Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз Кӯзагарамон — Яҳува миннатдор бошед!

Аз Кӯзагарамон — Яҳува миннатдор бошед!

«Эй Худованд... Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем» (ИШ. 64:8).

СУРУДҲО: 11, 26

1. Чаро Яҳуваро Кӯзагари Бузург номидан мумкин аст?

НОЯБРИ соли 2010 дар Лондон (Англия) барои ба даст овардани гулдони сафолини Хитой, ки дар асри 18 сохта шуда буд, қариб 70 миллион доллар пешкаш карда шуд. Ин нишон медиҳад, ки кӯзагар аз як чизи ночиз ба мисли гил, чизҳое сохта метавонад, ки он камёфту зебо ва қиматбаҳост. Вале ҳеҷ ягон кӯзагар бо Кӯзагари беҳтарин — Яҳува баробар шуда наметавонад. Дар охири рӯзи шашуми офариниш, Худованд аз хоки замин одами комилро офарид ва ба ӯ қобилиятеро дод, то хислатҳои Созандаашро инъикос кунад (Ҳас. 2:7). Он инсони комили аз хок офаридашуда «Одам, ибни Худо» ном гирифт (Луқ. 3:38).

2, 3. Чӣ тавр мо ба рӯҳияи исроилиёни тавбакарда пайравӣ карда метавонем?

2 Азбаски Одам муқобили Созандаи худ исён бардошт, вай дигар писари Худо хонда намешуд. Бо вуҷуди ин «абри шоҳидон»-и насли Одам ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ карданд (Ибр. 12:1). Фурӯтанона ба Офаридгори худ итоат карда онҳо исбот карданд, ки Яҳуваро Кӯзагар ва Падари худ меҳисобанд, на Шайтонро (Юҳ. 8:44). Содиқии онҳо суханони зерини Ишаъёро, ки дар ҳаққи исроилиёни тавбакарда гуфта буд, ба ёд меорад: «Эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем» (Иш. 64:8).

3 Имрӯз низ ходимони Худо барои зоҳир кардани чунин фурӯтаниву итоаткорӣ кӯшиш менамоянд. Барои онҳо Яҳуваро Падар хондан ва чун Кӯзагари худ ба Ӯ итоат кардан шараф аст. Оё шумо дар дасти Яҳува мисли гили мулоим ҳастед? Оё тайёред, ки Ӯ аз шумо зарфи дилхоҳашро бисозад? Оё шумо ба ҳар як бародару хоҳар чун ба зарфи шаклёфтаистода менигаред? Биёед барои доштани муносибати дуруст дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува чун Кӯзагар амал намуда касеро барои шакл додан интихоб мекунад, чаро ва чӣ тавр онҳоро шакл медиҳад.

ЯҲУВА ОДАМОНРО БАРОИ ШАКЛ ДОДАН ИНТИХОБ МЕКУНАД

4. Чӣ тавр Яҳува шахсонеро ки шакл додан мехоҳад, интихоб мекунад? Фаҳмонед.

4 Яҳува на ба намуди зоҳирии одам, балки ба ботинаш менигарад, то ки дили ӯро тафтиш намояд. (1 Подшоҳон 16:7б-ро хонед.) Яҳува инро дар вақти ташкилёбии ҷамъомади масеҳӣ нишон дод. Ӯ ба худаш ва ба Писараш бисёр касонеро ҷалб кард, ки аз нигоҳи одамӣ номатлуб буданд (Юҳ. 6:44). Яке аз чунин шахсон фарисие бо номи Шоул буд, ки ӯро чун «куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ» мешинохтанд (1 Тим. 1:13). Лекин бо вуҷуди ин Донандаи дилҳо, Яҳува фикр намекард, ки Шоул гили корношоям аст (Мас. 17:3). Ба ҷои ин Худо ба ӯ чун ба гиле менигарист, ки аз он зарфи дилхоҳ, яъне «зарфи баргузида» сохтан мумкин аст, то ки ӯ ба «халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил» шаҳодат диҳад (Аъм. 9:15). Яҳува боз касонеро интихоб кард, ки пештар бадмаст, бадахлоқ ва дузд буданд. Ӯ ба онҳо чун ба зарфи мувофиқ «барои истеъмолоти олӣ» менигарист (Рум. 9:21; 1 Қӯр. 6:9–11). Вақте онҳо аз Каломи Худо дониш гирифтанд, имонашон ба Яҳува қавӣ гашт ва ба Ӯ роҳ доданд, ки онҳоро шакл диҳад.

