Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8

Дар вақти мушкилиҳо чӣ тавр хурсандиро нигоҳ дорем?

Дар вақти мушкилиҳо чӣ тавр хурсандиро нигоҳ дорем?

«Эй бародаронам, вақте бо озмоишҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавед, шодӣ кунед» (ЯЪҚ. 1:2).

СУРУДИ 28 Суруди нав

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Мувофиқи Матто 5:11 мо бояд ба озмоишҳо чӣ тавр назар кунем?

ИСО ваъда дода буд, ки пайравони ӯ ҳақиқатан хушбахт мешаванд. Ӯ ҳамчунин огоҳ кард, ки касоне, ки ӯро дӯст медоранд, бо мушкилиҳо дучор мегарданд (Мат. 10:22, 23; Луқ. 6:20–23). Албатта мо аз шогирди Масеҳ буданамон хурсандем. Вале баъзан мо барои имони худ бо зиддияти аъзои оилаамон дучор мешавем, ҳокимиятдорон моро таъқиб мекунанд, ҳамкорон ё ҳамсинфонамон моро ба ягон рафтори нодуруст тела доданӣ мешаванд. Фаҳмост, ки ин чизҳо моро ба ташвиш оварда метавонанд.

2 Одатан таъқиботро сабаби хурсандӣ намеҳисобанд. Каломи Худо бошад, дигар чиз мегӯяд. Масалан, Яъқуб навишт, ки ҳангоми мушкилиҳо мо ба ҷойи ба ташвишу изтироб дода шудан, бояд шод бошем (Яъқ. 1:2, 12). Исо ҳам гуфт, ки вақте моро таъқиб мекунанд, бояд хурсандӣ кунем. (Матто 5:11-ро хонед.) Лекин чӣ тавр ба душвориҳо нигоҳ накарда хурсанд будан мумкин аст? Дида баромадани баъзе фикрҳо аз номаи Яъқуб, ки ба масеҳиёни асри як навишта буд, ба мо кӯмаки калон мерасонад. Биёед аввал дида бароем, ки он масеҳиён бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд.

МУШКИЛИҲОЕ, КИ МАСЕҲИЁНИ АСРИ ЯК ДУЧОР ШУДАНД

3. Чанде пас аз он ки Яъқуб шогирди Исо шуд, чӣ воқеа рӯй дод?

3 Чанде пас аз он ки Яъқуб — бародари ҳамбатни Исо шогирди ӯ шуд, бар зидди масеҳиён таъқибот ба амал омад (Аъм. 1:14; 5:17, 18). Вақте Истефанусро куштанд, бисёр масеҳиён шаҳрро тарк карда «дар саросари Яҳудия ва Сомария пароканда шуданд» ва баъзеи онҳо ҳатто то Кипр ва Антиохия рафтанд (Аъм. 7:58–8:1; 11:19). Тасаввур кунед, ки шогирдон ба чӣ қадар душвориҳои сахт бояд тоб меоварданд. Вале онҳо ба куҷое нараванд, хушхабарро мавъиза менамуданд ва бисёриҳо ҳақиқатро қабул мекарданд. Дар натиҷа дар саросари империяи Рум ҷамъомадҳо ташкил меёфт (1 Пет. 1:1). Вале он масеҳиёнро ҳоло душвориҳои зиёдтар дар пеш буд.

4. Масеҳиёни аввал боз ба кадом душвориҳо бояд тоб меоварданд?

4 Масеҳиёни асри як ба озмоишҳои дигар низ бояд тоб меоварданд. Масалан, тахминан соли 50-ум император Клавдиюс фармон баровард, ки ҳамаи яҳудиён Румро тарк кунанд. Барои ҳамин яҳудиёни масеҳигашта маҷбур буданд, ки хонаҳои худро тарк карда ба дигар ҷо раванд (Аъм. 18:1–3). Тақрибан соли 61-ум Павлуси расул дар номааш навишт, ки бародаронро дар назди ҳама таҳқиру дашном медиҳанд, онҳоро ба зиндон мепартоянд ва чизу чораашонро талаю тороҷ мекунанд (Ибр. 10:32–34). Ва чун ҳамаи одамони дигар масеҳиён низ аз бемориҳо ва камбағалӣ азоб мекашиданд (Рум. 15:26; Флп. 2:25–27).

5. Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

5 Яъқуб номаи худро пеш аз соли 62-юми милодӣ навишт. Он вақт ӯ аз мушкилиҳое, ки бародару хоҳарон аз сар мегузаронданд, ба хубӣ бохабар буд. Яҳува Яъқубро илҳом бахшид, ки барои он масеҳиён маслиҳатҳои фоиданок нависад. Бо ёрии он маслиҳатҳо онҳо ҳатто дар вақти бо озмоишҳо рӯ ба рӯ шудан хурсандиро нигоҳ дошта метавонистанд. Биёед он номаи Яъқубро бодиққат дида баромада ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: Яъқуб дар номааш оиди чӣ гуна хурсандӣ навиштааст? Аз кадом сабаб масеҳӣ хурсандиашро гум карда метавонад? Ва чӣ тавр хирад, имон ва далерӣ ба мо кӯмак мекунанд, ки новобаста аз ҳар гуна душвориҳо шодиву хурсандиро нигоҳ дорем?

БА ХИЗМАТГОРИ ХУДО ЧӢ ХУРСАНДӢ МЕБАХШАД?

Чуноне ки пилтачароғ ба шамолу борон нигоҳ накарда рӯшноӣ додан мегирад, хурсандие, ки Яҳува медиҳад, дар дили мо «хомӯш» намешавад. (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Мувофиқи Луқо 6:22, 23 чаро хизматгори Худо ҳангоми бо озмоишҳо дучор шуданаш шодӣ мекунад?

6 Бисёриҳо фикр мекунанд, ки агар саломатиашон хуб, пулашон бисёр ва оилаашон тинҷу осуда бошад, танҳо ҳамон вақт хушбахт буда метавонанд. Вале Яъқуб дар бораи хурсандие навишт, ки қисми самари рӯҳи муқаддаси Худо аст ва он аз вазъиятҳои зиндагӣ вобаста нест (Ғал. 5:22). Баръакси одамони ҷаҳон, хизматгори Худо аз донистани он хурсандӣ меёбад, ки Яҳува аз вай розӣ аст ва ӯ мисли Исо рафтор карда истодааст. (Луқо 6:22, 23-ро хонед; Қӯл. 1:10, 11). Чуноне ки пилтачароғи шишадор ба шамолу борон нигоҳ накарда дар гирифтан мегирад, дар ҳаёти мо низ чизе рӯй надиҳад, мо хурсандиро нигоҳ дошта метавонем. Вақте мо касал мешавем ё пуламон кам мемонад, мо хурсандиамонро гум намекунем. Ва мазоҳу масхара ё зиддияти аъзои оила ва дигарон моро аз хурсандӣ маҳрум намесозад. Ҳар дафъа вақте мухолифон хурсандии моро «хомӯш» карданӣ мешаванд, он баръакс «баландтар фурӯзон мегардад». Чунки ҳар бор бо озмоиши имон дучор шуда боварии мо қавитар мегардад, ки мо шогирдони ҳақиқии Исоем (Мат. 10:22; 24:9; Юҳ. 15:20). Барои ҳамин Яъқуб навишт: «Эй бародаронам, вақте бо озмоишҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавед, шодӣ кунед» (Яъқ. 1:2).

Чаро озмоишҳо мисли оташе мебошанд, ки барои сохтани теғи пӯлодин истифода мебаранд? (Ба сархати 7 нигаред.) *

7, 8. Чаро баъди паси сар кардани озмоишҳо имони мо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад?

7 Яъқуб боз як сабаб меорад, ки чаро масеҳиён тайёранд ҳатто ба озмоишҳои сахт тоб оранд. Ӯ мегӯяд: «Вақте имонатон дар озмоишҳо санҷида мешавад, истодагариро ба вуҷуд меорад» (Яъқ. 1:3). Озмоишҳо мисли оташе мебошанд, ки дар он теғи пӯлодинро шакл медиҳанд. Вақте теғро дар оташ метаспонанд ва сипас хунук мекунанд, пӯлоди он бақувваттар мегардад. Ба ин монанд, вақте мо ба озмоишҳо тоб меорем, имони мо қавитар мегардад. Аз ин рӯ Яъқуб навишт: «Истодагарӣ бошад, бигзор амали худро ба анҷом расонад, то ки шумо аз ҳар ҷиҳат комил ва солим... бошед» (Яъқ. 1:4). Вақте мо мебинем, ки озмоишҳо имони моро қавитар месозанд, мо ба онҳо бо хурсандӣ тоб оварда метавонем.

