Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Соҳиби илтифоти Худо шудан ҳаёти абадӣ мебахшад

Соҳиби илтифоти Худо шудан ҳаёти абадӣ мебахшад

Соҳиби илтифоти Худо шудан ҳаёти абадӣ мебахшад

«Ба ман лутф ва марҳамат намо; чунон ки дӯстдорони исми Туро сазовор аст» (ЗАБ. 118:132).

1, 2. Илёс аз бевазани сорефотӣ чиро хоҳиш кард ва ӯро дар чӣ бовар кунонд?

БОРЕ як бевазан бо писараш ва пайғамбари Худо гурусна буданд. Вақте ки ин бевазани сорефотӣ барои пухтан алов карданӣ буд, пайғамбар Илёс аз вай обу нон хоҳиш кард. Зан тайёр буд, ки ба пайғамбар каме об диҳад, вале барои хӯрдан ҳар он чизе ки ӯ дошт, ин фақат «як мушт орд дар чалак ва андак равған дар кӯза» буд. Вай фикр мекард, ки барои пайғамбар чизи хӯрданӣ надорад ва инро ба ӯ гуфт (3 Подш. 17:8–12).

2 «Кулчаи хурде аз он барои ман пухта,— давом дод Илёс,— назди ман биёр ва баъд барои худат ва писарат бипаз; зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: “Чалаки орд тамом нахоҳад шуд, ва кӯзаи равған кам нахоҳад монд”» (3 Подш. 17:13, 14).

3. Мо бояд ба худ кадом саволи муҳимро бидиҳем?

3 Бевазан бояд на дар бораи хӯроки охиринаш, балки дар бораи чизи муҳимтаре қарор қабул мекард. Оё ӯ барои наҷот ёфтани худ ва писараш ба Яҳува таваккал мекунад ё ин ки талаботи ҷисмониашро дар ҷои аввал гузошта, аз лутфу марҳамати Худо ва дӯстӣ бо Ӯ даст мекашад? Ҳамаи мо бояд ба худ саволи ба ин монанд бидиҳем. Оё мо бештар дар бораи талаботи моддӣ ташвиш мекашем ё ин ки оиди ба даст овардани илтифоти Яҳува? Мо барои таваккал намудан ва хизмат кардан ба Худо асос дорем. Ва роҳҳое ҳастанд, ки ба воситаи он мо метавонем илтифоти Ӯро ҷуста онро ба даст орем.

Ту сазовори ибодат ҳастӣ

4. Чаро Яҳува сазовори ибодати мо мебошад?

4 Яҳува ҳақ дорад, то аз одамон интизор шавад, ки ба таври ба Ӯ мақбул хизмат кунанд. Гурӯҳи хизматгорони осмонии Ӯ ин ҳақиқатро тасдиқ карда, якҷоя чунин гуфтанд: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст» (Ваҳй 4:11). Азбаски Яҳува Офаридгор аст, Ӯ сазовори ибодати мо мебошад.

5. Чаро муҳаббати Худо бояд моро барангезад, ки ба Ӯ хизмат кунем?

5 Сабаби дигари ба Яҳува хизмат карданамон дар он аст, ки Ӯ нисбати мо муҳаббати бепоён дорад. «Худо одамро ба сурати Худ офарид,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас,— ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид» (Ҳас. 1:27). Одамон соҳиби озодии ирода буда, қобилияти худододи фикр кардану қарор қабул намуданро доранд. Яҳува ба мо ҳаёт бахшида, Падари тамоми инсоният гашт (Луқ. 3:38). Мисли ҳар падари меҳрубон, Ӯ барои хушбахтии писарону духтаронаш ҳама чизро додааст. «Ӯ офтоби Худро... тулӯъ мекунонад ва борон... меборонад», то ки Замин дар муҳити зебо ба мо ғизои фаровон диҳад (Мат. 5:45).

6, 7. а) Одам ба насли худ чӣ зараре расонд? б) Қурбонии Исо барои онҳое ки илтифоти Яҳуваро ба даст овардан мехоҳанд, чиро имконпазир хоҳад кард?