5, 6. Яҳуваро чун Кӯзагари худ шуморидан чӣ тавр ба муносибати мо нисбати а) одамони маҳалламон, б) бародарону хоҳаронамон таъсир мерасонад?

5 Мо боварӣ дорем, ки Яҳува одамони самимиро интихоб намуда ба худ ҷалб карда метавонад. Барои ҳамин мо бояд аз ҳукм кардани одамони маҳалламон ва ё бародарону хоҳаронамон даст кашем. Биёед мисоли мардеро бо номи Майкл дида бароем. Ӯ мегӯяд: «Вақте Шоҳидони Яҳува ба хонаам омаданд, ман онҳоро писанд накарда дарро ба рӯяшон пӯшидам. Ман хеле дағалона рафтор намудам! Чанде пас бо оилае вохӯрдам, ки рафтори хубашон ба ман хеле маъқул шуд. Ва рӯзе ман аз фаҳмидани он ки ин оила Шоҳиди Яҳува будааст, дар ҳайрат мондам! Рафтори хуби онҳо маро барангехт, то сабаби бадгумонӣ доштанамро нисбати Шоҳидони Яҳува бифаҳмам. Сипас ман дарк кардам, ки чизе ки дар бораи Шоҳидони Яҳува медонистам, ин фақат овозаҳои бардурӯғу беасос буданду халос». Ҳақиқати ҳолро фаҳмида Майкл омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Баъдтар вай таъмид гирифта ходими пурравақт шуд.

6 Яҳуваро чун Кӯзагари худ шуморидан ҳамчунин ба муносибати мо нисбати ҳамимонон таъсир мерасонад. Яҳува ба бародарону хоҳарон чун ба зарфе, ки ҳоло шакл ёфта истодааст, менигарад. Оё шумо ҳам ба бародарону хоҳарон ҳамин хел менигаред? Худо мебинад, ки мо дар асл чӣ гуна инсон ҳастем ва медонад, ки камбудиҳои мо муваққатианд. Ӯ ҳамчунин медонад, ки ҳар як одам чӣ гуна шахс шуда метавонад (Заб. 129:3). Ба бародарону хоҳарон чунин муносибат карда мо ба Яҳува пайравӣ мекунем. Ҳамчунин онҳоро дар рушди рӯҳониашон дастгирӣ намуда мо бо Кӯзагарамон ҳамкорӣ менамоем (1 Тас. 5:14, 15). Пирони ҷамъомад бояд дар ин кор намунаи хуб гузоранд (Эфс. 4:8, 11–13).

ЧАРО ЯҲУВА МОРО ШАКЛ МЕДИҲАД?

7. Чаро шумо аз тарбияи Яҳува миннатдоред?

7 Шумо шояд ягон бор ин гуфтаҳоро шунида бошед: «То худам кӯдакдор нашудам, ба қадри таълиму тарбияи падару модарам нарасидам». Вақте ки таҷрибаи зиндагиамон зиёдтар мешавад, мо нисбати тарбия назари дигар пайдо мекунем, яъне мисли Яҳува ба он чун ба зоҳир кардани муҳаббат менигарем. (Ибриён 12:5, 6, 11-ро хонед.) Бале, Яҳува фарзандонашро дӯст медорад, барои ҳамин онҳоро пурсаброна тарбия мекунад. Худо мехоҳад, ки мо хирадманду хушбахт бошем ва Ӯро дӯст дорем (Мас. 23:15). Ӯ тоқати дидани дарду азоби моро надорад ва намехоҳад, ки мо чун Одам «фарзандони ғазаб» шуда бимирем (Эфс. 2:2, 3).

