Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Озодиатонро қадр кунед

Озодиатонро қадр кунед

«Ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист» (2 ҚӮР. 3:17).

СУРУДҲО: 40, 54

1, 2. а) Одамон оиди озодӣ чӣ фикр доранд? б) Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд ва мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ЗАНЕ ҳангоми баровардани қарори шахсӣ ба дӯсташ чунин гуфт: «Маро ба фикр кардан маҷбур накуну чӣ кор карданамро гӯй. Ин осонтар аст». Ин зан мехост, ки дигарон ба ӯ роҳ нишон диҳанд. Вале худаш аз ҳадяи пурарзише, ки Худо додааст, яъне озодӣ истифода бурдан намехост. Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин? Оё ба шумо маъқул аст, ки худатон қарор қабул кунед ё шумо мехоҳед, ки дигарон ба ҷоятон ин корро кунанд? Шумо ба озодии доштаатон чӣ хел менигаред?

2 Одамон оиди озодӣ фикрҳои гуногун доранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки одам озодӣ надорад, чунки ҳама амалҳояш пешакӣ аз тарафи Худо муқаррар шудааст. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки озодӣ ҳамон вақт имконпазир мегардад, агар озодии пурра дошта бошем. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува ҳангоми офаридани одамизод ба вай озодӣ ато кард, яъне қобилият дод, ки мустақилона қарорҳо қабул кунад. (Еҳушаъ ибни Нун 24:15-ро хонед.) Мо аз Каломи Худо ҳамчунин ба саволҳои зерин ҷавоб ёфта метавонем: «Чӣ тавр мо бояд ҳангоми баровардани қарор озодиамонро истифода барем? Оё ин озодии мо сарҳад дорад? Агар мо озодиамонро дуруст ба кор барем, бо ин чиро исбот мекунем? Чӣ тавр мо қарорҳои дигаронро эҳтиром карда метавонем?» Биёед ҷавоби ин саволҳоро дида бароем.

НАМУНАИ ЯҲУВА ВА ИСО

3. Яҳува озодиашро чӣ хел истифода мебарад?

3 Танҳо Яҳува озодии пурра дорад. Ва мо аз оне ки чӣ тавр Ӯ озодиашро истифода мебарад, дарс гирифта метавонем. Масалан, Яҳува халқи Исроилро чун халқи Худ интихоб кард (Такр. Ш. 7:6–8). Худо барои ин сабаб дошт. Ӯ ба ваъдае, ки ба дӯсташ Иброҳим асрҳо пеш дода буд, вафо кард (Ҳас. 22:15–18). Ҳамчунин Яҳува ҳамеша озодиашро бо муҳаббат ва адолат истифода мебарад. Инро аз мисоли халқи Исроил дидан мумкин аст. Ҳарчанд ки онҳо гаштаю баргашта гуноҳ карда тавба мекарданд, Яҳува онҳоро мебахшид. Яҳува нисбати онҳо муҳаббату дилсӯзӣ зоҳир карда гуфт: «Шуморо аз бутпарастӣ ва беимонӣ шифо хоҳам бахшид ва муҳаббати Ман ҳад ва марз нахоҳад дошт» (Ҳуш. 14:4, ТТФ). Яҳува озодиашро бар манфиати дигарон истифода бурда ба мо намуна мегузорад.

4, 5. а) Яҳува аввалин бор ба кӣ озодӣ дод ва ӯ ин озодиашро чӣ тавр ба кор бурд? б) Ҳар яки мо бояд ба худ кадом саволро диҳем?

4 Яҳува ба фариштагон ва одамон низ озодӣ ато кард. Аввалин бор Яҳува ба Исо озодӣ дод, ки ӯ «сурати Худои нонамоён» мебошад (Қӯл. 1:15). Исо ин озодиашро чӣ хел истифода бурд? Ӯ пеш аз ба замин омадани худ ба Падараш содиқ монданро интихоб кард ва ба исёни Шайтон ҳамроҳ нашуд. Баъд аз ба замин омаданаш ӯ озодиашро дуруст истифода бурда васвасаҳои Шайтонро рад кард (Мат. 4:10). Шаби пеш аз маргаш Исо ба Яҳува гуфт, ки иродаи Ӯро иҷро кардан мехоҳад: «Эй Падар! Агар бихоҳӣ, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд» (Луқ. 22:42). Биёед ба Исо пайравӣ карда озодиамонро барои ҳамд гуфтани Яҳува ва иҷро кардани иродаи Ӯ истифода барем. Оё ин имконпазир аст?

