта буд: «Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоми аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд» (Воиз 11:6). Тухми ҳақиқат баъзан бо гузаштани солҳои зиёд месабзад. Ҳатто чунин бошад ҳам, шахс оқибат шояд дарк кунад, ки ба Худо наздик шудан муҳим аст (Яъқ. 4:8). Ва чунин шуда метавонад, ки рӯзе шумо ба тааҷҷуб хоҳед омад.
Мисоли Алисро, ки аз Ҳиндустон ба Англия кӯчида буд, дида мебароем. Вай дар соли 1974 омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ӯ бо забони ҳиндӣ хуб гап зада метавонист, аммо мехост забони англисиро низ беҳтар донад. Омӯзиш якчанд сол давом кард ва Алис баъзан ба вохӯриҳои ҷамъомади англисӣ ташриф меовард. Вай медонист, ки чизе ки меомӯзад ҳақиқат аст, лекин дарк намекард, ки то кадом андоза он муҳим аст. Ғайр аз ин, диққати ӯ бисёртар ба пул равона буд ва ба шабнишиниҳо рафтанро дӯст медошт. Оқибат, Алис омӯзишро бас кард.
Қариб баъд аз 30 сол Алис ба Стелла, ки бо ӯ омӯзиш карда буд, нома навишт. Дар он нома суханони зерин буданд: «Ман боварӣ дорам, ки ту хеле хурсанд мешавӣ аз донистани он ки омӯзандаи Китоби Муқаддасе, ки ту бо ӯ соли 1974 омӯзиш карда будӣ, дар анҷумани вилоятии гузашта таъмид гирифт. Ту дар ҳаёти ман нақши хеле муҳимро бозидӣ. Яъне дар дили ман тухми ҳақиқатро коштӣ. Гарчанд он вақт ман барои ҳаётамро ба Худо бахшидан тайёр набудам, аммо он тухми ҳақиқатро дар ақлу дили худ нигоҳ доштам».
Бо Алис чӣ воқеа рӯй дод? Вай нақл мекунад, ки соли 1997, баъди марги шавҳараш хеле рӯҳафтода буд. Вақте ки Алис ба Худо дуо гуфт, баъд аз даҳ дақиқа ду воизи панҷобизабон дари ӯро кӯфта, рисолаи «Чӣ умеде дар бобати наздикони фавтидаамон вуҷуд дорад?»-ро пешниҳод карданд. Алис ҳис кард, ки дуояш мустаҷоб шуд ва қарор намуд, ки вай бояд ба вохӯриҳои ҷамъомади Шоҳидони Яҳува равад. Аммо онҳоро аз куҷо ёфтан мумкин буд? Ӯ дар дафтарчаи кӯҳнааш, суроғаи ҷамъомади панҷобиро, ки Стелла ба вай дода буд, ёфт. Алис ба Толори Салтанат ташриф овард ва бародарону хоҳарони панҷобизабон ӯро хуш қабул карданд. Алис мегӯяд: «Муҳаббати онҳо ба ман сахт таъсир кард ва барои бартараф кардани рӯҳафтодагиам кӯмак намуд».
Вай ба вохӯриҳои ҷамъомад мунтазам ташриф меовардагӣ шуд, омӯзиши Китоби Муқаддасро аз нав сар кард ва ба забони панҷобӣ нағзтар гап задану хонданро ёд мегирифт. Ва соли 2003 ӯ таъмид гирифт. Номаи ба Стелла навиштаи ӯ бо чунин суханон тамом мешуданд: «Ҳазор раҳмат ба ту, ки 29 сол пеш тухми ҳақиқатро дар дили ман коштӣ ва ба ман намунаи хуб гузоштӣ».
«Ҳазор раҳмат ба ту, ки 29 сол пеш тухми ҳақиқатро дар дили ман коштӣ ва ба ман намунаи хуб гузоштӣ» (Алис)
Шумо аз ин воқеаҳо барои худ чӣ дарс гирифта метавонед? Шояд шумо интизор мешавед, ки шахс ҳақиқатро тез қабул мекунад, лекин тухми ҳақиқат дар дили ӯ метавонад дертар афзоиш ёбад. Аммо агар шахс ташнаи ҳақиқат, боинсоф ва фурӯтан бошад, Яҳува ба ӯ кӯмак мекунад, ки ӯ ҳақиқатро дарк намояд ва онро қабул кунад. Ба ёд оред, ки Исо дар масали худ чиро қайд карда буд: «Тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, [коранда] надонад; зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша» (Марқ. 4:27, 28). Чунин афзоиш оҳиста-оҳиста ва «худ аз худ» ба амал меояд. Дар асл, ягон воизи Салтанат намедонад, ки ин афзоиш чӣ гуна рӯй медиҳад. Барои ҳамин, бо фаровонӣ коштани тухми ҳақиқатро минбаъд низ давом диҳед. Шумо ҳоло ҳам имконият доред, ки ҳосили фаровон ба даст оред.
Инчунин фаромӯш накунед, ки дуо гуфтан муҳим аст. Ҷорҷина ва Кристина доимо ба Яҳува дуо мегуфтанд. Агар шумо «ҳамеша дуо гӯед» ва умедро аз даст надиҳед «пас аз рӯзҳои бисёр» меҳнати шумо самари хуб оварда метавонад (Рум. 12:12; Воиз 11:1).