Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё дили шумо барои шинохтани Яҳува омода аст?

Оё дили шумо барои шинохтани Яҳува омода аст?

«Диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд» (ИРМ. 24:7).

1, 2. Кадом хусусиятҳои анҷир диққатҷалбкунанда мебошанд?

 ОЁ МАЗЗАИ анҷир ба шумо маъқул аст? Бисёр одамон аз он лаззат мебаранд, барои ҳамин онро дар бисёр ҷойҳо парвариш мекунанд. Барои исроилиёни қадим дарахти анҷир арзиши калоне дошт (Наҳум 3:12; Луқ. 13:6–9). Анҷир меваи серғизо аст ва ҳатто баъзе одамон мегӯянд, ки он барои дил фоиданок мебошад.

2 Боре Яҳува анҷирро ба дили одамон монанд кард. Худо на оиди фоидабахш будани анҷир, балки дар бораи дили рамзӣ сухан ронда буд. Суханоне, ки Ӯ ба воситаи Ирмиё гуфт, ҳам ба дили шумо ва ҳам ба дили наздиконатон дахл доранд. Ҳангоми дида баромадани ин суханони Яҳува фикр кунед, ки мо чун масеҳиён аз ин гуфтаҳо бояд чиро таълим гирем.

3. Дар китоби Ирмиё, боби 24 калимаи анҷир ба кадом маъно омадааст?

3 Биёед дар аввал он чиро, ки Худо дар замони Ирмиё оиди анҷир гуфта буд, дида бароем. Соли 617-и то эраи мо ҳолати рӯҳонии халқи Яҳудо хеле бад буд. Худо ба воситаи рӯъё нишон дод, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад ва дар он рӯъё ду намуди анҷирро мисол овард — «анҷири бағоят нек» ва «анҷири бағоят бад». (Ирмиё 24:1–3-ро бихонед.) Ба анҷири бад шоҳ Сидқиёҳу ва дигар шахсоне, ки мисли ӯ буданд, дохил мешуданд, ки шоҳ Набукаднесар бо лашкаронаш нисбати онҳо бераҳмона муносибат карда буд. Аммо дар бораи Ҳизқиёл, Дониёл ва се рафиқаш, ки аллакай дар Бобил буданд ва баъзе яҳудиёни дигаре, ки баъд аз ҳуҷуми бобилиён ба он ҷо бурда шуданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо мисли анҷири нек буданд. Баъдтар боқимондаи онҳо бояд барои аз нав сохтани Ерусалим ва маъбад ба ватани худ бармегаштанд ва ин бо гузашти вақт иҷро шуд (Ирм. 24:8–10; 25:11, 12; 29:10).

4. Суханоне, ки Худо оиди анҷири хуб гуфта буд, моро ба чӣ бармеангезанд?

4 Яҳува нисбати онҳое ки анҷири некро тасвир мекарданд, гуфт: «Диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд» (Ирм. 24:7). Мавзӯи мақолаи мазкур маҳз бар ин ояти рӯҳбаландкунанда асос ёфтааст! Яҳува мехоҳад ба мо диле диҳад, ки барои Ӯро шинохтан омода аст. Дар ин оят «дил» бо майлу хоҳиши шахс алоқаманд аст. Албатта, шумо мехоҳед, ки чунин дил дошта бошед ва дар қатори халқи Худо бошед. Барои ба ин мақсад расидан, қадамҳои зеринро гузоштан лозим аст: Китоби Муқаддасро омӯхтан, ба кор бурдани принсипҳои Калом, тавба кардан, ислоҳ шудан, ҳаётро ба Худо бахшидан ва ба номи Падар, Писар ва рӯҳулқудс таъмид гирифтан (Мат. 28:19, 20; Аъм. 3:19). Оё шумо ин қадамҳоро аллакай гузоштед? Ё ҳоло шумо ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува мунтазам ташриф меореду ин қадамҳоро гузошта истодаед?

5. Ирмиё махсусан дар бораи дили кадом шахсон навишта буд?

