Чӣ хел шумо ҳаёти худро аз ҳоло беҳтар карда метавонед?
ИМРӮЗ дар замин ҳаёт тавре нест, ки Худо дар аввал мехост. Чунки Худо ҳангоми офаридани инсон ният дошт, ки замин аз одамоне пур бошад, ки Ӯро чун Ҳокими худ эҳтиром кунанд, аз рӯйи роҳнамоии Ӯ амал намоянд ва ба муҳаббату дигар хислатҳояш пайравӣ кунанд. Яҳува мехост, ки одамон оила барпо карда фарзандон ба дунё оранд, бо ҳамдигар якҷоя меҳнат кунанд, чизҳои навро кашф намоянд ва тамоми заминро ба биҳишт табдил диҳанд.
ХУДО ВАЪДА МЕДИҲАД, КИ ҲАЁТИ ОДАМОНРО МУВОФИҚИ НИЯТИ АВВАЛААШ БЕҲТАР МЕГАРДОНАД
-
«Ба ҷангҳо то ақсои замин хотима» медиҳад (Забур 45:10).
-
Дар вақти муқарраршуда Худо «заминро нобуд» мекунад (Ваҳй 11:18).
-
«Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Ишаъё 33:24).
-
«Баргузидагони ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд» (Ишаъё 65:22).
Ин пешгӯйиҳо чӣ тавр иҷро хоҳанд шуд? Худо Писари Худ Исоро ба ҳокимияти комилаш Подшоҳ таъйин кард, то аз осмон бар замин ҳукмронӣ кунад. Китоби Муқаддас он ҳокимиятро Подшоҳии Худо меномад (Дониёл 2:44). Китоби Муқаддас дар бораи Исо чунин мегӯяд: «Яҳува Худо ба ӯ тахт... медиҳад ва ӯ чун Подшоҳ... абадан ҳукмронӣ мекунад» (Луқо 1:32, 33).
Ҳангоми дар замин буданаш Исо мӯъҷизаҳо кард ва бо ин нишон дод, ки дар оянда ҳангоми Подшоҳ шуданаш ҳаёти одамизодро беҳтар мегардонад.
ИСО НИШОН ДОД, КИ КАДОМ КОРҲОИ АҶОИБРО БАҲРИ ОДИЛОН МЕКУНАД
-
Исо ҳар гуна касалиҳоро шифо дода нишон дод, ки дар оянда тамоми бемориҳоро нест карда, одамизодро тансиҳат мекунад (Матто 9:35).
-
Ӯ боди шадидро ором намуда нишон дод, ки қувваҳои табиатро идора намуда одамонро ҳимоя карда метавонад (Марқӯс 4:36–39).
-
Ҳазорон одамонро сер карда Исо нишон дод, ки одамонро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад (Марқӯс 6:41–44).
-
Ӯ дар тӯй обро ба шароб табдил дода исбот кард, ки ба одамон барои аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан кӯмак мекунад (Юҳанно 2:7–11).
Худо барои дӯстдоронаш чунин баракатҳоро тайёр кардааст. Чӣ тавр мо соҳиби ин гуна ҳаёт шуда метавонем? Барои ин аз мо чизе дар талаб аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд бо роҳе равона шавем, ки «сӯйи ҳаёт мебарад ва шумораи ками одамон онро меёбанд» (Матто 7:14).
РОҲ СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад, кадом аст? Худо мегӯяд: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд Ишаъё 48:17). Агар шумо аз рӯйи ин маслиҳати Худо амал кунед, ҳаётатон беҳтар мегардад.
ба он биравӣ» (Исо чунин гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам» (Юҳанно 14:6). Агар мо мувофиқи таълимоти Исо амал карда ба намунаи ӯ пайравӣ кунем, ба Худо наздиктар мешавем ва ҳаётамон беҳтар мегардад.
Чӣ тавр он роҳро ёбем? Дар дунё динҳои бисёр вуҷуд доранд, вале Исо моро огоҳ кард: «На ҳар касе, ки ба ман “Ҳазратам, Ҳазратам” мегӯяд, ба Подшоҳии осмон медарояд, балки танҳо касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад» (Матто 7:21). Ӯ ҳамчунин гуфт: «Шумо онҳоро аз корҳояшон хоҳед шинохт» (Матто 7:16). Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунад, ки дини ҳақиқиро аз дини дурӯғ фарқ карда тавонед (Юҳанно 17:17).
Чӣ тавр шумо бо ин роҳ равона шуда метавонед? Аввал дар бораи Сарчашмаи ҳаёт дониш гирифта ба саволҳои зерин ҷавоб ёфтан лозим аст: «Ӯ кист? Номи Ӯ чист? Ӯ чиро дӯст медорад? Ӯ барои мо чӣ кор карда истодааст? Барои ба Ӯ маъқул шудан мо бояд чӣ кор кунем?» *
Яҳува мехоҳад, ки мо одамон на танҳо кор кунем, хӯрем, бозӣ кунем ва оила барпо намоем, балки дар борааш дониш гирифта дӯсти Ӯ гардем. Агар мо иродаи Худоро ба ҷо орем, мо нишон медиҳем, ки Ӯро дӯст медорем. Исо гуфт: «Барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан лозим аст, ки дар бораи Ту, Худои ягонаи ҳақиқӣ... дониш гиранд» (Юҳанно 17:3).
БО ВОСИТАИ КИТОБИ МУҚАДДАС ХУДО МОРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД, ТО БА ХУДАМОН ФОИДА БИРАСОНЕМ (ИШАЪЁ 48:17).
ҚАДАМҲОИ АВВАЛИНРО ДАР ИН РОҲ ГУЗОРЕД
Барои ба Худои ягонаи ҳақиқӣ писанд омадан мо бояд якчанд дигаргуниҳоро ба ҳаёти худ дарорем. Дар аввал ин метавонад душвор тобад. Лекин дар асл, агар мо бо ин роҳ равем, ҳаёти мо беҳтар мегардад. Шоҳидони Яҳува ба шумо кӯмак мекунанд, ки ба саволҳои муҳим дар бораи Худо ҷавоб ёбед. Онҳо тайёранд, ки дар вақт ва ҷойи ба шумо қулай омӯзиши бепули Китоби Муқаддас гузаронанд. Аз сайти www.jw.org шумо бо мо тамос гирифта метавонед.
^ сарх. 20 Ба «Бурҷи дидбонӣ»-и соли 2019, №1 (рус.) нигаред.