Мисли Исо далерона мавъиза кунед
Мисли Исо далерона мавъиза кунед
«[Мо] қавӣ гардидем, то ки ... башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем» (1 ТАС. 2:2).
1. Чаро хушхабари Салтанат ин қадар нек аст?
ЧӢ ХУРСАНДИБАХШ аст шунидани пайғомҳои нек! Некӯтарин пайғом бошад, хушхабари Салтанати Худо аст. Ин хушхабар моро итминон мебахшад, ки ранҷу азоб, дарду ғам ва бемориву марг хотима хоҳанд ёфт. Он ҳамчунин сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд, нияти Худоро ошкор мекунад ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна бо Ӯ муносибатҳои наздик пайдо намоем. Ин хушхабарро Исо ба одамон мерасонд ва шояд шумо гумон кунед, ки ҳама аз шунидани он хурсанд буданд. Лекин мутаассифона, ин тавр набуд.
2. «[Ман] омадаам, то ... ҷудо кунам» гуфтани Исоро фаҳмонед.
2 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер; зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд» (Мат. 10:34–36). Бисёри одамон, ба ҷои он ки аз шунидани хушхабар хурсанд шаванд, онро рад менамоянд. Баъзеҳо ба касоне, ки онро мавъиза мекунанд, душман мегарданд ва чунин муносибат ҳатто байни аъзоёни оила ҷой дошта метавонад.
3. Барои иҷрои супориши мавъизакунӣ ба мо чӣ лозим аст?
3 Мо низ ҳамон ҳақиқатҳоеро, ки Исо мавъиза мекард, ба дигарон мерасонем ва имрӯз ҳам бисёриҳо ба онҳо некхоҳона муносибат намекунанд. Ва ин ғайричашмдошт нест, зеро Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «“Ғулом бузургтар аз оғои худ нест”. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард» (Юҳ. 15:20). Ҳарчанд дар бисёри мамлакатҳо моро рӯирост таъқиб намекунанд, мо бо бепарвоӣ ва бадбинии одамон рӯ ба рӯ мешавем. Аз ин рӯ, барои минбаъд низ ҷасурона мавъиза кардани хушхабар ба мо имон ва далерӣ лозим аст. (2 Петрус 1:5–7-ро бихонед.)
4. Чаро ба Павлус барои мавъиза кардан далерӣ лозим буд?
4 Шояд баъзан ба шумо иштирок дар хидмат мушкил бошад ё шояд аз баъзе намудҳои он шумо тарсед. Агар чунин бошад, шумо танҳо нестед. Павлуси расул воизи нотарсу ҷасур буд ва ҳақиқатро хуб медонист, лекин баъзан ҳатто ба ӯ мавъиза кардан хеле душвор буд. Павлус ба масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ навишт: «Мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем» (1 Тас. 2:2). Дар шаҳри Филиппӣ ҳукуматдорон Павлус ва ҳамкори ӯ Силоро калтаккорӣ карданд ва ба зиндон андохта, ба пойҳояшон кунда заданд (Аъм. 16:16–24). Бо вуҷуди ин, Павлус ва Сило «дар Худои худ қавӣ» гаштанд, то ки далерона мавъиза карданро давом диҳанд. Чӣ тавр мо ҳам далер шуда метавонем? Барои ҷавоб ба ин савол, биёед аввал бубинем, ки дар замонҳои пеш ходимони Худо ба туфайли чӣ далерона суханҳои Яҳуваро ба дигарон мерасонданд ва сипас муҳокима хоҳем кард, ки чӣ тавр мо ба ин ходимон пайравӣ карда метавонем.
Далерӣ ҳангоми дучоршавӣ бо адоват
5. Чаро ба ходимони содиқи Яҳува ҳамеша далерӣ лозим буд?
