Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4

Як маросими одӣ оиди Подшоҳи мо чиро ошкор мекунад?

Як маросими одӣ оиди Подшоҳи мо чиро ошкор мекунад?

«Ин рамзи бадани ман аст... Ин рамзи хуни ман аст» (МАТ. 26:26–28).

СУРУДИ 14 «Ҳама чизро нав месозам»

ПЕШГУФТОР *

1, 2. a) Чаро Исо гуфт, ки Ёдбуди марги ӯро ба таври одӣ гузаронем? б) Кадом хислатҳои Исоро мо дида мебароем?

 ОЁ ШУМО медонед, ки маросими ҳарсолаи Шоми ёдбуди марги Масеҳ чӣ тавр мегузарад? Бешубҳа, аксарияти мо инро хуб медонем, чунки он хеле одӣ мегузарад. Вале одӣ бошад ҳам, он рӯйдоди хеле муҳим аст. Барои ҳамин шояд дар мо чунин савол пайдо шавад: «Чаро ин маросим хеле одӣ аст?»

2 Ҳангоми дар замин хизмат карданаш Исо чизҳои муҳимро ба таври одӣ, равшан ва осон мефаҳмонд (Мат. 7:28, 29). Ин усули таълимдиҳии Исо буд. Вақте ӯ ба мо супориш дод, ки Ёдбуди * маргашро қайд кунем, айнан ҳамин тавр рафтор кард. Ӯ гуфт, ки онро ба таври одӣ ва ҳамзамон шоиста гузаронем. Биёед дар бораи ин маросим ва баъзе гуфтаҳо ва корҳои Исо бодиққат мулоҳиза ронем. Ин ба мо кӯмак мекунад, то фаҳмем, ки Исо то чӣ андоза фурӯтану далер буд ва одамонро дӯст медошт. Ва ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба ӯ хубтар пайравӣ карда метавонем.

ИСО ФУРӮТАН АСТ

Рамзҳои Шоми ёдбуд — нон ва шароб ба мо хотиррасон мекунанд, ки Исо ҳаёташро барои мо дод ва ӯ ҳоло дар осмон Подшоҳи мост (Ба сархатҳои 3–5 нигаред.)

3. Чуноне ки дар Матто 26:26–28 гуфта шудааст, маросими Ёдбуд, ки Исо ҷорӣ кард, то чӣ андоза одӣ буд ва ду чизи дар он истифодашуда рамзи чӣ буданд?

3 Вақте Исо қайд кардани Ёдбуди марги худро супориш дод, 11 расулони содиқаш бо ӯ буданд. Ӯ чизҳои аз хӯроки Иди раҳоӣ боқимондаро гирифт ва ин маросими одиро ҷорӣ кард. (Матто 26:26–28-ро хонед.) Ӯ танҳо нони бехамиртуруш ва шаробро, ки аллакай дар он ҷо буданд, истифода бурд. Исо ба шогирдонаш фаҳмонд, ки ин ду чиз, яъне нон ва шароб ба маънои рамзӣ бадани комил ва хуни ӯ мебошанд, ки ба наздикӣ баҳри онҳо қурбон карда мешавад. Эҳтимол, шогирдон аз одӣ будани ин маросими нав дар ҳайрат набуданд. Чаро?

4. Чӣ тавр маслиҳати ба Марто додаи Исо мефаҳмонад, ки маросими Ёдбуд бояд одӣ гузаронида шавад?

4 Дар бораи воқеае фикр кунед, ки чанд моҳ пеш рӯй дода буд. Исо ба хонаи дӯстони наздикаш Лаъзор, Марто ва Марям меҳмон мешавад. Ҳангоми дамгирӣ Исо ба таълим додан оғоз кард. Марто дар он ҷо ҳузур дошт, вале ҳушаш ба он банд буд, ки барои меҳмони олиқадр бисёр пухтупаз кунад. Исо инро пай бурда Марторо меҳрубонона насиҳат кард, ки хӯроки зиёд лозим нест (Луқ. 10:40–42). Баъдтар, худи Исо ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш аз рӯйи ин маслиҳаташ амал кард. Ӯ чуноне ки дар боло гуфтем, маросими одиеро ҷорӣ кард. Аз ин мо дар бораи Исо чиро мефаҳмем?