5 Ҳатто ин қадамҳоро гузошта бошем ҳам, мо бояд минбаъд низ ба тарзи фикрронӣ ва рафторамон диққат диҳем. Сабаби инро шумо аз дигар суханони Ирмиё, ки оиди дил навишта буд, фаҳмида метавонед. Гарчанд дар баъзе бобҳои китоби Ирмиё оиди халқҳои дар наздикии Яҳудо буда навишта шудааст, аммо диққати асосӣ ба худи халқи Яҳудо, ки дар замони ҳукмронии панҷ подшоҳаш зиндагӣ мекарданд, равона шудааст (Ирм. 1:15, 16). Бале, Ирмиё асосан дар бораи мардону занон ва кӯдаконе, ки аллакай ба халқи Яҳува тааллуқ доштанд, навишта буд. Аҷдодони онҳо қавми Худо буданро ихтиёран интихоб карда буданд (Хур. 19:3–8). Дар рӯзҳои Ирмиё низ яҳудиён ба Худо тааллуқ доштанашонро бо чунин суханон тасдиқ карда буданд: «Мо назди Ту меоем, зеро ки Ту Худованд Худои мо ҳастӣ» (Ирм. 3:22). Лекин ба фикри шумо ҳолати дили онҳо чӣ гуна буд?

ОЁ ДИЛИ РАМЗИАТОН БА ҶАРРОҲӢ НИЁЗ ДОРАД?

6. Чаро мо бояд ба суханони оиди дил гуфтаи Худо аҳамият диҳем?

6 Дар рӯзҳои мо духтурон аз технологияи муосир истифода бурда, ҳолату кори дилро дида метавонанд. Лекин Яҳува на фақат дили аслӣ, балки дили рамзии моро низ дида метавонад, чуноне ки дар рӯзҳои Ирмиё инро карда буд. Қобилияти хеле бузург доштани Ӯ аз суханони зерин аён мегардад: «Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад? Ман, Худованд, дилро тафтиш мекунам... то ки ба ҳар кас бар тибқи роҳҳояш, бар ҳасби самари аъмолаш подош диҳам» (Ирм. 17:9, 10). Ибораи «дилро тафтиш мекунам» муоина кардани дили аслиро дар назар надорад, ки он одатан дар давоми 70 ё 80 сол тақрибан се миллиард маротиба метапад. Яҳува аслан дар бораи дили рамзӣ сухан ронда буд. Калимаи «дил» ба ботини шахс ишора карда, хоҳишҳо, фикрҳо, майл, муносибат ва мақсадҳои шахсро дар бар мегирад. Мисли дигарон шумо низ соҳиби чунин дил ҳастед. Худо дили рамзии шуморо тафтиш мекунад ва шумо низ ба андозае онро тафтиш карда метавонед.

7. Ирмиё дили аксарияти яҳудиёни замони худро чӣ гуна тасвир намуд?

7 Барои чунин тафтишот гузарондан, шояд аз худ пурсем: «Ҳолати дили рамзии аксарияти яҳудиёни замони Ирмиё чӣ гуна буд?» Барои ёфтани ҷавоб ба ибораи ғайриоддие, ки Ирмиё истифода бурд, таваҷҷӯҳ кунед: «Тамоми хонадони Исроил дили номахтун [хатнанашуда] доранд». Аз ин оят маълум мешавад, ки Ирмиё на дар бораи хатнае, ки мувофиқи Шариат аз мардон талаб карда мешуд, сухан ронд. Мо инро аз куҷо мефаҳмем? Гарчанд мардони яҳудӣ «дар ҷисм махтун» буданд, лекин Яҳува гуфт, ки онҳо «номахтунанд», яъне «дили номахтун доранд» (Ирм. 9:25, 26). Ин чӣ маъно дошт?

8, 9. Аксарияти яҳудиён бо дили худ бояд чӣ кор мекарданд?

