Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо сулҳҷӯ ҳастед?

Оё шумо сулҳҷӯ ҳастед?

ЯҲУВА мехоҳад, ки дар байни ходимонаш сулҳу осоиштагӣ бошад. Агар мо чунин кунем, дар ҷамъомад сулҳу оромӣ ҳукмфармо мегардад. Ва ин аз назари одамоне, ки дар ҷустуҷӯйи сулҳу осоиштагӣ мебошанд, пинҳон намемонад.

Масалан, як табиби ҷодугаре, ки дар Мадагаскар машҳур буд, дар байни Шоҳидони Яҳува сулҳу ягонагиро дида ба худ чунин гуфт: «Агар ман пайрави ягон дин шудан хоҳам, ҳамин динро интихоб мекунам». Баъд аз якчанд вақт ӯ ҷодугариро бас кард, ҳаёти оилавии худро ба талаботи Китоби Муқаддас мувофиқ сохт ва ба Яҳува, Худои осоиштагӣ, хизмат карданро сар кард.

Ба мисли ин мард, ҳар сол ҳазорҳо одамоне, ки осоиштагиро орзу мекунанд, аъзои ҷамъомади Худо шуда ба орзуяшон мерасанд. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ҳасади талх ва худсарӣ» метавонад дӯстию рафоқатро дар ҷамъомад барҳам диҳад ва сабаби носозиҳо шавад (Яъқ. 3:14–16). Хушбахтона, дар Навиштаҳо маслиҳатҳои хубе ҳастанд, ки ба мо барои пешгирӣ кардани душвориҳо ва пойдор намудани сулҳ роҳ нишон медиҳанд. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр ба кор бурдани ин маслиҳатҳо ба бародарону хоҳарон фоида овард.

ДУШВОРИҲО ВА ҲАЛЛИ ОНҲО

«Муносибатҳои ману бародаре, ки ҳамкорам буд, нағз набуданд. Боре, вақте ки мо ба сари якдигар дод мезадем, ду мард даромада, шоҳиди доду войи мо шуданд» (КРИС).

«Хоҳаре, ки ман бо вай тез-тез ба мавъиза мерафтам, бе ҳеҷ гапу хабар бо ман хизмат карданро бас кард. Баъдтар ӯ бо ман ҳатто гап намезадагӣ шуд. Ман намефаҳмидам, ки барои чӣ вай ин хел мекунад» (ҶАНЕТ).

«Мо сӯҳбати телефонии сенафара доштем. Баъд яктоамон хайрухуш кард. Ман фикр кардам, ки ӯ дигар дар хати алоқа нест, ва дар борааш ҳар хел гапҳо задам. Лекин ӯ ҳамаашро шунида будааст» (МАЙКЛ).

«Ду хоҳаре, ки дар ҷамъомади мо пешрав шуда хизмат мекарданд, бо якдигар соз намегирифтанд ва ҳамдигарро ганда мекарданд. Дигарон баҳсу ҷанҷолҳои онҳоро дида сахт зиқ мешуданд» (ГАРРИ).

Шояд ба назари шумо ин воқеаҳо чизҳои майда-чуйда тобанд, лекин ҳар кадомашон метавонистанд сабаби дарду азоби дигарон шаванд ва сулҳу осоиштагии тамоми ҷамъомадро зери хатар монанд. Бояд гуфт, ки байни он бародару хоҳарон сулҳ барқарор шуд, зеро онҳо аз рӯйи гуфтаҳои Каломи Худо амал карданд. Ба фикри шумо, кадом маслиҳатҳо ба онҳо ёрдам доданд?

«Дар роҳ низоъ накунед» (Ҳас. 45:24). Ин маслиҳатро Юсуф ба бародаронаш дода буд, то онҳо дар роҳи бозгашт ба назди падарашон бо якдигар ҷанг накунанд. Агар шахс худдорӣ карда натавонад ва асабӣ шуда ҷангу ҷанҷол кунад, вазъияти бе ин ҳам бад боз бадтар мешавад ва дигаронро ғазаболуд мекунад. Крис, ки дар боло дар борааш гуфта будем, камбудиҳои худро пай бурд. Ӯ фаҳмид, ки ҳавобаланд аст ва маслиҳатро бо дили нохоҳам қабул мекунад. Крис дигар шудан хост, барои ҳамин аз бародаре, ки бо ӯ ҷанг шуда буд, бахшиш пурсид. Ҳамчунин вай бисёр кӯшиш мекард, ки феълу рафтори худро дигар кунад. Кӯшишҳои Крисро дида бародар низ муносибаташро беҳтар кард. Ҳоло онҳо хурсандона бо ҳам ба Яҳува хизмат мекунанд.

«Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад» (Мас. 15:22). Ҷанет, ки дар борааш гуфта будем, фаҳмид, ки бояд ба ин суханони Китоби Муқаддас гӯш диҳад. Ӯ қарор кард, ки бо хоҳаре, ки аз вай хафа шуда буд, «машварат кунад», ё гап занад. Ҳангоми сӯҳбат Ҷанет бо эҳтиром ва меҳрубонӣ аз хоҳар хоҳиш кард, ки сабаби хафа шуданашро гӯяд. Дар аввал сӯҳбат кардан барояшон осон набуд, лекин, азбаски онҳо оромона душвориро муҳокима мекарданд, вазъият беҳтар шуд. Хоҳар фаҳмид, ки нофаҳмӣ шудааст ва Ҷанет тамоман айбдор нест. Ӯ аз Ҷанет бахшиш пурсид. Акнун онҳо аз нав дар хизмат ҳамкорӣ мекунанд.

«Ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун» (Мат. 5:23, 24). Шояд шумо ба хотир овардед, ки ин маслиҳатро Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ гуфта буд. Майкл, ки дар бораи бародар суханони ноҷо гуфт, аз рафтори нодурусташ пушаймон шуд. Ӯ сахт кӯшиш кард, ки бо он бародар сулҳро барқарор кунад. Барои ҳамин ӯ ба назди бародар рафт ва илтимос кард, ки аз гуноҳаш гузарад. Ин кори ӯ чӣ натиҷа овард? Майкл мегӯяд: «Бародарам маро аз таҳти дил бахшид». Баъд аз ин онҳо боз бо якдигар дӯст шуданд.

«Ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад» (Қӯл. 3:12–14). Биёед фаҳмем, ки бо ду пешрави доимие, ки бо якдигар муросо намекарданд, чӣ шуд. Пири ҷамъомад бо мулоимӣ фаҳмонд, ки рафтори онҳо дигаронро зиқ мекунад. Ӯ ба онҳо ёдрас кард, ки онҳо бояд бо ҳамдигар пурсабру боилтифот бошанд ва сулҳу ягонагиро дар ҷамъомад нигоҳ доранд. Онҳо маслиҳати пири ҷамъомадро қабул карданд. Ҳоло ин хоҳарон якҷоя хушхабарро ба дигарон мерасонанд.

Маслиҳате, ки дар Қӯлассиён 3:12–14 навишта шудааст, инчунин дар вақти аз касе ранҷиданамон кӯмак мекунад. Бисёриҳо диданд, ки дар бар кардани фурӯтанӣ ёрӣ медиҳад, ки дигаронро бахшида хатояшонро фаромӯш кунанд. Вале, агар пас аз кӯшишҳои зиёд бахшида натавонем-чӣ? Он гоҳ Матто 18:15-ро ба кор бурдан хуб мебуд. Гарчанд Исо маслиҳати дар ин оят овардашударо дар мавриди гуноҳи ҷиддӣ кардани кас гуфта буд, он ба мо барои ҳалли нофаҳмиҳо низ кӯмак мекунад. Мо метавонем ба назди бародар ё хоҳар рафта, бо фурӯтаниву меҳрубонӣ душвориро байни ҳам муҳокима кунем ва онро ҳал намоем.

Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳои дигар низ оварда шудаанд. Барои он ки мо фоидаи онҳоро бинем, бояд «самари Рӯҳ... муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» зоҳир кунем (Ғал. 5:22, 23). Чи хеле ки равған барои осон ҳаракат кардани мошин ёрдам мекунад, ҳамин хел ин хислатҳо низ барқарор кардани сулҳро бароямон осонтар мегардонанд.

ГУНОГУНӢ ҶАМЪОМАДРО РАНГОРАНГ МЕКУНАД

Ҳар яки мо хислатҳо ва феълу атвори ба худ хос дорем, барои ҳамин аз якдигар фарқ мекунем. Чунин гуногунӣ ҳаётро рангоранг ва шавқовар мекунад, лекин сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳо низ шуда метавонад. Як пири ботаҷриба барои инро фаҳмондан чунин мисол овард: «Касе, ки шармгин аст, бо одами чақчақиву на он қадар шармгин худро нороҳат ҳис карда метавонад. Фарқияти байни онҳо он қадар ҷиддӣ натобад ҳам, сабаби душвориҳо шуда метавонад». Ба фикри шумо, оё одамони гуногунтабиат ҳамкорӣ карда метавонанд? Барои ба ин савол ҷавоб додан биёед мисоли ду ҳаввориро дида бароем. Ин ҳаввориён Петрус ва Юҳанно буданд. Онҳо чӣ гуна шахс буданд? Мумкин шумо гӯед, ки Петрус рӯирост ва беандеша гап мезад, Юҳанно бошад, меҳрубон буд ва одатан пеш аз гап задан ё ягон кор кардан фикр мекард. Чи хеле набошад, аён аст, ки онҳо одамони гуногун буданд, вале новобаста аз ин нағз ҳамкорӣ мекарданд (Аъм. 8:14; Ғал. 2:9). Имрӯз ҳам бародару хоҳароне, ки аз ҳам сахт фарқ мекунанд, дар хизмат ба Яҳува ҳамкорони хуб буда метавонанд.