8 Дар номаи худ Яъқуб инчунин баъзе чизҳоро номбар кард, ки хурсандиамонро дуздида метавонанд. Ин кадом душвориҳоянд ва чӣ тавр онҳоро паси сар кардан мумкин аст?

ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ХУРСАНДИАМОН ГУМ НАШАВАД?

9. Барои чӣ ба мо хирад лозим аст?

9 Мушкилӣ: Вақте мо чӣ кор карданамонро намедонем. Ҳангоми дучор шудан бо ягон душворӣ мо одатан қарорҳое қабул кардан мехоҳем, ки ба Яҳува писанданд, ба хоҳару бародарон таъсири хуб мерасонанд ва ба худи мо барои нигоҳ доштани беайбӣ ёрӣ медиҳанд (Ирм. 10:23). Ба мо барои чӣ гуна рафтор карданамонро донистан ва ба мухолифон чӣ ҷавоб додан хирад лозим аст. Агар мо чӣ кор карданамонро надонем, хурсандиамонро зуд гум карда метавонем.

10. Мувофиқи Яъқуб 1:5 барои ба даст овардани хирад мо бояд чӣ кор кунем?

10 Ҳалли мушкилӣ: Аз Яҳува хирад пурсед. Барои дар озмоишҳо истодагарӣ кардан ва хурсандиро гум накардан, пеш аз ҳама мо бояд ба Худо дуо гуфта хирад пурсем. Чунки барои қабули қарорҳои хуб хирад даркор аст. (Яъқуб 1:5-ро хонед.) Агар ҳис кунем, ки Яҳува ба дуои мо зуд ҷавоб намедиҳад, бояд хирад пурсиданро давом диҳем. Вақте «пайваста аз Худо» хирад мепурсем, Ӯ ба ғазаб намеояд ва моро сарзаниш намекунад. Баръакс, Падари осмониамон ба мо «бо саховатмандӣ» хирад ато мекунад, то ки ба озмоишҳо тоб орем (Заб. 24:12, 13). Ӯ дилсӯз аст ва дар душвориҳоямон бо омодагӣ ба мо кӯмак мекунад. Албатта, донистани ин чизҳо ба мо хурсандӣ меорад! Вале чӣ тавр Яҳува ба мо хирад медиҳад?

11. Барои ба даст овардани хирад боз чӣ кор кардан лозим аст?

11 Яҳува ба воситаи Каломаш ба мо хирад медиҳад (Мас. 2:6). Барои онро ба даст овардан мо бояд Каломи Худо ва адабиётамонро омӯзем. Вале фақат ба даст овардани дониш кифоя нест. Мо бояд дар ҳаётамон гуфтаҳои Худоро ба кор барем. Яъқуб навишт: «Иҷрокунандаи калом бошед, на [фақат] шунавандагон» (Яъқ. 1:22). Вақте мо аз рӯйи маслиҳатҳои Яҳува амал мекунем, мо бештар сулҳҷӯ, бомулоҳиза ва раҳмдил мешавем (Яъқ. 3:17). Ин хислатҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки ба ҳар гуна озмоиш тоб орем ва хурсандиро гум накунем.

12. Барои чӣ хуб донистани Китоби Муқаддас барои мо муҳим аст?

12 Каломи Худо мисли оина аст. Бо ёрии он мо мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат бояд беҳтар шавем ва инро чӣ тавр кунем (Яъқ. 1:23–25). Масалан, баъди хондани Китоби Муқаддас мумкин мо мефаҳмем, ки қаҳрамонро идора кардан ба мо душвор аст. Яҳува ба воситаи Каломаш ба мо ҳалим буданро ёд медиҳад, то вақте ки одамон ё проблемаҳо моро асабӣ мекунанд, зуд ба ҷаҳл наоем. Агар мо одами ҳалим бошем, ҳангоми дучор шудан бо проблемаҳо солимфикриро нигоҳ дошта қарорҳои дуруст мебарорем ва ба душвориҳоямон тоб овардан осонтар мегардад (Яъқ. 3:13). Аз ин рӯ хуб донистани Китоби Муқаддас хеле муҳим аст.

