МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3
Яҳува кумак мекунад, ки комёб гардед
«Яҳува бо Юсуф буд ва... ҳар амали дасти ӯро баракат [медод]» (1 МӮСО 39:2, 3).
СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп
ПЕШГУФТОР a
1, 2. а) Чаро мо ҳайрон нестем, ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем? б) Дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?
ВАҚТЕ мо бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем, аз ин ба ҳайрат намеоем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо «бояд азобҳои бисёреро паси сар карда, ба Подшоҳии Худо дароем» (Кор. 14:22). Ҳар яки мо инчунин мефаҳмем, ки баъзе мушкилиҳоямон то фаро расидани дунёи нав, вақте «марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад», ҳалли худро намеёбанд (Ошкор. 21:4).
2 Яҳува моро аз мушкилиҳо паноҳ намекунад, лекин кумак мерасонад, ки ба озмоишҳо тоб орем. Аҳамият диҳед, Павлуси расул ба масеҳиёни Рум чӣ гуфта буд. Ӯ дар аввал мушкилиҳоеро, ки худ ва бародаронаш доштанд, номбар кард. Сипас навишт: «Ба воситаи оне, ки моро дӯст доштааст, мо бар ҳамаи ин дастболо мешавем» (Рум. 8:35–37). Аз ин бармеояд, ки Яҳува ҳатто ҳангоми озмоиш моро комёб гардонда метавонад. Биёед бинем, ки чӣ тавр Яҳува Юсуфро комёб гардонд ва чӣ тавр ӯ ба мо кумак карда метавонад.
ВАҚТЕ ВАЗЪИЯТ НОГАҲОН ТАҒЙИР МЕЁБАД
3. Чӣ тавр ҳаёти Юсуф дар як лаҳза дигар шуд?
3 Пайғамбар Яъқуб писараш Юсуфро бениҳоят дӯст медошт (1 Мӯсо 37:3, 4). Дигар писаронаш инро дида ба додари худ ҳасад бурданд. Вақте фурсат пайдо шуд, онҳо Юсуфро ба савдогарони мидёнӣ фурӯхтанд. Савдогарон бошанд, ӯро садҳо километр дур ба Миср бурданд ва Фӯтифар ном марде, ки сардори посбонони фиръавн буд, ӯро харид. Ҳаёти Юсуф дар як лаҳза дигар шуд: Юсуф, ки як замон писари азизи падараш буд, ҳоло дар Миср ғулом аст (1 Мӯсо 39:1).
4. Мо бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем?
4 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «замони бад... бар сари ҳама» меояд (Пандгӯ 9:11). Бинобар ин баъзан мо бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки «одии инсониянд», яъне озмоишҳое, ки ба сари ҳамаи одамон меоянд (1 Қӯр. 10:13). Шояд мо аз сабаби шогирди Исо буданамон азоб кашем. Масалан, эҳтимол, моро барои имонамон масхара кунанд, зиддият нишон диҳанд ё ҳатто озору азият диҳанд (2 Тим. 3:12). Вале чӣ озмоише ба сарамон наояд, Яҳува моро муваффақ гардонда метавонад. Биёед бинем, ки чӣ тавр ӯ дар мавриди Юсуф ин тавр кард.
5. Фӯтифар комёбии Юсуфро дида ба чӣ хулоса омад? (1 Мӯсо 39:2–6).
5 1 Мӯсо 39:2–6-ро хонед. Фӯтифар аҳамият дод, ки Юсуф ҷавонмарди болаёқат ва меҳнатдӯст аст. Ӯ инчунин сабаби инро медонист. Фӯтифар медид, ки «Яҳува ҳар амали дасти [Юсуфро] баракат медиҳад» b. Ҳамин тавр ин марди мисрӣ Юсуфро ёрдамчии худ гирифт. Ғайр аз ин, Фӯтифар Юсуфро назоратчии хонаи худ таъйин намуд. Ин чӣ натиҷа овард? Корҳои Фӯтифар пеш рафт.
6. Юсуф, эҳтимол, дар вазъияти худ чӣ ҳис мекард?
6 Ба вазъият аз назари Юсуф нигаред. Ба фикратон ӯ аз ҳама бештар чӣ мехост: Фӯтифар ба ӯ таваҷҷӯҳ карда мукофот диҳад? Эҳтимоли зиёд аст, ки Юсуф муштоқи озодӣ буд, то назди падараш баргардад. Охир, новобаста ба афзалияте, ки дар хонаи Фӯтифар дошт, Юсуф ҳоло ҳам танҳо як ғуломи хӯҷаини бутпараст буд. Яҳува низ Фӯтифарро водор намекард, ки Юсуфро озод кунад. Ин мушкилиҳои Юсуф ҳоло «аз нӯги хамир фатир» буданд.
