Саволҳои хонандагон
Чӣ тавр масеҳиён муайян карда метавонанд, ки кай додани ягон тӯҳфа ва ё мукофотпулӣ ба мансабдорон дуруст асту кай не?
Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо бояд якчанд чизро дар хотир гирем. Масеҳиён бояд боинсоф бошанд. Онҳо вазифадоранд, ки ба қонуни мамлакаташон итоат кунанд, агар он ба қонуни Яҳува зид набошад (Мат. 22:21; Рум. 13:1, 2; Ибр. 13:18). Ғайр аз ин масеҳиён бояд кӯшиш кунанд, ки нисбати урфу одат ва маданияти ҷойи зисташон эҳтиром дошта бошанд ва «ёри худро мисли худ дӯст» доранд (Мат. 22:39; Рум. 12:17, 18; 1 Тас. 4:11, 12). Масеҳиён вобаста аз ҷойи зисташон шояд ба чунин тӯҳфаҳо назари гуногун дошта бошанд. Лекин ба кор бурдани принсипҳои боло ба ақидаи онҳо таъсир мекунад.
Дар бисёр ҷойҳо одамон ба ҳокимиятдорон барои иҷрои вазифааш тӯҳфа ё мукофотпулӣ намедиҳанд. Ходимони давлат барои вазифаашон аз тарафи давлат пул мегиранд. Барои ҳамин онҳо талаб намекунанд ва интизор нестанд, ки касе илова бар маошашон ба онҳо мукофотпулӣ диҳад. Дар бисёр мамлакатҳо агар мансабдор барои иҷрои вазифааш аз касе тӯҳфа ё мукофотпулӣ гирад, ин пора ҳисоб мешавад, ҳатто агар ӯ ба ивази мукофотпулӣ ягон амали ғайриқонунӣ ба ҷо наорад ҳам. Дар чунин мавридҳо ҳатто савол пайдо намешавад, ки оё масеҳӣ ба ҳокимиятдорон тӯҳфа ё мукофотпулӣ диҳад ё не. Ин кор барои масеҳиён нораво аст.
Лекин дар мамлакатҳои дигар, ки чунин қонунҳоро надоранд ё риояи онҳо сахт талаб карда намешавад, вазъият тамоман дигар аст. Дар баъзе ҷойҳо ҳокимиятдорон мансабу мартабаашонро бар фоидаи худ истифода мебаранд, то аз одамоне ки гӯё онҳо хизматашонро ба ҷо меоранд, пул рӯёнанд. Ва онҳо танҳо баъди гирифтани тӯҳфа ё мукофотпулӣ хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Чунин «мукофотпулӣ»-ро касоне талаб карда метавонанд, ки издивоҷро ба қайд мегиранд, андоз ҷамъ мекунанд, барои сохтани бино иҷозатнома медиҳанд ва ғайра. Вақте ба онҳо мукофотпулӣ намедиҳанд, онҳо тавре мекунанд, ки кори корафтода дер ҳал шавад ё ки тамоман ҳал нашавад, ҳатто агар ӯ ба ин ҳуқуқи пурра дошта бошад ҳам. Мувофиқи баъзе маълумот дар як мамлакат сӯхторхомӯшкунон вақте ҷойи сӯхтор меоянд, то пули
калон ба онҳо надиҳанд, хомӯш кардани сӯхторро сар намекунанд.Дар ҷойҳое ки ин гуна вазъият бисёр ба назар мерасад, баъзеҳо ба хулосае меоянд, ки наметавонанд мукофотпулӣ надиҳанд. Масеҳӣ метавонад мукофотпулиро ҳаққи хизмати иловагӣ ҳисобад. Дар чунин вазъият мукофотпулӣ додан нодуруст нест, агар масеҳӣ ба ивази он амали ғайриқонуниро наталабад. Дар мамлакатҳое ки порахӯрӣ паҳн шудааст, масеҳиён бояд эҳтиёткор бошанд, ки мабодо аз ҳадду ҳудуде ки Худо муайян кардааст, гузаранд. Шояд мо барои ба даст овардани чизе ки ба он ҳақ дорем, ба касе тӯҳфа медиҳем. Лекин вақте чизеро ба таври ғайриқонунӣ ба даст оварданӣ мешавему ин корро мекунем, ин тамоман нодуруст аст. Дар ҷойе ки порахӯрӣ паҳн шудааст, баъзеҳо ба ҳокимиятдорон барои ягон хизмати ғайриқонуниашон тӯҳфа ё пул медиҳанд ва ё ба корманди милиса «чойпулӣ» медиҳанд, то ҷарима насупоранд. Мо набояд кӯшиш кунем, то бо додани «тӯҳфа» касеро ба амали ғайриқонунӣ тела диҳем ва ё бо гирифтани он виҷдонамонро нопок созем. Ҳар дуи ин амал бар зидди адолат аст (Хур. 23:8; Такр. Ш. 16:19; Мас. 17:23).
Виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфтаи аксари масеҳиёни баркамол намегузорад, ки мукофотпулиеро ки мансабдорон талаб мекунанд, диҳанд. Онҳо мефаҳманд, ки бо ин корашон порахӯриро дастгирӣ мекунанд ва нишон медиҳанд, ки онро кори нодуруст намешуморанд. Барои ҳамин онҳо додани ҳеҷ як мукофотпулиро дуруст намешуморанд.
