Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Он чиро, ки... шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор»

«Он чиро, ки... шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор»

«Он чиро, ки аз ман... шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд» (2 ТИМ. 2:2).

СУРУДҲО: 45, 10

1, 2. Одамон ба касбу кор чӣ гуна менигаранд?

ОДАТАН одамон аз рӯи касбу кори шахс мақоми ӯро муайян мекунанд. Барои ҳамин дар баъзе маданиятҳо одамон ҳатто ҳангоми шиносоӣ саволи зеринро медиҳанд: «Дар куҷо кор мекунӣ?»

2 Дар Китоби Муқаддас низ баъзан номи одамон бо касбу корашон оварда шудааст. Масалан, дар он Матто коргари андоз, Шимъӯн чармгар ва Луқо табиб номида шудааст (Мат. 10:3; Аъм. 10:6; Қӯл. 4:14). Ҳамчунин таъинот ё имтиёзе, ки одамон дар хизмати Худо доштанд, кӣ будани онҳоро муайян мекард. Масалан, аз Китоби Муқаддас мо фаҳмидем, ки Довуд шоҳ буд, Илёс пайғамбар буд, Павлус бошад, ҳавворӣ. Ин одамон таъиноти аз Худо гирифтаашонро хеле қадр мекарданд. Мо низ ӯҳдадориҳоеро, ки дар хизмат дорем, бояд қадр кунем.

3. Чаро калонсолон бояд бародарони аз худашон ҷавонтарро таълим диҳанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Аксари мо корамонро нағз мебинем ва онро аз даст додан намехоҳем. Лекин афсӯс, ки аз рӯзҳои Одам инҷониб насле мераваду насле меояд (Воиз 1:4). Аз ин сабаб имрӯз ходимони ҳақиқии Худо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Имрӯз кори мавъиза пеш рафта истодааст ва ташкилоти Яҳува таҷҳизотҳои замонавиро барои боз ҳам бисёртар паҳн кардани хушхабар истифода мебарад. Лекин баъзан барои калонсолон ёд гирифтани роҳҳои нави мавъиза душвор буда метавонад (Луқ. 5:39). Ҳатто агар пиронсолон роҳҳои нави мавъизаро ёд гиранд ҳам, ба ҳар ҳол қуввати ҷавонон бисёртар аст (Мас. 20:29). Барои ҳамин аз рӯи муҳаббат мебуд, ки калонсолон бародарони аз худашон ҷавонтарро таълим дода барои гирифтани ӯҳдадориҳои бештар тайёр кунанд. (Забур 70:18-ро хонед.)

4. Чаро барои баъзеҳо ӯҳдадории худро ба дигар кас супоридан душвор аст? (Ба чорчӯбаи « Чаро баъзеҳо ӯҳдадориашонро ба дигар кас супоридан намехоҳанд?» нигаред.)

4 Баъзан барои бародарони калонсоле, ки соҳиби ягон таъинот ё ӯҳдадорианд, ба бародарони аз худашон ҷавонтар супоридани корашон на он қадар осон аст. Зеро баъзеҳо зиқ мешаванд, ки таъиноти дӯстдоштаашонро аз даст медиҳанд. Дигарон бошанд, фикр мекунанд, ки агар онҳо ин корро роҳбарӣ накунанд, бародарони ҷавонтар мисли онҳо аз ӯҳдаи он кор баромада наметавонанд. Шояд онҳо фикр мекунанд, ки барои таълим додани бародарони аз худашон ҷавонтар вақт надоранд. Аз тарафи дигар вақте ба бародарони ҷавон ӯҳдадориҳои бештар намедиҳанд, онҳо бояд сабр кунанд.

5. Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?

5 Биёед ин масъаларо дар ду маврид дида бароем. Якум, чаро калонсолон бояд ба бародарони аз худашон ҷавонтар барои гирифтани ӯҳдадориҳои бештар кӯмак расонанд ва барои чӣ ин муҳим аст? (2 Тим. 2:2). Дуюм, чаро ба бародарони ҷавон лозим аст, ки нисбати бародарони ботаҷрибае, ки онҳоро таълим медиҳанд, муносибати дуруст дошта бошанд? Лекин дар аввал биёед фаҳмем, ки чӣ тавр шоҳ Довуд ба писараш барои гирифтани таъиноти бештар ёрдам кард.

ДОВУД СУЛАЙМОНРО ДАСТГИРӢ КАРД

6. Довуд чӣ кор кардан мехост ва Яҳува чӣ гуфт?