8 Мо маънои «дили номахтун»-ро аз суханоне, ки Худо ба яҳудиён гуфта буд, фаҳмида метавонем: «Ғилофаки дилҳои худро дур кунед, эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим, мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо... аланга занад». Лекин аъмоли бади онҳо аз куҷо сарчашма мегирифт? Аз ботин, яъне аз дилашон. (Марқӯс 7:20–23-ро бихонед.) Бале, Худо ба воситаи Ирмиё сарчашмаи амали бади яҳудиёнро аниқ муайян кард. Дили онҳо якрав ва пур аз исён буд. Фикру ниятҳояшон ба Яҳува маъқул набуданд. (Ирмиё 5:23, 24; 7:24–26-ро бихонед.) Худо ба онҳо гуфт: «Худро барои Худованд махтун намоед ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед» (Ирм. 4:4; 18:11, 12).

9 Аз ин рӯ, ба яҳудиёни замони Ирмиё лозим буд, ки дили рамзиашонро ҷарроҳӣ намоянд, яъне дилашонро махтун кунанд, чуноне ки ин ба одамони рӯзҳои Мусо лозим буд (Такр. Ш. 10:16; 30:6). Гирифтани «ғилофаки дил» маънои онро дошт, ки онҳо бояд чизҳое, ки дилашонро сахт мекард, яъне фикрҳо ва майлу ниятҳоеро, ки ба Худо маъқул набуданд, аз худ дур мекарданд (Аъм. 7:51).

ЧӢ ТАВР МО ДИЛЕ БАРОИ ШИНОХТАНИ ХУДО ДОШТА МЕТАВОНЕМ

10. Аз кадом ҷиҳат мо бояд ба Довуд пайравӣ кунем?

10 То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Худо барои муайян кардани ҳолати дили рамзӣ ба мо кӯмак мекунад! Лекин баъзеҳо чунин пурсида метавонанд: «Чаро ба ходимони имрӯзаи Яҳува лозим аст, ки ба ҳолати дили худ аҳамият диҳанд?» Аксарияти аъзоёни ҷамъомад ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд ва рафтори пок доранд. Онҳо ба «анҷирҳои бад» монанд нестанд. Баръакс, ходимони имрӯзаи Худо халқи пок ва содиқ мебошанд. Аммо дар бораи суханони Довуди одил, ки ба Яҳува муроҷиат карда буд, мулоҳиза ронед: «Маро, эй Худо, тафтиш намо ва диламро бишнос; маро бисанҷ ва андешаҳоямро бидон. Ва бубин, ки оё роҳам каҷ аст?» (Заб. 16:3; 138:23, 24)

11, 12. a) Чаро ҳар яки мо бояд дили худро тафтиш намоем? б) Мо бояд чиро аз Худо интизор нашавем?

11 Яҳува мехоҳад, ки ҳар яки мо ҳолати дурусти дилро ба даст оварда онро нигоҳ дорем. Ирмиё оиди шахси одил сухан ронда, эътироф менамояд: «Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки одилро меозмоӣ ва ботину дилро мебинӣ» (Ирм. 20:12). Агар Ҳокими Даҳр дили одилонро тафтиш кунад, пас, магар мо набояд дили худро ростқавлона тафтиш кунем? (Забур 10:5-ро бихонед.) Худро тафтиш карда, мо шояд хоҳишу мақсад ё ҳиссиёти чуқурамонро, ки сазовори диққатанд, фаҳмем. Шояд мо пай барем, ки гуфтаҳои Яҳуваро зуд иҷро намекунем. Шояд барои чизҳои бадро аз дили рамзиамон дур кардан ҷарроҳӣ лозим бошад. Дар диламон кадом фикрҳои нодуруст ҷой дошта метавонанд? Ва чӣ тавр мо ислоҳ шуда метавонем? (Ирм. 4:4).

12 Яҳува моро барои ислоҳ шудан маҷбур намекунад. Ӯ дар бораи «анҷирҳои нек» сухан ронда гуфт, ки «диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Худо онҳоро барои дилашонро ислоҳ намудан, маҷбур намекард. Ба онҳо лозим буд, ки дар дили худ хоҳиши шинохтани Худоро дошта бошанд. Магар ба мо низ доштани чунин хоҳиш лозим нест?

Тафтиш кардани дил ва ислоҳ намудани хоҳишҳои нодуруст баракатҳо хоҳад овард

13, 14. Чӣ тавр дили масеҳӣ ба вай зарар расонда метавонад?