Масеҳиёни баркамол дарк мекунанд, ки додани пул ё ягон тӯҳфа барои ба таври ғайриқонунӣ ба даст овардани чизе порадиҳӣ ҳисоб мешавад. Лекин, ҳамзамон агар урфу одати маҳаллӣ имкон диҳад, масеҳӣ метавонад ба мансабдорон чун ҳаққи хизмат маблағе диҳад, то корашро бесабаб ба қафо напартоянд. Дар мавридҳои дигар бошад, масеҳӣ ҳаққи хизмати мансабдорро баъд аз иҷрои кораш медиҳад. Масалан, баъзе масеҳиён ба духтурон ва ҳамшираҳои шафқат чун изҳори миннатдорӣ мукофотпулӣ медиҳанд. Лекин онҳо ин корро баъд аз муолиҷа мекунанд, то чунин нанамояд, ки он пора буд ва ё бо мақсади гирифтани муолиҷаи махсус дода шуд.
Дар бораи тамоми ҳолатҳои шартии ҳар як маҳал дар як мақола гап задан номумкин аст. Лекин новобаста аз маҳалу ҷойи зист масеҳиён бояд тавре рафтор кунанд, ки виҷдони покро нигоҳ доранд (Рум. 14:1–6). Мо набояд қонунро вайрон кунем (Рум. 13:1–7). Ҳамчунин мо намехоҳем ба коре даст занем, ки ба номи Яҳува доғ ораду ба виҷдони дигарон монеа шавад (Мат. 6:9; 1 Қӯр. 10:32). Аз ҳар як қарори масеҳиён бояд маълум бошад, ки онҳо дигаронро дӯст медоранд (Марқ. 12:31).
Вақте эълон мешавад, ки касе дар ҷамъомад аз нав барқарор шудааст, мо бояд хурсандиамонро чӣ тавр нишон диҳем?
Дар боби 15-уми китоби Луқо мо масали Исоро дар бораи марде ки соҳиби 100 гӯсфанд буд, мехонем. Вақте як гӯсфандаш гум мешавад, он мард 99 гӯсфандашро дар биёбон монда, аз ақиби гӯсфанди гумшуда меравад, «то даме ки онро» ёбад. «Чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад; ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: “Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам”». Дар охир Исо гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд» (Луқ. 15:4–7).
Оятҳои дигари ин боб нишон медиҳанд, ки Исо ин суханонро бо мақсади ислоҳ кардани тарзи фикрронии китобдонон ва фарисиён гуфт. Онҳо Исоро танқид мекарданд, ки бо боҷгирон ва гунаҳкорон вақт мегузаронад (Луқ. 15:1–3). Исо қайд кард, ки вақте як гунаҳкор тавба мекунад, дар осмон хурсандӣ мешавад. Мо метавонем аз худ бипурсем: «Модоме ки дар осмон барои тавба кардани гунаҳкор хурсандӣ мешавад, пас, мо низ набояд дар замин хурсандӣ кунем?» (Ибр. 12:13).
Вақте шахси хориҷшударо барқарор мекунанд, ин сабаби хурсандии мост. Ин шахс барои дар ҷамъомад барқарор шудан, аз кори кардааш тавба кард ва беайбиашро назди Худо нигоҳ дошт, барои ҳамин мо хурсандӣ мекунем. Аз ин рӯ вақте пирон эълон мекунанд, ки шахс аз нав дар ҷамъомад барқарор шудааст, кафкӯбӣ кардан бамаврид аст.
Аз кадом сабаб оби ҳавзи Байт-Ҳасдо ба ҳаракат медаромад?
Дар рӯзҳои Исо баъзе сокинони Ерусалим гумон мекарданд, ки оби ҳавзи Байт-Ҳасдо ҳангоми ба ҳаракат даромаданаш қувваи шифобахш дорад (Юҳ. 5:1–7). Барои ҳамин одамони касалу дардманд дар он ҷо ҷамъ меомаданд.
Ҳавзро бо об зарфе таъмин мекард, ки ба он пайваст буд. Кофтуковҳои майдони он ҷо нишон доданд, ки дар он ҷо ду ҳавз буд ва онҳо бо сарбанд аз якдигар ҷудо шуда буданд. Ин ду ҳавз низ бо ҳам пайваст буданд. Эҳтимол, қубури обгузар аз таги ҳаммом гузашта ба сарбанд мерафт. Аз ин рӯ баровардани об метавонист ба оби болои ҳавз таъсир расонда онро ба ҳаракат орад.
Дар ояти Юҳанно 5:4 гуфта мешавад, ки фариштаи Худо оби ҳавзро ҳаракат медод. Лекин ин фикр дар дастнависҳои эътиборноки юнонӣ мисли Кодекси Синоӣ (асри IV) вонамехӯрад. Исо дар ҳавзи Байт-Ҳасдо мардеро ки 38 сол боз бемор буд, шифо дод. Ва он мард пеш аз он ки ба ҳавз дарояд, дарҳол сиҳат шуд.