Кӯмаки Ғоюс ба бародарон
ДАР охирҳои асри як Ғоюс ва дигар масеҳиён бо як қатор душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд. Он вақт баъзеҳо ягонагии ҷамъомадҳоро вайрон карда таълимоти дурӯғро паҳн мекарданд, то ки имони аъзоёни ҷамъомадҳо суст шавад (1 Юҳ. 2:18, 19; 2 Юҳ. 7). Яке аз чунин шахсон, ки Диютрифас ном дошт, дар ҳаққи Юҳаннои ҳавворӣ ва дигар бародарон «суханони бад» мегуфт. Ӯ бародаронеро, ки аз роҳи дур меомаданд, меҳмоннавозӣ намекард ва дигаронро низ водор мекард, ки мисли ӯ амал кунанд (3 Юҳ. 9, 10). Ин тақрибан соли 98-и милодӣ буд ва Юҳанно дар ин бора ба Ғоюс нома навишт. Имрӯз ин нома дар Китоби Муқаддас «Номаи сеюми Юҳанно» номида шудааст.
Лекин Ғоюс ба ин душвориҳо нигоҳ накарда содиқона ба Яҳува хизмат мекард. Содиқ будани Ғоюс аз чӣ маълум аст? Чаро мо бояд ба намунаи Ғоюс пайравӣ кунем? Чӣ тавр номаи Юҳанно ба мо дар ин кор ёрдам мекунад?
НОМА БА ДӮСТИ МЕҲРУБОН
Юҳанно дар номааш худро «пир» меномад. Ин ба Ғоюс, ки ҳақиқатро аз Юҳанно омӯхта барояш чун фарзанд буд, ҳавворӣ будани муаллифро хотиррасон мекунад. Юҳанно ба Ғоюс муроҷиат карда, ӯро «маҳбуб» меномад ва мегӯяд, ки ӯро дӯст медорад. Ҳавворӣ боварӣ дорад, ки Ғоюс аз ҷиҳати рӯҳонӣ солим мебошад, ва умедвор аст, ки ӯ ҷисман низ сиҳату саломат аст. Бо ин суханон ӯ ба дӯсти худ меҳру муҳаббаташро нишон медиҳад ва ӯро таъриф мекунад (3 Юҳ. 1, 2, 4).
Дар номаи Юҳанно аниқ гуфта нашудааст, ки Ғоюс дар ҷамъомад чӣ гуна масъулият дошт, лекин шояд ӯ нозир шуда хизмат мекард. Юҳанно Ғоюсро таъриф мекунад, чунки ӯ ҳатто бародарони барояш ношиносро меҳмондорӣ мекард. Азбаски меҳмоннавозӣ дар ҳар давру замон ба ходимони Худо хос буд, ин гуна муносибати Ғоюс садоқатмандии вайро нишон медод (Ҳас. 18:1–8; 1 Тим. 3:2; 3 Юҳ. 5).
Аз номаи Юҳанно ба Ғоюс фаҳмидан мумкин аст, ки бародарон тез-тез сафар мекарданд. Онҳо аз назди ҳавворӣ ба ҷамъомадҳои дурдаст мерафтанд ва аз он ҷойҳо боз назди ӯ бармегаштанд. Аз афташ, онҳо ба Юҳанно дар бораи сафарҳояшон нақл мекарданд ва, эҳтимол, ҳамин тавр ҳавворӣ аз аҳволи он ҷамъомадҳо хабардор мешуд.