6 Яҳува инчунин моро аз оқибатҳои даҳшатовари гуноҳ наҷот дод. Одам гуноҳ карда, ба қиморбозе монанд гашт, ки оилаашро ғорат карда, қиморбозӣ мекунад. Одам зидди Яҳува баромада, фарзандонашро аз имконияти абадан хушбахтона зиндагӣ кардан маҳрум сохт. Худписандии ӯ инсониятро ғуломи оғои бераҳм — нокомилӣ гардонд. Барои ҳамин, тамоми инсоният гирифтори беморӣ, ғаму андӯҳ ва марг мебошад. Озод кардани ғулом муздро металабад ва музде, ки Яҳува додааст, метавонад моро аз ин оқибатҳои даҳшатангез наҷот диҳад. (Румиён 5:21–ро бихонед.) Исои Масеҳ мувофиқи иродаи Падараш амал карда, «ҷони Худро барои фидияи бисёр касон» дод (Мат. 20:28). Ба наздикӣ ҳамаи онҳое ки илтифоти Яҳуваро соҳиб гаштаанд, аз ин фидия манфиати пурра хоҳанд гирифт.

7 Офаридгори мо Яҳува ягона шахсиятест, ки ба мо хушбахтиву ҳаёти пурмаъно бахшидааст. Илтифоти Ӯро ба даст оварда мо хоҳем дид, ки чӣ гуна Ӯ тамоми азоберо, ки одамон аз сар гузаронида истодаанд бартараф хоҳад кард. Ва ҳар яки мо дар ҳаёти худ хоҳем дид, ки чӣ тавр Яҳува «ба толибони худ мукофот» медиҳад (Ибр. 11:6).

«Қавми Ту... ба ихтиёр ҳозир шудаанд»

8. Дар мавриди хизмат ба Худо мо аз намунаи Ишаъё чиро таълим мегирем?

8 Ба даст овардани илтифоти Худо ин яке аз роҳҳои дуруст истифода бурдани озодии ирода мебошад. Зеро Яҳува ҳеҷ касро барои ба Ӯ хизмат кардан маҷбур намекунад. Дар рӯзҳои Ишаъё, Худо чунин гуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Яҳува ба пайғамбар имконияти қарор қабул карданро дода, ба ӯ эҳтиром зоҳир кард. Ба ҷавоби бо қаноатмандӣ додаи Ишаъё диққат диҳед: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8).

9, 10. а) Муносибати мо ба хизмат бояд чӣ гуна бошад? б) Чӣ нишон медиҳад, ки мо ба Яҳува аз таҳти дил хизмат мекунем?

9 Одамон барои ба Худо хизмат кардан ё накардан озод мебошанд. Яҳува мехоҳад, ки мо бо хоҳиши худ ба Ӯ хизмат кунем. (Еҳушаъ ибни Нун 24:15–ро бихонед.) Вале касоне ки бо дили нохоҳам Худоро ибодат мекунанд лутфу марҳамати Ӯро ба даст оварда наметавонанд. Ва Яҳува ҳеҷ гоҳ ибодати касонеро, ки мақсади танҳо ба одам писанд омаданро доранд, қабул намекунад (Қӯл. 3:22). Агар мо дар хизмати Худо «даранг» мекардем, яъне ба хоҳишҳои ҷаҳонӣ роҳ медодем, ки ба ибодатамон халал расонанд, мо илтифоти Худоро ба даст оварда наметавонистем (Хур. 22:29). Яҳува медонад, ки аз таҳти дил ба Ӯ хизмат кардан ба фоидаи мост. Мусо исроилиёнро барангехта буд, ки Яҳува Худои худро дӯст доранд, ба овози Ӯ гӯш диҳанд, ба Ӯ бичаспанд ва бо ин ҳаётро ихтиёр намоянд (Такр. Ш. 30:19, 20).

10 Подшоҳи Исроили қадим, Довуд, ба Яҳува сароида буд: «Қавми Ту дар рӯзи қуввати Ту ба ихтиёр ҳозир шудаанд, дар сару либоси қудсият; аз батни субҳидам шабнами ҷавонии Ту барои Туст» (Заб. 109:3). Бисёр одамон имрӯз барои аз ҷиҳати моддӣ таъмин будан ва вақтхушӣ кардан зиндагӣ мекунанд. Вале онҳое ки Яҳуваро дӯст медоранд, хизмати муқаддас барояшон дар ҷои аввал меистад. Бо ҷидду ҷаҳд дар хизмат иштирок кардани онҳо исбот мекунад, ки чӣ барояшон дар ҷои аввал меистад. Онҳо пурра ба Яҳува боварӣ доранд, ки Ӯ талаботи ҳаррӯзаашонро қонеъ мегардонад (Мат. 6:33, 34).