5. Одӣ будани маросими Ёдбуд дар бораи Исо чиро нишон медиҳад ва чӣ тавр ин бо суханони Филиппиён 2:5–8 мувофиқат мекунад?

5 Дар сухан ва рафтори Исо ҳамеша фурӯтанӣ дида мешуд. Шаби пеш аз маргаш низ ӯ фурӯтании бузург нишон дод (Мат. 11:29). Исо медонист, ки ба қарибӣ қурбонии бемислу монандеро пешкаш мекунад ва баъд аз он Яҳува ӯро дар осмон подшоҳ таъйин мекунад. Лекин ӯ ба худ диққати махсусро ҷалб насохт ва бодабдаба гузаронидани маросими Ёдбудро талаб накард. Баръакс, ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки соле як маротиба бо қайд кардани ин маросими одӣ ӯро ба хотир оранд (Юҳ. 13:15; 1 Қӯр. 11:23–25). Ин маросими одӣ ва муҳим нишон медиҳад, ки Исо шахси мағрур набуд. Мо хеле хурсандем, ки яке аз хислатҳои беҳамтои Подшоҳи мо фурӯтанӣ мебошад. (Филиппиён 2:5–8-ро хонед.)

6. Ҳангоми бо озмоишҳо дучор шудан чӣ тавр мо мисли Исо фурӯтанӣ зоҳир карда метавонем?

6 Чӣ тавр мо ба фурӯтании Исо пайравӣ карда метавонем? Агар беҳбудии дигаронро аз нафъи худ боло гузорем (Флп. 2:3, 4). Дар бораи шаби охирини ҳаёти заминии Исо фикр кунед. Ӯ медонист, ки ба наздикӣ бо марги пуразоб рӯ ба рӯ мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, ӯ дар бораи расулони содиқаш ғам мехӯрд. Ӯ медонист, ки аз марги ӯ онҳо сахт андӯҳгин мешаванд. Аз ин рӯ вай он шаб ҳамроҳи расулонаш буд, то онҳоро насиҳат кунад, рӯҳбаланд намояд ва имонашонро қавӣ гардонад (Юҳ. 14:25–31). Исо фурӯтанӣ нишон дода, на дар бораи худаш, балки дар бораи беҳбудии дигарон фикр мекард. Ӯ барои мо намунаи олиҷаноб аст!

ИСО ДАЛЕР АСТ

7. Пас аз ҷорӣ кардани маросими Шоми ёдбуд чӣ тавр Исо далерии беҳамтое зоҳир кард?

7 Чанде пас аз ҷорӣ кардани маросими Шоми ёдбуд, Исо далерии беҳамтое нишон дод. Чӣ тавр? Ӯ гузошт, ки иродаи Падараш иҷро шавад, ҳарчанд медонист, ки дар натиҷа вайро чун куфргӯ шармандавор мекушанд (Мат. 26:65, 66; Луқ. 22:41, 42). Исо ба таври комил беайбиашро нигоҳ дошт, то номи Яҳуваро баланд бардорад, ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кунад ва барои ҷовидона зиндагӣ кардани одамони тавбакарда роҳ кушояд. Ҳамзамон Исо пайравонашро ба озмоишҳои дар пешистода тайёр кард.

8. а) Исо ба расулони содиқаш чӣ гуфт? б) Чӣ тавр баъди марги Исо шогирдонаш ба намунаи далерии ӯ пайравӣ намуданд?