Масеҳиёне, ки сафар мекарданд, бешубҳа, мехостанд, ки дар хонаи ҳамимонони худ истанд, чунки дар меҳмонхонаҳои онвақта шароит хуб набуд ва онҳо пур аз бадахлоқӣ
буданд. Аз ин сабаб мусофирони дурандеш ба қадри имкон кӯшиш мекарданд, ки дар хонаи дӯстонашон меҳмон шаванд. Ба ин монанд, масеҳиён низ ҳангоми сафар дар хонаи ҳамимонони худ меистоданд.«БА ХОТИРИ ИСМИ Ӯ САФАР КАРДААНД»
Юҳанно ба Ғоюс менависад, ки ӯ ёриро аз бародароне, ки ба наздаш меоянд, дареғ надорад. Ӯ хоҳиш мекунад, ки онҳоро «чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст», гусел намояд. Ғоюс бояд ба он бародарон ғамхорӣ мекард, то онҳо дар роҳи сафар аз ҳеҷ чиз танқисӣ накашанд. Онҳо ба Юҳанно дар бораи меҳмондӯстӣ ва имони Ғоюс нақл карда буданд, аз ин маълум мешавад, ки ӯ пеш ҳам ба бародарони мусофираш ғамхорӣ мекард (3 Юҳ. 3, 6).
Он бародарон шояд миссионер, намояндагони Юҳаннои ҳавворӣ ё нозирони сайёр буданд. Чи хеле набошад, онҳо барои кори мавъиза сафар мекарданд. Юҳанно дар бораашон чунин навишт: «Онҳо ба хотири исми Ӯ сафар кардаанд» (3 Юҳ. 7). Бале, онҳо маҳз ба хотири номи Яҳува роҳҳои дурро тай мекарданд. Аз ин рӯ он бародарони ҳамимон ба қабули гарму ҷӯшон сазовор буданд. Дар ин бора Юҳанно гуфт: «Мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростӣ шарик шавем» (3 Юҳ. 8).
МАДАД ДАР ВАЗЪИЯТИ ДУШВОР
Юҳаннои ҳавворӣ на танҳо барои ба Ғоюс раҳмат гуфтан мактуб навишта буд. Ӯ ҳамчунин мехост, ки Ғоюс дар ҳалли мушкилие ёрӣ расонад. Сабаб дар он буд, ки Диютрифас, яке аз аъзоёни ҷамъомади он ҷо, бародарони аз сафар омадаро қабул кардан намехост. Ӯ ҳатто кӯшиш мекард, ки дигаронро ҳам аз ин кор боздорад (3 Юҳ. 9, 10).
Бешубҳа, касоне, ки ба Худо содиқ буданд, ба Диютрифас ҳамроҳ шудан намехостанд. Диютрифас калонигариро дар ҷамъомад дӯст медошт, ба суханони Юҳанно беэҳтиромӣ мекард ва дар бораи ҳаввориёну дигар бародарон суханони бад мегуфт. Гарчанд Юҳанно Диютрифасро муаллими бардурӯғ наномид, аниқ аст, ки ӯ ба ҳавворӣ муқобилат мекард. Майлу хоҳишҳои калонигарӣ ва рӯҳияи нодурусти Диютрифас нишон медиҳанд, ки ӯ ба Худо пурра содиқ набуд. Аз мисоли Диютрифас фаҳмидан мумкин аст, ки шахсони шӯҳратпарасту ҳавобаланд ягонагии ҷамъомадро зери хатар гузошта метавонанд. Барои ҳамин Юҳанно ба Ғоюс чунин гуфт: «Ба бадӣ тақлид накун» (3 Юҳ. 11). Ин суханон ба мо низ дахл доранд.
САБАБИ БЕҲТАРИН БАРОИ НЕКӢ КАРДАН
Баръакси Диютрифас Димитриюс намунаи хуб буд ва Юҳанно ӯро таъриф карда гуфт: «Дар бораи Димитриюс ҳама... ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст» (3 Юҳ. 12). Эҳтимол, Димитриюс ба ёрии Ғоюс мӯҳтоҷ буд ва Юҳанно ба воситаи номааш ӯро ба Ғоюс шинос кард. Шояд худи Димитриюс номаи ҳаввориро ба Ғоюс расонд. Ин бародар яке аз намояндагони Юҳанно ё нозири сайёр буд ва номаи ҳаввориро ба дигарон расонида дуруст маънидод мекард.