5 Албатта, мо ба Исо пайравӣ карда метавонем, чунки мо низ ба шабоҳати Худо офарида шудаем (Ҳас. 1:26). Ба ин нигоҳ накарда мо маҳдудият дорем. Зеро озодие, ки мо дорем мисли озодии Яҳува пурра нест. Каломи Худо мефаҳмонад, ки Яҳува ба озодии мо сарҳад гузоштааст ва аз мо интизор аст, ки аз ин сарҳад набароем. Масалан, дар оила зан бояд ба шавҳараш итоат кунад, фарзанд бошад, ба падару модараш (Эфс. 5:22; 6:1). Чӣ тавр ин маҳдудият ба озодиамон таъсир мерасонад? Аз ҷавоб ба ин савол маълум мегардад, ки оё мо соҳиби ҳаёти ҷовидона мешавем ё не.

ИСТИФОДА ВА СУИИСТИФОДАИ ОЗОДӢ

6. Фаҳмонед, ки чаро маҳдудият доштан муҳим аст.

6 Магар бо чунин маҳдудият озодӣ доштан дар ҳақиқат озодист? Бале! Барои чӣ? Чунки ин гуна маҳдудият моро ҳимоя мекунад. Тасаввур кунед, ки шумо бо мошин ба ягон ҷойи дур сафар карданиед. Лекин, агар қоидаҳои роҳ набошанд ва ҳар кас чи хеле ки хоҳад мошинро ҳай кунад, чӣ мешавад. Оё шумо худро дар ин ҳолат бехатар ҳис мекардед? Албатта, не. Ин мисол нишон медиҳад, ки барои аз озодии ҳақиқӣ баҳра бурдан маҳдудият зарур аст. Биёед барои фаҳмидани он ки чӣ тавр сарҳади гузоштаи Яҳува ба мо манфиат меорад, баъзе мисолҳои Китоби Муқаддасро дида бароем.

7. а) Одам аз ҳайвон бо чӣ фарқ мекард? б) Фаҳмонед, ки Одам озодиашро аввалин бор чӣ хел истифода бурд.

7 Яҳува ба аввалин инсон, яъне Одам озодӣ дод. Бо ин инсон аз ҳайвон фарқ мекунад, чунки ҳайвон аз рӯи инстинкт зиндагӣ мекунад, на аз рӯи ихтиёри худаш. Биёед бинем, ки чӣ хел Одам ин озодиашро дуруст ба кор бурд. Ҳайвонот пеш аз инсон офарида шуда буд. Лекин Яҳува ба аввалин инсон супориш дод, ки ба онҳо ном монад ва аз ин хурсандӣ гирад. Барои ҳамин «Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро... назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд». Баъд аз он ки Одам ба ҳар ҳайвон номи мувофиқ гузошт, Яҳува номгузории ӯро ислоҳ накарда гуфт: «Он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад» (Ҳас. 2:19).

8. Чӣ тавр Одам озодиашро суиистифода бурд ва оқибат чӣ шуд?

8 Яҳува ба Одам вазифа дод, ки заминро ба биҳишт табдил диҳад. Ӯ гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед» (Ҳас. 1:28). Вале Одам иродаи озодашро нодуруст истифода бурда меваи манъшударо хӯрд ва бо ин маҳдудияти муқарраркардаи Яҳуваро поймол кард. Аз ин сабаб одамизод то ҳол азоб мекашад (Рум. 5:12). Донистани оқибати кори Одам моро водор мекунад, ки аз иродаи озодамон суиистифода набарем.

9. Яҳува ба исроилиён чиро пешкаш кард ва онҳо ба ин чӣ хел муносибат карданд?

