Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худои ғамхор ҳаёти шуморо дигар мекунад

Худои ғамхор ҳаёти шуморо дигар мекунад

Худованд ҷисми моро тавре офаридааст, ки он қобилияти сиҳат шуданро дорад. Масалан, агар мо ягон ҷоямонро харошем, бурем ё ба ҷисмамон ягон чиз халад «барои шифо ёфтани ҷароҳат дар он як қатор тағйироти мураккаб ба амал меояд» («Johns Hopkins Medicine»). Дар ин раванд бадани мо дарҳол амал карда хунравӣ ва васеъ шудани рагҳои хунгардро пешгирӣ мекунад, инчунин ба маҳкам шудани ҷароҳат ва мустаҳкам гаштани бофтаҳо мусоидат менамояд.

АҲАМИЯТ ДИҲЕД: Агар Офаридгор ҷисми моро тавре сохта бошад, ки ҷароҳатҳоямон сиҳат шаванд, пас, магар захмҳои диламонро низ шифо бахшида наметавонад? Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «[Худованд] дилшикастагонро шифо мебахшад, захмҳои онҳоро мебандад» (Забур 147:3). Лекин, агар айни ҳол шумо дилшикаста бошед, чӣ тавр боварӣ ҳосил карда метавонед, ки Яҳува имрӯз ва дар оянда захмҳои шуморо мебандад?

КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ МУҲАББАТИ ХУДО ЧӢ МЕГӮЯД?

Худованд ваъда медиҳад: «Натарс, зеро ман бо ту ҳастам, хавотир нашав, зеро ман Худои туям. Ман туро қувват мебахшам ва ба ту ёрӣ медиҳам» (Ишаъё 41:10). Вақте шахс мефаҳмад, ки Худо дар бораи ӯ ғамхорӣ мекунад, хотираш ҷамъ мешавад ва қувват пайдо мекунад, ки бо ҳар гуна мушкилиҳо мубориза барад. Павлуси расул чунин оромиро «осоиштагии Худо» номид, ки «аз ҳар фикр болотар аст» ва илова кард «бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд» (Филиппиён 4:4–7, 9, 13).

Каломи Худо бовариамонро ба ваъдаҳои Яҳува дар бораи оянда қавӣ мегардонад. Масалан, дар Ошкорсозӣ 21:4, 5 (ин оятҳо дар саҳифаи навбатӣ оварда шудаанд) гуфта мешавад, ки Худованд чӣ кор мекунад ва чаро ваъдаҳои ӯ сазовори боварианд:

  • «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони [одамон] пок мекунад». Яҳува ҳамаи азобу хавотириамонро бартараф месозад, ҳатто ташвишҳоеро, ки дар назари дигарон ночиз метобанд.

  • «Нишинандаи тахт» Подшоҳи пурқудрати тамоми мавҷудот қудрат ва ҳокимияти худро ба кор бурда моро аз азобу уқубат халос мекунад.

  • Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки ваъдаҳояш «ҳаққанду рост». Ӯ ба хотири ном ва обрӯяш шуда ваъдаҳояшро иҷро мекунад.

«”Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт”. Он гоҳ Нишинандаи тахт гуфт: “Инак, ҳама чизро нав месозам”. Ҳамчунин гуфт: “Бинавис, зеро ин суханон ҳаққанду рост”» (Ошкорсозӣ 21:4, 5).

Тамоми мавҷудот ва Китоби Муқаддас хислатҳои Офаридгорро ошкор мекунад. Офаридаҳо бе сухан моро даъват мекунанд, ки Худоро шиносем ва бо ӯ дӯст шавем. Дар Китоби Муқаддас бошад, кушоду равшан гуфта шудааст: «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқуб 4:8). Ҳамчунин дар Корнома 17:27 гуфта мешавад, ки «ӯ аз ҳеҷ кадоми мо дур нест».

Ҳар қадаре, ки вақт ҷудо карда дар бораи Худо бештар фаҳмед, ҳамон қадар бовариатон зиёдтар мегардад, ки «ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Чӣ тавр дилпурӣ аз Яҳува ба шумо манфиат меорад?

Биёед мисоли Тору ном мардеро, ки аз Ҷопон аст, дида бароем. Ҳарчанд модари ӯ худоҷӯй буд, ӯ ба як гурӯҳи ҷинояткорони ҷопонӣ, ки худро якудза меноманд, ҳамроҳ шуд. Ӯ мегӯяд: «Ман гумон мекардам, ки Худо аз ман нафрат дорад. Барои ҳамин фикр мекардам, ки, агар шиносонам, махсусан шахсони бароям азиз, аз дунё гузаранд, бо ҳамин Худо маро ҷазо медиҳад». Тору тан мегирад, ки чунин муҳити зарарнок ӯро «одами бераҳм ва сахтдил карда буд». Ӯ чӣ қадар шӯҳратпараст буданашро ба хотир оварда мегӯяд: «Ман мехостам, ки ягон одами аз худам машҳуртарро кушта худам низ ҷавон мурам ва ҳамин тавр ном барорам».

Аммо, вақте Тору ва ҳамсараш Ҳанна омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд, Тору тарзи ҳаёт ва фикррониашро пурра дигар кард. Ҳанна мегӯяд: «Шавҳарам дар пеши чашмонам дигар мешуд». Ҳоло Тору бо дилпурӣ мегӯяд: «Худованд дар ҳақиқат нисбати ҳар яки мо ғамхорӣ мекунад. Ӯ мурдани ягон касро намехоҳад ва тайёр аст, ки шахсонеро, ки гуноҳашонро тан гирифта тавба мекунанд, бахшад. Худованд суханонеро, ки ба ҳеҷ кас гуфта наметавонем ва чизҳоеро, ки ягон кас фаҳмида наметавонад, гӯш мекунад. Ба наздикӣ бошад, Яҳува тамоми душвориҳову ранҷу азобро нест мекунад. Ҳатто имрӯз низ ӯ ба мо бо роҳҳои ғайриинтизор ёрдам медиҳад. Хусусан, вақте ки мо рӯҳафтода ҳастем, ӯ дар ҳаққи мо ғамхорӣ намуда дасти ёрӣ дароз мекунад» (Забур 136:23).

Чи хеле ки мисоли Тору нишон медиҳад, Худо қудрат дорад, ки тамоми бадбахтиҳоро бартараф карда ашки чашмонамонро пок созад. Донистани он ки ӯ ба наздикӣ ин корро мекунад, на танҳо ба мо нисбати оянда умед мебахшад, балки аллакай имрӯз ёрдам мекунад, ки ҳаётамонро беҳтар созем. Бале, ҳатто дар ин дунёи пуразоб мо аз ғамхориву муҳаббати Худо баҳра бурда метавонем.