6 Баъди солҳои зиёди сарсону саргардонӣ Довуд подшоҳ таъин шуд ва дар хонаи бароҳат зиндагӣ мекард. Азбаски дар он вақтҳо барои ибодати Худо ҷое набуд, Довуд биное сохтанӣ шуд. Аз ин рӯ вай ба пайғамбар Нотон гуфт: «Ман дар хонаи арзӣ сокин ҳастам, вале сандуқи аҳди Худо зери чодаре мебошад» ва пайғамбар Нотон ба Довуд ҷавоб дод: «Ҳар он чи дар дилат бошад, ба амал овар, зеро ки Худо бо туст». Лекин Яҳува ба Нотон гуфт, ки ба Довуд чунин гӯяд: «Ту хонае барои сукунати Ман бино нахоҳӣ кард». Нигоҳ накарда ба ин Яҳува ба Довуд боварӣ бахшид, ки минбаъд ҳам ӯро баракат медиҳад ва гуфт, ки ба ҷойи ӯ писараш Сулаймон ин маъбадро месозад. Аммо Довуд ба ин чӣ хел муносибат кард? (1 Вақ. 17:1–4, 8, 11, 12; 29:1).

7. Довуд ба гуфтаҳои Яҳува чӣ хел муносибат кард?

7 Довуд сахт мехост, ки барои Яҳува маъбад созад ва аз шунидани суханони Худо зиқ шуда метавонист, лекин вай дар кори сохтмон писараш Сулаймонро пурра дастгирӣ намуд. Барои ин ӯ коргарон, оҳану мис, нуқраю тилло ва чӯби арзро ҷамъ кард. Ба Довуд фарқе надошт, ки кӣ барои сохтани маъбад соҳиби шаъну шараф мегардад. Ҳамчунин ӯ Сулаймонро рӯҳбаланд карда гуфт: «Алҳол, эй писарам, бигзор Худованд бо ту бошад, то ки комёб гардида, хонаи Худованд Худои худро бино кунӣ, чунон ки Ӯ дар бораи ту гуфтааст» (1 Вақ. 22:11, 14–16).

8. Довуд нисбати Сулаймон чӣ фикр карда метавонист? Лекин ӯ чӣ кор кард?

8 1 Вақоеънома 22:5-ро хонед. Довуд фикр карда метавонист, ки Сулаймон барои роҳбарӣ кардани чунин сохтмони муҳим таҷриба надорад. Ҳамчунин маъбад бояд «бағоят азим» мешуд ва Сулаймон бошад, он вақт ҳоло ҷавон ва бетаҷриба буд. Лекин Довуд медонист, ки Яҳува барои аз ӯҳдаи ин кор баромадан ба Сулаймон ёрдам мекунад. Аз ин рӯ Довуд ҳар кори аз дасташ меомадаро карда барои маъбад масолеҳи зиёдеро ҷамъ кард, ки сону шумор надошт.

ДИГАРОНРО ТАЪЛИМ ДОДА ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Вақте бародарон дар ҷамъомад ӯҳдадории бештарро ба гардан мегиранд, ин хурсандӣ меорад (Ба сархати 9 нигаред.)

9. Чӣ тавр калонсолон ӯҳдадории худро ба ҷавонон супорида хурсандӣ гирифта метавонанд? Мисол оред.

9 Бародарони калонсол ҳангоми супоридани таъиноти худ ба бародарони аз худ ҷавонтар набояд рӯҳафтода шаванд. Ба ҷойи ин хуб мебуд, ки ба онҳо тарзи иҷро кардани корро ёд диҳанд. Вақте ки бародарони ҷавони таълимёфта бомаҳорат мегарданд, бародарони калонсол бояд аз ин хурсанд шаванд. Биёед инро дар мисоли падаре, ки ба писараш мошинҳайкуниро ёд медиҳад, дида бароем. Вақте писарча хурдсол аст, вай танҳо тамошо мекунад, ки чӣ тавр падараш мошинро ҳай мекунад. Ҳамин ки калонтар шуд, падараш ба вай мошинҳайкуниро ёд медиҳад. Баъдтар ҳангоме ки писар ба балоғат мерасад, вай зери назорати падараш мошинро ҳай мекунад. Баъзан онҳо ба навбат мошинро ҳай мекунанд, лекин қариб ки ҳамавақт писар ҳай мекунад, зеро падараш пиронсол аст. Оё аз ин падар хафа мешавад? Не, албатта. Чунки писар бо ҳай кардани мошин корҳои падари солхӯрдаашро ҳал мекунад. Ба ин монанд, бародарони калонсол фахр мекунанд, ки шогирдонашон дар ташкилоти Яҳува ӯҳдадориро ба гардан мегиранд.

