Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5

Хислатҳое, ки барои ба ҷамъомад рафтан водор мекунанд

Хислатҳое, ки барои ба ҷамъомад рафтан водор мекунанд

«То вақти омадани Ҳазрат марги ӯро эълон мекунед» (1 ҚӮР. 11:26).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Вақте миллионҳо одамон барои қайд кардани Шоми ёдбуд ҷамъ мешаванд, Яҳува аз ин чӣ ҳис мекунад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.) б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

 ТАСАВВУР кунед, то чӣ андоза Яҳува хурсанд мешавад вақте мебинад, ки миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон якҷоя барои қайд кардани Шоми ёдбуди марги Масеҳ ҷамъ меоянд. Ӯ фақат тӯдаи одамонро не, балки ҳар як касро дар алоҳидагӣ мебинад. Яъне Ӯ аҳамият медиҳад, ки ҳар сол ба ин маросим киҳо меоянд. Баъзеҳо ба таъқиботи сахт нигоҳ накарда, дар он иштирок мекунанд. Дигарон бошанд, мунтазам ба дигар вохӯриҳо наоянд ҳам, ба Шоми ёдбуд омаданро муҳим меҳисобанд. Баъзеҳо бори аввал ба Шоми ёдбуд, шояд аз ҳисси кунҷкобӣ меоянд, ки ин ҳам аз чашми Яҳува пӯшида нест.

2 Албатта, Яҳува шумораи зиёди одамонро дар Шоми ёдбуди Писараш дида хурсанд мешавад (Луқ. 22:19). Вале барои Ӯ асосан на шумораи ҳузурдоштагон, балки бисёртар бо кадом ният омадани онҳо муҳим мебошад. Яҳува аз муҳаббат ба мо вохӯриҳои ҷамъомадро ташкил мекунад. Дар ин мақола мо чунин саволи муҳимро муҳокима мекунем: «Чаро мо на фақат ба маросими ҳарсолаи Шоми ёдбуд, балки ба вохӯриҳои ҳарҳафтаина ҳам меравем?»

(Ба сархати 1-2 нигаред.) *

ФУРӮТАНӢ БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ БА ВОХӮРИҲО РАВЕМ

3, 4. а) Чаро мо ба вохӯриҳо меравем? б) Иштироки мо дар вохӯриҳо аз чӣ шаҳодат медиҳад? в) Мувофиқи 1 Қӯринтиён 11:23–26 чаро ба Шоми ёдбуд рафтан ҳатмӣ аст?

3 Чаро мо ба ҷамъомадҳо меравем? Пеш аз ҳама барои он ки вохӯриҳо қисми ибодати мо мебошанд. Ҳамчунин дар он ҷо Яҳува моро таълим медиҳад. Одамони мағрур намехоҳанд, ки чизеро таълим гиранд (3 Юҳ. 9). Вале мо бо ҷону дил аз Яҳува ва ташкилоташ таълим гирифтан мехоҳем (Иш. 48:17, 18; Юҳ. 6:45).

4 Ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтани мо нишон медиҳад, ки мо фурӯтан ва барои таълимгирӣ омода ҳастем. Мо ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ барои он меравем, ки онро хеле муҳим меҳисобем. Бо ин мо ҳамчунин фурӯтанона амри зерини Исоро иҷро мекунем: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред». (1 Қӯринтиён 11:23–26-ро хонед.) Он маросим умеди моро ба оянда қавӣ мегардонад ва хотиррасон мекунад, ки Яҳува моро хеле дӯст медорад. Лекин Ӯ медонад, ки мо на танҳо дар як сол як бор, балки ҳамавақт ба рӯҳбаландиву дастгирӣ ниёз дорем. Барои ҳамин, вохӯриҳои ҳарҳафтаина ғамхории Яҳуваро нишон медиҳанд. Ӯ моро бармеангезад, ки дар онҳо иштирок кунем. Агар мо фурӯтан бошем, ба ин амри Яҳува итоат мекунем ва ҳар ҳафта тайёрӣ дида ба вохӯриҳо меравем.

5. Одамони фурӯтан даъвати Яҳуваро чӣ хел қабул мекунанд?

5 Ҳар сол бисёр одамони фурӯтан даъвати Яҳуваро қабул карда аз Ӯ таълим мегиранд (Иш. 50:4). Онҳо на танҳо дар Шоми ёдбуд хурсандона иштирок мекунанд, балки ба дигар вохӯриҳо низ омаданро сар мекунанд (Зак. 8:20–23). Ҳамаи мо аз дастуроту таълими Яҳува шод мегардем, зеро Ӯ «мададгор ва раҳокунандаи» мост (Заб. 39:18). Дар ҳақиқат, Яҳува ва Исо моро беҳад дӯст медоранд ва даъват мекунанд, ки аз онҳо таълим гирем. Аз қабул кардани даъвати онҳо дида чизи беҳтаре нест (Мат. 17:5; 18:20; 28:20).