Чаро Юҳанно ба Ғоюси меҳмондӯст гуфт, ки ӯ меҳмоннавозӣ карданро давом диҳад? Оё ҳавворӣ Ғоюсро далертар карданӣ буд? Ё мумкин ӯ хавотир буд, ки Ғоюс дудила мешавад, зеро Диютрифас кӯшиш мекард, ки масеҳиёни меҳмоннавозро аз ҷамъомад пеш кунад? Чизе ки набошад, Юҳанно ба Ғоюс чунин боварӣ бахшид: «Касе ки некӣ мекунад, аз Худост» (3 Юҳ. 11). Барои давом додани кори нек ин сабаби беҳтарин аст.
Оё номаи Юҳанно ба Ғоюс кӯмак расонд, ки минбаъд низ меҳмоннавоз бошад? Ин аз эҳтимол дур нест, чунки Номаи сеюми Юҳанно қисми Китоби Муқаддас гашт ва он дигаронро ҳам водор мекунад, ки ба некӣ тақлид кунанд.
МО АЗ НОМАИ СЕЮМИ ЮҲАННО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?
Мо дар бораи бародари азизамон Ғоюс чизи бисёр надонем ҳам, аз ин маълумоти кӯтоҳе, ки дар борааш дорем, якчанд дарс гирифта метавонем.
Аввалан, мо ходимони содиқи Худоро, ки аз ҷойҳои дур омада хизмат мекунанд, дастгирӣ карда метавонем. Аксари мо ҳақиқатро аз онҳое фаҳмидем, ки бо омодагӣ сафар карда ба мо дониши ростиро расондаанд, ва мо аз онҳо хеле миннатдорем. Албатта, на ҳамаи масеҳиёни замони мо барои кори мавъиза роҳи дурударозро тай мекунанд, лекин мо аз Ғоюс ибрат гирифта онҳоеро, ки сафар мекунанд, масалан, нозири ноҳиявӣ ва занашро дастгирӣ карда метавонем. Ё ба онҳое ёрӣ диҳем, ки ба минтақаи дигари мамлакат ё хориҷи он кӯчида, дар ҷойҳое, ки воизон бештар лозиманд, хизмат мекунанд. Биёед доимо «дар меҳмоннавозӣ» бикӯшем (Рум. 12:13; 1 Тим. 5:9, 10).
Дарси дигаре, ки мо меомӯзем, ин эҳтиром кардани бародарони масъул аст. Баъзан чунин бародаронро ҳурмату эҳтиром намекунанд, вале мо набояд аз ин ба ҳайрат оем, чунки пештар ҳуқуқи роҳбарии Юҳаннои ҳавворӣ ва Павлусро низ зери шубҳа мегузоштанд (2 Қӯр. 10:7–12; 12:11–13). Вақте ки мо ин гуна ҳолатҳоро мебинем, чӣ гуна рафтор карданамон дуруст мебуд? Ҷавоб дар суханоне мебошад, ки Павлус ба Тимотиюс гуфт: «Бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад, бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад». Онҳое, ки танқиду беҳурматӣ мекунанд, метавонанд фурӯтаниву ҳалимии моро дида фикру ақида ва муносибаташонро ислоҳ кунанд. Он гоҳ «шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд» (2 Тим. 2:24, 25).
Сеюм, мо бояд касонеро, ки ба муқобилат нигоҳ накарда содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд, қадрдонӣ ва таърифу таҳсин кунем. Юҳаннои ҳавворӣ Ғоюсро рӯҳбаланд менамуд ва дилпур мекард, ки ӯ дуруст рафтор карда истодааст. Имрӯз низ пирон бояд бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд кунанд ва тасаллӣ диҳанд, то онҳо хаставу бемаҷол нагарданд (Иш. 40:31; 1 Тас. 5:11).
Номаи сеюми Юҳанно, ки дар матни юнонӣ ҳамагӣ 219 калима дорад, китоби кӯтоҳтарини Навиштаҳои Муқаддас аст. Лекин, бешубҳа, он барои ходимони имрӯзаи Худо хеле пурарзиш мебошад.