10. Мусо ба шӯҳрату ҳокимият чӣ гуна муносибат дошт?

10 Вақте ки дигарон соҳиби таъинот мешаванд, мо набояд рашк кунем. Аҳамият диҳед, ки вақте дар Исроил баъзе касон чун пайғамбар рафтор карданд, Мусо чӣ кор кард. (Ададҳо 11:24–29-ро хонед.) Ёрдамчии Мусо Еҳушаъ мехост, ки ин одамонро ҳабс кунад. Вай шояд фикр кард, ки онҳо мақом ва ҳокимияти Мусоро кашида мегиранд. Лекин Мусо ба ӯ гуфт: «Оё ту барои ман рашк мебарӣ? Кошки тамоми қавми Худованд анбиё мебуданд, ва Худованд Рӯҳи худро бар онҳо равона мекард!» Мусо дар ин вазъият дасти Яҳуваро медид. Шӯҳратро ба худ нисбат надода, Мусо нишон дод, ки ӯ мехоҳад, то ҳамаи ходимони Худо соҳиби чунин атоҳои рӯҳонӣ гарданд. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Вақте ки дигарон соҳиби таъинот мегарданд, оё мо хурсанд мешавем?

11. Бародаре, ки ӯҳдадорияшро ба дигар кас дод, чӣ мегӯяд?

11 Имрӯз бисёр бародароне ҳастанд, ки тӯли солҳо боғайратона хизмат карда дигаронро барои гирифтани таъинот тайёр мекунанд. Масалан, Питер ном бародаре беш аз 74 сол пурравақт хизмат кард. Ӯ 35 соли хизматашро дар филиали Аврупо гузаронд. Вай чун нозири Шӯъбаи хизматӣ солҳои дароз кор кард. Баъдтар вазифаи ӯ ба бародари ҷавонтаре бо номи Пол дода шуд. Оё Питер аз ин дигаргунӣ зиқ шуд? Не. Ӯ мегӯяд: «Ман хеле хурсандам, ки бародарон ӯҳдадории бештарро ба гардан гирифта корашонро нағз иҷро мекунанд».

КАЛОНСОЛОНРО ҚАДР КУНЕД

12. Мо аз мисоли Раҳабъом чӣ дарс мегирем?

12 Баъд аз марги Сулаймон писари ӯ Раҳабъом ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. Вақте ки ба Раҳабъом маслиҳат даркор шуд, ӯ аввал ба калонсолон муроҷиат кард. Лекин маслиҳати онҳоро рад намуд! Ба ҷойи ин ӯ аз рӯи маслиҳати ҷавононе амал кард, ки ҳамсинну соли ӯ буданду ба ӯ хизмат мекарданд. Ӯ кори хуб накард (2 Вақ. 10:6–11, 19). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Аз бародарони калонсоли ботаҷриба маслиҳат пурсида мувофиқи он амал намудан, аз рӯи хирад аст. Албатта, бародарони ҷавон вазифадор нестанд, ки мувофиқи усулҳои пешина амал намоянд. Вале онҳо бояд фикру ақидаи калонсолонро ҳурмат кунанд ва дарҳол хулоса накунанд, ки маслиҳати онҳо корбурд нест.

13. Чӣ тавр бародарони ҷавон бо бародарони калонсол бояд ҳамкорӣ кунанд?

13 Баъзан ба бародарони ҷавон вазифа дода мешавад, ки кори бародарони калонсоли ботаҷрибаро назорат кунанд. Лекин нағз мебуд, ки онҳо аз бародарони калонсол таълим гиранд. Дар боло мо дар бораи Пол ва Питер қайд карда будем. Баъд аз он ки Пол ба ҷойи Питер нозири шӯъбаи Байт-Ил таъин шуд, чунин гуфт: «Ман доимо аз Питер маслиҳат мепурсидам ва дигаронро низ бармеангехтам, ки чунин кунанд».

14. Мо аз ҳамкории Павлус бо Тимотиюс чӣ ёд мегирем?