Қурбониҳое, ки бо онҳо илтифоти Худоро соҳиб мешавем

11. Исроилиён ба Яҳува қурбонӣ оварда, чӣ манфиатро мегирифтанд?

11 Мувофиқи Қонуни Мусо халқи Худо барои хурсанд кардани дили Яҳува қурбониҳои ба Ӯ мақбулро меоварданд. Дар Ибодат 19:5 гуфта мешавад: «Ҳангоме ки қурбонии саломатӣ барои Худованд забҳ мекунед, онро тавре забҳ кунед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед». Дар худи ҳамин китоб боз мехонем: «Ҳангоме ки забҳи шукрона барои Худованд тақдим менамоед, онро тавре тақдим намоед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед» (Ибд. 22:29). Вақте ки исроилиён назди қурбонгоҳ ба таври ба Яҳува мақбул ҳайвонро қурбонӣ мекарданд, дуди он барои Худованд мисли «атри гуворо» буд (Ибд. 1:9, 13). Ӯ аз чунин ибрози муҳаббати халқаш, оромиву тароват мегирифт (Ҳас. 8:21). Аз ин қонунҳо мо принсиперо меёбем, ки онро дар рӯзҳои мо ба кор бурдан мумкин аст. Онҳое ки ба Яҳува қурбониҳои мақбул меоранд илтифоти Ӯро соҳиб мешаванд. Худо кадом қурбониҳоро қабул мекунад? Биёед ду ҷиҳати ҳаётамонро дида бароем: рафтор ва гуфтор.

12. Кадом корҳо чун қурбонӣ тақдим кардани ҷисмҳоямонро барои Яҳува нафратовар мегардонданд?

12 Павлуси ҳавворӣ дар номааш ба румиён навишта буд: «Ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд» (Рум. 12:1). Барои илтифоти Худоро соҳиб шудан, ба шахс зарур аст, ки ҷисми худро пок нигоҳ дорад. Агар кас худро бо тамоку, нос, нашъа ё арақхӯрӣ ифлос мекард, чунин тақдимкунӣ арзише намедошт (2 Қӯр. 7:1). Ҳамчунин шахсе, ки зино мекунад, «бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад», барои ҳамин ҳар гуна рафтори бадахлоқонааш қурбонии ӯро барои Яҳува нафратовар мегардонад (1 Қӯр. 6:18). Барои дили Худоро шод гардондан, шахс бояд дар тамоми рафтори худ муқаддас бошад (1 Пет. 1:14–16).

13. Чаро ба мо Яҳуваро ҳамду сано гуфтан мезебад?

13 Қурбонии дигаре, ки Яҳуваро шод мегардонад, бо гуфторамон алоқаманд мебошад. Дӯстдорони Яҳува ҳамеша дар бораи Ӯ дар сӯҳбат бо одамон ва аъзоёни оила суханони хуб мегуфтанд. (Забур 33:2–4-ро бихонед.) Забур 148–150-ро хонед ва аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ҳар сеи ин таронаҳо маротибаҳои зиёд моро бармеангезанд, ки Яҳуваро ҳамду сано гӯем. Дар ҳақиқат, «ҳамду сано гуфтан росткоронро мезебад» (Заб. 32:1). Ва Намунаи мо, Исои Масеҳ, қайд намуд, ки то чӣ андоза муҳим аст, ки хушхабарро мавъиза карда Худоро ҳамду сано гӯем (Луқ. 4:18, 43, 44).

14, 15. Ҳушаъ исроилиёнро ба овардани кадом қурбониҳо даъват намуд ва Яҳува бар ивази ин чӣ кор мекард?

14 Бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кардани мо шаҳодати он аст, ки мо Яҳуваро дӯст медорем ва илтифоти Ӯро соҳиб шудан мехоҳем. Масалан, аҳамият диҳед, ки пайғамбар Ҳушаъ исроилиёнро, ки ба ибодати дурӯғ дода шуда буданд ва аз марҳамати Худо маҳрум гардида буданд, ба чӣ даъват намуд (Ҳуш. 13:1–3). Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба Худо бо чунин тарз муроҷиат кунанд: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз, ва он чи некӯст, қабул намо; ва мо, ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем» (Ҳуш. 14:2, 3).

15 Гов ин беҳтарин ҳайвоне буд, ки исроилиён ба Яҳува қурбонӣ оварда метавонистанд. Пас, ибораи «мо ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем» чӣ маъно дорад? Маънояш суханони самимиву хуб фикркардашуда мебошанд, ки барои ҳамду санои Худои ҳақиқӣ гуфта мешаванд. Яҳува бар ивази чунин қурбониҳои онҳо чӣ кор мекард? Ӯ гуфт: «Аз рӯи марҳамат онҳоро дӯст хоҳам дошт» (Ҳуш. 14:5). Онҳое ки чунин қурбонии шукронаро ба Яҳува тақдим менамуданд, Ӯ онҳоро мебахшид, бо онҳо дӯстӣ мекард ва онҳо илтифоти Ӯро соҳиб мешуданд.

16, 17. Вақте ки имон шахсро барои сар кардани мавъизаи хушхабар бармеангезад, Яҳува ба қурбонии ӯ чӣ тавр назар мекунад?

16 Яҳуваро ошкоро ҳамду сано гуфтан ҳамеша қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ буд. Ҷалол додани Худои ҳақиқӣ барои забурнавис чунон аҳамияти калон дошт, ки ӯ чунин илтиҷо кард: «Ба ҳадияҳои даҳонам таваҷҷӯҳ намо, эй Худованд!» (Заб. 118:108). Имрӯз чӣ? Дар бораи одамони зиёди замони мо Ишаъё пешгӯӣ карда буд: «Ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод... бар қурбонгоҳи Ман [Худо] баромада, [ҳадияҳои онҳо] мақбул хоҳанд шуд» (Иш. 60:6, 7). Дар иҷрошавии ин пешгӯӣ миллионҳо одамон ба Худо «қурбонии шукронаро... яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд», тақдим менамоянд (Ибр. 13:15).

17 Оё шумо низ ба Худо қурбониҳои барояш писандро меоред? Агар не, оё шумо дар ҳаёти худ дигаргуниҳои лозимаро медароред ва ошкоро ба ҳамду сано гуфтани Яҳува сар мекунед? Вақте ки имонатон шуморо барои сар кардани мавъизаи хушхабар бармеангезад, ин қурбонии шумо, назар ба гов бештар «ба Худованд писанд хоҳад омад». (Забур 68:31, 32–ро бихонед.) Боварӣ дошта бошед, ки «атри гуворои» қурбонии шукронаи шумо ба Яҳува рафта мерасад ва шумо илтифоти Ӯро соҳиб хоҳед шуд (Ҳиз. 20:41). Он гоҳ хурсандие, ки шумо эҳсос хоҳед кард, беҳадду канор хоҳад буд.

Яҳува ба дӯстдорони худ лутфу марҳамат менамояд

18, 19. а) Имрӯз назари одамон ба хизмат ба Худо чӣ гуна аст? б) Аз лутфу марҳамати Худо маҳрум гаштан ба чӣ оварда мерасонад?

18 Имрӯз бисёриҳо мисли баъзе одамони замони Малокӣ ба чунин хулоса меоянд: «Ибодати Худо бефоида аст; чӣ суде дошт, ки мо хизмати Ӯро ба ҷо овардем?» (Мал. 3:14). Дар натиҷаи хоҳишҳои зарпарстонаи худ одамон фикр мекунанд, ки нияти Худо иҷро намешавад ва қонунҳои Ӯ барои онҳо бефоидаанд. Барои онҳо мавъизаи хушхабар ин беҳуда сарф кардани вақт ва сабаби хашми онҳо мегардад.

19 Ин тарзи фикрронӣ аз замони қадим аз боғи Адан реша мегирад. Шайтон Ҳавворо бовар кунонд, ки вай ба ҳаёти олиҷанобе, ки Яҳува ба ӯ дода буд ношукрӣ кунад ва ба Яҳува писанд буданро қадр накунад. Имрӯз низ Шайтон одамонро бовар мекунонад, ки иҷро кардани хоҳиши Худо бефоида аст. Лекин Ҳавво ва шавҳараш фаҳмиданд, ки аз даст додани лутфу марҳамати Худо ин аз ҳаёт маҳрум шудан аст. Имрӯз низ шахсоне, ки ба намунаи онҳо пайравӣ мекунанд, ба қарибӣ ҳаёти худро аз даст медиҳанд (Ҳас. 3:1–7, 17–19).

20, 21. а) Бевазани сорефотӣ чӣ кор кард ва вазъияти ӯ бо чӣ анҷомид? б) Чӣ тавр ва барои чӣ мо бояд ба бевазани сорефотӣ пайравӣ кунем?

20 Оқибати ғамангези Одаму Ҳавворо бо воқеаи Илёс ва бевазани сорефотӣ, ки дар аввали мақола оварда шудааст, муқоиса кунед. Баъди шунидани суханони рӯҳбаландкунандаи Илёс бевазан ба пухтани нон сар кард ва нигоҳ накарда ба он ки нон хеле кам буд, вай аввал як бурдаи онро ба пайғамбар дод. Сипас Яҳува ваъдаи ба Илёс додаашро иҷро кард. Давоми воқеа чунин буд: «Вай, ва ӯ, ва аҳли хонаи вай чандин айём хӯрданд. Чалаки орд тамом нашуд, ва кӯзаи равған кам намонд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Илёс гуфта буд» (3 Подш. 17:15, 16).

21 Имрӯз аз байни миллиардҳо одамон танҳо шумораи ками онҳо тайёранд, ки мисли бевазани сорефотӣ амал кунанд. Бевазан ба Худои наҷот пурра таваккал кард ва Худо ӯро дастгирӣ намуд. Ин ва дигар воқеаҳои Китоби Муқаддас тасдиқ мекунанд, ки Яҳува сазовори боварии мост. (Еҳушаъ ибни Нун 21:43–45; 23:14-ро бихонед.) Намунаҳои ҳозираи Шоҳидони Яҳува бори дигар тасдиқ мекунанд, ки Яҳува онҳоеро ки илтифоти Ӯро соҳибанд, ҳеҷ гоҳ намепартояд (Заб. 33:7, 8, 18–20) *.

22. Чаро ба мо зарур аст, ки ҷустуҷӯи илтифоти Яҳуваро ба ақиб нагузорем?

22 Рӯзи доварии Худованд, ки «бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад», наздик аст (Луқ. 21:34, 35). Аз он ҷои гурез нест. Ягон боигариву ҳаёти бокарруфар ба арзиши суханони зерини Довари таъиншудаи Худо баробар шуда наметавонад: «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки... барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред» (Мат. 25:34). Оре, Яҳува ба дӯстдорони худ лутфу марҳамат менамояд (Заб. 118:132). Магар мо набояд илтифоти Худоро биҷӯем?

[Эзоҳ]

^ сарх. 21 Ба «Бурҷӣ дидбонӣ» (рус.) аз 15 марти с. 2005, саҳ. 13, сарх. 15 ва 1 августи с. 1997, саҳ. 20–25 нигаред.

Оё дар хотир доред?

• Чаро Яҳува сазовор аст, ки мо Ӯро аз таҳти дил ибодат кунем?

• Имрӯз ба Яҳува чӣ гуна қурбониҳо писанданд?

• Ибораи «ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем» чӣ маъно дорад ва чаро мо бояд онро ба Яҳува тақдим кунем?

• Чаро ба мо зарур аст, ки илтифоти Худоро ҷӯё бошем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 13]

Пайғамбари Худо дар назди модари камбағал кадом масъалаи муҳимро гузошт?

[Tасвир дар саҳифаи 15]

Вақте ки мо ба Яҳува қурбонии шукрона меорем, аз ин чӣ манфиат мегирем?

[Tасвир дар саҳифаи 17]

Аз таҳти дил ба Яҳува таваккал карданатон ҳеҷ гоҳ ба рӯҳафтодагиву ноумедӣ намеорад