6. Чӣ тавр фурӯтанӣ ба марде кӯмак кард, ки ба Шоми ёдбуд ояд?

6 Ҳар сол мо кӯшиш мекунем, ки шумораи ҳарчи бештари одамонро ба Шоми ёдбуди марги Исо таклиф кунем. Аксари одамони фурӯтан даъвати моро қабул карда ба он меоянд. Биёед мисолеро дида бароем. Якчанд сол пеш бародарамон мардеро ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ даъват кард, вале он мард гуфт, ки рафта наметавонад. Лекин рӯзи Шоми ёдбуд бародарамон он мардро дар ибодатгоҳ дида ҳайрон шуд. Ӯро дар Шоми ёдбуд нағз пешвоз гирифтанд ва ин ба вай чунон таъсир кард, ки ӯ ба вохӯриҳои ҳарҳафтаина меомадагӣ шуд. Дар давоми сол он мард фақат ба се вохӯрӣ омада натавонист. Чӣ ӯро водор кард, ки ба ҳама вохӯриҳо ояд? Ӯ тайёр буд, ки фикррониашро дигар кунад, чунки ӯ фурӯтан буд. Бародаре ки он мардро даъват карда буд, чунин гуфт: «Ӯ беҳад одами хоксор аст». Бешубҳа, Яҳува он мардро ба худ ҷалб кард ва ҳоло вай бародари таъмидёфта аст (2 Подш. 22:28; Юҳ. 6:44).

7. Чӣ тавр вохӯриҳои ҷамъомад ва хониши Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки фурӯтан бошем?

7 Вохӯриҳои ҷамъомад ва хониши Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки фурӯтан бошем. Якчанд ҳафта пеш аз Шоми ёдбуд дар вохӯриҳо диққати асосӣ ба намунаи Исо ва фурӯтание, ки ӯ бо қурбон кардани ҳаёташ нишон дод, равона карда мешавад. Дар арафаи Шоми ёдбуд, хуб мебуд, ки мо дар бораи воқеаҳои пеш ва баъд аз марги Исо хонем. Чизҳое ки мо аз хондани он воқеаҳо ва вохӯриҳо мефаҳмем, миннатдории моро ба қурбонии Исо зиёд мегардонанд. Ин моро бармеангезад, ки мисли Исо фурӯтанона иродаи Яҳуваро ҳамеша, ҳатто дар вазъиятҳои душвор, иҷро кунем (Луқ. 22:41, 42).

ДАЛЕРӢ БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ БА ВОХӮРИҲО РАВЕМ

8. Чӣ тавр Исо далерӣ нишон дод?

8 Мо ҳамчунин кӯшиш мекунем, ки ба Исо пайравӣ карда далерӣ нишон диҳем. Як фикр кунед, ки чӣ тавр Исо шаби пеш аз маргаш далерӣ зоҳир кард. Вай нағз медонист, ки чанде пас душманонаш ӯро бо суханони таҳқиромез паст мезананд, лату кӯб мекунанд ва ба қатл мерасонанд (Мат. 20:17–19). Бо вуҷуди ин ӯ ба мурдан тайёр буд. Ҳамин ки вақт фаро расид, ӯ ба расулони содиқаш, ки бо ӯ дар боғи Ҷатсамонӣ буданд, гуфт: «Бархезед, меравем. Инак, шахсе, ки ба ман хиёнат мекунад, омада истодааст» (Мат. 26:36, 46). Вақте дастаи сарбозон барои дастгир кардани ӯ омаданд, Исо нотарсона ба пеш баромада кӣ буданашро маълум сохт ва ба аскарон гуфт, ки расулонашро сар диҳанд (Юҳ. 18:3–8). Ин дар ҳақиқат рафтори далерона буд! Имрӯзҳо масеҳиёни тадҳиншуда ва гӯсфандони дигар кӯшиш мекунанд, ки ба далерии Исо пайравӣ кунанд. Чӣ тавр?

Далерие, ки шумо барои ба ҷамъомад рафтан зоҳир мекунед, дигаронро қувват мебахшад (Ба сархати 9 нигаред.) *

9. а) Чаро мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан далерӣ металабад? б) Намунаи мо ба онҳое, ки дар ҳабс мебошанд, чӣ тавр таъсир мекунад?