ВАҚТЕ ВАЗЪИЯТ БАДТАР МЕГАРДАД
7. Чӣ тавр вазъияти Юсуф аз будаш бадтар гашт? (1 Мӯсо 39:14, 15).
7 Дар 1 Мӯсо боби 39 гуфта шудааст, ки зани Фӯтифар Юсуфро ҳавас карда, гаштаю баргашта васваса менамуд. Вале Юсуф ҳар бор пешниҳоди ин занро рад мекард. Бинобар ин ӯ ба ғазаб омада, Юсуфро туҳмат кард, ки гӯё ӯро таҷовуз карданӣ шуд. (1 Мӯсо 39:14, 15-ро хонед.) Фӯтифар аз ин дарак ёфта, Юсуфро муддати чанд сол ба зиндон партофт (1 Мӯсо 39:19, 20). Он чӣ гуна ҷой буд? Калимаи иброние, ки Юсуф чун «зиндон» истифода бурд, маънои «чоҳ»-ро дошта метавонад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Юсуф дар торикӣ қарор дошт ва ӯро ҳисси ноумедӣ фаро гирифта буд (1 Мӯсо 40:15, поварақ). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ба пойҳои Юсуф завлона ва ба гарданаш занҷир зада буданд (Заб. 105:17, 18). Бале, вазъияти Юсуф бадтару бадтар мешуд. Акнун ӯ аз ғуломи боваринок ба як маҳбуси бечора табдил ёфт.
8. Ҳатто агар мушкилиамон бадтар шавад, мо аз чӣ дилпур буда метавонем?
8 Оё чунин шуда буд, ки новобаста ба дуои гарму ҷӯшон вазъияти шумо бадтару бадтар гашт? Чунин шуда метавонад. Яҳува дар ин дунёи Шайтон моро аз озмоишҳо муҳофизат намекунад (1 Юҳ. 5:19). Бо вуҷуди ин як ҳақиқати муҳимро дар ёд доред: Яҳува медонад, ки шумо чиро аз сар гузаронда истодаед ва нисбататон бепарво нест (Мат. 10:29–31; 1 Пет. 5:6, 7). Ғайр аз ин, ӯ ваъда медиҳад: «Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям ва ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам» (Ибр. 13:5). Бале, чи қадаре вазъиятатон ночор натобад, Яҳува кумак мекунад, ки истодагӣ кунед. Биёед бинем, ки чӣ тавр ӯ ба Юсуф дар вазъияти мушкилаш кумак кард.
9. Аз чӣ маълум мегардад, ки Яҳува дар маҳбас Юсуфро баракат медод? (1 Мӯсо 39:21–23).
9 1 Мӯсо 39:21–23-ро хонед. Яҳува Юсуфро ҳатто дар маҳбас комёб гардонд. Чӣ тавр? Чи хеле дар вақташ Фӯтифар Юсуфро иззат мекард, бо гузашти вақт ӯ эҳтироми сардори зиндонро низ ба даст овард. Барои ҳамин сардори зиндон дигар маҳбусонро ба дасти Юсуф супорид. Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чунин гуфта шудааст: «Сардори зиндон оид ба он чизе, ки ба дасти Юсуф супорида буд, як зарра ҳам ғам намехӯрд». Акнун Юсуф машғулияте дошт, ки бо он саргарм шуда метавонист. Чӣ тағйироти назаррас! Як тасаввур кунед, маҳбусе, ки дар зино бо ҳамсари ҳукуматдор айбдор шуда буд, соҳиби чунин вазифаи муҳим мегардад. Ин тавр ранг гирифтани вазъият танҳо як сабаб дошта метавонист, ки он дар 1 Мӯсо 39:23 оварда шудааст: «Яҳува бо Юсуф буд ва Яҳува ҳар як амали дасти ӯро баракат медод».
10. Фаҳмонед, ки чаро Юсуф шояд худро аз ҳар ҷиҳат комёб намеҳисобид.
10 Бори дигар ба вазъият бо чашми Юсуф нигаред. Баъд аз он ки ӯро ноҳақ айбдор карда ҳабс намуданд, ба фикратон Юсуф худро аз ҳама ҷиҳат комёб меҳисобид? Ӯ аз ҳама бештар чӣ мехост? Дили сардори зиндонро ба даст овардан? Эҳтимоли зиёд аст, ки Юсуф мехост ӯро сафед карда озод кунанд. Ӯ ҳатто аз маҳбусе, ки бояд озод мешуд, хоҳиш кард, ки аз номаш бо фиръавн гап занад, то ки ӯро низ аз он зиндони дилгиркунанда озод кунанд (1 Мӯсо 40:14). Вале он маҳбус озод шудан замон ба фиръавн дар бораи Юсуф чизе нагуфт. Барои ҳамин Юсуф боз ду сол дар зиндон монд (1 Мӯсо 40:23; 41:1, 14). Вале Яҳува минбаъд низ ӯро комёб мегардонд. Чӣ тавр?