5 Барҷастатарин намунаи далериву ҷасорат, албатта, Исои Масеҳ мебошад. Лекин аз оғози таърихи инсоният далерӣ ба ҳама ходимони содиқи Яҳува лозим буд. Чаро? Зеро баъд аз исён дар боғи Адан Яҳува пешгӯӣ кард, ки байни хидматгорони Худо ва хидматгорони Шайтон адоват вуҷуд хоҳад дошт (Ҳас. 3:15). Ин адоват хеле зуд зоҳир гашт. Ҳобил, ки марди одил буд, аз тарафи бародараш кушта шуд. Дертар, ба ин адоват Ҳанӯх рӯ ба рӯ гашт; вай ҳам марди содиқ буду то Тӯфон зиндагӣ мекард. Ӯ пешгӯӣ менамуд, ки Худо бо беварҳои муқаддасони Худ омада, шариронро доварӣ хоҳад кард (Яҳд. 14, 15). Ин хабар, бешубҳа, ба гӯши одамон намефорид. Одамон аз Ҳанӯх нафрат доштанд ва агар Худо ҳаёти ӯро қатъ намекард, онҳо эҳтимол вайро мекуштанд. Чӣ гуна далерие зоҳир намуд Ҳанӯх! (Ҳас. 5:21–24).
6. Чаро барои сухан гуфтан бо фиръавн ба Мусо далерӣ лозим буд?
6 Ҳамчунин дар бораи далерие, ки Мусо ҳангоми сухан гуфтан бо фиръавн зоҳир кард, фикр кунед. Фиръавн ҳокиме буд, ки ӯро ҳатто намояндаи худоён неву худи худо, писари худои офтоб Ра, меҳисобиданд. Эҳтимол, ӯ ҳам мисли дигар фиръавнҳо тасвири худро парастиш мекард. Суханони ӯ қонун ҳисоб мешуданд ва ҳокимияти вай мутлақ буд. Фиръавни пурқудрат, мағрур ва якрав одат накарда буд, ки касе ба ӯ роҳ нишон диҳад. Ана ба назди чӣ гуна одам Мусо, ки чӯпони хоксору ҳалим буд, гаштаву баргашта мерафт. Вай дар даргоҳи фиръавн шахси нохонда буд ва касе аз омадани ӯ хурсанд намешуд. Чаро Мусо назди фиръавн меомад? Мусо омадани балоҳои харобиоварро пешгӯӣ мекард ва аз фиръавн талаб менамуд, ки барои мамлакатро тарк кардани якчанд миллион ғуломонаш иҷозат диҳад. Оё барои ҳамаи ин ба Мусо далерӣ лозим набуд? — Албатта лозим буд! (Ад. 12:3; Ибр. 11:27).
7, 8. а) Ходимони содиқе, ки то Масеҳ зиста буданд, бо чӣ гуна озмоишҳо рӯ ба рӯ мешуданд? б) Ба он ходимон чӣ кӯмак мекард, ки далерона ибодати покро дастгирӣ кунанд?
7 Тӯли асрҳои минбаъда пайғамбарон ва дигар ходимони содиқи Худо далерона ибодати покро дастгирӣ мекарданд. Ҷаҳони Шайтон нисбати онҳо бераҳм буд. Павлус менависад: «Сангсор шуданд, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфанду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳтоҷӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд» (Ибр. 11:37). Ба ин ходимони содиқи Худо чӣ кӯмак менамуд, ки ҷасоратро аз даст надиҳанд? Якчанд оят пештар расул қайд кард, ки ба Ҳобил, Иброҳим, Соро ва дигарон барои қавӣ мондан чӣ кӯмак мекард. Ӯ мегӯяд, ки онҳо «ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро [бо чашми имон] дида, шод шуданд» (Ибр. 11:13). Бешубҳа, ба Илёс, Ирмиё ва дигар шахсони содиқе, ки то Масеҳ зиста буданду ибодати ҳақиқиро ҷасурона дастгирӣ мекарданд, назар дӯхтан ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува барои паси сар кардани озмоишҳо кӯмак менамуд (Тит. 1:2).