9 Барои дар вазъиятҳои душвор мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан ба мо далерӣ лозим аст. Баъзе бародару хоҳарони мо ба ғамгинӣ, рӯҳафтодагӣ ва касалиҳо нигоҳ накарда ба ҷамъомадҳо меоянд. Баъзеи дигар бошанд, бо зиддияти аъзоёни оила ё ҳукуматдорон рӯ ба рӯ шаванд ҳам, далерона ба вохӯриҳо мераванд. Лаҳзае фикр кунед, ки далерии мо ба бародару хоҳароне, ки барои имонашон дар ҳабс мебошанд, чӣ тавр таъсир мекунад (Ибр. 13:3). Вақте онҳо мешунаванд, ки мо ба озмоишҳо нигоҳ накарда ба Яҳува хизмат мекунем, ин ба онҳо қувват мебахшад, ки имон, далерӣ ва беайбиашонро нигоҳ доранд. Бо Павлуси расул чунин шуда буд. Вақте ӯ дар Рум дар зиндон буд, аз шунидани он ки бародарон содиқона ба Худо хизмат мекунанд, шод гашт (Флп. 1:3–5, 12–14). Ӯ чанде пеш ё баъд аз озод шуданаш ба масеҳиёни ибрӣ нома навишт. Дар номааш ӯ онҳоро барангехт, ки «ҳама вақт ба якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта» бошанд ва ҳеҷ гоҳ ба вохӯриҳо хунукназарӣ накунанд (Ибр. 10:24, 25; 13:1).

10, 11. а) Киҳоро мо бояд ба Шоми ёдбуд таклиф кунем? б) Барои таклиф кардани дигарон дар Эфсӯсиён 1:7 чӣ сабаб оварда шудааст?

10 Барои хешу табор, ҳамкорон ва ҳамсоягонамонро ба Шоми ёдбуд таклиф кардан далерӣ даркор аст. Чаро мо бояд онҳоро ба ин маросим даъват кунем? Чунки мо барои он чизе ки Яҳува ва Исо бароямон карданд, беҳад миннатдорем ва мехоҳем дигарон низ ба Шоми ёдбуд биёянд. Мо мехоҳем, то онҳо низ аз «лутфу марҳамати Худо», ки ба воситаи фидия ато мекунад, баҳраманд бошанд (Эфсӯсиён 1:7-ро хонед; Ваҳй 22:17).

11 Далерона дар вохӯриҳо сарҷамъ шуда, мо боз як хислати беҳамтои Худо ва Писарашро зоҳир мекунем. Ин кадом хислат аст?

МУҲАББАТ МОРО ВОДОР МЕКУНАД, КИ БА ВОХӮРИҲО РАВЕМ

12. а) Чӣ тавр вохӯриҳо муҳаббати моро нисбати Яҳува ва Исо зиёд мегардонанд? б) Чӣ тавр 2 Қӯринтиён 5:14, 15 моро бармеангезад, ки мисли Исо рафтор кунем?

12 Муҳаббат ба Яҳува ва Исо моро водор мекунад, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад равем. Дар навбати худ, чизҳои дар он ҷо фаҳмидаамон кӯмак мекунанд, ки Яҳува ва Писарашро боз ҳам зиёдтар дӯст дорем. Дар вохӯриҳо мунтазам ба мо ёдрас карда мешавад, ки онҳо барои мо чӣ кор кардаанд (Рум. 5:8). Хусусан Шоми ёдбуд ба мо хотиррасон мекунад, ки Яҳува ва Исо то чӣ андоза одамонро, ҳатто онҳоеро, ки ҳоло муҳим будани фидияро намефаҳманд, дӯст медоранд. Дили пур аз миннатдорӣ моро бармеангезад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба Исо пайравӣ кунем. (2 Қӯринтиён 5:14, 15-ро хонед.) Ҳамчунин мо Яҳуваро барои ато кардани фидия ҳамду сано гуфтан мехоҳем. Як роҳи ҳамду сано гуфтани Ӯ ин дар вохӯриҳо аз таҳти дил ҷавоб додан аст.

13. Мо чӣ тавр нишон медиҳем, ки Яҳува ва Писарашро дар ҳақиқат дӯст медорем? Фаҳмонед.