8, 9. Яҳува чӣ тавр моро имрӯз ва дар оянда таълим медиҳад?

8 Пештар чун «фарзандони ғазаб» мо хислатҳое доштем, ки ба Худо маъқул набуд. Шукри Яҳува, ки бо воситаи тарбияи Ӯ, ҳоло мо тағйир ёфта одами хуб шудем (Иш. 11:6–8; Қӯл. 3:9, 10). Ҳоло мо дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ дорем, ки дар он Яҳува моро тарбия мекунад. Нигоҳ накарда ба таъсири ҷаҳони шарире, ки моро иҳота кардааст мо худро бехатар ҳис мекунем. Беш аз ин баъзеи мо, ки бе меҳру муҳаббат ба воя расидем ва ё дар оилаи номуросо калон шудем, ҳоло аз муҳаббати ҳақиқӣ баҳра мебарем (Юҳ. 13:35). Инчунин мо ба дигарон зоҳир кардани муҳаббатро ёд гирифтем. Ғайр аз ин мо Яҳуваро шинохтем ва ҳоло муҳаббати падарворонаи Ӯро дар худ ҳис мекунем (Яъқ. 4:8).

9 Дар дунёи нав мо аз ин ҳам бештар аз баракатҳои рӯҳонӣ баҳравар мегардем. Дар он вақт биҳишти рӯҳонии мо бемисл хоҳад буд. Мо таҳти роҳбарии Салтанати Худо дар биҳишти аслӣ зиндагӣ хоҳем кард. Ҳангоми ободкунии тамоми замин Яҳува тарбияи сокинони заминро давом медиҳад. Худо моро бо тарзе таълим медиҳад, ки тасаввур кардани он ҳоло душвор аст (Иш. 11:9). Ғайр аз ин Яҳува ақлу тани моро комил гардонида ба мо қобилият медиҳад, то таълимоти Ӯро ҷаббида гирифта иродаашро пурра иҷро карда тавонем. Аз ин рӯ биёед минбаъд низ ба Яҳува итоат кунем ва бо ин нишон диҳем, ки мо тарбияи Ӯро чун изҳори муҳаббаташ қабул мекунем (Мас. 3:11, 12).

ЧӢ ТАВР ЯҲУВА МОРО ШАКЛ МЕДИҲАД?

10. Чӣ тавр Исо пурсабрӣ ва маҳорати Кӯзагари Бузургро нишон дод?

10 Чун Кӯзагари моҳир, Яҳува сифату намуди гилро медонад ва мувофиқи он амал менамояд. (Забур 102:10–14-ро хонед.) Ӯ сустиҳо, маҳдудиятҳо ва пешравии рӯҳониамонро ба назар гирифта ҳар яки моро шакл медиҳад. Мо аз рафтори Исо нисбати шогирдони нокомилаш назари Яҳуваро фаҳмида метавонем. Биёед бубинем, ки Исо нисбати камбудиҳои шогирдонаш махсусан ба майли шӯҳратпарастии онҳо чӣ хел муносибат мекард. Агар шумо шоҳиди баҳсу мунозираҳои ҳаввориён мебудед, оё ин мардонро чун одамони ҳалим ё чун гили мулоим меҳисобидед? Исо баъди ин ҳам нисбати онҳо шубҳа накард. Вай медонист, ки ҳаввориёни содиқро бо ҳалимӣ, маслиҳати пурсаброна ва намунаи фурӯтании худ ислоҳ кардан мумкин аст (Марқ. 9:33–37; 10:37, 41–45; Луқ. 22:24–27). Пас аз эҳё шудани Исо, вақте ба шогирдон рӯҳулқудс рехта шуд, онҳо диққаташонро на ба мақому мартаба, балки ба супорише, ки Исо ба онҳо дода буд, равона карданд (Аъм. 5:42).