8 Он шахсони содиқ, ки то Масеҳ зиста буданд, ба ояндаи дурахшон ва зебо назар медӯхтанд. Баъди эҳёшавӣ онҳо ниҳоятан комилиятро ба даст меоранд ва ба туфайли хидмати Исои саркоҳин ва 144 000 коҳинон «аз бандагии фано халосӣ» меёбанд (Рум. 8:21). Беш аз ин, ба Ирмиё ва ходимони давраи пеш суханони эътимодбахши Худо кӯмак мекарданд. Масалан, Худо ба Ирмиё гуфта буд: «Онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард, вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад, зеро ки Ман бо ту ҳастам,— гуфт Худованд,— то ки туро халосӣ диҳам» (Ирм. 1:19). Агар мо ҳам дар бораи иҷрошавии ваъдаҳои Худо ва дар бораи суханони эътимодбахши Ӯ нисбати муҳофизати рӯҳонӣ мулоҳиза кунем, мо низ қавӣ хоҳем гашт. (Мас. 2:7; 2 Қӯринтиён 4:17, 18–ро бихонед.)
Исо аз муҳаббат далерона мавъиза мекард
9, 10. Исо чӣ тавр далерӣ зоҳир кард: а) назди сарварони динӣ? б) назди дастаи сарбозон? в) назди саркоҳин? г) назди Пилат?
9 Исо, ки намуна барои мо аст, бо роҳҳои гуногун далерӣ зоҳир мекард. Масалан, ӯ ба нафрати касони пурқудрат ва бонуфуз нигоҳ накарда, ба одамон суханонеро, ки Худо гуфтан мехост, мерасонд, ҳатто агар онҳо ба шунавандагон маъқул набошанд ҳам. Ӯ нотарсона сарварони пурқудрати диниро маҳкум мекард, зеро онҳо дар назари худ одил буданду дурӯғро таълим медоданд. Он одамон ба маҳкумкунӣ сазовор буданд ва Исо онҳоро рӯирост ва ошкоро мазаммат мекард. Боре ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни Мат. 23:27, 28).
риёкор, ки ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст; ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин аз риёкорӣ ва шарорат пур ҳастед» (10 Вақте ки Исо дар боғи Ҷатсамонӣ бо дастаи сарбозон рӯ ба рӯ шуд, ӯ аз онҳо натарсид ва пинҳон нашуд (Юҳ. 18:3–8). Баъдтар, Исоро назди шӯрои пирон оварданд ва саркоҳин ӯро пурсуков кард. Исо медонист, ки саркоҳин барои куштани вай баҳона меҷӯяд, лекин ӯ нотарсона тасдиқ кард, ки вай Масеҳ ва Писари Худо аст. Илова бар ин, Исо гуфт: «Шумо Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд» (Марқ. 14:53, 57–65). Чанде пас аз ин, Исоро банду баст карда назди Пилат оварданд, ки ӯ Исоро озод карда метавонист. Лекин Исо дар ҷавоби айбдоркуниҳои душманон хомӯш монд (Марқ. 15:1–5). Барои тоб овардан ба ҳамаи ин хеле далер будан лозим буд.
11. Далерӣ бо муҳаббат чӣ алоқамандие дорад?
11 Исо ба Пилат гуфт: «Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам» (Юҳ. 18:37). Яҳува ба Исо супориш дода буд, ки хушхабарро мавъиза кунад ва ӯ ин корро хурсандона мекард, зеро Падари осмониашро дӯст медошт (Луқ. 4:18, 19). Исо ҳамчунин ба одамон муҳаббат дошт. Ӯ медонист, ки ҳаёти онҳо душвор аст. Агар мо ҳам ба Худо ва одамон муҳаббат дошта бошем, мо бо далериву ҷасорат дар кори шаҳодатдиҳӣ иштирок мекунем (Мат. 22:36–40).
Бо кӯмаки рӯҳулқудс далерона мавъиза мекунем
12. Чӣ сабаби хурсандии шогирдони нахустин гашт?