13. Омӯхтани ҳаёти шахсони дар Китоби Муқаддас овардашуда ба мо чӣ манфиат меорад?

13 Баъзан мо танҳо баъди ба ягон хатогӣ роҳ додан боақлу ҳушёр мешавем. Вале бо ин роҳ хирад омӯхтан дардовар аст. Хуб мебуд, ки мо аз ҳаёти дигарон — ҳам аз онҳое, ки муваффақ гаштанд ва ҳам аз онҳое, ки ба хатогӣ роҳ доданд, таҷриба омӯзем. Барои ҳамин Яъқуб моро даъват мекунад, ки ба ҳаёти Иброҳим, Роҳоб, Айюб ва Илёс барин шахсон назар кунем (Яъқ. 2:21–26; 5:10, 11, 17, 18). Он ходимони содиқи Яҳуваро душвориҳо аз хурсандӣ маҳрум накарданд. Намунаи истодагарии онҳо нишон медиҳад, ки бо ёрдами Яҳува мо ҳам истодагарӣ карда метавонем.

14, 15. Чаро шубҳаҳои пайдошударо мо бояд бартараф кунем?

14 Мушкилӣ: Шубҳаҳои бартарафнашуда. Баъзан фаҳмидани ягон оят ё фикр аз Каломи Худо мумкин ба мо душвор аст. Ё шояд Яҳува ба дуоҳоямон ба хости диламон ҷавоб намедиҳад. Аз ин сабабҳо дар дили мо оиди эътиқодамон шубҳаҳо пайдо шуда метавонанд. Агар мо ягон чора андешида ин шубҳаҳоро нест накунем, имонамон суст шуда муносибатамон бо Яҳува зарар дида метавонад (Яъқ. 1:7, 8). Оқибат мо ҳатто умедамонро ба оянда гум карда метавонем.

15 Павлуси расул умеди ба оянда доштаи моро ба лангар монанд карда буд (Ибр. 6:19). Дар вақти тӯфон лангар киштиро устувор нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба харсангҳо рафта бархӯрад. Вале лангар ҳамон вақт ёрдам медиҳад, агар занҷире, ки онро бо киштӣ мепайвандад, мустаҳкам бошад. Лекин агар занҷир занг зада бошад, он беқувват мегардад. Шубҳаҳо монанди «занг» мебошанд ва агар мо онҳоро бартараф накунем, имонамонро суст мекунанд. Одами дудила дар вақти зиддият ва озмоиш ба иҷро шудани ваъдаҳои Яҳува имонашро гум карда метавонад. Агар мо имонамонро гум кунем, умедамонро низ гум мекунем. Чи хеле ки Яъқуб гуфт, одами дудила «монанди мавҷи баҳрест, ки бо вазидани шамол ба ҳар сӯ ронда мешавад» (Яъқ. 1:6). Гуфтан мумкин аст, ки чунин шахс ҳеҷ гуна хурсандӣ ҳис намекунад.

16. Агар шубҳаҳо моро азоб диҳанд, бояд чӣ кор кунем?

16 Ҳалли мушкилӣ: Шубҳаҳои худро бартараф намуда имонатонро мустаҳкам кунед. Барои ин зуд чора андешед. Дар рӯзҳои Илёс-пайғамбар халқи Худо оиди эътиқоди худ дудила шуда буданд. Бинобар ин Илёс ба онҳо гуфт: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо,— Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст,— варо пайравӣ намоед» (3 Подш. 18:21). Мо ҳам бояд дудилагиро дарҳол рафъ кунем. Агар мо бо ёрии адабиётамон тадқиқот гузаронда ба худамон исбот кунем, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст, Китоби Муқаддас Каломи Ӯст ва Шоҳидони Яҳува халқи Ӯ мебошанд, шубҳаҳоямон бартараф шуда имонамон қавӣ мегардад (1 Тас. 5:21). Инчунин барои нест кардани шубҳаҳоямон мо метавонем аз пирон кӯмак пурсем. Мо ҳатман бояд зуд чора андешем, то ки хурсандиамонро дар хизмати Яҳува гум накунем.

17. Агар мо далериро аз даст диҳем, чӣ рӯй медиҳад?