8 Шаби пеш аз маргаш Исо шояд сахт дар изтироб буд. Лекин ӯ далерӣ зоҳир карда, ташвишҳои худро як сӯ гузошт ва дар бораи ниёзҳои расулони содиқаш фикр кард. Пас аз рафтани Яҳудои Исқарют, ӯ барои онҳо маросими Шоми ёдбудро ҷорӣ кард. Ин маросим бар онҳое, ки пайравони тадҳиншудаи ӯ гашта ба аҳди нав дохил мешуданд, манфиати хуни рехтаи Исоро хотиррасон мекард (1 Қӯр. 10:16, 17). Исо ба онҳо фаҳмонд, ки барои то охир содиқ мондан ва бо ӯ дар осмон будан, бояд чӣ кор кунанд (Юҳ. 15:12–15). Исо инчунин дар бораи озмоишҳое гуфт, ки расулонаш дар оянда дучор мешуданд. Сипас, вай онҳоро барангехт, ки мисли ӯ далер бошанд (Юҳ. 16:1–4а, 33). Баъди солҳои зиёд, шогирдони Исо то ҳол мисли ӯ ҳаёти фидокорона мебурданд ва далерӣ нишон медоданд. Ҳатто барои ин азоб кашанд ҳам, онҳо якдигарро дар ҳар хел озмоишҳо дастгирӣ мекарданд (Ибр. 10:33, 34).

9. Чӣ тавр мо мисли Исо далерӣ нишон дода метавонем?

9 Имрӯз мо низ ба намунаи Исо пайравӣ карда, далерӣ нишон медиҳем. Масалан, барои дастгирӣ кардани бародароне, ки зери таъқибот мебошанд, далерӣ лозим аст. Баъзан бародарони мо ноҳақ ҳабс мешаванд. Вақте чунин рӯй медиҳад, мо бояд барои онҳо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ва аз тарафгирӣ кардани онҳо натарсем (Флп. 1:14; Ибр. 13:19). Боз як роҳи дигар ин «далерона» давом додани кори мавъиза мебошад (Аъм. 14:3). Ҳатто агар мо ба зиддият ва таъқибот дучор шавем ҳам, мо чун Исо бо иродаи қавӣ хушхабари Подшоҳиро мавъиза мекунем. Лекин баъзан дар дили мо тарс пайдо мешавад. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то далер бошем?

10. Дар арафаи Шоми ёдбуд мо бояд чӣ кор кунем ва чаро?

10 Фидияи Исо ба мо умед мебахшад, ки дар оянда ҷовидона зиндагӣ карда метавонем. Мулоҳиза дар бораи ин умед ба мо кӯмак мекунад, ки далер бошем (Юҳ. 3:16; Эфс. 1:7). Дар арафаи Шоми ёдбуд мо имконияти махсус дорем, ки миннатдориамонро нисбати фидия зиёд гардонем. Мо бояд дар айёми Шоми ёдбуд порчаҳои пешбинишударо аз Китоби Муқаддас хонем ва дар бораи рӯйдодҳои пеш аз марги Исо ва баъди он мулоҳиза ронем. Он гоҳ ба ҷашни Шоми ёдбуд омада, мо чуқуртар мефаҳмем, ки шароб ва нон чӣ маъно доранд ва онҳо чӣ қурбонии беҳамтоеро тасвир мекунанд. Агар мо дарк кунем, ки Исо ва Яҳува барои мо чӣ кор кардаанд ва ин ба мову наздиконамон чӣ манфиат меорад, умеди мо ба оянда қавитар мегардад. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки то охир далерӣ нишон диҳем (Ибр. 12:3).

11, 12. Аз сархатҳои боло мо дар бораи чӣ фаҳмидем?

11 Инак, мо фаҳмидем, ки Шоми ёдбуд ба мо на танҳо фидияи пурқимати Исоро, балки инчунин фурӯтанӣ ва далерии беҳамтои ӯро хотиррасон мекунад. Исо чун Саркоҳини мо то ҳол ин хислатҳоро зоҳир намуда, дар пеши Яҳува барои мо «зориву илтиҷо» мекунад (Ибр. 7:24, 25). Барои миннатдории самимии худро нишон додан, мо бояд ҳар сол Ёдбуди ӯро қайд кунем, ки инро худи ӯ фармудааст (Луқ. 22:19, 20). Мо ин маросими муҳимро дар рӯзе, ки ба 14-уми нисон рост меояд, ҷашн мегирем.