9 Одамизод нокомилӣ ва маргро аз Одаму Ҳавво мерос гирифт. Ба ин нигоҳ накарда одамизод аз озодиаш маҳрум нашуд. Инро дар муносибати Яҳува ба халқи Исроил дидан мумкин аст. Яҳува ба воситаи Мусо ба исроилиён пешкаш кард, ки халқи махсуси Ӯ шаванд (Хур. 19:3–6). Исроилиён ба ин чӣ хел муносибат карданд? Онҳо халқи Худо шудан хостанд ва суханони Ӯро қабул карда гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард» (Хур. 19:8). Лекин баъдтар аз озодиашон суиистифода бурда ба ваъдаашон вафо накарданд. Мо аз рафтори онҳо барои худ дарси муҳим гирифта метавонем. Биёед ҳамеша озодиамонро қадр кунем ва ба қонунҳои Яҳува итоат карда ба Ӯ наздик шавем (1 Қӯр. 10:11).

10. Кадом мисолҳо исбот мекунанд, ки инсони нокомил озодиашро барои ҷалол додани номи Худо истифода бурда метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Дар Ибриён боби 11 дар бораи 16 ходими Яҳува навишта шудааст, ки озодиашонро дуруст ба кор бурданд. Дар натиҷа онҳо соҳиби баракатҳои бузург гашта ба оянда умед пайдо карданд. Масалан, Нӯҳ-пайғамбар бо имон ба дастуроти Яҳува итоат карда киштӣ сохт. Бо ин ӯ оилааш ва насли ояндаи инсонро наҷот дод (Ибр. 11:7). Иброҳим ва Соро роҳнамоии Яҳуваро бо омодагӣ қабул карда ба мамлакате, ки бояд мерос мегирифтанд, равона шуданд. Баъдтар онҳо имконият доштанд, ки ба шаҳри Ур баргарданд, лекин онҳо барнагаштанд, чунки ба баракатҳои Яҳува умед мебастанд (Ибр. 11:8, 13, 15, 16). Мусо аз боигарии Миср рӯ гардонда «бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист» (Ибр. 11:24–26). Биёед ба намунаи чунин ходимони содиқ пайравӣ намуда озодиамонро қадр кунем ва онро барои иҷрои иродаи Худо истифода барем.

11. а) Яке аз баракати бузурги озодӣ кадом аст? б) Чӣ шуморо бармеангезад, ки озодии худро дуруст ба кор баред?

11 Вақте ки дигарон ба ҷойи мо қарор қабул мекунанд ин осонтар менамояд, лекин мо аз як баракати бузурги Яҳува маҳрум мегардем. Аз кадом баракат? Дар ин бора дар Такрори Шариат 30:19, 20 гуфта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Дар ояти 19 мехонем, ки Яҳува ба исроилиён ҳуқуқи интихоб карданро дод. Аз ояти 20 бошад, мо мефаҳмем, ки Худо ба онҳо имконият дод, ки муҳаббаташонро ба Ӯ нишон диҳанд. Мо низ ба Яҳува ибодат карданро интихоб карда метавонем. Ҳамчунин имконият дорем, ки озодии худро дуруст истифода бурда Яҳуваро ҷалол диҳем ва исбот кунем, ки то чӣ андоза Ӯро дӯст медорем.

АЗ ОЗОДИАТОН СУИИСТИФОДА НАБАРЕД

12. Мо бояд кадом корро накунем?

12 Тасаввур кунед, ки шумо ба дӯстатон тӯҳфаи қиматбаҳоеро ҳадя мекунед. Лекин ӯ онро қадр накарда мепартояд ё ба зарари дигарон истифода мебарад. Албатта, шумо аз ин зиқ мешудед. Акнун фикр кунед, ки то чӣ андоза Яҳува зиқ мешавад аз дидани он ки бисёр одамон озодиашонро нодуруст истифода бурда ба дигарон зарар мерасонанд! Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар охирзамон одамон кӯрнамак мешаванд (2 Тим. 3:1, 2). Биёед аз ин атои худодод ҳеҷ гоҳ суиистифода набарем. Барои ин чӣ бояд кард?

13. Барои аз озодии худ суиистифода набурдан мо бояд чӣ кор кунем?

13 Ҳамаи мо дар интихоби дӯстон, сару либос ва вақтхушӣ озодем. Лекин агар мо ғуломи хоҳишҳоямон шавем ё фикри одамони ҷаҳонро қабул кунем, пас озодиамонро «барои рӯпӯш кардани бадӣ» истифода мебарем. (1 Петрус 2:16-ро хонед.) Ба ҷои озодиамонро чун «баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм» истифода бурдан, биёед қарорҳое барорем, ки Яҳуваро ҷалол диҳанд (Ғал. 5:13; 1 Қӯр. 10:31).