Шояд дар ҷамъомади шумо ягон кас бо гапу корҳояш шуморо асабонӣ мекунад. Хуб мебуд, агар дар ин маврид оиди он фикр кунед, ки Масеҳ барои вай низ мурдааст ва амр додааст, ки ҳамимонатонро дӯст доред (Юҳ. 13:34, 35; Рум. 5:6–8). Барои ҳамин худро аз ӯ дур нагиред ва зуд хулоса набароред, ки бо ӯ дӯст намешавед. Ба ҷойи ин аз худ пурсед: «Оё рафтори вай бар зидди Китоби Муқаддас аст? Оё ӯ дидаю дониста маро хафа мекунад? Ё сабаб фақат дар он ки мо ҳархелаем? Оё ӯ ягон хислати хубе дорад, ки ман дар худ инкишоф додан мехоҳам?»

Дар бораи саволи охирон фикр кардан хеле муҳим аст. Масалан, агар шумо камгап бошеду вай гап заданро дӯст дорад, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр ӯ ба осонӣ дар хизмат сӯҳбатро сар мекунад. Бо вай ба хизмат рафта бинед, ки чиро аз ӯ ёд гирифта метавонед. Ё агар вай аз шумо дида дасткушодтар бошад, аҳамият диҳед, ки чӣ тавр саховатмандии ӯ нисбати пиронсолон, беморон ё мӯҳтоҷон хурсандӣ меорад. Хулоса, ҳатто одамони тамоман гуногун, агар ба хислатҳои хуби якдигар диққат диҳанд, ба ҳам наздиктар мешаванд. Шояд шумо дӯстони ҷонӣ нашавед, лекин муносибатҳоятон беҳтар хоҳанд шуд. Ин бошад, ҳам ба шумо ва ҳам ба аҳли ҷамъомад сулҳу осоиштагӣ меорад.

Дар яке аз ҷамъомадҳои асри як Авҳӯдия ва Сунтихӣ ном хоҳарон буданд. Аз афташ, онҳо аз ҳамдигар сахт фарқ мекарданд ва фикру ақидаҳои гуногун доштанд, вале Павлуси ҳавворӣ ба онҳо маслиҳат дод, ки «дар Худованд ҳамфикр бошанд» (Флп. 4:2). Мо низ мехоҳем, ки бо бародарону хоҳарон ҳамфикр бошем ва ба сулҳу осоиштагии ҷамъомад мусоидат намоем.

НАГУЗОРЕД, КИ ҲИССИ НОРОЗИГӢ ДАР ДИЛАТОН РЕША ДАВОНАД

Фикру ҳиссиёти бадеро, ки нисбати дигарон дошта метавонем, ба алафҳои бегона монанд кардан мумкин аст, ки дар боғи зебо рӯйида зуд паҳн мешаванд. Агар мо чунин ҳиссиётро аз дили худ решакан накунем, он на танҳо ба худи мо, балки ба тамоми ҷамъомад зарар расонда метавонад. Аммо, вақте ки мо Яҳува ва ҳамимонони худро дӯст медорем, намегузорем, ки ягон чиз ба осоиштагӣ ва гулгулшукуфии халқи Худо халал расонад.

Фурӯтаниву сулҳҷӯйии шумо самараи хуб оварда метавонад

Вақте мо ба нофаҳмиҳо ва гуногунии бародару хоҳарон нигоҳ накарда кӯшиш мекунем, ки сулҳдӯст бошем, самараи хубе ба даст меорем. Як хоҳар инро аз таҷрибаи худ медонад. Ӯ мегӯяд: «Хоҳаре бо ман чун бо кӯдак рафтор мекард. Ин ба ман чунон сахт мерасид, ки рафта-рафта ба вай дағалӣ мекардагӣ шудам. Ман ба худам мегуфтам, ки агар вай маро ҳурмату эҳтиром накунад, ман ҳам вайро ҳурмат намекунам».

Вале пас аз чанд вақт ин хоҳар дар бораи рафтори худаш фикр кард. «Ман дар худ камбудиҳоеро дидам, ки пеш пай намебурдам, ва аз ин хеле зиқ шудам. Он гоҳ ман фаҳмидам, ки бояд фикррониамро дигар кунам. Пеш аз ҳама дар ин бора ба Яҳува дуо гуфтам. Баъд барои хоҳар тӯҳфа харидаму дар хатча аз вай бахшиш пурсидам. Мо якдигарро ба оғӯш гирифтем ва қарор кардем, ки ҳама чизи гузаштаро фаромӯш мекунем. Аз он вақт сар карда дар байни мо ягон бор хафагию норозигӣ набуд».

Ҳамаи одамон сулҳу оромӣ мехоҳанд. Лекин, вақте ки чизе барояшон маъқул намешавад, одатан сулҳпарвариро як сӯ мегузоранд. Инро дар бораи аксари одамоне, ки Яҳуваро ибодат намекунанд, гуфтан мумкин аст, вале дар байни ходимони Ӯ бояд сулҳу ягонагӣ бошад. Павлуси ҳавворӣ зери илҳоми Худованд суханони зеринро навишт: «Аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед, ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред» (Эфс. 4:1–3). Чунин «осоиштагӣ», дар ҳақиқат, бебаҳост. Биёед ҳар гуна нофаҳмию душвориеро, ки дар байнамон пайдо шуда метавонад, бартараф сохта барои пойдор кардани сулҳу осоиштагӣ кӯшиш кунем.