12 Аз одӣ будани маросими Шоми ёдбуд мо боз як хислати Исоро пай мебарем. Ӯ вақти дар замин будан нисбати ҳама онро зоҳир мекард. Ва маҳз он хислат ӯро водор кард, ки ҳаёташро барои мо қурбон кунад. Он кадом хислат буд?

ИСО ОДАМОНРО ДӮСТ МЕДОРАД

13. Чӣ тавр Юҳанно 15:9 ва 1 Юҳанно 4:8–10 муҳаббати Яҳува ва Исоро тасвир мекунанд ва киҳо аз он манфиат мегиранд?

13 Исо ба таври комил муҳаббати Яҳуваро зоҳир мекард ва ин дар ҳама корҳояш дида мешуд. (Юҳанно 15:9 ва 1 Юҳанно 4:8–10-ро хонед.) Пеш аз ҳама муҳаббат ӯро барангехт, ки ҳаёташро баҳри мо фидо кунад. Ин қурбонӣ далели муҳаббати Яҳува ва Исо мебошад, ки аз он ҳамаи мо, хоҳ тадҳиншуда бошем, хоҳ «гӯсфандони дигар», манфиат мегирем (Юҳ. 10:16; 1 Юҳ. 2:2). Ҳамчунин дар бораи рамзҳои Шоми ёдбуд, фикр кунед. Онҳо низ нишон медиҳанд, ки Исо шогирдонашро дӯст медорад ва вазъу шароити онҳоро мефаҳмад. Чӣ тавр?

Исо аз муҳаббат амр дод, ки маросими Шоми ёдбудро ба таври осон гузаронанд, то шогирдонаш онро дар давоми асрҳои зиёд ва дар вазъиятҳои гуногун қайд карда тавонанд (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.) *

14. Бо кадом роҳ Исо ба шогирдонаш муҳаббат зоҳир кард?

14 Муҳаббати Исо дар он дида мешуд, ки ӯ ба пайравони тадҳиншудааш қайд кардани маросими дабдабанокро не, балки маросими одиеро супориш дод. Минбаъд он шогирдони тадҳиншуда Шоми ёдбудро ҳар сол, нигоҳ накарда ба вазъиятҳои гуногун, ҳатто дар ҳабсхона, бояд қайд мекарданд (Ваҳй 2:10). Оё онҳо аз ӯҳдаи ин мебаромаданд? Бешубҳа.

15, 16. Чӣ тавр баъзеҳо ҳатто дар вазъиятҳои душвор Шоми ёдбудро қайд карда тавонистанд?

15 Аз асри як то рӯзҳои мо масеҳиёни ҳақиқӣ ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки Ёдбуди Исоро ҷашн гиранд. Онҳо то ҳадди имкон мекӯшиданд, ки тартиби гузаронидани ин маросимро риоя кунанд, баъзан ҳатто дар вазъиятҳои душвортарин. Ба мисолҳои зерин аҳамият диҳед. Бародар Ҳаролд Кинг дар Хитой дар камераи алоҳида ҳабс шуда буд. Ҳарчанд дар ҳабсхона қайд кардани Шоми ёдбуд амри маҳол буд, ӯ роҳашро ёфт. Ӯ эҳтиёткорона аз чизҳое, ки ба ӯ дастрас буданд, рамзҳои Шоми ёдбудро тайёр кард. Ҳамчунин ӯ санаи Шоми ёдбудро то тавонистанаш аниқтар муайян кард. Вақте он рӯз расид, ӯ дар камера худаш танҳо суруд хонд, дуо гуфт ва бо нутқи бар Навиштаҳо асосёфта баромад кард.