14 Тимотиюси ҷавон бо Павлуси ҳавворӣ ҳамкорӣ мекард. (Филиппиён 2:20–22-ро хонед.) Павлус ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт навишт: «Тимотиюсро, ки фарзанди азизи ман мебошаду дар хизмати Масеҳ боваринок аст, назди шумо мефиристам. Ӯ тарзҳоеро, ки ман дар хизмати Исои Масеҳ истифода мебарам, яъне он тарзҳоеро, ки дар ҳама ҷо, дар ҳар ҷамъомад, таълим медиҳам, ба шумо хотиррасон мекунад» (1 Қӯр. 4:17, ТДН). Ин суханони Павлус нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза ӯ бо Тимотиюс муносибати наздик дошт. Павлус вақт ҷудо карда ба Тимотиюс тарзҳоеро, ки ӯ дар хизмат истифода мебурд, ёд медод ва Тимотиюс ҳама чизро нағз ёд гирифт. Павлус Тимотиюсро дӯст медошт ва боварӣ дошт, ки ӯ дар бораи ниёзҳои рӯҳонии бародарону хоҳарони Қӯринт ғамхорӣ карда метавонад. Имрӯз пирон ба Павлус пайравӣ намуда бародарони ҷавонро барои гирифтани ӯҳдадорӣ дар ҷамъомад тайёр карда метавонанд.

ҲАР КАС НАҚШИ ХУДРО ДОРАД

15. Чӣ тавр маслиҳати Павлус барои қабул кардани дигаргуниҳо ба мо кӯмак мерасонад?

15 Мо дар рӯзҳое зиндагӣ дорем, ки қисми заминии ташкилоти Яҳува ҳаматарафа афзоиш ёфта истодааст. Ва ин маънои онро дорад, ки бисёр чизҳо дигар шудан мегиранд. Баъзе аз ин дигаргуниҳо шахсан ба мо таъсир расонда метавонад. Шояд барои мо қабул кардани дигаргуниҳо осон набошад. Лекин агар фурӯтан бошем ва диққатамонро на ба худ, балки ба кори Худо равона созем, ин дигаргуниҳо ба мо манфиат меоранд. Масалан, ин ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад. Павлус ба масеҳиёни Рум навишт: «Ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед. Зеро, чунон ки дар як бадан андоми бисёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд, ҳамчунин мо, ки бисёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем» (Рум. 12:3–5).

16. Ҳар як масеҳӣ барои нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ дар ташкилоти Яҳува чӣ кор карда метавонад?

16 Пас, новобаста аз вазъиятамон биёед ҳар яки мо кӯшиш кунем, ки кори Салтанати Худоро дастгирӣ намоем. Калонсолон, бародарони аз худатон ҷавонтарро таълим диҳед. Ҷавонон, ӯҳдадориро ба гардан гиред, хоксор бошед ва бародарони калонсолро эҳтиром кунед. Ва шумо занон, ба Прискила, ки зани Акило буду ӯро дастгирӣ мекард, пайравӣ кунед. Вай ҳатто ҳангоми иваз шудани вазъият шавҳарашро содиқона ҳамроҳӣ мекард (Аъм. 18:2).

17. Исо ба чӣ боварӣ дошт ва барои кадом кор шогирдонашро таълим дод?

17 Исо дар таълим додани дигарон намунаи беҳтарин аст. Вай медонист, ки хизматаш дар замин ба охир мерасад ва дигарон бояд кори ӯро давом диҳанд. Ҳарчанд ӯ медонист, ки шогирдонаш нокомиланд, боварӣ дошт, ки онҳо аз ӯ дида бештар хушхабарро паҳн карда метавонанд (Юҳ. 14:12). Исо шогирдонашро нағз таълим медод ва онҳо хушхабарро дар тамоми мамлакатҳои онвақта паҳн карданд (Қӯл. 1:23).

18. Дар оянда моро чӣ интизор аст ва ҳозир мо чӣ кор карда метавонем?

18 Исо баъд аз маргаш эҳё шуда ба осмон рафт ва дар он ҷо ба ӯ вазифае дода шуд, ки «болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат» мебошад (Эфс. 1:19–21). Агар мо ба Яҳува содиқ монда пеш аз Ҳармиҷидӯн вафот кунем, боварӣ дошта метавонем, ки дар дунёи нав эҳё шуда соҳиби коре мегардем, ки ба мо маъқул аст. Ҳоло бошад, аз рӯи хирад мебуд, ки мо дар кори муҳим, яъне паҳн кардани хушхабар ва тайёр кардани шогирдон иштирок кунем. Пас, биёед ҳамакаса, пиру ҷавон «дар кори Худованд ҷадал» намоем (1 Қӯр. 15:58).