13 Агар мо дар ҳақиқат Яҳува ва Писарашро дӯст дорем, мо бо омодагӣ аз баҳри ин ё он чиз мегузарем. Масалан, аксар вақт барои ба ҷамъомадҳо рафтан ба мо лозим аст, ки аз баҳри дамгирӣ бароем. Дар бисёр ҷойҳо яке аз вохӯриҳо, байни ҳафта мегузарад, ки бисёре аз мо баъди кор худро хаста ҳис мекунем. Вохӯрии дигар бошад, рӯзи истироҳат гузаронда мешавад, ки аксари одамон дам мегиранд. Вақте мо ба хастагӣ нигоҳ накарда ба ҷамъомадҳо меравем, оё Яҳува инро мебинад? Албатта, мебинад ва Ӯ инро қадр мекунад! Ӯ мебинад, ки чӣ қадар мо Ӯро дӯст медорем (Марқ. 12:41–44).

14. Чӣ хел Исо дар зоҳир кардани муҳаббати фидокорона ба мо намуна гузошт?

14 Исо дар зоҳир кардани муҳаббати фидокорона ба мо намуна гузоштааст. Ӯ тайёр буд, ки барои шогирдонаш на танҳо ҷонашро фидо кунад, балки ҳар рӯз нафъи онҳоро аз беҳбудии худ боло мегузошт. Масалан, ӯ ҳатто вақте ки монда ва дар изтироб буд, бо пайравонаш вақт мегузаронд (Луқ. 22:39–46). Ӯ на дар бораи манфиати худ, балки бисёртар дар бораи он фикр мекард, ки ба дигарон чӣ хел кӯмак кунад (Мат. 20:28). Агар муҳаббати мо ба Яҳува ва ба ҳамимонон пурзӯр бошад, мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ба Шоми ёдбуд ва дигар вохӯриҳои ҷамъомад равем.

15. Хусусан ба киҳо мо бояд ёрӣ диҳем?

15 Мо ба бародарияте тааллуқ дорем, ки он мислу монанд надорад. Ва бешубҳа мо дигар одамонро низ то ҳадди имкон даъват мекунем, ки ба мо ҳамроҳ шаванд. Лекин мо «махсусан ба ҳамимонони худ», ки ғайрифаъол гаштаанд, кӯмак мекунем (Ғал. 6:10). Мо муҳаббати худро ба онҳо чӣ тавр нишон медиҳем? Агар онҳоро барои ба вохӯриҳо, хусусан ба Шоми ёдбуд омадан, барангезем. Вақте шахсони ғайрифаъол назди Яҳува, ки Падар ва Чӯпони меҳрубон аст, бармегарданд, мо мисли Яҳува ва Исо хеле хурсанд мешавем (Мат. 18:14).

16. а) Чӣ тавр мо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем ва вохӯриҳои ҷамъомад аз кадом ҷиҳат ба мо кӯмак мекунанд? б) Чаро ба ёд овардани суханони Исо аз Юҳанно 3:16 дар ин вақт хеле бамаврид аст?

16 Соли 2019 Шоми ёдбуд рӯзи ҷумъа, 19-уми апрел баргузор мегардад. Кӯшиш кунед, то якчанд ҳафта пеш аз ин маросим шумораи ҳарчи бештари одамонро ба он даъват кунед. (Ба чорчӯбаи « Оё шумо онҳоро даъват мекунед?» нигаред.) Биёед дар давоми сол мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад рафта якдигарро рӯҳбаланд кунем. Азбаски охири ин тартибот наздик шуда истодааст, ба вохӯриҳо рафтани мо хеле муҳим аст. Зеро онҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки фурӯтану далер монем ва муҳаббатамонро гум накунем (1 Тас. 5:8–11). Биёед аз таҳти дил нишон диҳем, ки муҳаббати Яҳува ва Писараш, Исоро, мо хеле қадр мекунем. (Юҳанно 3:16-ро хонед.)

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

^ Соли 2019 Шоми ёдбуди марги Масеҳ 19-уми апрел, рӯзи ҷумъа баргузор мегардад. Он вохӯрии муҳимтарини сол аст. Барои чӣ мо ба ин маросим меравем? Албатта, барои он ки дили Яҳуваро хурсанд кунем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки барои дар Шоми ёдбуд ва дигар вохӯриҳои ҳарҳафтаина иштирок кардан, кадом хислатҳо ба мо ёрдам мекунанд.

^ РАСМИ МУҚОВА: Миллионҳо одамон дар рӯйи замин барои ҷашн гирифтани Шоми ёдбуд ҷамъ меоянд

^ ШАРҲИ РАСМҲО: Бародаре, ки барои имонаш ҳабс шудааст, аз оилааш мактуб гирифта, рӯҳбаланд мешавад. Донистани он ки наздиконаш ӯро фаромӯш накардаанд ва ба низоъҳои сиёсӣ нигоҳ накарда ба Яҳува содиқ мемонанд, ба вай хурсандӣ мебахшад.