14. Чаро мо бояд ба Яҳува такя кунем?

14 Яҳува гуфт: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд бо он биравӣ» (Иш. 48:17). Мо бояд ба Яҳува такя кунем ва гузорем, ки Ӯ моро бо сарҳади ҳимоякунандааш ҳидоят намояд. Ҳамчунин ҳақ будани суханони зеринро бояд ба гардан гирем: «Роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирм. 10:23). Аввалин одам ва исроилиён зидди Яҳува баромада ба хиради худ такя карданд. Лекин мо на ба худамон, балки ба Яҳува такя кардан мехоҳем (Мас. 3:5).

ОЗОДИИ ДИГАРОНРО ЭҲТИРОМ КУНЕД

15. Мо аз принсипи дар Ғалотиён 6:5 навишташуда чӣ дарс мегирем?

15 Яке аз сарҳадҳои гузоштаи Худо ин ҳурмат кардани қарорҳои дигарон мебошад. Чаро? Азбаски ихтиёри ҳамаи мо дар дасти худамон аст, бинобар ин фикру хоҳишамон гуногун аст. Ҳатто рафтор ва қарорҳоямон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Мо набояд принсипи дар Ғалотиён 6:5 навишташударо фаромӯш кунем. (Оятро хонед.) Вақте мо дарк мекунем, ки ҳар як кас барои қарорҳояш худаш ҷавобгар аст, бо ин ҳуқуқи дигаронро оиди истифода бурдани озодиашон ҳурмат мекунем.

Мо дигаронро маҷбур намекунем, ки мисли мо рафтор кунанд (Ба сархати 15 нигаред.)

16, 17. а) Масеҳиёни Қӯринт бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ шуданд? б) Чӣ тавр Павлус ин масъаларо ҳал кард ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?

16 Биёед аз Китоби Муқаддас мисолеро дида мебароем, ки чаро мо бояд озодии ҳамимононамонро ҳурмат кунем. Масеҳиёни Қӯринт дар масъалаи хӯрдани гӯште, ки ба бутҳо қурбонӣ оварда мешуду баъдтар онро дар бозор мефурӯхтанд, фикру ақидаи ҳархела доштанд. Баъзеи онҳо мегуфтанд, ки азбаски бут ҳеҷ аст, гӯштеро, ки ба он қурбонӣ мекунанд, бо виҷдони пок хӯрдан мумкин аст. Лекин онҳое ки пештар бутпараст буданд, мегуфтанд, ки хӯрдани чунин гӯшт маънои ибодат кардани бутҳоро дорад (1 Қӯр. 8:4, 7). Чунин душвории ҷиддӣ ягонагии ҷамъомадро вайрон карда метавонист. Чӣ тавр Павлус ба бародарону хоҳарони Қӯринт кӯмак кард, ки ба ин душворӣ бо чашми Худо нигаранд?

17 Якум, Павлус ба ҳамаи онҳо ёдрас кард, ки хӯрок моро ба Худо наздик намекунад (1 Қӯр. 8:8). Сипас онҳоро огоҳ кард: «Бохабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад» (1 Қӯр. 8:9). Баъдтар ӯ ба онҳое ки виҷдони ҳассос доштанд дастур дод, ки дигаронро барои хӯрдани чунин гӯшт ҳукм накунанд (1 Қӯр. 10:25, 29, 30). Аз ин рӯ дар мавридҳое, ки бо ибодат вобаста аст, ҳар як кас бояд мувофиқи виҷдонаш амал кунад. Хуб мебуд, ки мо қарори бародарону хоҳаронро ҳатто дар масъалаҳои на он қадар муҳим ҳам ҳурмат кунем (1 Қӯр. 10:32, 33).

18. Чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки ин озодиро қадр мекунед?

18 Яҳува ба мо озодиро ато кардааст, ки он озодии ҳақиқӣ меорад (2 Қӯр. 3:17). Мо ин аторо қадр мекунем, зеро ба воситаи он мо қарорҳое бароварда метавонем, ки муҳаббатамонро ба Яҳува нишон медиҳанд. Барои ҳамин биёед минбаъд низ миннатдориамонро барои ин ато нишон диҳем ва онро барои ҷалол додани номи Худо ва ҳурмат кардани озодии дигарон истифода барем.