13 Исо гуфт: «Аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад» (Мат. 15:19). Масалан, агар дар дили бародар фикрҳои бад ҷой дошта бошаду ӯро ба содир кардани зино ё хиёнат водор созанд ва агар ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин тавба накунад, вай илтифоти Худоро пурра аз даст дода метавонад. Лекин ҳатто агар шахс чунин амалҳоро содир накарда бошад ҳам, вай шояд роҳ диҳад, ки дар дилаш хоҳишҳои нодуруст инкишоф ёбанд. (Матто 5:27, 28-ро бихонед.) Айнан дар чунин маврид муҳим аст, ки дили худро тафтиш кунем. Оё шумо нисбати ҷинси муқобил фикри нодурустро, ки ба Яҳува маъқул нест, пинҳон медоред? Оё ба шумо лозим аст, ки чизи дар дил доштаатонро ислоҳ кунед?

14 Чунин шуда метавонад, ки масеҳӣ ба зиёд шудани хашмаш роҳ дода, дар натиҷа аз ҳамимони худ нафрат мекунад (Ибд. 19:17). Оё ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дилашро аз чунин ҳиссиёти сахт озод кунад? (Мат. 5:21, 22).

15, 16. a) Фаҳмонед, ки чӣ тавр дили масеҳиён «номахтун» буда метавонад. б) Ба фикри шумо чаро ба Яҳува «дили номахтун» писанд нест?

15 Хушбахтона аксарияти масеҳиён дар дил чунин иллат надоранд. Аммо Исо дар бораи «хаёлоти бад» низ сухан ронда буд, ки он метавонад ба бисёр паҳлӯҳои ҳаёт таъсири манфӣ расонад. Масалан, чунин шуда метавонад, ки шахс бештар ба хешу табораш содиқ мондан мехоҳад, на ба Худо. Албатта, масеҳиён ба аксарияти одамони «айёми охир» монанд буданд намехоҳанд, ки онҳо аз сабаби надоштани дилбастагӣ нисбати хешу таборашон, «ноаҳл» мебошанд (2 Тим. 3:1, 2). Лекин чунин шуда метавонад, ки шахс аз боиси доштани дилбастагӣ нисбати хешу табораш, ба дигар чизҳои муҳим беэътиноӣ мекунад. Бисёриҳо чунин мегӯянд: «Гӯштро аз нохун ҷудо карда намешавад». Барои ҳамин, агар ягон кас хешу табори онҳоро хафа кунад, онҳо барои ҳимоя ва тарафгирӣ намудани хешашон, метавонанд ба ҳар кор тайёр бошанд. Оиди он фикр кунед, ки чунин ҳиссиёти сахт бародарони Диноро ба кадом кори мудҳиш тела дод (Ҳас. 34:13, 25–30). Ҳамчунин тасаввур кунед, ки дар дили Абшолӯм чӣ буд, ки вайро ба куштани бародараш, Амнӯн, тела дод (2 Подш. 13:1–30). Магар сабаби рӯй додани ин воқеаҳо «хаёлоти бад» набуд?

16 Фаҳмост, ки масеҳиёни ҳақиқӣ ба куштор даст намезананд. Лекин, вақте ки ягон кас наздикони онҳоро хафа мекунад, онҳо шояд ба ҳиссиёти манфӣ дода шаванд. Ё шояд онҳо ба хулосаи нодуруст омада, гумон кунанд, ки ҳамимоне нисбати хешашон бадмуомилагӣ кардааст. Дар чунин мавридҳо онҳо нисбати он бародар ё хоҳар чӣ тавр муносибат хоҳанд кард? Онҳо шояд меҳмоннавозии ин ҳамимонро, ки ба фикри онҳо хешашонро хафа кардааст, рад кунанд ё худашон ҳам ҳеҷ гоҳ ӯро ба меҳмонӣ даъват накунанд (Ибр. 13:1, 2). Лекин чунин ҳиссиёти манфӣ ва норасоии меҳмоннавозиро набояд сафед кунем, зеро он аз норасоии муҳаббат шаҳодат медиҳад. Бале, Тафтишкунандаи дил метавонад муайян кунад, ки чунин дил «номахтун» аст (Ирм. 9:25, 26). Аммо Яҳува мегӯяд: «Ғилофаки дилҳои худро дур кунед» (Ирм. 4:4).