17 Мушкилӣ: Рӯҳафтодагӣ. Каломи Худо мегӯяд: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст» (Мас. 24:10). Калимае, ки ин ҷо аз ибронӣ чун «заифдил» тарҷума шудааст, метавонад маънои «аз даст додани далерӣ» ё «тарсидан»-ро дошта бошад. Агар шумо далериро гум кунед, хурсандиатонро низ зуд гум мекунед.

18. Истодагарӣ кардан чӣ маъно дорад?

18 Ҳалли мушкилӣ: Ба Яҳува такя кунед ва Ӯ ба шумо далерӣ ва истодагарӣ мебахшад. Барои ба душворӣ ва озмоишҳо тоб овардан ба мо далерӣ даркор аст (Яъқ. 5:11). Калимае, ки дар Яъқуб 5:11 чун «истодагарӣ» омадааст, ба шахсе ишора мекунад, ки дар ҷояш устувор меистад. Дар ин бобат аскареро мисол овардан мумкин аст, ки ба ҳамлаҳои сахти душман нигоҳ накарда далерона дар майдони ҷанг мемонад.

19. Мо аз намунаи Павлус чӣ дарс гирифта метавонем?

19 Павлуси расул дар далерӣ ва истодагарӣ намунаи хуб гузоштааст. Баъзан ӯ ҳам худро заиф ҳис мекард. Вале чаро ӯ истодагарӣ карда тавонист? Чунки ба Яҳува такя мекард ва боварӣ дошт, ки Ӯ ҳатман ба вай қуввати лозима медиҳад (2 Қӯр. 12:8–10; Флп. 4:13). Мо низ чунин қувват ва далерӣ дошта метавонем, агар фурӯтанона дарк кунем, ки ба ёрдами Яҳува мӯҳтоҷем (Яъқ. 4:10).

БА ЯҲУВА НАЗДИК ШАВЕД ВА ХУРСАНДИАТОНРО НИГОҲ ДОРЕД

20, 21. Мо ба чӣ боварии комил дошта метавонем?

20 Аниқ аст, ки душвориҳое, ки мо рӯ ба рӯ мешавем, ҷазо аз тарафи Яҳува нестанд. Яъқуб гуфт: «Дар озмоишҳо ҳеҷ кас нагӯяд: “Маро Худо санҷида истодааст”, зеро Худо бо бадӣ санҷида намешавад ва худаш низ ҳеҷ касро бо бадӣ намесанҷад» (Яъқ. 1:13). Агар ба ин гуфтаҳо боварии мо қавӣ бошад, муносибатамон бо Яҳува наздиктар хоҳад шуд (Яъқ. 4:8).

21 Яҳува «мисли соя тағйир намеёбад» (Яъқ. 1:17). Ӯ масеҳиёни асри якро дар душвориҳо дастгирӣ мекард ва имрӯз ба ҳар яки мо низ, албатта, мадад хоҳад кард. Аз таҳти дил ба Ӯ дуо гуфта хирад, имон ва далерӣ пурсед. Ӯ ба дуоҳои шумо ҳатман ҷавоб медиҳад. Он гоҳ шумо ҳис мекунед, ки Яҳува дар вақти мушкилиҳо дар нигоҳ доштани хурсандӣ ба шумо кӯмак мекунад.

СУРУДИ 135 То охир истодагарӣ бикун

^ сарх. 5 Дар китоби Яъқуб бисёр маслиҳатҳо дода шудаанд, ки дар вақти мушкилиҳо чӣ тавр рафтор кунем. Баъзеи онҳоро дар ин мақола дида мебароем. Ин маслиҳатҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба душвориҳо бо истодагарӣ тоб оварда хурсандиамонро дар хизмати Яҳува гум накунем.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМҲО: Кормандони полис бародареро дастгир мекунанд ва аз пеши оилааш гирифта мебаранд. Ҳангоми дар ҳабс будани бародар ҳамимонон бо зану духтарчаи ӯ Яҳуваро ибодат мекунанд. Модару духтар ба Яҳува мунтазам дуо мегӯянд, ки дар ин озмоиш истодагарӣ карда тавонанд. Яҳува ба онҳо оромии ботинӣ ва далерӣ мебахшад. Дар натиҷа имони онҳо қавитар мегардад ва онҳо ба мушкилиашон бо хурсандӣ тоб меоранд.