16 Ана боз як мисоли дигар: Як гурӯҳ хоҳарон дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар лагери консентратсионӣ ҳабс шуда буданд. Онҳо эҳтиёткорона Шоми ёдбудро қайд карданд, ҳарчанд ҳаёташон зери хатар буд. Онҳо нақл карданд: «Мо дар гирди мизи хурдакаке, ки он дар рӯяш матои сафеде дошту дар болояш рамзҳо буданд, бо ҳам ҷафс истодем. Дар равшании лампочка маълум мешуд, ки мо чӣ кор карда истодаем, барои ҳамин шамъ даргирондем... Мо аз таҳти дил ба Яҳува дуо гуфта илтиҷо кардем, ки барои сафед кардани номи Ӯ ба мо қувват диҳад». То чӣ андоза имони барҷастае зоҳир карданд он хоҳарон! Дар ҳақиқат, Исо ба таври осон қайд кардани Шоми ёдбудро супориш дода ба мо муҳаббат зоҳир кардааст, чунки ҳатто дар вазъиятҳои душвор мо ин маросимро қайд карда метавонем.

17. Мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?

17 Дар омад-омади Шоми ёдбуд хуб мебуд, ки мо ба худ чунин саволҳоро диҳем: «Чӣ тавр ман бисёртар ба Исо пайравӣ карда муҳаббатамро нишон дода метавонам? Оё ман дар бораи худам бештар фикр мекунам ё дар бораи ниёзҳои бародару хоҳарон? Оё ман нисбати ҳамимононам серталабам ё маҳдудиятҳои онҳоро ба инобат мегирам?» Биёед ҳамавақт ба Исо пайравӣ карда нисбати якдигар ҳамдард бошем (1 Пет. 3:8).

ИН ДАРСҲОРО АЗ ХОТИР НАБАРОРЕД

18, 19. а) Мо ба чӣ боварии комил дошта метавонем? б) Шумо бо азми қавӣ чӣ кор карданиед?

18 Мо абадан Шоми ёдбуди Исоро ҷашн намегирем. Дар давоми мусибати бузург, Исо бақияи тадҳиншудагонро ба осмон мебарад ва баъди он дигар Шоми ёдбуд қайд карда намешавад (1 Қӯр. 11:26; Мат. 24:31).

19 Мо боварии комил дорем, ки ҳатто дар дунёи нав халқи Яҳува бо дилгармӣ ин маросими одиро чун нишонаи фурӯтанӣ, далерӣ ва муҳаббати бузургтарини Исо, ба ёд меорад. Дар биҳишт касоне ки пеш Шоми ёдбудро қайд мекарданд, ба одамоне ки дар бораи он намедонистанд, нақл хоҳанд кард. Вале барои худи ҳозир аз ин маросим манфиат гирифтан мо бояд бо азми қавӣ ба фурӯтанӣ, далерӣ ва муҳаббати Исо пайравӣ кунем. Агар ҳамин тавр кунем, Яҳува ҳатман ба мо мукофот медиҳад (2 Пет. 1:10, 11).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

^ Ба наздикӣ Шоми ёдбуди марги ҳазрати Исо баргузор мегардад. Ин маросими одӣ ба мо дар бораи фурӯтанӣ, далерӣ ва муҳаббати Исо бисёр чиро таълим медиҳад. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр ба ин хислатҳои беҳамтои ӯ пайравӣ карда метавонем.

^ МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ёдбуд маросиме мебошад, ки дар он барои ёдоварӣ ва бузургдошти ягон кас ва ё воқеа кори махсус карда мешавад.

^ ШАРҲИ РАСМҲО: Дар ин расмҳо тасвир карда шудааст, ки чӣ тавр ходимони содиқи Худо Шоми ёдбудро дар ҳар давру замон ҷашн мегирифтанд: дар асри як; дар асри 19; дар лагери консентратсионӣ; дар рӯзҳои мо (Ибодатгоҳи тарафҳояш кушода дар Амрикои Ҷанубӣ, ки иқлимаш гарм аст).