11. Яҳува ба Юсуф чӣ гуна қобилият дод ва ин дар иҷрои нияти Яҳува чӣ хел кумак кард?
11 Вақте Юсуф ҳоло дар зиндон буд, шоҳи Миср аз ҷониби Яҳува ду хобе дид, ки ӯро ба ташвиш оварданд. Фиръавн сахт мехост маънои хобҳояшро донад. Вақте ӯ фаҳмид, ки Юсуф хобҳояшро таъбир карда метавонад, ӯро назди худ хонд. Бо ёрии Яҳува Юсуф таъбири хобҳои фиръавнро гуфт ва бо маслиҳати хирадмандонааш шоҳро қоил гардонд. Фиръавн дид, ки Яҳува бо Юсуф аст. Барои ҳамин ӯро дар тамоми сарзамини Миср ҳоким таъйин намуд, то ки халқро бо хӯрок таъмин кунад (1 Мӯсо 41:38, 41–44). Баъдтар дар Миср ва ҳатто Канъон, ки аҳли хонаводаи Юсуф дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, қаҳтӣ сар зад. Акнун Юсуф қудрат дошт, ки оилаашро аз гуруснагӣ наҷот диҳад ва наслеро, ки аз он Масеҳ бояд ба дунё меомад, нигоҳ дорад.
12. Аз кадом ҷиҳатҳо Яҳува Юсуфро баракат медод?
12 Дар бораи воқеаҳои ғайриодие, ки бо Юсуф рӯй доданд, як фикр кунед: Чаро Фӯтифар ба Юсуф, ки як ғуломи одӣ буд, таваҷҷуҳ кард? Чаро Юсуф, ки маҳбус буд, ба сардори зиндон маъқул шуд? Хобҳои фиръавн аз ҷониби кӣ буданд? Кӣ ба Юсуф қобилияти таъбир кардани онҳоро дод? Кӣ ба дили фиръавн андохт, ки Юсуфро дар тамоми Миср назоратчии озуқаворӣ таъйин кунад? (1 Мӯсо 45:5). Шакке нест, ки аз паси ҳамаи ин воқеаҳо Яҳува меистод. Ӯ Юсуфро дар ҳама корҳояш баракат медод. Яҳува тавре кард, ки нияти бади бародарони Юсуф сабаби иҷро гаштани хосташ гардад.
ЧӢ ТАВР ЯҲУВА ШУМОРО КОМЁБ МЕГАРДОНАД?
13. Оё Яҳува ба ҳар як воқеаи ҳаётамон дахолат мекунад? Фаҳмонед.
13 Хуб, мо аз саргузашти Юсуф чӣ хулоса карда метавонем? Оё Яҳува ба ҳар як воқеае, ки бо мо рӯй медиҳад, дахолат мекунад? Магар ӯ воқеаҳои бадеро, ки ба сари мо меоянд, бо мақсаде роҳ медиҳад, ки оқибат он барои мо натиҷаи хуб орад? Не, албатта! Китоби Муқаддас инро таълим намедиҳад (Пандгӯ 8:9; 9:11). Вале мо як чизро аниқ медонем: вақте бо озмоиш рӯ ба рӯ мешавем, Яҳува аз ин бохабар аст ва ба мадади мо мерасад (Заб. 34:15; 55:22; Иш. 59:1). Беш аз ин, ӯ кумак мекунад, ки мо дар лаҳзаҳои душвор истодагӣ кунем. Чӣ тавр?
14. Чӣ тавр Яҳува дар лаҳзаҳои душвор ба мо кумак мекунад?
14 Яҳува ба мо бо роҳҳои гуногун ёрӣ медиҳад. Яке аз онҳо саривақт моро тасалливу рӯҳбаланд кардан мебошад (2 Қӯр. 1:3, 4). Мо инро аз мисоли бародар Азиз мефаҳмем, ки аз Туркманистон асту барои имонаш ду сол ҳабс шуда буд. Ӯ мегӯяд: «Саҳарии мурофиаи судӣ як бародар ба ман Ишаъё боби 30, ояти 15-ро нишон дод, ки гуфта шудааст: “Ором бошед ва ба ман таваккал кунед. Он гоҳ шумо қувват пайдо мекунед”. Ин оят ба ман кумак кард, ки ҳама вақт ором бошаму ба Яҳува таваккал намоям. Дар бораи ин суханон мулоҳиза рондан то охири муҳлати ҳабсам маро қувват мебахшид». Оё шумо лаҳзаеро ба ёд оварда метавонед, ки сахт ба тасалливу рӯҳбаландӣ муҳтоҷ будеду Яҳува саривақт ба мададатон расид?