11. Чаро Довуд чун гили мулоим буд ва чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

11 Имрӯз Яҳува ходимонашро ба воситаи Калом, рӯҳи муқаддас ва ҷамъомад шакл медиҳад. Вақте мо Каломи Худоро мехонем, дар бораи чизи хондаамон мулоҳиза меронем ва аз Яҳува барои дар амал истифода бурдани он кӯмак мепурсем, он гоҳ Китоби Муқаддас моро шакл медиҳад. Довуд гуфта буд: «Туро бар бистари худ ба ёд меоварам, ҳамаи посҳои шаб дар бораи Ту фикру хаёл мекунам» (Заб. 62:7). Ҳамчунин ӯ навишт: «Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст; шабҳо низ ботинам маро меомӯзад» (Заб. 15:7). Бале, Довуд новобаста аз он ки маслиҳати Яҳува душвор буд ба он гӯш дод ва гузошт, ки он ҳиссиёт ва хислатҳои ботинашро тағйир диҳад (2 Подш. 12:1–13). Довуд ба мо дар фурӯтанӣ ва итоаткорӣ намуна гузошт. Оё шумо Китоби Муқаддасро тавре мехонед, то ки он ботинатонро шакл диҳад? Оё дар ин ҷода боз ҳам беҳтар шуда метавонед? (Заб. 1:2, 3).

12, 13. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи рӯҳулқудс ва ҷамъомад моро шакл медиҳад?

12 Рӯҳи муқаддас моро дар якчанд маврид шакл дода метавонад. Масалан, он ба мо кӯмак мекунад, то самари рӯҳро дар худ инкишоф диҳем (Ғал. 5:22, 23). Яке аз самари рӯҳ ин муҳаббат мебошад. Мо Худоро дӯст медорем ва дарк мекунем, ки иҷрои фармудаҳои Ӯ бори гарон нест. Зеро мо мехоҳем, ки ба Худо итоаткор бошем ва Ӯ моро шакл диҳад. Ҳамчунин рӯҳи муқаддас ба мо қувват мебахшад, то нагузорем, ки ҷаҳон моро шакл диҳад (Эфс. 2:2). Павлуси ҳавворӣ, ки дар ҷавониаш ҳавобаландии сарварони дини яҳудӣ ба ӯ сахт таъсир карда буд, баъдтар чунин навишт: «Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад» (Флп. 4:13). Аз ин рӯ биёед мисли Павлус доимо аз Худо рӯҳулқудс пурсем. Яҳува хоҳиши самимии шахси фурӯтанро гӯш мекунад (Заб. 9:38).

Яҳува ба воситаи пирон моро шакл медиҳад, лекин мо ҳам бояд кӯшиш кунем (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

13 Худо барои шакл додани мо ҳамчунин ҷамъомад ва нозиронро истифода мебарад. Масалан, агар пирони ҷамъомад пай баранд, ки мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба кӯмак ниёз дорем, онҳо ба хиради худ такя накарда кӯшиш мекунанд, ки ба мо ёрӣ расонанд (Ғал. 6:1). Онҳо аз Яҳува хоксорона фаҳмиш ва хирад мепурсанд. Пирон вазъияти моро ба назар гирифта дуо мегӯянд ва мувофиқи дуояшон амал карда аз Каломи Худо ва адабиётамон тадқиқот мебаранд. Ин ба онҳо кӯмак мерасонад, ки ба мо мувофиқи ниёзамон ёрдам кунанд. Агар пирон аз рӯи муҳаббат ба шумо кӯмак кардани шуда, масалан оиди тарзи либоспӯшиатон маслиҳат диҳанд, оё шумо инро чун изҳори муҳаббати Худо қабул мекунед? Агар шумо чунин кунед, дар дасти Яҳува чун гили мулоим мешавед, ки барои шакл додан тайёр аст.