БА ДАСТ ОВАРДАН ВА НИГОҲ ДОШТАНИ ДИЛЕ, КИ ХУДОРО МЕШИНОСАД

17. Чӣ тавр худотарсӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки диламон бештар ҳассос бошад?

17 Агар шумо дили рамзиатонро тафтиш карда, дарк намоед, ки он ба талаботи Яҳува на он қадар мувофиқат мекунад ва ба андозае «номахтун» аст, пас чӣ кор бояд кунед? Шояд шумо пай бурдед, ки дар дилатон одамтарсӣ, хоҳиши машҳур гаштан, бой будан, ё баъзан якравӣ, ё новобаста будан ҷой дорад. На танҳо шумо, дигарон низ чунин хоҳишҳоро дар худ пай бурдаанд (Ирм. 7:24; 11:8). Ирмиё оиди яҳудиёни хиёнаткори замони худ навишт, ки онҳо «дили беитоат ва исёнкор доранд». Ӯ боз илова кард: «Дар дили худ нагуфтанд: “Аз Худованд Худои худ битарсем, ки Ӯ борони аввал ва охирро дар сари вақт меборонад”» (Ирм. 5:23, 24). Магар бештар инкишоф додани худотарсӣ ва миннатдорӣ ба Яҳува ёрдам намекунад, ки «ғилофаки дилро аз худ дур» кунем? Чунин тарси солим ба мо кӯмак карда метавонад, то ки диламон барои иҷроиши иродаи Худо бештар ҳассос гардад.

18. Яҳува ба онҳое, ки дар аҳди нав мебошанд, чӣ ваъда дода буд?

18 Чунин кӯшишҳоро ба харҷ дода, мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба мо дилеро ато хоҳад кард, то Ӯро бишносем. Маҳз инро Ӯ ба тадҳиншудагон, ки дар аҳди нав мебошанд, ваъда карда буд. Ӯ гуфт: «Шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд». Лекин оиди дар ҳақиқат шинохтани Худо чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ илова намуд: «Касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода, нахоҳад гуфт: “Худовандро бишносед”, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт... чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард» (Ирм. 31:31–34) *.

19. Масеҳиёни ҳақиқӣ чӣ гуна умеди олиҷаноб доранд?

19 Шумо албатта бесаброна интизоред, ки ба туфайли аҳди нав ҳаёти ҷовидонаро хоҳ дар осмон бошад, ё хоҳ дар замин, ба даст хоҳед овард. Лекин барои инро ба даст овардан мо бояд Яҳуваро бишносем ва аъзои халқи Ӯ бошем. Ин мукофот ба туфайли бахшида шудани гуноҳҳоямон дар асоси фидияи Исо имконпазир гашт. Аз ин рӯ, танҳо фикри он ки гуноҳҳои мо бахшида мешаванд моро бояд водор кунад, ки дигаронро бубахшем, ҳатто онҳоеро ки моро сахт хафа кардаанд. Мо бояд сахт кӯшиш кунем, то ҳар қаҳру ғазаб ё нафрате, ки нисбати дигарон дорем, аз худ дур созем. Ҳамин тавр мо на танҳо хоҳиши ба Яҳува хизмат карданро зоҳир мекунем, ҳамчунин нишон медиҳем, ки Ӯро беҳтар шинохта истодаем. Мо мисли шахсоне хоҳем буд, ки Яҳува ба воситаи Ирмиё оиди онҳо гуфта буд: «Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед. Ва Ман барои шумо ёфт хоҳам шуд» (Ирм. 29:13, 14).

^ сарх. 18 Дар китоби «Худо ба воситаи Ирмиё ба мо чӣ мегӯяд» (рус.), боби 14 оиди аҳди нав маълумот оварда шудааст.