15, 16. Шумо аз саргузашти Тори чӣ омӯхтед?
15 Одатан шахс баъд аз паси сар кардани мушкилӣ пай мебарад, ки чӣ тавр Яҳува ба ӯ кумак мерасонд. Мо инро аз воқеае, ки бо хоҳар Тори рӯй дод, мефаҳмем. Писари ӯ Масен шаш сол бо бемории саратон мубориза бурд ва оқибат вафот кард. Хоҳарамон Тори дилшикаста буд. Ӯ мегӯяд: «Барои ман чун модар аз ин дида озмоиши сахттарин вуҷуд надошт. Бовар дорам дигарон бо ман розӣ мешаванд, ки ягон падару модар тобу тоқати дарду азоби фарзандашро надорад».
16 Баъд аз ин озмоиши даҳшатнок хоҳар Тори мулоҳиза ронд, ки чӣ тавр Яҳува дар он рӯзҳои сиёҳ ба ӯ кумак мекард. Ӯ мегӯяд: «Гузаштаро ба ёд оварда ман мебинам, ки чӣ тавр дар давоми бемории писарам Яҳува меҳрубонона маро дастгирӣ мекард. Масалан, ҳарчанд баъзан Масен сахт касал шуда онҳоеро, ки ба хабаргириаш меомаданд, қабул карда наметавонист, бародару хоҳарон мунтазам роҳи дусоатаро тай карда ба беморхона меомаданд. Рӯзе набуд, ки дар қабулгоҳи беморхона ягон бародар ё хоҳар набошад. Онҳо ҳама вақт барои дастгирии мо тайёр буданд. Инчунин мо аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ намекашидем, ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин камӣ надоштем». Бале, Яҳува ба Тори ва Масен қувват дод, ки истодагӣ кунанд. Ба чорчӯбаи «Яҳува ҳама вақт ниёзҳоямонро қонеъ мегардонд» нигаред.
БАРАКАТҲОИ ЯҲУВАРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!
17, 18. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар вақти озмоиш дастгирии Яҳуваро бинем ва шукргузор бошем? (Забур 40:5).
17 Забур 40:5-ро хонед. Мақсади шахси кӯҳнавард ба қуллаи кӯҳ баромадан аст. Вале ӯ имконият дорад раҳ ба раҳ истад ва манзараҳои зеборо тамошо кунад. Ба ин монанд, мунтазам вақт ҷудо карда андеша кунед, ки чӣ тавр Яҳува дар озмоишатон шуморо баракат медиҳад. Масалан, дар охири рӯз аз худ пурсед: «Чӣ тавр имрӯз Яҳува маро баракат дод? Ҳарчанд озмоишам ҳоло ҳам ба охир нарасидааст, чӣ тавр Яҳува ба ман кумак мекунад, ки истодагӣ кунам?» Кӯшиш кунед, ки ақаллан як баракати Яҳуваро бинед.
18 Албатта, шояд шумо дуо гӯед, ки озмоишатон тезтар ба охир расад. Дар ин бора дуо гуфтан ягон ҷойи бадӣ надорад ва, дар асл, бамаврид аст (Флп. 4:6). Лекин мо инчунин бояд бинем, ки Яҳува айни ҳол чӣ тавр моро баракат дода истодааст. Охир, Яҳува ваъда медиҳад, ки ба мо қувват мебахшад ва кумак мекунад, ки истодагӣ кунем. Аз ин рӯ ҳама вақт барои дастгириаш ба Яҳува шукр гӯед. Дар ин ҳол мебинед, ки чӣ тавр ӯ шуморо комёб мегардонад,— тавре ки Юсуфро дар лаҳзаҳои душвор муваффақ мегардонд (1 Мӯсо 41:51, 52).
СУРУДИ 27 Дар тарафи Яҳува бош!
a Вақте мо бо озмоиши душвор рӯ ба рӯ мешавем, фикр карда метавонем, ки ноком ҳастем. Мо шояд гӯем, ки танҳо баъди ҳал шудани мушкилиамон худро одами комёб меҳисобем. Вале аз саргузашти Юсуф маълум мешавад, ки Яҳува моро ҳатто дар вақти озмоиш комёб гардонда метавонад. Чӣ тавр? Ҷавобашро аз ин мақола меёбем.
b Дар Китоби Муқаддас дар бораи тағйироте, ки дар аввали ҳаёти Юсуф дар Миср шуданд, ҳамагӣ дар якчанд оят навишта шудааст. Вале бояд зикр кард, ки ин дигаргуниҳо, эҳтимол, якчанд сол пас рӯй доданд.