14. Чӣ тавр Яҳува чун Кӯзагар озодии иродаи моро эҳтиром мекунад?

14 Донистани он ки чӣ тавр Яҳува моро шакл медиҳад, ба мо кӯмак мерасонад, ки бо ҳамимонон, одамони маҳалламон ва омӯзандагони Китоби Муқаддас муносибати хуб дошта бошем. Одатан кӯзагар гилро гирифта даррав онро шакл намедиҳад. Ӯ аввал гилро тайёр карда аз сангу хошок тоза мекунад. Кӯзагари Бузург, Яҳува ба одамон кӯмак мерасонад, ки барои шакл ёфтан тайёр шаванд. Ӯ онҳоро маҷбур намекунад, ки дигаргун шаванд, балки ба воситаи принсипҳояш ба онҳо ёрдам мекунад, ки бо хости худ ҳаёташонро тағйир диҳанд.

15, 16. Омӯзандагон аз тарафи худ чӣ кор карда метавонанд, то Яҳува онҳоро шакл диҳад? Мисол оред.

15 Мисоли хоҳар Тессиро аз Австралия дида мебароем. Хоҳаре, ки ҳамроҳи ӯ омӯзиш мекард, чунин мегӯяд: «Тесси ҳақиқатро бе ягон душворӣ қабул кард. Лекин ӯ пешравӣ намекард, ҳатто ба вохӯриҳо намерафт. Барои ҳамин ба Яҳува дуо гуфтам ва қарор кардам, ки дигар ҳамроҳаш омӯзишро давом намедиҳам. Чанде пас як воқеаи аҷоиб рӯй дод. Дар омӯзише, ки ба назари ман охирон буд, Тесси ба ман дарди дил кард. Ӯ гуфт, ки худро дурӯя ҳис мекунад, чунки қиморбоз аст. Вале ҳоло қарор кардааст, ки ин одаташро мепартояд».

16 Дере нагузашта Тесси ба ҷамъомад рафтанро сар кард ва нигоҳ накарда ба масхараи дигарон хислатҳои масеҳиро зоҳир мекард. Хоҳар суханашро давом медиҳад: «Тесси бо гузашти вақт таъмид гирифт. Ҳарчанд чор кӯдак дошта бошад ҳам, баъдтар чун пешрави доимӣ хизмат кард». Бале, вақте омӯзандагон барои ба Яҳува писанд омадан ҳаёти худро тағйир медиҳанд, Ӯ онҳоро ба худ ҷалб намуда ба зарфи дилхоҳ табдил медиҳад.

17. а) Барои он ки Яҳува Кӯзагари шумо бошад, чӣ бояд кард? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

17 Кӯзагарон то ҳол бо дастони худ моҳирона гилро ба кӯзаи зебое табдил медиҳанд. Ба ин монанд, Кӯзагарамон пурсаброна моро бо маслиҳатҳояш шакл дода аҳамият медиҳад, ки чӣ тавр мо ба ин муносибат мекунем. (Забур 31:8-ро хонед.) Оё шумо ҳис кардед, ки Яҳува нисбати шумо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад? Оё шумо худро дар дасти Ӯ шаклёфтаистода мебинед? Агар ҳа, боз кадом хислатҳо ба шумо кӯмак мерасонанд, ки дар дасти Яҳува мисли гили мулоим бошед? Барои гили сахту корношоям нашудан аз кадом хислатҳо даст кашидан даркор аст? Ва чӣ тавр волидон дар тарбияи кӯдак бо Яҳува ҳамкорӣ карда метавонанд? Мақолаи навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад.