Саволҳои хонандагон
Чаро барои душманони Исо масъалаи дастшӯйӣ муҳим буд?
Ин яке аз масъалаҳое мебошад, ки барои айбдор кардани Исо ва шогирдонаш душманони ӯ истифода бурданд. Дар Қонуни Мусо фаҳмонида шуда буд, ки чӣ одамро нопок месозад. Масалан, вақте ки аз ҷисм чизи нопок мебарояд, касалии пӯст (махав) ва ба ҷасади одам ё ҳайвони мурда расидан одамро нопок мегардонад. Ҳамчунин дар Қонун дастурот дода шуда буд, ки чӣ тавр шахс пок шуда метавонад. Одам барои пок шудан қурбонӣ меовард. Ҳамчунин бо шустани бадану либос ё пошидани об пок шуда метавонист (Ибд. 11–15; Ад. 19).
Китобдонону фарисиён ба ҳар як талаботи Қонун қоидаҳои худро ҷорӣ карданд. Дар як сарчашма гуфта шудааст, ки китобдонону фарисиён дар бораи чӣ одамро метавонад нопок созад ва чӣ тавр ӯ дигаронро нопок карда метавонад, қоидаҳои бисёр бароварда буданд. Ҳамчунин онҳо ба воситаи қоидаҳо муайян мекарданд, ки кадом зарф ё чиз пок ва ё нопок буда метавонад. Барои поксозӣ бошад, оини махсус бароварда буданд.
Душманони Исо аз ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?» (Марқ. 7:5). Китобдонону фарисиён ин ҷо иҷро кардани қоидаҳои санитариро дар назар надоштанд. Аз рӯи оинашон пеш аз хӯрокхӯрӣ ба дастони онҳо бояд об рехта мешуд. Дар сарчашмае, ки дар боло қайд шуда буд, боз гуфта шудааст: «Ҳамчунин баҳсҳои зиёд дар бораи он мерафт, ки барои ба даст об рехтан бояд кадом зарф истифода шавад, об чӣ гуна бошад, кӣ бояд об резад ва то куҷои дасти одам резад».
Исо ба ин қонуну қоидаҳои сарварони дини яҳудӣ чӣ гуна муносибат кард? Ӯ ба онҳо чунин гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: “Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман [Яҳува] дур аст; пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд”. Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред» (Марқ. 7:6–8).