12 Чанд ҳафта пас аз марги Исо барои хурсандии шогирдон сабабе пайдо шуд: Яҳува ба сафи онҳо шогирдони навро ҳамроҳ мекард. Танҳо дар як рӯз 3 000 яҳудиён ва касони дини яҳудиро қабулкарда, ки ба Ерусалим барои ҷашни иди Фисҳ аз мамлакатҳои бисёр омада буданд, таъмид гирифтанд! Эҳтимол, ин рӯйдод мавзӯи асосии сӯҳбати мардуми Ерусалим гашта буд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд ва бисёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад» (Аъм. 2:41, 43).
13. Чаро бародарон барои далер шудан дуо гуфтанд ва дар натиҷа чӣ шуд?
13 Аз ин сарварони динӣ ба хашм омаданд ва Петрусу Юҳанноро дастгир карда, тамоми шаб онҳоро дар ҳабс нигоҳ доштанд; ҳамчунин ба расулон фармон доданд, ки дар бораи Исо дигар сухан нагӯянд. Баъди озодшавӣ ин ду нафар воқеаи рӯйдодаро ба бародарон нақл карданд. Сипас ҳама якҷоя ба Худо дуо гуфтанд ва аз Ӯ пурсиданд, ки дар таъқибот онҳоро дастгирӣ кунад: «Эй Парвардигор ... ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд». Баъди ин, «ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд» (Аъм. 4:24–31).
14. Рӯҳулқудс дар мавъиза чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад?
14 Аҳамият диҳед, ки шогирдон бо кӯмаки рӯҳулқудси пурқудрати Яҳува суханони Худоро далерона мавъиза карданд. Пас, ҷасорате, ки барои ба дигарон ва ҳатто ба мухолифон расонидани пайғом лозим аст, аз мо нест. Яҳува метавонад ва Ӯ мехоҳад ба мо рӯҳулқудс диҳад, фақат мо бояд онро аз Ӯ пурсем. Бо кӯмаки Яҳува мо ҳам далер буда метавонем, ки ин барои бар ҳар гуна озмоишҳо ғолиб омадан лозим аст. (Забур 137:3–ро бихонед.)
Масеҳиёни имрӯза далерона мавъиза мекунанд
15. Ҳақиқат имрӯз чӣ тавр одамонро ҷудо мекунад?
15 Имрӯз чун дар замонҳои пеш ҳақиқат одамонро ҷудо мекунад. Баъзеҳо онро хурсандона қабул мекунанд, ҳол он ки дигарон тарзи ибодати моро на мефаҳманд ва на эътироф мекунанд. Бархе моро танқид ё тамасхур менамоянд ва ё ҳатто аз мо нафрат мекунанд, ҳамон тавре ки Исо пешгӯӣ карда буд (Мат. 10:22). Баъзан дар бораи мо воситаҳои ахбори умум маълумоти нодуруст паҳн мекунанд ё моро тӯҳмат менамоянд (Заб. 108:1–3). Бо вуҷуди ин, халқи Яҳува дар сар то сари замин хушхабарро далерона мавъиза мекунад.
16. Кадом мисол нишон медиҳад, ки далерии мо муносибати одамонро ба ҳақиқат дигар карда метавонад?
16 Далерии мо муносибати дигаронро ба хушхабари Салтанат дигар карда метавонад. Хоҳаре аз Қирғизистон нақл мекунад: «Дар мавъиза соҳибхонае ба ман гуфт: “Ман ба Худо имон дорам, лекин на ба Худои масеҳиён. Агар шумо бори дигар ба хонаам оед, ман саги калонамро ба шумо сар медиҳам”. Дар паси ӯ ман саги хеле калонеро дидам, ки бо занҷир баста шуда буд. Бо вуҷуди ин, ман ҳангоми гузаштани маъракаи паҳнкунии рисола аз силсилаи “Пайғоми Салтанат” №37 — “Ҳалокати дини козиб наздик аст!”, қарор кардам, ки боз ба он хона равам ва умед доштам, ки аъзои дигари он хонаводаро вомехӯрам. Аммо дарро худи он мард кушод. Ман дарҳол ба Яҳува дуо кардам ва сипас ба он мард гуфтам: “Ассалом! Ман дар хотир дорам, ки шумо се рӯз пеш чӣ гуфта будед ва саги шуморо ҳам фаромӯш накардаам. Лекин натавонистам аз назди дари шумо гузашта равам, зеро ман ҳам мисли шумо ба Худои ягонаи ҳақиқӣ имон дорам. Ба қарибӣ Худо динҳоеро, ки ба номи Ӯ нанг меоранд, ҷазо медиҳад. Аз ин рисола шумо дар ин бора бештар фаҳмида метавонед”. Ман интизор набудам, ки он мард рисоларо мегирад, лекин вай онро гирифт. Сипас ман сӯи дигар хона равона шудам. Чанд дақиқа пас он мард рисола дар даст наздам давида омад. “Ман онро хондам,— гуфт ӯ,— чӣ кор кунам, то аз ғазаби Худо паноҳ ёбам?”». Бо он мард омӯзиш оғоз карда шуд ва ӯ ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оварданро сар кард.
17. Чӣ тавр далерии хоҳар ба як омӯзандаи Китоби Муқаддас ҷасорат бахшид?
17 Далерии мо ҳамчунин ба дигарон ҷасорат бахшида метавонад. Дар Русия хоҳар дар автобус ба мусофире маҷалла пешниҳод кард. Он гоҳ як мард дарҳол аз ҷояш хеста, маҷалларо аз дасти хоҳар кашида гирифт ва ғиҷим карда, зери по партофт. Мард бо овози баланд хоҳарро дашном дода, аз ӯ суроғаашро талаб намуд ва ба ӯ дар деҳа мавъиза карданро манъ кард. Хоҳар ба Яҳува дуо кард ва суханони зерини Исо ба хотираш омаданд: «Аз кушандагони ҷисм ... натарсед» (Мат. 10:28). Ӯ оромиро аз даст надода, аз ҷояш хест ва ба он мард гуфт: «Ман ба шумо суроғаамро намедиҳам ва дар деҳа мавъиза карданро давом медиҳам». Сипас хоҳар аз автобус фаромад. Хоҳар намедонист, ки дар он автобус зане буд, ки ҳамроҳаш ӯ Китоби Муқаддас меомӯхт. Он зан ба ҷамъомад намеомад, зеро ба ӯ одамтарсӣ халал мерасонд. Лекин вақте ки зан далерии хоҳарро дид, азм намуд, ки акнун ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меорад.
18. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки мисли Исо далерона мавъиза кунед?
18 Барои дар ин ҷаҳони худобехабар мисли Исо мавъиза кардан далерӣ лозим аст. Дар ин кор ба шумо чӣ кӯмак мекунад? Ба оянда назар дӯзед. Муҳаббататонро ба Худо ва одамон қавӣ нигоҳ доред. Аз Яҳува дар дуо далерӣ пурсед. Ҳамеша дар хотир доред, ки шумо танҳо нестед, зеро Исо доимо бо шумо аст (Мат. 28:20). Пас, рӯҳи муқаддаси Худо ба шумо қувват хоҳад бахшид. Ҳамчунин Яҳува шуморо баракат хоҳад дод ва дастгирӣ хоҳад намуд. Аз ин рӯ, биёед далеру ҷасур бошем ва ба суханони зерин ҳамроҳ шавем: «Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?» (Ибр. 13:6).
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чаро ба хидматгорони Худо далерӣ лозим аст?
• Аз намунаи ходимоне, ки то Масеҳ зиста буданд...
• Аз Исои Масеҳ...
• Аз масеҳиёни нахустин...
• Аз масеҳиёни имрӯза...
мо дар бораи далерӣ чӣ меомӯзем?
[Саволҳо барои омӯзиш]